ТАҚДИРАТОНРО БА ХАРСИФАТОН НАСУПОРЕД
Булбуле дар шохи дарахт нишаста нағмасаройӣ мекард. Ин замон зоғе омаду гуфт:
- Шарм намедорӣ, ин қадар дод мезанӣ?
Булбул норизоёна гуфт:
- Эй зоғи нодон! Мардум мафтуни садои ман ҳастанд! Ту чӣ донӣ, ки навозиш чист?!
- Ҳа-ҳа! Садои ман ба маротиб аз хониши ту беҳтар аст! Қаррр, - гуфт зоғ.
- Иштибоҳ мекунӣ, - гуфт булбул.
Зоғ гуфт:
- Биё, аз касе мепурсем, агар садои маро писандад, ман як чашми туро минқор зада, кӯр мекунам. Агар ту ғолиб ойӣ, ту чашми маро минқор мезанӣ.
Булбул розӣ шуд. Ҳар ду ба самте парвоз карданд, аз пешашон хар баромад. Зоғ аз ӯ пурсид, ки садои кӣ беҳтар аст. Хар ҷавоб дод:
- Албатта, садои зоғ.
Зоғи ғолибомада чашми булбулро кӯр карду рафт.
Чанд рӯзе гузашт, зоғ дид, ки булбул дар ҳамон ҷойи пешинааш нишаста, ин дафъа ғамгинона месаройид.
Зоғ гуфт:
- Эй булбули бешарм! Магар аз мағлуб шуданат қонеъ нашудӣ, ки боз нағмасаройӣ мекунӣ?
Булбул гуфт:
- Ман аз дили хуш на, аз он ки тақдири худро ба хар супоридам, ғамангезона месароям. Хар ҳама вақт хар мемонад.
Хар чӣ донад лаззати қанду набот, Тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




