Ҳазору як чистон — Хӯрокворӣ
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 3: Хӯрокворӣ. Чистонҳои 213–267.
213. Тар мезанӣ,
Хушк меканӣ.
214. Сафедак медарояд,
Сурхак мебарояд.
215. Яктагию яктагӣ,
Ба худаш часпидагӣ.
216. Буз дар камар,
Гург дар қабу¹.
217. Даҳонаш сиёҳ аломат,
Дарунаш сурх қиёмат,
Тар задам, хушк баромад,
Хандон кӯдак омад.
218. Чули чулон, нул овезон.
219. Марди кука дар ҷар кашолай.
220. Таг — санг, рӯ — санг,
Миёна — ҳакови² тезчанг.
221. Таг ландӣ, боло ландӣ,
Пур қошуқ, табақ қандӣ.
222. Ларзида медароҳ,
Чакида мебароҳ.
223. Зар варақ, зевар варақ,
Рӯ-рӯи об вар-вар варақ.
224. Аз ҷӯй парид,
Пӯсташ дарид.
225. Шаш сихи оҳанинӣ,
Миёнаш равғанинӣ.
226. Гӯши боборо тофтам,
Миёни ҳавз партофтам.
227. Гӯшакашро тоб деҳ,
Ба даруни об неҳ.
228. Сандуқчаи заррин,
Бо лаззату ширин.
Ҳам дилкашу ҳам гармак,
Гӯшҳое дорад нармак.
229. Тапо-тапо, тапӣ,
Гӯшташ гирифта хулпӣ.
Онро рӯи табақ неҳ,
Лаби ҳавз бар сар деҳ.
230. Дарахти ҳаллак кардагӣ,
Суфра ба сар кашидагӣ.
231. Таг табақу рӯй табақ,
Миёна фатири бенамак.
232. Таҳ-таҳи ов буз мекаша,
Рӯ-рӯи ов ғаша-ғаша³.
233. Чодари андумандам,
Ба кордҳо бурандам,
Ба найзаҳо хӯрандам.
234. Рӯи ҳавз як банд пахол.
235. Даруни дайро
Як порча бӯйро.
236. Гилеми ғаша-ғаша
Рӯ-рӯи об буз мекаша.
237. Духтари кокулдароз
Меравад дуру дароз.
238. Дукур-дукур дурайно,
Чумча катӣ — хӯрайно.
239. Ҳай кардем, ҳай кардем,
Ба калтак ҳам кардем.
240. Токчаи рӯфта,
Моҳи хорафта.
241. Чизӣ дар чизмоли дар,
Ҳавзи калон, маскаи тар.
242. Кабуд меандозем,
Зард мекашем.
243. Аз кӯҳ баромад ғалча,
Ба як ғалча чил чумча,
Ба чил чумча чил нахӯд,
Чил нахӯдро як кас хӯрд.
244. Бибии сафеди болаззат,
Чорта надодӣ аз ҷаззат,
Муште занам ба хирманат,
Фардо, ки хирманат пазад.
245. Зараш зардолу,
Сафедаш шафтолу,
Валлоҳ, ки на зардолу,
Биллоҳ, ки на шафтолу.
246. Дар як шиша ду ранг об.
247. Қаландаргулоб чӣ бошад?
Самандаргулоб чӣ бошад?
Оташ расад, ях кунад,
Ӯро ҷавоб чӣ бошад?
248. Дар алов монӣ, ях мекунад,
Дар соя монӣ, об мешавад.
249. Зард асту зардолу нест,
Сафед асту шафтолу нест.
250. Чоряк гӯшту чоряк намак,
Шӯрбош шӯру гӯшташ бенамак.
251. Як хумча ду хел равған дорад.
252. Косаи чинӣ, обаш дурангӣ.
253. Моеъ асту об нест,
Сафед асту барф нест.
254. Об дар об чӣ бошад?
Ҳавзи гулоб чӣ бошад?
Оташ расад, ях кунад,
Ҷавоби он чӣ бошад?
255. Аҷоиб як шиша, ки дорад ду хел об,
Надорад вай ба гармию хунук тоб,
Кунад ях ҳам зи сармои зимистон,
Ҳам аз гармии оташҳои сӯзон.
256. Он чист, ки ҳар касе писандад,
Ҳар лоларухе, ки дид ӯро,
Лабро бикушояду бихандад?
Оташ чу расид, ях бубандад.
257. Офтоби зарри зарнигор
Дар паси кӯҳи парвардигор.
258. Зар малаҳ, зарпо малаҳ,
Аз кӯҳ парид, кунда карах.
259. Сандуқчаи зарбандӣ,
Болошба шакарбандӣ,
Ҳай-ҳай, дилам месӯзад,
Мирзои Самарқандӣ.
260. Зар малаҳ, зардоб малаҳ,
Рӯ-рӯи об чарах-парах.
261. Зар варақ, заррин варақ,
Дар рӯи ях варақ-варақ.
262. Санги сафед лӯнда аст,
Гар ба об молиш диҳӣ,
Шири сафед медодаст.
263. Сурхак медарояд,
Сафедак мебарояд.
264. Тез-тез бар, хушк мешавад.
265. Сурхи ман дар сӯрох.
266. Зард аст, на зардолу,
Сурх аст, на шафтолу,
Чорбоғи ҳалимон аст,
Хӯрдани ҳакимон аст.
267. Шиғи тар,
Шиғмоли тар,
Ҳавзи гулоб,
Арзони зар.
¹ Қабу кардан — пойида истодан.
² Ҳаков — уқоб.
³ Ғаша — дарида.
Ҷавобҳо
213 — химча ва сабат
214 — нон
215 — нон
216 — нон
217 — нон, танӯр ва кайбону
218 — танӯр ва нон
219 — танӯр ва кулча
220 — фатир
221 — фатирмаска
222 — фатирмаска
223 — чалпак
224 — думбаи гӯсфанд
225 — сих-кабоб
226 — тушбера
227 — тушбера
228 — тушбера
229 — тушбера
230 — тушбера
231 — сумалак
232 — оши угро-бурида
233 — оши туппа
234 — оши бурида
235 — оши угро
236 — оши туппа
237 — оши туппа
238 — оши угро
239 — кочӣ-атола
240 — ҷурғот
241 — равғанҷӯшӣ
242 — чойи кабуд
243 — палав
244 — равғани думба ва палав
245 — тухм
246 — тухм
247 — тухм
248 — тухм
249 — тухм
250 — тухм
251 — тухм
252 — тухм
253 — тухм
254 — тухм
255 — тухм
256 — оина
257 — равғани зард
258 — равғани зард
259 — набот
260 — қурутоб
261 — қурутоб
262 — қурут
263 — гандум ва орд
264 — ҳанбаи орд ва даст
265 — ҷаза
266 — заъфар
267 — ширу ҷурғот, маскаю дуғ
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




