Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

Ё САМАД!

Дар Ҳундустон пирамарде дар танҳоӣ умр ба сар мебурд. Ӯ ҳафтод соли зиндагияшро бо парастишу ибодати буте гузаронида, онро Офаридгори худ меҳисобид. Рӯзе пирамардро зарурате пеш омад ва ӯ либосҳои зеботаринашро ба бар карда, ба бутхона ҳозир шуд. Дар ҳоле ки оби дидагонаш шашқатор мерехтанд, пирамард даст ба дуо бардошта, гуфт:

— Эй бути ман! Ту медонӣ, ки ман тӯли чандин солҳо хизмати туро самимона ба ҷой оварда, улуҳияти туро иқрор кардаам. Бар ивази ин бандагиям бошад то имрӯз аз ту чизе талаб накардаам. Аммо акнун маро зарурате пеш омадааст. Хоҳиш мекунам, ин дархости маро қабул бифармо! Эй бути ман! Ин бандаи солхӯрдаат заифу нотавон шудааст. Хоҳиш мекунам, ба хотири бандагии ихлосмандонаам заъфу нотавонии маро бартараф намо!

Пирамард ҳарчанд дуо мекард ва хоҳишу дархосташро ба забон меовард, аммо посухе намешунид. Ӯ талаби худро ҳафтод маротиба такрор намуд, аммо буташ ҳанӯз хомӯш буд. Чун дигар чорае надошт, ноумед шуд. Дар ҳамин ҳол Ҳақ Таъоло аз рӯйи раҳмати беохираш ба пирамарди фонӣ назар кард ва ба қалби ӯ чунин илҳом бахшид:

«Ҳафтод сол дар хидматаш будӣ, аммо ин бут дуоятро нашунид. Маълум мешавад, ки он ба иҷрои ҳеҷ коре қодир нест. Пас, боре ба даргоҳи Ҳазрати Самад дасти дуо бардор. Умед аст, ки саркашиву гуноҳҳоятро афв карда, тавбаву дуоятро қабул намояд».

Ниҳоят пирамард аз бут рӯй гардонид ва ба Ҳақ Таъоло таваҷҷуҳ карду гуфт: «Ё Самад!» Аз ғайб чунин овоз омад: «Лаббайк! Эй бандаам, бигӯй, аз Ман чӣ мехоҳӣ?!»

Фариштаҳо ин ҳодисаро дида, гуфтанд:

— Худоё, ҳикматашро худат медонӣ, аммо ин бандаат аз Ту рӯй гардонида буд ва ҳафтод сол хидмати бутеро ба ҷо меовард. Имрӯз ҳам ҳафтод маротиба ба сӯйи он бут дуову тазарруъ карду аз ӯ ҷавобе нашунид. Аммо як маротиба «Ё Самад» гӯён нидо баровард ва Ту тавбаву дуои ӯро қабул намудӣ.

Аллоҳ Таъоло фармуд:

— Эй фариштагони ман! Он бандаам ба бут дуову тазарруъ кард, иҷобат нашуд. Сипас ба Ман рӯй овард. Агар дуову тазарруи ӯро қабул намекардам, миёни Санаму (номи бут) Самад чӣ фарқе мебуд?! Ӯро афв кардам ва дуоҳояшро мавриди иҷобат қарор додам!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.