БАҲРОМИ ГӮР ВА МАРДИ ҶАВОНМАРД
Овардаанд, ки Баҳроми Гӯр, вақте ки бо Нӯъмони Манзар дар диёри Араб мебуд ва Нӯъмон ба амри падараш Яздиҷурд ӯро тарбият мекард, рӯзе ба шикор рафта буд.
Баҳром қасди оҳуе кард. Оҳу аз пеши ӯ рамида, ба ҳар тараф мегурехт ва Баҳром аз ақиби он метохт.
Ҳаво гарм шуд ва оҳу аз ташнагӣ бетоқат гардида, ба канори қабилае расид ва ба хаймаи марди арабе, ки Қабиза ном дошт, даромад.
Марди араб оҳуро гирифта, баст.
Баҳром низ аз ақиби оҳу расида, ба назди хаймаи он мард омад. Тиреро бар камон ниҳода, наъра зад:
— Эй соҳиби хайма, магар шикори ман ба ин ҷо наомадааст?!
Қабиза берун омад. Ӯ намедонист, ки ин савора кист. Пас гуфт:
— Эй савори зеборӯй! Аз мурувват нест, ки ҷонвареро, ки ба ин хайма паноҳ овардааст, ба дасти касе супорам, то ӯро бикушад.
Баҳром ба дуруштӣ сухан гуфтан оғоз кард.
Қабиза гуфт:
— Суханро дароз макун! То ин тиреро, ки бар камон дорӣ, ба синаи ман назанӣ ва маро накушӣ, дасти ту ба гардани ин оҳу нахоҳад расид. Ва агар маро бикушӣ, мардумони ман туро ба ҷустуҷӯи ин оҳу нахоҳанд гузошт. Пас, бар ҷони худ раҳм кун ва аз куштани ин оҳу даргузар!
Сипас афзуд:
— Агар аз ин шикор чашм пӯшида натавонӣ ва хоҳише дошта бошӣ, ин аспи тозинажодро, ки назди хайма баста шудааст, бо зину лаҷоми муталло (зарандуд) ба ту мебахшам. Бар он савор шав, аспи худро ҷанибат кун ва ба ҷойгоҳи худ бозгард.
Баҳром аз ин ҷавонмардӣ ва ҳимояти Қабиза бисёр хушаш омад. Ба аспи ӯ таваҷҷуҳе накард, инони аспи худро баргардонд ва ба ҳамроҳони худ пайваст.
Чун рӯзе тоҷи салтанат бар сари Баҳром ниҳоданд ва мардуми Аҷам ба фармони ӯ итоат карданд, Баҳром Қабизаро ба дарбор талабид.
Ӯро мавриди эҳтирому тарбият қарор дод ва ба ӯ мартаба бахшид. Аз он пас Қабизаро дар миёни арабҳо «Муҷир-ул-ғазолон» лақаб карданд, яъне «паноҳдиҳанда ва ҳимояткунандаи оҳувон».
Назм
Касеро, ки орӣ ба зинҳори хеш,
Нигаҳ дор аз андоза кори хеш.
Ба мардӣ ҳимоят аз ӯ вомагир,
Ба мардонагӣ кори ӯ дарпазир.
Яке қатра орад ба дарё паноҳ,
Зи садри садаф созадаш такягоҳ.
Ба сад тарбият номдораш кунад,
Яке гавҳари шоҳвораш кунад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Луғат ва тавзеҳот
Мурувват — ҷавонмардӣ, саховат ва некӣ кардан.
Рамидан — тарсида гурехтан.
Дуруштӣ — дағалӣ, тундӣ дар гуфтору рафтор.
Зинҳор — паноҳ, амон.
Муталло — зарандуд, бо тилло пӯшонидашуда.
Ҷанибат кардан — аспро ҳамчун аспи эҳтиётӣ ҳамроҳ бурдан.
Инон — лаҷом, афзори идора кардани асп.
Мавкаб — гурӯҳи ҳамроҳони подшоҳ ё амир.
Муҷир-ул-ғазолон — паноҳдиҳанда ва ҳимояткунандаи оҳувон.
Панди ҳикоя
Ин ҳикоя ба мо дарси бузурги ҷавонмардӣ, раҳмдилӣ ва вафодорӣ ба аҳди худро меомӯзад.
Қабиза марди одӣ буд, аммо дар қалбаш ҳисси бузурги инсонпарварӣ дошт. Ӯ медонист, ки оҳу ҷонвари нотавонест, ки аз тарс ва ташнагӣ ба хаймааш паноҳ овардааст. Аз ин рӯ, ҳимояи онро вазифаи ҷавонмардии худ шуморид.
Ӯ на аз таҳдиди Баҳром тарсид ва на ба хотири наҷоти ҷони худ паноҳандаашро таслим кард.
Рафтори Қабиза ба Баҳром таъсир расонд. Подшоҳи оянда дар симои ин марди одӣ бузургвории ҳақиқиро дид ва баъдтар некии ӯро қадр кард.
Дарси асосии ҳикоя ин аст: ҳар касе, ки ба ту паноҳ меорад ва ба ту эътимод мекунад, бояд то ҳадди имкон аз ҳимоя ва меҳрубонии ту бархӯрдор бошад. Зеро ҷавонмардӣ на дар қудрату сарват, балки дар раҳмдилӣ, вафодорӣ ва ҳимояи нотавонон зоҳир мегардад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




