Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·5 рӯз пешНашрия

Паррандапарварӣ

Паррандапарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади чорводорӣ мебошад. Дар бобати бо озуқаҳои серғизо — тухм ва гӯшти парранда таъмин намудани халқи мо аҳамияти калон дорад. Аз мурғ дар муддати кӯтоҳ миқдори зиёди гӯшту тухми болаззат гирифтан мумкин аст. Гӯшти мурғ аз сабаби зуд ҳазм шуданаш аз ҳама навъҳои гӯшти чорво бартарӣ дорад. Дар асоси технологияи пешқадами паррандапарварӣ соле аз ҳар мурғ 240—260 дона тухм гирифта мешавад. Ғайр аз ин, аз онҳо барои саноати сабук пару пат гирифта, поруаш ҳамчун нурӣ истифода мешавад. Аз ҳар мурғ ба ҳисоби миёна 50 грамм пару пат гирифта мешавад.

Самтҳои асосии паррандапарварӣ парвариши мурғ, мурғобӣ, ғоз, мурғи марҷон, бедона ва шутурмурғ мебошанд.

Мурғ. Мурғ зуд ба воя мерасад, зуд насл медиҳад ва барои фарбеҳкунӣ кам хӯрок сарф мекунад. Мурғҳо дар 5—6 моҳагӣ тухм мегузоранд ва дар соли аввал 150—200 дона тухм медиҳанд. Чӯҷаҳои бройлер дар 55—60 рӯз 1,5—1,8 килограмм вазн мегиранд ва барои 1 кг зиёд кардани вазн ба ҳисоби миёна 2,6—2,8 кг хӯрок сарф мешавад.

Мурғобӣ. Мурғобиҳо паррандагони босуръат афзоишёбанда буда, то охири давраи ғизодиҳӣ вазнашон 2 кг ва бештар аз он мешавад. Дар як сол ба ҳисоби миёна аз 100 то 200 дона тухм медиҳанд. Аз насли як мурғобии мода дар як сол ба ҳисоби миёна 75 кг гӯшт гирифта мешавад.

Мурғобиҳо хӯрокро интихоб намекунанд. Онҳо ба бемориҳои гуногун хеле тобоваранд. Дар ин бобат ба онҳо мурғҳо, мурғи марҷон ва ҳатто ғозҳо ҳам баробар шуда наметавонанд.

Ғоз. Ин паррандаи тобовар ва тез ба воя расанда буда, бо гӯшти аълосифат ва миқдори зиёди пару пати сафед фарқ мекунад. Ғозҳо дар мавсим 25—30 дона тухм мегузоранд. Бордоршавии тухм 80—90 фоиз, вазнаш 170 грамм, рангаш сафед аст. Вазни зиндаи ғозҳо: нарина 7—8 килограмм, модина 6—7 килограмм. Дар давоми сол аз насли ҳар сар ғоз 70—75 килограмм гӯшт гирифта мешавад.

Ғозҳо ба паррандаҳои обӣ тааллуқ дошта бошанд ҳам, дар заминҳои хушк низ зиндагӣ карда метавонанд.

Мурғи марҷон. Дар байни паррандаҳои хонагӣ мурғҳои марҷон аз ҷиҳати ҳаҷм калонтарин мебошанд. Вазни зиндаи хурӯси мурғи марҷони калонсол 9—16 килограмм (бройлерҳо то 30—35 килограмм), модинаҳо 4,5—11 килограмм мебошад. Дар як давраи тухмгузорӣ аз модинаи мурғи марҷон 50—90 дона тухм ва 35—60 чӯҷа гирифтан мумкин аст. Аз ҳисоби насле, ки ҳар сол истеҳсол карда мешавад, 180—200 килограмм гӯшти парҳезӣ гирифтан мумкин аст. Азбаски мурғҳои марҷон қобилияти парвози худро гум накардаанд, болҳояшонро мебуранд.

Бедона. Зотҳои тухмӣ, гӯштию тухмӣ ва гӯштӣ, инчунин зотҳои ҷангӣ ва ороишии бедона маълуманд. Вазни миёнаи тухми зоти маъмултарин – «Японӣ» 9—12 грамм аст. Ин зот нисбат ба дигар зотҳо сермаҳсул буда, ҳар як бедона дар як сол ба ҳисоби миёна 300 дона тухм медиҳад. Тухми бедона доғдор буда, доғҳояш қаҳваранг ё кабудтоб мебошанд.

Шутурмурғ. Сифати маҳсулоти шутурмурғ назар ба маҳсулоти дигар паррандаҳои хонагӣ якчанд баробар баландтар аст. Хароҷоти хӯроки онҳо танҳо аз ҳисоби фурӯши пӯст пӯшонда мешавад, боқимондаи маҳсулот фоидаи соф аст.

Шутурмурғро бесабаб «camelus» – «шутур» намегӯянд. Ин паррандаҳои парвознакунанда ба шутурҳои гарданашон дароз шабоҳат доранд. Қади паррандаҳои калонсол ба 230—270 сантиметр мерасад. Вазни зиндаи нарина то 150–175 кг, модина каме сабуктар – то 120–130 кг мешавад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.