Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·3 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Техника ва намудҳои он

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 18: Техника ва намудҳои он. Чистонҳои 816–852.

816. Уштури куланги бедум
На ҷав хӯрад, на гандум.
Ҳамеша рӯи дарё
Кор кунад ба мардум.

817. Тахтасанги каҳрабо
Не дар замин, не дар ҳаво.

818. Як хар дорам ҳангӣ,
Ду гӯшакош ҳафтрангӣ,
На ҷав хӯрад, на гандум,
Бор кашад ба мардум.

819. Сандуқча пичиррӣ кард,
Оҳанча пичиррӣ кард.

820. Равған намехӯрад, равшанӣ медиҳад,
Дуд надорад, гармӣ медиҳад.

821. Ба зардӣ — зарди зардолу,
Ба сурхӣ — сурхи шафтолу,
Вале валлоҳ, на зардолу,
Вале биллоҳ, на шафтолу.

822. Як порча фатир,
Болош хати мир,
Ҳамсуҳбати косибон,
Ҳамсуҳбати мир.

823. Шуттум шуталое,
Эй вой, чӣ балое,
Афтоду ҷарангӣ кард,
Вах, ин чӣ балое буд!

824. Бед кашам, овози бед кашам,
Ба зону занам, овози хуршед кашам.

825. Каҷ шавад, рост шавад,
Сулфа кунад, халос шавад.

826. Хар ҳанг зад,
Чорбоғ ранг зад.

827. Кӯлкулак ду сар дорад,
Овози кабки нар дорад,
Душман аз он ҳазар дорад.

828. Даҳон ба поён дорад,
Даҳон болои сар дорад,
Тамом аз оҳану пӯлод,
Садои синнадар дорад.

829. Аспам дар гала,
Аспи сиёҳам дар гала,
Агар лаҷомаш канад,
Дар ҳаво хез мезанад.

830. Аз даруни ғор ситора мепарад.

831. Аспе дорам дар гала,
Ёлу думаш мундала,
Даст ба сарриаш барам,
Назара ба осмон барад.

832. Он чист, ки ду сар дорад,
Овози кабки нар дорад,
Дӯст аз вай ҳазар дорад,
Душман ба вай назар дорад?

833. Зинда не-ву мегардад,
Рӯзу шабро мефаҳмад.

834. Овоз дораду забон надорад,
Роҳ мераваду по надорад.

835. Чист он беҷон, ки дорад гуфтугӯ,
Зери ҳайрат ҳаст пинҳон карда рӯ?
Сурате дорад ба мисли бадри пур,
Доимо роҳ меравад он бо ғурур.

836. Бе забон гап мезанад,
Бе гӯш мешунавад,
Бе қаламу коғаз
Фармона мерасонад.

837. Не дил дорад, не гурда,
Мехона бачамурда.

838. Афтакаш афти табақ,
Дорад думи оҳанин,
Мехонад байти ширин.

839. Ақл дорад, ҷон надорад,
Муждаро зуд мерасонад.

840. Худаш оҳанпо,
Кор мекунад ба одам.

841. Ҳаст як паҳлавони ҳайбатнок,
Оҳанинҷисму оҳанинпӯшок,
Асп не-ю ба тохтан чаққон,
Шутур не-ю лекин боркашон,
Гов не-ю замин меронад,
Номи ин чизро кӣ медонад?

842. Аз ин ҷо то Ҳисор
Меравад қатор-қатор.

843. Ҷон надорад, роҳ меравад,
Даҳан надорад, дод мезанад.

844. Шутури қатори гулдур,
Баландовози мағрур,
Не ҷав хӯрад, не гандум,
Кашонад моли мардум.

845. Шутури масти беша
На ҷав хӯрад, на реша,
Оташ хӯрад ҳамеша.

846. Бе дасту по кор мекунад.

847. Об мехӯрад, дарранда нест,
Лаҷом дорад, даванда нест,
Бор мекашад мисоли фил,
Тез меравад, парранда нест.

848. Шаққат мана кушт,
Шум-шаққат мана кушт,
Бадани қоқат мана кушт.

849. Аспе дорам ҷафокаш,
Равғану об хӯрокаш,
Ҷаву алаф нахӯрад,
Набошад ҳеҷ озораш.

850. Аспе дорам беозор,
Хушсурату хушрафтор,
Монда намешавад ҳеҷ,
Доим ба гаштан тайёр,
Хӯрокаш обу бензин,
Поҳош бошад аз резин.

851. Дидам мурғи оҳанин,
Ҷон надорад, мепарад,
Панҷаҳояш аз резин,
Мехӯрад обу бензин.

852. Паҳлавони тездандон,
Чормех истод дар майдон,
Замин кобад, таъаҷҷуб он,
Бор бардорад он чунон,
Мардум бимонад ҳайрон.


Ҷавобҳо

816 — киштӣ
817 — киштӣ, заврақ
818 — поезд, киштӣ
819 — инкубатор ва ҷӯҷаҳо
820 — нури барқ, лампочка
821 — мошин
822 — тангаи подшоҳии Бухоро
823 — танга ва садои он
824 — тутак, най
825 — камон
826 — тир ва камон
827 — камон
828 — камон
829 — камон
830 — камон
831 — камон
832 — камон
833 — соат
834 — соат
835 — радио, соат
836 — телефон
837 — радио
838 — радио
839 — телеграф
840 — экскаватор
841 — трактор
842 — поезд
843 — паровоз
844 — поезд
845 — поезд
846 — мошин
847 — поезд
848 — поезд, киштӣ
849 — мошин
850 — мошин
851 — самолёт
852 — экскаватор

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.