Зеҳн
Дунё·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

Ҳасад — монеаи пешрафти инсон

Ҳасад яке аз хислатҳои манфиест, ки на танҳо ба худи инсон, балки ба атрофиёнаш низ таъсири бад мерасонад. Он метавонад садди роҳи пешрафт шуда, инсонро ба ҷойи талош барои муваффақият, ба боздоштани дигарон водор созад.

Ҷек Лондон дар романи «Дандони сафед» ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, таъсири манфии ҳасадро ба рушди инсон нишон медиҳад.

Рӯзе нависанда дар назди гурӯҳе аз донишҷӯён суханронӣ мекард. Дар ҷараёни мулоқот яке аз донишҷӯён аз номи ҳамсабақонаш чунин савол дод:

— Шумо дар асари худ ҳасадро яке аз монеаҳои пешрафти инсон муаррифӣ кардаед. Метавонед ин андешаи худро бештар шарҳ диҳед?

Ҷек Лондон ба масъули озмоишгоҳи донишгоҳ муроҷиат кард. Пас аз чанд дақиқа панҷ харчангро дар дохили сатил гузошта, онро ба саҳна оварданд.

Донишҷӯён мушоҳида карданд, ки ҳар чанд вақт яке аз харчангҳо кӯшиш мекард аз девори сатил боло баромада, худро наҷот диҳад. Аммо ҳар боре, ки ба боло ҳаракат мекард, харчангҳои дигар бо чанголҳояшон ӯро дошта, ба поён мекашиданд. Ин ҳолат борҳо такрор мешуд ва ҳеҷ яке аз онҳо имкони берун шуданро намеёфт.

Пас аз чанд лаҳза Ҷек Лондон ба донишҷӯён рӯ оварда гуфт:

— Агар шумо маънои ин ҳодисаро дуруст дарк карда бошед, пас мефаҳмед, ки чаро ҳасад яке аз монеаҳои бузурги пешрафти инсон аст.

Паёми ҳикоя

Баъзе одамон ба ҷойи он ки барои расидан ба ҳадафҳои худ талош кунанд, тамоми кӯшишашонро барои боздоштани дигарон сарф мекунанд. Онҳо муваффақияти атрофиёнро на ҳамчун намунаи ибрат, балки ҳамчун таҳдид қабул мекунанд.
Дар ҳоле ки пешрафти дигарон бояд моро ба талоши бештар ҳавасманд созад, на ин ки сабаби ҳасад ва монеъ шудан ба роҳи онҳо гардад. Зеро инсон бо боло бурдани дигарон аз мақоми худ кам намешавад, балки бо талошу заҳмати хеш ба қуллаҳои баланд мерасад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.