ҚАЗОҚИСТОН ДАР МИЁНИ СЕ ШАРИКИ БУЗУРГИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ГИРИФТ
Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин бора “Казинформ” хабар дода, навишт, ки гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 11 милларду 730 миллион баробар шудааст.
Тоҷикистон дар ин муддат бо 133 кишвар, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил робитаҳои тиҷоратӣ доштааст.
Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар моҳҳои январ - октябр якуним баробар афзоиш ёфта, ба 3 миллиарду 340 миллион доллар расидааст.
Русия бо гардиши савдои тақрибан 2 миллиарду 100 миллион доллар дар ҷойи дувум қарор дорад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11, 4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Қазоқистон бошад бо гардиши савдои наздик ба 1,28 миллиард доллар мақоми севумро ишғол мекунад.
Афзоиши мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳолест, ки ду кишвар дар солҳои охир барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши содироту воридот ва тақвияти робитаҳои минтақавӣ талош доранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




