ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ РУШД МЕКУНАД
Вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Дениз Люти Кришан баргузор гардид.
Маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ навиштааст, ки ба имкониятҳои сайёҳии кӯҳҳои Алп, Помир ва Фон, ба омӯзиши таҷрибаи Швейтсария дар ташкили хатсайрҳои кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба хизматрасонии сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Гуфта мешавад. ки яке аз самтҳои ҳамкорӣ баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар ин замина имкони ташкили курсҳо, семинарҳои амалӣ ва сафарҳои омӯзишӣ барои роҳбаладон, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва хонаҳои меҳмонӣ баррасӣ шуд.
Зикр мегардад, ки ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Швейтсария низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, ташкили сафарҳои шиносоӣ ба Тоҷикистон барои ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони расонаҳои Швейтсария, муаррифии хатсайрҳои кӯҳӣ ва мероси фарҳангии кишвар, инчунин, барқарор намудани робитаҳои мустақим миёни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар аз самтҳои имконпазири ҳамкорӣ арзёбӣ шуданд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




