Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·3 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Паррандаҳо

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 11: Паррандаҳо. Чистонҳои 589–609.

589. Ағбачаҳак, лоларухак.

590. Аз кӯҳ баромад шакли бум,
Ду линг дораду калтадум.

591. Аз кӯҳ баромад
Акарангу такаранг,
Бо ҷомаи ҳафтранг,
Мӯзаҳои сурхранг.

592. Чистон-чистон,
Меравад Ҳиндустон,
Бо кафши кабуд,
Мӯзаҳои кемухтон¹.

593. Чист он лӯъбати писандида,
Атласи бешумор пӯшида?

594. Пастак занакак,
Пасту баландак занакак,
Кӯчадавак занакак,
Хокарилмак занакак.

595. Ин чист, ар-ар мекунад,
Шаб монда, саҳар мекунад,
Дар охурчаи хар мекунад?

596. Худаш дар кӯҳ, овозаш дар деҳ.

597. Модар бизояд духтаре,
На пой дорад, на саре.
Духтар бизояд модаре,
Ҳам пой дорад, ҳам саре.

598. Нохуни шеру паланг дар пояш,
Дастори сари подшоҳон дар сараш.

599. Аз кӯҳ баромад алохуштак,
Хуштак задаку худакша куштак.

600. Зу-зу мекунад,
Алҳам мехонад,
Замбар мебофад.

601. Аловиддин қайчидор
Ба одам дӯст асту ёр.

602. Як ҷонваре бидидам,
Аҷаб хуш месарояд,
Сари ғунча нишаста,
Шабро саҳар намояд.

603. Меравад тир барин,
Мешинад мир барин.

604. Аз дур меояд тир барин,
Сафедии синааш шир барин,
Мешинад мир барин,
Меравад саги пир барин.

605. Дум — дукӯ²,
Забон — туркӣ,
Пушт — алкос³,
Шикамаш — карбос.

606. Аз дур менамояд аранг-аранг,
Ҷомакабуди пистаранг.

607. Ҷондор-ҷондори ёбой,
Пойҳояш пойҳои мурғобӣ.

608. Ай дур омад хашу хуш,
Тоҷи тилло дар саруш.

609. Аз кӯҳ баромад мири фаш-фаш,
Дар сар кулоҳ, ҷома мунаққаш.


¹ Кемухт — як навъи чарм.
² Дукӯ — дук барин.
³ Алкос — сабз.


Ҷавобҳо

589 — қабк
590 — қабк
591 — қабк
592 — товус
593 — товус
594 — мурғ
595 — мурғ
596 — хурӯс
597 — мурғ ва тухм
598 — хурӯс
599 — мурғи даштӣ, бедона
600 — достак, фароштуруқ
601 — фароштуруқ
602 — булбул
603 — гулба, алошақшак
604 — акка
605 — акка
606 — кур-куровак, кар-карӣ кӯрок
607 — кӯршапарак
608 — муллохудхуд
609 — муллохудхуд

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.