Ҳазору як чистон — Олот ва воситаи меҳнат
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 1: Олот ва воситаи меҳнат. Чистонҳои 1–66.
1. Осмон барояд — ялаққӣ,
Замин фарояд — тараққӣ.
2. Аз дур дидам — ялақ-юлуқ,
Пешаш рафтам — тарақ-туруқ.
3. Аз осмон меафтад,
Заминро мегазад.
4. Чайрахаки аргуштӣ,
Подакош чорангуштӣ.
5. Бед кашид, бед кашид,
Аз реша сурху сафед кашид.
6. Бобом ба ғор даромад,
Ғор ба фарёд омад.
7. Чор по дораду як сум,
Дар тори саракаш — дум.
8. Қаландари чор дандон,
Чарх мезанад дар майдон.
9. Бузи зарди бозингар,
На дил дорад, на ҷигар.
10. Чор пой дорад, як дум,
Дар байни думаш сутун.
11. Шоҳтолиби сармаст,
Камари худ барбаст,
Даромад дар ғор,
Ҳарчӣ овард ба даст,
Дод ба саркор.
12. Шататурӣ, фататурӣ,
Сарӯш чӯрӣ, тағаш ғурӣ.
13. Бобоям дар Булғор,
Меравад дар ғор,
Мекунад ғул-ғул,
Меорад файзи бисёр.
14. Чор чилик, чормон чилик,
Осмон ғурад, тасмачилик.
15. Рангаш ранги осмон,
Побандаш ресмон.
16. Ҷавони пастак
Ҳама шиға бастак.
17. Рангаш ба ранги осмон,
Рӯдаш аз пас овезон.
18. Обаша деҳ, тобаша деҳ,
Ба сараш мон, тела бидеҳ.
19. Ин ҷавони қадпастак,
Ишқи ҳамаро бастак.
20. Бузи ҳинги рӯдакашол.
21. Сар-сари ёла,
Рӯдаш кашола.
22. Чист он лӯъбате, ки арзон аст,
Аксари вақт лек урён аст?
Хӯрда ангушти зулм дар паси худ,
Рӯдааш аз пасаш намоён аст?
23. Ду мори сиёҳ олама тай мезанад,
Барф мехӯрад, ҷоларо қай мекунад.
24. Сари кӯҳи белола,
Як сӯ барф, як сӯ жола.
25. Дар як дара ду море,
Ҳар ду қар-қар мекунад.
Хирмани барф бихӯрда,
Ҷоларо қай мекунад.
26. Ин чӣ кӯҳе дар майдон,
Як сӯяш хирмани барф,
Як сӯ ҷолаю борон.
27. Аҷоиб кӯҳе дидам дар майдон,
Як тараф хирмани барфу
Як тараф ҷолаборон.
28. Дар сардара ду мор қар-қар мекард,
Барфро мехӯрд, ҷоларо қай мекард.
29. Сари кӯҳи бузғола,
Ай як сӯ барф меборад,
Ай як сӯи дигар ҷола.
30. Меруд, меруд ду лингаша
Боло карда хоб меруд.
31. Меравад-меравад, линги худро
Боло карда хоб меравад.
32. Пушт бар замин, пой дар ҳаво хоб меравад.
33. Очаш ба бачааш расида наметавонад.
34. Хурӯси маст фиғон дорад,
Таноб гирди миён дорад.
35. Мегардад гирд-гирди бед,
Мекунад тухми сафед.
36. Аспи сиёҳи бозингар,
На дил дорад, на ҷигар.
37. Гирд-гирди бед
Медавад мори сафед.
38. Қучқори масти бозингар,
Не дил дорад, не ҷигар.
39. Чист он лӯъбате, ки ҷонаш не,
Хандаҳо мекунад, даҳонаш не.
Гӯши худро гирифта менолад,
Шикамашро ба хок мемолад?
40. Чун осиёб гардиданаш,
Чун аждаҳо ғурриданаш,
Оҳанхӯру оташфишон,
Мори сиёҳ бар гарданаш.
41. Ҳашт пою ду дум пеш-пеш,
Ду пои дигар аз пушт,
Дар мобайни зери реша
Бузи кабуд мегардад.
42. Ҳашт по дорад, ду дум,
Каҷчӯбак¹ пеш-пеш,
Нонхӯрак аз дум.
43. Се моҳи тобистону се моҳи тирамоҳ
Мехӯрад, сер намешавад.
44. Бузи ҳинги реша,
Чизе мехӯра геша²?
45. Корд кунд намешавад,
Танӯр пур намешавад.
46. Ай думш мекапӣ, пота дар гулӯш мемонӣ.
47. Дум дорад, гӯш надорад.
48. Дум дораду гӯш надорад,
Ҳамаро мекафонад.
49. Ғакар-ғакар ду сар дорад,
Овози кабки нар дорад.
Ҳар кас чистонамро нагуфт,
Албатта, дарди сар дорад.
50. Як чизест, ки дандон дорад,
Лек чиз хӯрда наметавонад.
51. Чист он лӯъбати даридашикам,
Ҳар чӣ ӯ мехӯрад дар ин олам?
Аз сафар соате наосояд,
Ҳама зи нафъи ӯ бурун ояд.
52. Гилдир мекунад писта,
Чилдир мекунад писта,
Раҳ рафтани ошиқон
Шилдир мекунад писта.
53. Беҷон аз қафои ҷондор меравад.
54. Бузи кабуд таҳ-таҳи реша.
55. Маҳ таги каҳ.
56. Меравад зери замин,
Пур мекунад рӯи замин.
57. Он чист, ки сурати пайкон бошад,
Андар ҳаракат ба хок пинҳон бошад.
Бе ӯ набувад низоми олам ҳаргиз,
Сармояи халқ лек аз он бошад.
58. Он чист, ки сурати пайкон бошад,
Дар рафтани худ ба хок пинҳон бошад.
Бе ӯ набувад низоми олам ҳаргиз,
Сармояи умри одам аз он бошад.
59. Таг-таги замин як маҳ мегардад.
60. Аз ин ҷо то Ҳисор
Тоқа ҷуфти лолазор.
61. Осмони гулдур-гулдур,
Чор найзаву ду айғур,
Болораву хӯникаш,
Таваки тилло таги каш.
62. Аз дур омад хаш-хаш,
Найзаҳош пешу пас.
63. Аз девор мехамбад хаш-хаш,
Таваки тилло таги каш.
64. Чист он лӯъбатаки шикамкӯҳна,
Сари худ бар замин ҳамемолад?
Гар ду пояш гирифта бардорӣ,
Гӯши худро гирифта менолад.
65. Рӯзона кор мекунад, кор мекунад,
Шабона лингаша гирифта хоб меруд.
66. Алахушту малахушт,
Кокулҳош паси пушт,
Овозҳояш маро кушт.
¹ Каҷчӯбак — тири савор.
² Геша — алаф.
Ҷавобҳо
1 — қаланд
2 — қаланд
3 — қаланд
4 — чархчӯб
5 — чархчӯб, гуппӣ
6 — чархчӯб
7 — чархчӯб
8 — чархчӯб
9 — чархчӯб
10 — чархчӯб
11 — чархчӯб
12 — чархчӯб
13 — чарху чархчӯб
14 — чархчӯб
15 — сӯзан
16 — сӯзан
17 — сӯзан
18 — сӯзан
19 — сӯзан
20 — сӯзан ва ришта
21 — сӯзан ва ришта
22 — сӯзан ва ришта
23 — ҳаллоҷӣ
24 — ҳаллоҷӣ
25 — ҳаллоҷӣ
26 — ҳаллоҷӣ
27 — ҳаллоҷӣ
28 — ҳаллоҷӣ
29 — ҳаллоҷӣ
30 — аробаи дучарха
31 — палдиракҳои аробаи чорчарха
32 — замбар
33 — аробаи чорчарха
34 — чархи кордтезкунӣ
35 — чарх ва калоба
36 — чархи абрешимресӣ
37 — чархи ресмонресӣ
38 — погаю чарх
40 — чархи кордтезкунӣ
41 — ҷуфти гов, оҳани ҷуфт
42 — одам ва ҷуфти гов
43 — оҳани ҷуфт
44 — оҳани ҷуфт
45 — бел ва гӯристон
46 — бел
47 — табар
48 — табар
49 — арра
50 — арра
51 — моку
52 — моку
53 — оҳани ҷуфт, тир ва ҷуфти гов
54 — оҳани ҷуфт
55 — оҳани ҷуфт
56 — оҳани ҷуфт
57 — оҳани ҷуфт
58 — оҳани ҷуфт
59 — оҳани ҷуфт
60 — чиғина
61 — чиғина
62 — чиғина
63 — чиғина
64 — микроз
65 — замбарғалтак
66 — замбарғалтак
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




