Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

НОУМЕД МАБОШ

Паёмбар (с) ҳазрати Ҷабраилро пурсид:

— Оё ту механдӣ?

Гуфт:

— Бале.

Паёмбар (с) ба ӯ гуфт:

— Кадом вақт?

Гуфт:

— Аз вақте, ки рӯзи аввал инсон халқ шуд, то дунёро падруд гуфтанаш аз пайи чизе медавад, ки он дар дунё халқ нашудааст.

Паёмбар (с) дар тааҷҷуб афтода пурсид:

— Чист он, ки инсон онро мекобад дар ҳоле, ки дар дунё халқ нашудааст?

Ҷабраил (а.с) гуфт:

— Он роҳат аст. Худованди азза ва ҷалла роҳатро дар ин дунё халқ накардааст, балки онро дар охират халқ кардааст.

— Инсон доимо дар ҷустуҷӯйи роҳат аст!

— Тифл орзуи калоншавиро мекунад.

— Ҷавон мегӯяд: Кош ба хурдсолӣ боз гардам!

— Пирамард мегӯяд: Кош ҷавониям баргардад!

— Зандор рӯзҳои безаниашро орзу мекунад.

— Шавҳардор орзу мекунад, кош рӯзҳои духтариям боз гардад!

— Бе зан бошад мегӯяд: кош тезтар зан гирам!

— Шахси бе фарзанд: кош фарзанде медоштам.

— Шахси кӯдакдор, ки аз онҳо монда шудааст: Кош ҳоло кӯдакдор намешудам.

— Шахсе як ҳамсар дорад: Кош дуюмашро гирам, то роҳатро бинам!

Ҳар шахс ҷӯяндаи роҳат мебошад, аммо роҳат дар ин дунё вуҷуд надорад!

Марям (а.с) гуфт:

— «Эй кош, пеш аз ин (яъне ҳомилашавияш) мурда будам ва аз ёдҳо фаромӯш шуда будам».

Аммо намедонист, ки дар шикамаш Паёмбаре вуҷуд дорад.

Ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед, агар дидед балову мусибат дарозмуддат шавад!

Мусо (а.с.) баъди дафни бародараш Ҳорун танҳоӣ ва торикии қабрро ба ёд овард... пас таъсирбахш шуда гиря кард.

Худованд азза ва ҷалла ба ӯ ваҳй карда гуфт:

— Эй Мусо, агар ба аҳли қабр иҷозати сухан кардан диҳам, ҳар ойина ба ту лутфи Маро ба онҳо чӣ гуна буданро хабар медиҳанд!

— Эй Мусо, ман онҳоро дар ҳоли зинда буданашон ризқашонро медодам, аз ҳамаашон бохабар будам ва чӣ тавр онҳоро фаромӯш месозам, дар ҳоле онҳо дар ботини заминанд?!

— Эй Мусо, ҳар гоҳе инсон аз дунё мегузарад, ман ба бузург будани гуноҳҳояш назар намекунам, балки назар ба ночорияш мекунам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.