Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

БА ШИР ОБ ИЛОВА НАМО!

Ҳазрати Умар (р) барои таъмини амнияти мардум ва огоҳӣ ёфтан аз ҳоли онҳо шабона ба гаштугузор мебаромад. Дар аснои яке аз ин гаштугузорҳо аз назди хонае мегузашт ва нохост гуфтугӯи модару духтаре ба гӯшаш расид.

Модар ба духтар мегуфт:

— Духтарам, медонӣ, ки эҳтиёҷмандем ва ҳоло шири кам дорем. Аз ин рӯ ба шир андаке об илова намо, то зиёд шавад.

Духтар дар посух гуфт:

— Модар, шумо чиҳо мегӯед?! Охир асло чунин накардаем!

Модар гуфт:

— Бале, чунин намекардем, чун шири фаровон доштем ва маблағи лозимиро ба даст меовардем. Ҳоло бошад, шир кам аст, ба ин хотир чунин мегӯям.

Духтар гуфт:

— Медонӣ, ки халифаи муъминон Умар (р) ба шир об андохтанро манъ кардааст.

Модар гуфт:
— Бошад, ту андаке об биомез!
Духтар гуфт:
— Агар Умар (р) бифаҳмад, аҳволамон бад мешавад. Модар гуфт:
— Эй духтари содаам! Дар ин нимашаб халифа моро аз куҷо мебинад? Ӯ кори моро аз куҷо мефаҳмад? Духтар посух дод:
— Эй модар! Агар халифа набинад, магар Худованд

ҳам намебинад?!
Ин сухани духтар ба модараш сахт таъсир кард ва ӯ хомӯш монд. Пас аз чанде сухани модар шунида шуд, ки мегуфт:

— Рост мегӯӣ, духтари покдилам, рост мегӯӣ! Худованд туро подоши накӯ диҳад, ки маро аз гуноҳ боздоштӣ.

Ҳазрати Умар (р), ки аз суханони духтар ва аз иртиботи қавии ӯ бо Худо ҳайрон гашта буд, субҳ ба хостгории ӯ омад ва ӯро ба никоҳи писараш даровард.

Умар ибни Абдулазиз, ки бо адолату раиятпарварияш машҳур аст ва лақаби «Умари сонӣ»-ро гирифтааст, набераи ҳамин духтари покдоман мебошад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.