Ҳазору як чистон — Пӯшокворӣ
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 4: Пӯшокворӣ. Чистонҳои 268–296.
268. Чоҳ то зону.
269. Аҷоиб лӯъбате дидам,
Ба қадаш ҷома буридам,
Ба сумаш наъли пӯлодӣ,
Даҳан аз фарқи сар дидам.
270. Рӯз пӯшидагӣ,
Шаб кушодагӣ.
271. То зону ду чоҳ,
Мегарданд ҳамроҳ.
272. Рӯз пур, шаб холӣ.
273. Аз ду лабаш гирифтам,
Ба миёнаш задам.
274. То накашӣ аз ду гӯшаш,
Ду лабаш намедарояд.
275. Аз ин ҷо то Дарвоз
Даҳонаш воз.
276. Меравад рӯ-рӯи ях,
Мекунад шарах-парах.
277. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дор,
Зи рӯз то бегоҳ лой мекӯбад сад бор.
278. Се по дорад,
Рӯ ба боло дорад.
279. Рӯз ҳалак-ҳалак,
Шаб даҳан ялак.
280. Як хонаи чапида,
Ӯро ҳама харида.
281. То аз гӯшаш накашӣ, намебарорад.
282. Рӯз мегардад, мегардад,
Шаб даҳанвоз хоб меравад.
283. Чистон аз лабуш бигир, бифурӯш он.
284. Рӯз мегардад, шаб қарор ай.
285. Ба кӯча мебарояд он,
Агарчи лой ё борон,
Вале хушкӣ агар бошад,
Ҳамеша хонашин аст он.
286. Аз одам баланд, аз мурғ паст.
287. Ҳама вақт дар боло,
Ду шиштан, ду хестан.
288. Худаш якта, сараш дута.
289. Он чӣ чиз аст, ки ду даҳон дорад,
Лек гап зада наметавонад?
290. Шилтик-шилтик,
Кунҷак ҷо-ҷо¹.
291. Хурӯсаки пешпаҳн,
Ҷӯҷаики ҳафтранг.
292. Худаш якта, думаш дута.
293. Сараш як, худаш ду,
Даромад дар тани ту.
294. Шаб ҷӯрӣ, рӯз бибӣ.
295. Рӯз болою шаб поин.
296. Аз дур дидам моҳе,
Ба дил кашидам оҳе.
Пештар рафта бубинам,
Як парчаи сиёҳе.
¹ Ҷо-ҷо — пинҳон.
Ҷавобҳо
268 — мӯза
269 — мӯза
270 — мӯза
271 — мӯза
272 — мӯза ва махсӣ
273 — мӯза ва махсӣ
274 — мӯза ва махсӣ
275 — кафш
276 — кафши чӯбин
277 — кафши чӯбин
278 — кафши чӯбин
279 — кафши чӯбин
280 — пилла
281 — чорук
282 — пойафзол
283 — мукӣ
284 — калӯш
285 — тоқӣ
286 — лӯлаболишт
287 — лӯлаболишт
288 — адрас
289 — дастмол
290 — фарангӣ
291 — зор
292 — зор
293 — кӯрпа
294 — кӯрпа
295 — чашмбанд
296 — мӯза ва пой
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




