Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

АТСА ВА ХАМЁЗА

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) ҳангоми атса задан рӯяшро бо либосаш ё бо дастонаш мепӯшид ва бо овози паст атса мезад.

Боре Расули Худо (с) фармуд:

— Худованд атсаро дӯст медорад, вале хамёзаро на. Агар касе аз шумо ҳангоми атса задан «Алҳамдулиллоҳ» бигӯяд, ҳар мусулмоне, ки ӯро мешунавад, гӯяд: «Ярҳамукаллоҳ» (Худованд ба ту марҳамат кунад).

Ҳаройина хамёза аз шайтон аст. Ҳар касеро ҳангоми адои намоз хамёзааш ояд, то ҳадди имкон худдорӣ кунад ва барои рафъи он садо набарорад. Ҳар касе аз шумо хамёза мекашад, дар ин асно шайтон бар ӯ механдад. Ҳангоми хамёза кашидан бо даст даҳони худро бипӯшед, зеро дар он вақт шайтон ба даҳон медарояд».

Яҳудиҳо дар назди Расулуллоҳ (с) қасдан атса мезаданд ва мехостанд, ки Расули Худо (с) ба онҳо «Ярҳамукаллоҳ» бигӯяд. Вале Паёмбари Акрам (с) ба онҳо мегуфт:

— Худованд шуморо ҳидоят кунад ва ислоҳ намояд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.