Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·3 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Ҳашарот ва хазандагон

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 12: Ҳашарот ва хазандагон. Чистонҳои 610–635.

610. Амакам ҷомаи абрешим дорад,
Дар кӯчаҳо ҳавлии мунаққаш дорад,
Касобо кати доду гирифт дорад.

611. Ғунг-ғунг мекунад,
Қуръон мехонад,
Парчам метанад.

612. Як оча, бешумор бача.

613. Чил хонаву чил токча,
Чил ҳуҷраву равоқча.

614. Ай дур омад халохушт,
Дастош паси пушт,
Нозош маро кушт.

615. Як саволе аз ту дорам, эй рафиқи пурҳунар:
Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар,
Мӯрпою морчашм, лайлакпару андаршикам,
Уштурзону филгардан, шерсина, аспсар.

616. Як саволе дорам аз ту, эй рафиқи пурҳунар,
К-андар ин саҳро бидидам як аҷоиб ҷонвар:
Шерсина, мордум, каргассару каждумшикам,
Нокапою филчашму хукгардан, аспсар.

617. Аз кӯҳ ояд хушт-хушт,
Кокулҳояш паси пушт.

618. Рафтам раҳак, дидам бузак,
Ширам надод шохчакаҷак.
Як-ду раҳак вархурдамаш,
Ай сари шиғ паррондамаш.

619. Дар миёни ғалла дидам бадгуҳар,
Афти он чун ҳокимони пурзарар.

620. Худат нимҷон, ғингасат чӣ?
Якта занам, мурӣ чӣ?

621. Аз ин дарак ба он дарак,
Меҳмонаки ғазандарак.

622. Бузи ҳинги бедила,
Дасташ накун, ки мемура.

623. Таг-таги долон меравад,
Рӯдакашолон медавад.

624. Меравад мирзо,
Мепарад мирзо,
Ғалбербофак мирзо.

625. Ток-таки токак меравад,
Почакашолак медавад.

626. Он чист, ки барги тут хӯрад,
Аз баҳри худ ҷувол созад?

627. Он чист, ки барги сабз хӯрад,
Аз баҳри худаш ҷувол дӯзад?
Устон тананда гашта якчанд,
Монад даруни он ҷувол банд.

628. Он чист, ки нест дар зимистон,
Зебову латифу роҳати ҷон,
Он зиннати тахти подшоҳон,
Худро бикушад даруни зиндон?

629. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дор,
Кафан мебофт он бе пуду бе тор.
Кафан пӯшид ӯ чун мурда чанде,
Ба шакли дигаре ӯ шуд намудор.

630. Чор чиз нест дар зимистон,
Кимхобу атлас бар тану ҷон,
Тахте бизанад дар биёбон,
Худро бикушад дар банди зиндон.

631. Аспи сиёҳи бозингар,
На дил дорад, на ҷигар.

632. Аспам дар гала,
Аспи сиёҳам дар гала,
Даст ба ёлаш мебарам,
Ҷуфту алосак мезана.

633. Аҷоиб ҷонваре дидам, ки ришаш найро газид,
Чил мулло афсун карду афсун набурид.

634. Дар пушташ найза,
Хӯрокаш сабза.

635. Гӯшони харум — найза,
Хӯроки харум — сабза.


Ҷавобҳо

610 — ору, занбӯр
611 — занбӯри асл
612 — ору, занбӯр
613 — хонаи занбӯр
614 — малах
615 — малах
616 — малах
617 — малах
618 — шер (аз ҷинси малах)
619 — малах
620 — пашша
621 — занбӯри ало, бунгак
622 — тортанак
623 — кирмаки пилла
624 — тортанак
625 — тортанак, кирмак
626 — кирмаки пилла
627 — кирмак
628 — кирмак
629 — кирмак
630 — кирмак
631 — кайк
632 — кайк
633 — ҳавоборонак (тукушулук)
634 — ҳавоборонак
635 — ҳавоборонак

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.