Ҳазору як чистон — Табиат ва ҳодисаҳои он
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 8: Табиат ва ҳодисаҳои он. Чистонҳои 445–523.
445. Аз кӯҳ баланд,
Аз ҷорӯб паст.
446. Аз алаф паст,
Аз кӯҳ баланд.
447. Арғамчини дароз,
На бурӣ, на тоб кунӣ.
448. Саллаи дарози бобим¹
Бе тобу печ аст доим.
449. Ман давам, ӯ медавад,
Ман истам, ӯ менусад.
450. Об занам, нам нагирад,
Шамшер занам, қалам нагирад.
451. Ба об дарояд, тар нашавад,
Ба лой дарояд, нам нашавад.
452. Дарё равад, тар намешавад,
Ба ҷар афтад, ҷар намешавад.
Ба ҳама чиз шарик бувад,
Ба об афтад, тар намешавад.
453. Аҷоиб ҳолате дидам дар ин дашт,
Ки ҷондор ҳамроҳи беҷон мегашт.
454. Сараш яку пояш ду,
Меравад пеш-пеши ту.
455. Аз бом намеафтад,
Дар оташ намесӯзад.
456. Болои бом «шилапазон»².
457. Худаш дар осмон,
Пояш дар замин.
458. Уштури гарданбаланд
Сӯи ҳаво меравад.
Бағалаш танга-тилло,
Гушна чаро меравад?
459. Аз ин дара овоз омад,
Аз он дара овоз омад,
Рӯбоҳи думдароз омад,
Бо сад фиғон дартоз омад.
460. Аз дур омад хаш-хаш,
Чаккаҳояш таги каш.
461. Ай дур омад хаш-хаш,
Чучикош³ дар таги каш.
462. Аз ин ҷо то Мадина
Тинг-тинги дона-дона.
463. Шир-шири ширак,
Дандонҳои тирак.
464. Меравад-меравад,
Ба ақибаш нигоҳ намекунад.
465. Ар-ари дароз соя надорад.
466. Як мардаки хушсафар
Меравад ба ҳар хатар.
467. Банди дарози дилрабо
Меравад гирди дунё.
468. Ҳама вақт дар сафар аст,
Фикри қафо надорад.
469. Сафедор ар-ар,
На реша дорад, на барг,
На соя дорад, на самар.
470. Сандуқчаи зулбиё,
Худбандаку худкушо.
471. Пирамарди боҳунар
Бе арраю бе табар
Месозад кӯпрук.
472. Сандуқчаи зарбандӣ,
Худкушою худбандӣ.
473. Сандуқчаи зар бастамам,
Дарунаш шакар бастамам.
Ҳай-ҳай, дилакам мерад,
Мирзои Самарқандӣ.
474. Ҳасан имрӯз сафар кард,
Сад қишлоқа хабар кард.
475. Алнакбар сафар кард,
Сад дараро хабар кард.
476. Аспи сиёҳи кашқарӣ,
Такя кунам, мешиканӣ.
Такяи мо амал дорад,
Ҷумла ҷаҳон хабар кунад.
477. Шиғак-шиғак лашкарӣ,
Такя кунам, мешиканӣ.
Такяи мо амал дорад,
Аз ҳама ҷо хабар дорад.
478. Аҷоиб гунбазе дидам,
Бувад он гунбази бедар,
Вале девори он бошад
Зи пӯсти тухм нозуктар.
479. Пешам омад мурдаранг,
Аз дур дидам пирпаланг.
480. Чор чилик, чормон чилик,
Осмон ғуррид, замин дарид.
481. Хари Ҳасан ҳанг зад,
Нӯҳ олама хабар кард.
482. Бе даст тақар-туқур мекунад,
Бе алов дармегирад.
483. Чист он лӯъбате, ки ҷонаш нест,
Хандаҳо мекунад, лабонаш нест?
Гиряҳо мекунад, надорад чашм,
Нолаҳо мекунад, даҳонаш нест.
484. Мепараду параш не,
Мешинаду пояш не.
485. Аз осмон афтад, намешиканад,
Аз дарахт афтад, мешиканад.
486. Дар сари санги сафед
Яку бобои мӯйсафед,
Дар дасташ асои бед.
487. Аз хеш-хешат бинам,
Дуру дарвешат бинам,
Аз об бобои мӯйсафед,
Аз ҳама пешат бинам.
488. Дар тори бед
Тухми сафед.
489. Лайлак ба ҳаво парид,
Афтоду танаш дарид.
490. Аз дур омад хаш-хаш,
Шохи дарахта бишкаст.
491. Мегардаду медавад,
Ба ҳеҷ ҷой намеистад.
492. Дасту по надорад,
Ҳамаро меҷунбонад.
493. Тапу тап менамояд,
Марди бад менамояд,
Бе ман дар мекушояд.
494. Тап-тапи тап менамояд,
Одами бад менамояд.
Таги дар ҷорӯб мондам,
Канӣ, чӣ тавр мекушояд?
495. Гилеми заррин,
Бораш вазнин.
496. Гунбазе дидам, ки дорад шохҳои бешумор,
Андар он гунбаз бидидам се баҳои беканор.
Боз бистои дигар аз он, сета хурдтар аст,
Панҷаҳои бешумори ӯ зи ҳад афзунтар аст.
497. Зар гилем, заррин гилем,
Аз ҳар чӣ вазнинтар гилем.
498. Табақча пури анор,
Мард бошӣ, бубардор.
499. Чист он лӯъбате, ки бебок аст,
Рафтани ӯ ба сӯи афлок аст?
Хӯрдани ӯ гиёҳу ҳар киро ҳазар аст,
Суфтани ӯ зи аҳмари пок аст.
500. Қади бобом як ваҷаб,
Ришашон сад ваҷаб.
501. Бобом дар таҳхона,
Ришаш дар болохона.
502. Очааш як газ,
Бачааш чил газ.
503. Гови сурх шиками гови сиёҳа мелеса.
504. Оташак мезад андар шар-шара,
Токнаш пӯлоду думаш қар-қара.
505. Сурхи сурхон қиёмат,
Даҳансиёҳ баромад,
Тар рафту хушк омад.
506. Сари кӯҳу миёни осмон
Об мепошад як паҳлавон.
507. Аз дур дидам чӣ масте,
Шохчаи гул ба дасте,
Роҳ гирифт ба осмон,
Миёнакаш шикасте.
508. Лаб-лаби пориса⁴ лаб мелеса.
509. Як порча абри сиёҳ
Равон шавад ба ҳаво.
510. Уштури гардандароз
Меравад дуру дароз.
511. Даҳон надорад, тап мезанад,
Пой надорад, роҳ мегардад.
512. Заминшинак кун надорад,
Роҳгардак по надорад,
Харҷопарак пар надорад,
Ҷингиласарак мӯ надорад.
513. Сафедиаш шир барин,
Кабудиаш нил барин,
Нишастанаш мир барин,
Роҳ меравад тир барин.
514. Мепараду бол надорад,
Мегардаду по надорад,
Ҷингиласарак мӯ надорад.
515. Бобом ба комаш чоҳ меканад.
516. Корд кунд намешавад,
Табақ пур намешавад.
517. Сандуқи Сулаймонӣ
Дар дашту биёбонӣ.
518. Ҳуҷраи торик дар надорад.
519. Сандуқчаи хил-хилӣ,
На дар дорад, на калид.
520. Чист гунбази амонӣ
Дар дашту биёбонӣ?
521. Модараш каҷу килеб,
Падараш йӯргакуюн,
Духтараш бознигарон,
Писараш қуръонхон.
522. Ширинии рӯи дунё чӣ?
Талхии рӯи дунё чӣ?
Кабудии рӯи дунё чӣ?
Паррандаи рӯи дунё чӣ?
523. Он чист, ки сар то сари ӯ ҷумла забон аст?
Он чист, ки шаб то ба саҳар ҷумла фиғон аст?
Он чист, ки бе дасту сару пой равон аст?
Он чист, ки андар шикамаш халқ ниҳон аст?
¹ Бобим — бобом.
² Шила — шавла.
³ Чучик — ҳезум, хасу хошок.
⁴ Лаб-лаби пориса — лаб-лаби бом.
Ҷавобҳо
445 — роҳ
446 — роҳ
447 — роҳ
448 — роҳ
449 — сой
450 — сой
451 — сой
452 — сой
453 — сой
454 — сой
455 — сой
456 — борон
457 — тиру камон
458 — тиру камон
459 — сел
460 — сел
461 — сой
462 — жола
463 — жола
464 — дарё
465 — дарё-роҳ
466 — дарё
467 — роҳ
468 — дарё
469 — роҳ, дарё
470 — ях
471 — ях
472 — ях
473 — ях
474 — зилзила
475 — зилзила
476 — зилзила
477 — зилзила
478 — ҳубоб
479 — туман
480 — раъду барқ
481 — раъду барқ
482 — тундару чароғак
483 — раъду барқ
484 — абр-барф
485 — барф
486 — барф
487 — барф
488 — барф
489 — барф
490 — шамол, барф
491 — шамол
492 — шамол
493 — шамол
494 — шамол
495 — замин
496 — курраи замин
497 — замин
498 — лахчаи оташ
499 — оташу дуд
500 — оташу дуд
501 — оташу дуд
502 — оташу дуд
503 — оташу дуд
504 — раъду барқ
505 — оташ
506 — абр
507 — абр, оташу дуд
508 — шамол
509 — дуд
510 — абр, дуд
511 — абр ва раъду барқ
512 — абр, дуд
513 — абр
514 — абр, барф
515 — чакак
516 — гӯристон
517 — гӯристон
518 — қабр
519 — қабр
520 — қабр
521 — дарё, мавҷи об, моҳӣ ва ғук
522 — ҳаёт, марг, фарзанд, ғам ва шодӣ
523 — обу оташ ва хоку бод
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




