Зеҳн
Дунё·Зеҳн·5 рӯз пешНашрия

МАҲАТМА ГАНДӢ

Вақте Маҳатма Гандӣ дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Лондон таҳсил мекард, устоде дошт бо насаби Питерс, ки нисбати Гандӣ муносибати хуб надошт. Аммо Гандӣ шахсе набуд, ки аз касе тарсад ё худро поёнтар ҳис кунад, ӯ ҳамеша метавонист ба ҳар сухани нешдор ҷавоби шоиста диҳад.

Рӯзе устод Питерс дар ошхонаи донишгоҳ хӯрок мехӯрд ва Гандӣ, ки ягон сабабе барои канорагирӣ намедид, ҳамон ҷо нишаст. Питерс бо табассуми масхараомез гуфт:

— Ҷаноби Гандӣ, шумо медонед, ки хук ва паранда наметавонанд якҷо хӯрок хӯранд? — Рост гуфтед, устод,  оромона ҷавоб дод Гандӣ.

— Пас, ман парвоз мекунам,  ва ба сари мизи дигар гузашт.

Ин ҷавоби зиракона устодро сахт ба хашм овард. Дар имтиҳони навбатӣ Питерс кӯшид, ки аз ӯ интиқом гирад. Аммо Гандӣ ба ҳамаи саволҳо бе хато ҷавоб дод. Он гоҳ устод саволи иловагӣ дод, ки баръало таҳқиромез буд:

— Тасаввур кунед, ки шумо дар роҳ мешавед ва як халта меёбед. Дар дохили он  хирад ва пул аст. Шумо кадомашро мегиред?

— Албатта, пулро, ҷавоб дод Гандӣ.

— Ман бошад, хирадро мегирифтам,  бо ғурур гуфт устод.

— Комилан дуруст,  гуфт Гандӣ.  Ҳар кас чизи надоштаашро, мегирад.

Ин ҷавоб охиран устодро аз худ берун кард. Вай дафтарчаи имтиҳониро гирифт, ва танҳо як калима навишт  «Аҳмақ»  ва онро ба Гандӣ баргардонд. Гандӣ бо диққат ба навишта нигарист, баъд бархоста гуфт:  Устод, шумо имтиҳонро имзо кардед, аммо баҳо монданро фаромӯш кардед.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.