Зеҳн
Технология·Зеҳн·9 рӯз пешНашрия

УСУЛҲОИ МУОСИРИ КОРКАРДИ ЧӮБ ВА МАСОЛЕҲИ ЧӮБӢ

Чӯб материали тайёри бинокорӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ васеъ истифода мешавад. Сабаби васеъ истифода бурдани чӯб хосиятҳои баланди техникии он мебошад. Чӯбро коркард кардан осон, вазнаш сабук, пухтагии баланд, гузаронандаи гармӣ ва барқ суст, дар зери таъсири кислота ва ишқорҳо вайрон намешавад, қисми берунаи чӯб намуди зебо, дараҷаи баланди часпиш ва пардозкунӣ дорад. Усулҳои гуногуни коркарди чӯб вуҷуд доранд.

Дар коркарди чӯб истифодаи техника ва технологияи бо барномаи рақамӣ идорашаванда, коркарди лазерӣ, сарфаи энергия ва масолеҳи ба муҳити зист безарар ва ба таври автоматӣ назорат кардани сифати маҳсулот аҳамияти калон пайдо мекунад.

Коркарди чӯб бо усулҳои механикӣ ва автоматӣ ба амал оварда мешавад. Автоматикунонии ҷараёнҳои технологӣ ба идора кардани гурӯҳи мошинаҳои муайян ва кам кардани иштироки бевоситаи шахс дар ин ҷараён мебошад. Мошинҳои автоматӣ аз рӯйи барномаи пеш тайёршуда кор мекунанд. Истифодаи автоматика дар саноати чӯб сифати маҳсулот ва самаранокии меҳнатро баланд бардошта, шароити меҳнати коргаронро хеле беҳтар мегардонад.

Мошинҳои нимавтоматӣ мошинҳое мебошанд, ки дар давраи автоматӣ кор мекунанд ва дахолати инсонро талаб мекунанд. Дар дастгоҳҳои нимавтоматӣ коргар заготовкаро васл мекунад, мустаҳкам мекунад, дастгоҳро ба кор меандозад ва маҳсулоти тайёрро аз дастгоҳ холӣ мекунад.

Мошинҳои автоматӣ мошинҳое мебошанд, ки қисмҳои онҳо бе иштироки бевоситаи коргар истеҳсол карда мешаванд. Оператор қисмҳои кор кардашударо ҳар вақт чен карда, аз назар мегузаронад ва дар сурати ошкор кардани нодурустии мошина дастгоҳро танзим мекунад.

Линия (хатти) автоматӣ маҷмӯи таҷҳизот ва механизмҳои асосӣ, ёрирасон, нақлиётӣ мебошад, ки ба таври автоматӣ ҷойгиркунӣ, мустаҳкамкунӣ, гардиш ва ҳаракати қисмҳои коркардшударо барои иҷрои амалиёти технологӣ бо пай дар пайи зарурӣ ва бо ритми муайян бидуни иштироки бевоситаи инсон таъмин мекунанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.