Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

ДИЛИ ШАБ

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд:

— Худованд ҳангоми фаро расидани севум ҳиссаи шаб ба осмони дунё фуруд меояд ва мефармояд: «Магар касе ҳаст, ки ба сӯйи Ман дуо кунад, то дуояшро мавриди иҷобат қарор диҳам. Магар касе ҳаст, ки аз Ман чизе бихоҳад, то онро барояш ато кунам ва касе ҳаст, ки аз Ман талаби мағфират кунад, то ӯро мағфират кунам».

То гузаштани ҳамон ҳиссаи шаб муҳлат дода мешавад. Сипас ба осмони наздик фуруд меояд ва мефармояд: «Молик Манам, Молик Манам. Кӣ ба Ман дуо мекунад?»

Худованд бандагонашро то ҳиссаи аввали шаб фурсат медиҳад ва сипас ба осмони Замин фуруд меояд ва мефармояд: «Молик Манам, Молик Манам. Кӣ аз Ман талабе дорад?

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.