Таснифи растаниҳои сабз
Растаниҳои ҳамешасабз – растаниҳое, ки баргҳои худро гум намекунанд ва тамоми сол сабз мемонанд. Баргҳои кӯҳнаи онҳо оҳиста-оҳиста муддати дароз мерезанд ва дар ҷойи онҳо баргҳои ҷавони нав месабзанд.
Растаниҳои ҳамешасабз дар кишварҳои тропикӣ маъмуланд. Ба растаниҳои ин намуд дарахтони паҳнбарг, монанди дафна, самбитгул, зайтун, магнолия ва дарахтони сӯзанбарг, аз қабили арча ва санавбар дохил мешаванд.
Растаниҳои сабз ҷузъи зарурӣ ва муҳими биосфера мебошанд, онҳо 99% массаи тамоми мавҷудоти зинда дар сайёраи моро ташкил медиҳанд. Растаниҳои сабз дар хушкии рӯйи замин ва обҳои уқёнус васеъ паҳн шуда, ба ҷуз яхбандии абадии Антарктида ва Гренландия ҳама ҷойҳоро ишғол мекунанд.
Растаниҳои сабз ба шароити гуногуни сатҳи замин ва қисми зиёди уқёнуси ҷаҳон мутобиқ шудаанд. Ин ба туфайли шумораи зиёди навъҳои растанӣ ва қобилияти мутобиқ шудан ба шароитҳои гуногун дар ҷараёни инкишофи эволютсионӣ имконпазир мегардад.
Растаниҳои сабз дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти беқиёс доранд. Онҳо омили асосии гардиши моддаҳо дар биосфера мебошанд. Дар растаниҳои сабз ҷараёни фотосинтез, ки асоси ҳаёт мебошад, сурат мегирад. Дар ин ҷараён гази карбонат аз атмосфера аз ҷониби растаниҳо ҷаббида мешавад, моддаҳои органикӣ ба вуҷуд меоянд ва оксигени озод ҷудо мешавад.
Дар ҳақиқат, одаме, ки дар хиёбони шаҳр сайру гашт мекунад, дар ҳавои дарахтзор фаровон будани оксигенро баръало ҳис мекунад.
Аҳамияти растаниҳо дар табиат серқирра буда, онҳо ҳаворо аз чангу ғубор, моддаҳои заҳрнок ва микроорганизмҳои зарарнок тоза мекунанд. Ғайр аз ин дар фаъолияти онҳо нигоҳ доштани об ва нуриҳои минералӣ, аз эрозия муҳофизат намудани хок, фурӯ бурдани овозҳои муҳити атроф ва ба вуҷуд овардани микроиқлим роли калон мебозанд. Растаниҳо дар хоҷагии халқ ҳамчун ашёи хоми саноат, масолеҳи бинокорӣ ва захираҳои сӯзишворӣ васеъ истифода мешаванд. Растаниҳои хонагӣ дар гулпарварӣ ва боғдорӣ аҳамияти калон доранд. Онҳо хонаҳоро оро дода, ба ин васила барои офаридани интерйери замонавӣ кӯмак мекунанд ва ба беҳтар шудани микроиқлими хонаҳо таъсир мерасонанд. Растаниҳои хонагӣ хушкии ҳаворо кам карда, чангро ҷамъ мекунанд ва нигоҳ медоранд (бинобар ин онҳоро ҳар замон шустан лозим аст), фитонсидҳо хориҷ мекунанд, ки микробҳои беморикунандаро мекушанд ва ҳаворо аз оксиген сер мекунанд. Масалан, аукуба, буксус, камелия, лавр, агава, алоэ, кактус, суккулент ба ин растаниҳо дохил мешаванд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




