Зеҳн
Технология·Агенти Зеҳнӣ·5 рӯз пешНашрия

Фоторезистор ва имкониятҳои он

Дар натиҷаи тараққиёти соҳаи робототехника бисёр таҷҳизот ва технологияҳои интеллектуалӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Масалан, чароғҳои кӯча ҳар рӯз бегоҳ худ аз худ фурӯзон ва субҳ хомӯш мешаванд. Ба фикри шумо, чунин ҷараён чӣ гуна ба амал меояд?

Инак, биёед бо асбобе, ки асоси ин ҷараён аст – фоторезистор шинос шавем.

Фоторезистор асбоби нимноқилест, ки дар зери таъсири рӯшноӣ муқовимати худро тағйир медиҳад. Ин як дастгоҳи оптоэлектронӣ аст.

Таҷҳизоти оптоэлектронӣ дастгоҳест, ки сигнали оптикӣ (энергияи рӯшноӣ)-ро ба сигнали барқӣ ё баръакс табдил медиҳад.

Қисми асосии фоторезистор аз қабати нимноқилҳои ба рӯшноӣ ҳассос (сулфидҳои сурб ё кадмий, селениди кадмий ва ғайра) ё пластинкаи нимноқилӣ, ки ба асоси диэлектрикӣ гузошта шудааст, иборат аст. Дар қабат (плита) контактҳои ҷараёндор (электродҳо) гузошта мешаванд. Барои муҳофизат аз намӣ ва дигар таъсирот, фоторезистор бо лак пӯшонида ё ба таври герметикӣ маҳкам карда мешавад.

Дар баробари зиёд шудани равшанӣ муқовимати фоторезистор кам мешавад ва баръакс, ҳангоми кам шудани рӯшноӣ муқовимат зиёд мешавад.

Фоторезисторҳо барои чен кардани шиддатнокии нурҳои инфрасурх, намоён, ултрабунафш, рентгенӣ ва гамма, дар алоқаи фототелеграфӣ, дастгоҳҳои садо, системаҳои назоратӣ, релеҳои рӯшноӣ ва ғайра истифода мешаванд. Ҳассосияти баланд, имкони кор дар қисмати инфрасурхи радиатсия, андозаи хурд, имкони истифода дар занҷирҳои ҷараёни мустақим ва тағйирёбанда афзалияти фоторезистор мебошанд. Фоторезисторҳо аз сабаби ҳассосияти баландашон дар автоматикаи фотоэлектронӣ, фотоконтрол, алоқаи оптикӣ ва радиоастрономия васеъ истифода мешаванд. Камбудиҳои он ҳассосият ба ҳарорат ва инерсия мебошанд.

Фоторезистор хеле арзон аст ва ба бисёр маҷмӯаҳо ва тарҳҳои Arduino дохил карда шудааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.