ДУО
Расули Худо (с) чунин дуо мекард:
«Парвардигоро, нафсамро ба Ту таслим кардам ва корамро ба Ту супурдам ва аз рӯйи тамоюл ба хайр ва тарси уқубат ба Ту эътимод намудам. Паноҳгоҳе ва мояи наҷоте ба ҷуз Ту нест. Имон овардам ба китоби нозилкардаат ва ба паёмбари фиристодаат.
Худоё, он чӣ ато мекунӣ, касе монеъ шуда наметавонад. Ва он чиро ки монеъ мешавӣ, касе лутф карда наметавонад. Ҳеҷ сарватманд ёрӣ карда наметавонад ва ҳама сарватҳо аз они Туст.
Худоё, ситоиш бар Ту бод. Ту Қайюм ҳастӣ ва замину осмонро устувор доштаӣ. Ситоиш бар Ту бод. Молик Туӣ ва соҳиби ҳақиқии кулли махлуқоту мавҷудоти олам Туӣ! Ситоиш бар Ту бод, ки Ту нури осмонҳову замин ҳастӣ!»
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




