Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

АҚРАБ, ҚУРБОҚҚА ВА МОР

Яке аз бузургони олами тасаввуф Зунуни Мисрӣ чунин ривоят мекунад:

«Боре барои шустани либосҳоям ба соҳили дарёи Нил омадам. Ногаҳон дидам, ки ақраби калоне ба сӯйи ман меояд. Бисёр тарсидам ва аз шарри он ба Ҳақ Таъоло паноҳ бурдам. Вақте ақраб ба дарё наздик шуд, қурбоққае аз об баромада, ба наздаш омад. Ақраб болои қурбоққа нишаст ва онҳо ба он тарафи дарё шино карданд. Ман ин ҳодисаро дида, дар тааҷҷуб афтодам ва онҳоро таъқиб намудам. Ҳангоме ки он ҳар ду ба соҳили дигари дарё расиданд, ақраб аз болои қурбоққа ба замин фаромад ва ба тарафи дарахте, ки баргҳои калону сояи ғафс дошт, равон шуд.

Ба зери он дарахт назар кардам ва дидам, ки ҷавоне хоб аст. Ба худ гуфтам: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ», ҳар ҷо бошад, ин ақраб барои заҳр задани ҳамин ҷавон омадааст». Вақте ки ақраб ба ҷавон наздик омад, қасди куштанаш кардам, аммо он ҳангом дидам, ки море ба ҷавон наздик мешавад. Дар ин ҳол ақраб морро дида, ба сӯяш ҳуҷум овард ва онро то мурдан заҳр зад. Баъди безарар гардидани он мор ақраб дубора ба соҳили дарё омад, дар сурате ки қурбоққа омадани онро интизорӣ мекашид. Ақраб ҳам ба болои қурбоққа нишаст ва онҳо бозпас ба соҳил баргаштанд.

Сипас ман ба назди ҷавон омадам ва ба ӯ гуфтам:

— Эй ҷавони хоб! Ҳарчанд ки ту эҳсос намекунӣ, Худованд ҳамеша нигаҳбонӣ туст. Агар ту хоб бошӣ, Худованд аз хоб муназзаҳ аст ва Ӯ нисбат ба бандагонаш ниҳоят бораҳм аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.