Мошинҳои нуридиҳӣ
Нуриҳои барои растанӣ зарурӣ ба воситаи мошинаҳо ба замин андохта мешаванд. Нуриро асосан дар тирамоҳ — пеш аз шудгор кардани замин ва дар вақти нашъунамои растаниҳо меандозанд.
Вобаста ба навъи нуриҳо барои пошидани онҳо мошинаҳои гуногун истифода мешаванд.
Мошинҳои пошидани нуриҳои органикӣ. Яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани ҳосилхезии замин дар хоҷагии қишлоқ бо нуриҳои органикӣ (маҳаллӣ) серҳосил гардондани замин мебошад.
Нуриҳои органикӣ асосан аз поруи дар давоми сол дар фермаҳои чорводорӣ ҷамъшуда иборатанд.
Мошинае, ки нуриҳои органикӣ мепошад, ба трактор пайваст карда мешавад. Вай сохти оддӣ дошта, аз кузов, рама, нурипошак, транспортёри нурикашонанда ва ду чарх иборат аст.
Вақте ки мошина ба пеш ҳаракат мекунад, тасмаи болоии транспортёр ҳаракат карда, поруро ба механизми паҳнкунанда медиҳад ва қисман майда карда, ба майдон мепошад.
Таснифи мошинаҳои нурипошӣ
- аз рӯйи агрегатшавӣ: овезон, нимядакӣ ва насбшуда;
- аз рӯйи ҳолати нурӣ: барои нуриҳои сахт, моеъ ва хока;
- аз рӯйи давраи пошидан: пеш аз шудгор ва ҳангоми тухмикорӣ.
Мошинҳои пошидани нуриҳои минералӣ. Мошинаҳо, аппаратҳои нурипошии сеялкаҳо ва култиваторҳо бояд нуриҳои сахт, моеъ, хока, донадор ва дигар омехтаҳои минералиро аз рӯйи меъёрҳои муқарраршуда ва дар намии нишондодашуда пошанд.
Мошинҳои нуриҳои моеъпош. Ин мошинҳо барои худбор кардан, кашондан, омехта кардан ва ба рӯйи замин пошидани нуриҳои органикии моеъ пешбинӣ шудаанд.
Нуриҳои моеъ бо насоси марказгурез ба рӯйи замин пошида мешаванд. Меъёри пошидани нуриҳо бо роҳи иваз кардани соплоҳои диаметри сӯрохиашон гуногун ва тағйир додани суръати ҳаракати мошина танзим карда мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




