Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

СОЯИ АРШИ ХУДО

Расули Худо (с) фармуд: «Ҳақ Таъоло дар рӯзи қиёмат чунин хитоб мекунад:

— Куҷоанд касоне, ки ҳамдигарро аз барои (ризои) Ман дӯст доштаанд, то дар ин рӯзи сангин онҳоро дар зери сояи Арш қарор диҳам! Дар ин рӯзе, ки ба ҷуз сояи Арши Ман ҳеҷ сояе вуҷуд надорад, ҳафт зумрае аз бандагонам зери сояи Арш қарор хоҳанд гирифт: шоҳи одил; ҷавоне, ки бо ибодати Худо ба воя мерасад; муъмине, ки ба масҷид дил бастааст; шахсоне, ки аз барои Худо якдигарро дӯст медоранд ва аз барои Худо аз ҳамдигар ҷудо мешаванд; касе, ки даъвати зани соҳибҷамолеро ба зино рад карда, мегӯяд: «Ман аз Худо метарсам!»; шахсе, ки бо дасти рост садақа медиҳад, ба сурате ки дасти чапаш огоҳ намешавад ва касе, ки дар танҳоӣ Худоро зикр карда, ашк мерезад».

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.