Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·3 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Асбобҳои мусиқӣ

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 17: Асбобҳои мусиқӣ. Чистонҳои 803–815.

803. Камонаки панҷтора,
Назанӣ, садо надора.

804. Аз кӯча гузашт як ҷавони сармаст,
Нола мекунад: «Эй вой, дастам бишкаст».

805. Лухтаки нари бозингар,
На дил дорад, на ҷигар.

806. Бузи зарди бозингар,
На дил дорад, на ҷигар.

807. Сари панҷу чор гирам,
Сари зулфи ёр гирам,
Ёра дар канор гирам,
То ки ман қарор гирам.

808. Ба шакли моҳ дидам дилситоне,
Кавокибро ба даври ӯ қироне,
Суруди ишқ мегӯяд зи Маҷнун,
Кашида пӯсте бар устухоне.

809. Дарвозаи Шерозӣ,
Ту — нағмаю ман — бозӣ.

810. Дарзи ман бо дарзи ту,
Лабдарзи ман бо тарзи ту,
Бо ҳар задан меларзӣ ту.

811. Чист он чатри мудаввар,
Ҳам нағмаю ҳам касар?

812. Чил тори дароз дорад,
Ҳар тор ба ноз дорад.

813. Аз дур дидам масташ,
Шохаки гул ба дасташ,
Нола кунад ҳамеша
Нолаи дилшикасташ.

814. Пӯмбачӯби¹ лашкарӣ,
Такя кунам, мешиканӣ,
Такяи мо шод шавад,
Ҷумла ҷаҳон обод шавад.

815. Баланд шуда амал кунад,
Ҷумла ҷаҳон хабар кунад.


¹ Пӯмбачӯб — пакорачӯб.


Ҷавобҳо

803 — тор
804 — дутор
805 — дутор
806 — дутор
807 — дутор, танбӯр
808 — дойра
809 — дойра
810 — дойра
811 — дойра
812 — чанг
813 — ғижжак, нағора
814 — нағора, карнай
815 — карнай

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.