Зеҳн
Технология·Зеҳн·9 рӯз пешНашрия

ҲУҶҶАТҲОИ КОНСТРУКСИЯВӢ

Ҳуҷҷатҳои конструкторӣ як хулосаи графикӣ ва матнии ҳама маълумот дар бораи истеҳсол, омодасозӣ, назорат, қабул, истифода ва таъмир мебошад. Ба ин ҳуҷҷатҳо нақшаҳои детал, нақшаҳои васлкунӣ, спетсификатсия, нақшаҳои монтажкунӣ, корҳои ҳисобкунӣ, хатҳои тавзеҳотӣ, дастурамал ва ғайра дохил мешаванд.

Ягон тасвири предмет, мисли тасвири он дар бораи тасвир тасаввуроти равшан ва маълумот дода наметавонад. Аз ин ҷост, ки нақшаҳо дар сохтмони иншоотҳои гуногун, сохтани мошинаҳо ва қисмҳои онҳо ҳуҷҷати аосӣ ба ҳисоб меравад.

Нақша тасвирест, ки бо истифода аз асбобҳои нақшакашӣ ва риояи қоидаҳои нақшакашӣ сохта шудааст.

Аз рӯйи мазмуни худ нақшаҳо ба нақшаҳои деталӣ, нақшаҳои васлкунӣ, нақшаҳои намуди умумӣ, нақшаҳои монтаж ва ғайра ҷудо мешаванд.

Эскиз тасвири хомакӣ, расм аст. Дар ин маврид андозаҳои тахминии ашё бе истифода аз асбобҳои ченкунию нақшакашӣ бо даст ё бо чашм муайян ва кашида мешаванд. Эскиз ҳамчун асос барои нақшакашӣ хизмат мекунад.

Расми техникӣ тасвири равшани маҳсулот мебошад. Мувофиқи нақшаи техникӣ шакли маҳсулотро ба осонӣ тасаввур кардан мумкин аст.

Ҳуҷҷатҳои технологӣ маҷмӯи ҳама ҳуҷҷатҳои графикӣ ва матнӣ дар бораи раванди истеҳсоли маҳсулот мебошад. Намудҳои асосии ҳуҷҷатҳои технологӣ харитаҳои самт (маршрут), харитаҳои оперативӣ, харитаҳои технологӣ, дастурҳои технологӣ, маҷмӯи маълумотҳои таҷҳизотро дар бар мегиранд. Ду ҳуҷҷати аввал дар тамоми истеҳсолот истифода мешавад ва ду ҳуҷҷати охирин аксар вақт танҳо дар истеҳсолоти хурд ва камҳаҷм истифода мешаванд.

Сарфи назар аз хусусияти маҳсулоти истеҳсолшаванда, харитаҳои хатсайр тамоми роҳи масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр ва ашёи хомро то ба маҳсулоти тайёр табдил додани онҳо нишон медиҳанд. Дар харитаи хатсайр тавсифи ҷараёни технологии истеҳсоли маҳсулот барои ҳамаи амалиётҳо, маълумот дар бораи таҷҳизот, асбобу ускунаҳо, масолеҳи истифодашуда, инчунин баъзе маълумотҳои характери нормативиро дарбар мегирад.

Дар харитаҳои оперативӣ дастурҳои гузаришҳои технологӣ, усули коркард, дуруст истифода бурдани таҷҳизот, асбоб ва ускунаҳои ченкунию назоратӣ, ки дар ҷараёни кори ҳар як амалиёти технологӣ истифода мешаванд, нишон дода мешавад.

Тарҳрезии ашё. Тарҳрезии ашё пеш аз ҳама муайян кардани шакл, андоза ва масолеҳи онҳоро талаб мекунад. Тарҳрезии ашё шартан ба марҳилаҳо тақсим карда мешавад.

Дар вақти тарҳрезии ашё талаботи гуногун нисбат ба он ба назар гирифта мешавад, масалан, сарфи камтарини материал ва энергия ҳангоми тайёр кардани маҳсулот, мустаҳкамии маҳсулот ва ғайра.

Ҳар як ашёи нав бояд сифатҳои баланди эргономикӣ дошта бошад, яъне он бояд ба қобилиятҳои инсон комилан мувофиқ бошад, ба хусусиятҳои физиологии ӯ мувофиқат кунад.

Дар кори тарҳрезӣ ба намуди зоҳирии маҳсулот, яъне тарҳи он диққати махсус додан лозим аст. Ҳар як чиз бояд на танҳо вазифаи худро иҷро кунад, балки ба одамон ҳаловати эстетикӣ ҳам бахшад.

ЗИНАҲОИ ТАҲРРЕЗИИ АШЁ

Имконпазирии сохтани ашёро асоснок мекунад, вазифаи техникӣ тартиб дода мешавад.

Таклифҳои конструктивӣ дар бораи сохти маҳсулот, параметрҳои асосии он, андозаҳои умумӣ ва ғайра ба назар гирифта мешаванд.

Лоиҳаи техникие, ки аз қарорҳои қатъии техникии структураи маҳсулот иборат аст, тартиб дода мешавад.

Дар марҳилаи ниҳоии сохтмон нақшаҳои корӣ дар асоси ҳамаи маълумотҳо омода карда мешаванд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.