Ҳазору як чистон — Ҷисмҳои осмонӣ
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 7: Ҷисмҳои осмонӣ. Чистонҳои 406–444.
406. Шаҳе дидам, ки ҳафт кишвар дорад,
Сесад ҳараму ду моҳи анвар дорад.
407. Як чодари зангорӣ,
Шабҳо пуру рӯз холӣ.
408. Гилеми ранга-ранга,
Дарунаш пури танга.
409. Гилеми калон дорем,
Шипонда наметонем,
Пули бисёре дорем,
Шумурда наметонем.
410. Латти кабудак,
Пури нахӯдак.
411. Чодари кабуд
Пур аз нахӯд.
412. Аз ин ҷо то Ҳисор
Як чодари лолазор.
413. Намади додома
Бардошта наметонем,
Пулҳои додома
Шумурда наметонем.
414. Саҳрои васеъ дорем,
Тай карда наметонем.
Гӯсфанди бисёр дорем,
Шумурда наметонем.
415. Дарахти калони чанбул,
Сад барг дорад, ду гул.
416. Як дарахти лолагун,
Сад шох дорад, дуто гул.
417. Чияки чиякон, аковнишон,
Зоғи сиёҳ, кафтари дав-давон.
418. Рӯймоли кабуд,
Дарунаш пури қурут.
419. Аспро бастанд дар мазор,
Ёлу думаш сад ҳазор.
420. Як бом арзан,
Саҳар хестам — ҳеҷ чиз не.
421. Як замини хою хуй,
Якта баргу садта гул.
422. Дар баландӣ — баланд,
Дар сахтӣ — сахт,
Дар давандӣ — даванд,
Дар кабудӣ — кабуд.
423. Таг тағора, боло нағора,
Сад гули чечак, як гули лола.
424. Аз ин ҷо то Ҳисор
Ҷуфту тоқ лолазор.
425. Шаб пур бошаду нур резад,
Рӯз, ки шуд, боз бигрезад.
426. Аз дур дидам йилик-йилик,
Пешаш рафтам — қулфу калид.
427. Таги тағора, сутун манора,
Як гули ҳолмон, сад гули лола.
428. Дар шаби тор нисфи фатир,
Атрофаш арзанистон.
429. Ҳар рӯз мезояд,
Боз ҳамон духтар.
430. Зар малаҳ, зарпо малаҳ,
Аз кӯҳ парад, кунду караҳ.
431. Аз ҳама чиз равшан,
Бе ӯ набувад гулшан.
432. Бузи зарди зарнигор
Паси кӯҳи кулладор.
433. Шабраву рӯзбиё.
434. Аз кӯҳ баромад амири хаш-хаш,
Сар то қадамаш ҷомаи мунаққаш.
435. Якта фатир, ҳама олам сер.
436. Рангзарди рӯи ҷаҳон,
Гармияш бахти ҷаҳон.
437. Худаш калону соя надорад.
438. Чист он, ки ду асту се намешавад?
439. Аз кӯҳ мебароянд ду подшоҳ,
Зилзилаи аксашон ҷаҳоноро.
Доранд писарони далеру дилбар,
Аз чеҳраашон ҷаҳон мунаввар.
440. Як падару як модар,
Боқӣ ҳама бародар.
441. Якта нон лаби бом.
442. Он чист дар шаби тор
Бар чашми мо намояд,
Аз фазои беғубор
Ба олам нур физояд?
443. Чист он подшоҳи ҳафт иқлим,
Бо ҳазорон савор мегардад?
Ногаҳон як савор пайдо шуд,
Омада фавҷи шоҳ барҳам зад.
444. Офтобаки рӯи равзан,
Гоҳ торику гоҳ равшан.
Ҷавобҳо
406 — офтоб, сол ва рӯзҳои сол
407 — осмон ва ситораҳо
408 — осмон ва ситораҳо
409 — осмон ва ситораҳо
410 — осмон ва ситораҳо
411 — осмон ва ситораҳо
412 — осмон ва ситораҳо
413 — осмон ва ситораҳо
414 — осмон ва ситораҳо
415 — сол ва фаслҳои он
416 — офтоб, моҳ ва ситораҳо
417 — шаб, рӯз ва ситораҳо
418 — осмон ва ситораҳо
419 — осмон ва ситораҳо
420 — офтоб ва ситораҳо
421 — офтоб ва ситораҳо
422 — осмон, замин ва офтоб
423 — осмон, офтоб ва ситораҳо
424 — осмон ва ситораҳо
425 — осмон ва ситораҳо
426 — осмон ва ситораҳо
427 — осмон ва шуълаи моҳ
428 — моҳи нопурра ва ситораҳо
429 — моҳ
430 — тӯлуи офтоб
431 — офтоб
432 — офтоб
433 — офтоб
434 — офтоб ва шуълаи он
435 — офтоб
436 — офтоб
437 — офтоб
438 — офтоб ва моҳ
439 — офтоб, моҳ ва ситораҳо
440 — офтоб, моҳ ва ситораҳо
441 — офтоб
442 — моҳтоб
443 — моҳтоб, ситораҳо ва офтоб
444 — моҳи пурра ва нопурра
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




