Санъат ва таърихи “Қуроқ” дар ҳунарҳои мардумӣ
Қуроқ – ин дар як мавод пайваст кардани боқимондаҳои газвори рангу фактураашон гуногун аст. Ин яке аз навъҳои ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, аз рӯйи ҳаҷм, сохт, услуби дӯзандагӣ ва соҳаи истифодааш ба дараҷаи санъати тасвирӣ баромадааст. Санъати қуроқдӯзӣ бори аввал дар асри XVI дар Англия пайдо шудааст. Азбаски дар он замон истеҳсоли матоъ қиммат шуд, занони сарфакор матоъҳои гаронбаҳоро ҳамчун ороиш дар баъзе либосҳо истифода мекарданд. Баъдтар аз якчанд порчаи матоъ композитсияҳои ҷолиб офариданро ба роҳ монданд.
Дар натиҷа ин ихтироъ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ машҳур гардид ва ҳамаи сокинон аз чунин матоъҳо истифода мебурданд.
Дар асри XVIII, муҳоҷироне, ки аз Ҳолланд ва Олмон ба Амрико омаданд, ба вазъияти хеле душвор дучор шуданд. Барои харидани либосу газвор пул надоштанд. Пас занҳо роҳи халосиро аз вазъият пайдо карданд. Қисмҳои муфиди либосҳои кӯҳнаро ҷамъ карда, либос, кӯрпа, рахт барин чизҳои зарурӣ медӯхтанд. Шавқу илҳоми аз ин кор бедоршуда имкон дод, ки асарҳои нав ба нав эҷод карда шаванд.
Оҳиста-оҳиста қуроқдӯзӣ ба санъати ҳунарҳои мардумӣ табдил ёфта, қоидаву нақш, намуд ва усулҳои гуногун пайдо кард.
Санъати қуроқдӯзӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон низ мавқеи худро дорад. Дар асрҳои гузашта ҳамеша барои тӯйҳо ҷойгаҳҳои қуроқӣ дӯхта мешуданд. Хешовандони арӯсу домод порчаҳои либоси хешу таборро ҷамъоварӣ намуда, рӯйпӯшро оро медоданд. Он барои оилаи ҷавон рамзи некӣ ва хушбахтӣ ҳисобида мешуд. Чунин анъана ба ҳукм даромада, дар давоми асрҳо ҳамчун мероси оилавӣ аз насл ба насл гузашта то ба имрӯз омада расидааст.
Барои кори қуроқ навъҳои гуногуни матоъ лозим аст. Матоъҳои сатин ва атласро бештар истифода мебаранд, зеро онҳо назар ба дигар матоъҳо ҳамвортар, тобноктар ва устувортар мебошанд. Матоъи пахтагӣ низ барои корҳои қуроқ беҳтарин аст, зеро кам ғиҷим мешавад, зуд дарзмол карда мешавад, кашиш намехӯрад ва ҳангоми дӯхтани дастӣ сӯзан аз он осон мегузарад. Агар дар ашёи дӯхташуда матоъҳои гуногунро истифода бурдан лозим бошад, пас хусусиятҳо ва ғафсии матоъҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Пеш аз истифода бурдани матоъ бояд санҷид, ки ранги он намеравад. Агар матоъ хуб ранг карда нашуда бошад, ранги он метавонад ба дигар матоъҳо гузарад.
Барои қуроқ ғайр аз матоъҳои асосӣ матоъҳои ёрирасон низ лозиманд. Матоъи нобофтаи ширешдор барои якҷоя истифода бурдани матоъҳои дорои хусусиятҳои гуногун хеле қулай аст. Дар қуроқдӯзӣ ҳар гуна матоъи нав ва истифодашударо истифода бурдан мумкин аст.
Дар ёд доред!
Молу мулк ва чизҳои барои эҳтиёҷи оила заруриро иқтисоди оила меноманд. Иқтисоди оила аз молу мулки бо меҳнати ҳалол ба даст овардашуда ва ашёи бо сарфаю сариштакорӣ ҷамъшуда иборат аст. Онро якҷоя сарф кардан ва сарфа кардан лозим аст. Дар ҳар як оила аъзоёни он бояд ба сарфаю сариштакорӣ диққати махсус диҳанд. Сарфакорӣ некӯаҳволии оиларо беҳтар мекунад. Он аз замонҳои қадим арзиши маънавию ахлоқӣ маҳсуб мешуд. Ин чунин маъно дорад, ки қуроқдӯзӣ то ҳол яке аз ҳунарҳои зарурӣ барои иқтисоди оила мебошад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




