Ҳазору як чистон — Сол ва фаслҳои он
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 9: Сол ва фаслҳои он. Чистонҳои 524–534.
524. Коштам, коштам як палак,
Андохт дувоздаҳ ҳандалак.
525. Осмони гулдур-гулдур,
Дувоздаҳ гулу ду булбул.
526. Дорад духтари нағзакак
Дувоздаҳ кокули хушбӯяк.
Духтар худаш кист?
Кокули хушбӯяш чист?
527. Чист он лӯъбате, ки дорад чор шох дар сараш,
Дар сари ҳар шохи ӯ се духтари симинбараш?
Ҳар яке аз духтарон оғӯш карда си писар,
Ҳар писар андар назар як рӯ сиёҳ, як рӯ қамар.
528. Аҷоиб як дарахте ҳаст дар ин боғ,
Ки як тан дораду дувоздаҳ шох,
Ки ҳар як шохи ӯ си барг дорад,
Яке рӯи сафеду сиёҳ рӯи дигар дорад.
529. Аждаре дидам: чор шох андар сараш,
Бар сари ҳар шохи ӯ се духтари афсунгараш.
Бар сари ҳар духтаре пайваста дидам си писар,
Си писар, ҷонон писар, ширин писар, хандон писар.
530. Як дарахти пур аз гул,
Чор баргу сесаду шаст гул.
531. Дувоздаҳ мурғ, 52 кабк ва 365 ҷӯҷа
Ҳамеша аз як тухм мебарояд.
532. Дар омаданаш ҳама шуд лолаву гулзор,
Дар рафтанаш ҳама пур аз читу газвор.
533. Зоғе дидам сиёҳ монанди мидод¹,
Аз вай мурғи сафед чун барф бизод.
Ин турфа, ки дар он дам мурғи сафед
Парвоз намуду байзаи заррин дод.
534. Офтобаки сари равзан,
Гоҳ торику гоҳ равшан.
¹ Мидод — қалами сиёҳ.
Ҷавобҳо
524 — сол ва дувоздаҳ моҳ
525 — офтоб, моҳтоб ва фаслҳои сол
526 — моҳтоб ва дувоздаҳ моҳ
527 — фаслҳои сол, рӯзҳои моҳ ва шабу рӯз
528 — сол, моҳ, рӯзҳои моҳ, шаб ва рӯз
529 — сол, моҳ ва рӯзҳои моҳ
530 — сол, фасл ва рӯзҳои сол
531 — фасли сол ва рӯзҳои он
532 — баҳор ва тирамоҳ
533 — шаб, рӯз ва офтоб
534 — моҳ
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




