Зироатҳои хӯшадор ва равғандор
Зироатҳои ғалладона ба гурӯҳи муҳимтарини зироатҳои хӯшадор дохил мешаванд, ки аз онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ, хӯроки чорво, инчунин ашёи хом барои саноат гирифта мешавад. Онҳо аз ҷиҳати масоҳати майдон ва маҳсулоти умумӣ дар байни зироатҳо ҷойи якумро ишғол мекунанд.
Зироатҳои ғалладона ба ҳамдигар хеле монанд буда, растаниҳои алафии яксола мебошанд.
Системаи реша. Системаи решаи онҳо попукреша аст. Қисми асосии решаҳо дар қабати шудгори замин ҷойгир буда, ба замин 100—120 сантиметр ва аз ин ҳам чуқуртар медарояд.
Системаи реша аз решаҳои ҷанинӣ (ибтидоӣ) ва решаҳои асосӣ иборат аст. Решаҳои ҷанинӣ дар давраи сабзидани тухмӣ пайдо шуда, дар гурӯҳи 1-уми растаниҳои дондор аз 3 то 8-то ва дар гурӯҳи 2-юми растаниҳои дондор танҳо якто мешавад. Баъдтар, решаҳои асосӣ аз буғумҳои зеризаминии поя пайдо мешаванд. Ғайр аз ин, дар растаниҳои ғалладона (ҷуворимакка, ҷуворӣ) дар буғумҳои болоии поя реша пайдо мешавад. Онҳоро решаҳои такягоҳ ё ҳавоӣ меноманд.
Поя. Пас аз пайдо шудани решаҳо поя ба нашъунамо оғоз мекунад. Вай пӯсти донаро мекафонад ва ба рӯйи хок – ба рӯшноӣ мебарояд. Дар донаҳои пӯстдор (ҷав, овёс) поя аввал аз зери пӯсти гирду атрофи дона гузашта, аз нӯги дона ба рӯйи замин мебарояд ва дар донаҳои бепӯст поя дар қисми поёнии дона – дар ҷое, ки неш ҷойгир аст, ташаккул меёбад.
Барг. Барги оддӣ тасмашакл буда, аз пахнаи барг ва ғилофи барг иборат аст. Дар он ҷо пардаи тунуки беранг пайдо мешавад ва онро забонак меноманд. Дар асоси пахнаи барг, дар ду тарафи он бурунҳои хурд — гӯшчаҳо мавҷуданд. Онҳо пояро иҳота карда, ғилофи баргро нигоҳ медоранд.
Маҷмӯаи гул. Гулбандии растаниҳои ғалладона – хӯшамонанд дар гандум, ҷав, ҷавдор, ҷорӯбмонанд дар овёс, ҷуворӣ, арзан, шолӣ; дар ҷуворимакка бошад, ду намуд вуҷуд дорад: ҷорӯбшакл ва тӯғшакл.
Зироатҳои ғалладона ба зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ ва баҳорӣ (тезпаз ва дерпаз) тақсим мешаванд.
Гурӯҳҳои зироатҳои донагӣ аз рӯйи истеъмол
- зироатҳои ғалладона (гандум, ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка);
- лӯбиёгиҳо (лӯбиё, нахӯд, соя);
- зироатҳои ярмагӣ (арзан, ҷуворӣ, марҷумак).
Зироатҳои равғандор
Зироатҳои равғандор гурӯҳи зироатҳое мебошанд, ки барои аз тухм ва меваҳояшон равған гирифтан парвариш карда мешаванд. Ба ин гурӯҳ растаниҳои яксола ва бисёрсолаи мансуб ба оилаҳои гулхайрӣ (ғӯза), мураккабгулҳо (офтобпараст, маҳсар), лабгулҳо (перилла, лаллеманция), карамгулҳо (рапс, хардал), лӯбиёгиҳо (соя, чормағзи заминӣ) ва дигар гурӯҳҳо дохил мешаванд.
Аз кунҷораи зироатҳои равғандор ҳамчун хӯроки пурқиммати ҳайвонот ва нурӣ истифода мебаранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




