Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

НАЗДИКТАРИН ҲОЛАТИ БАНДА БА ПАРВАРДИГОР

Расули Худо (с) фармуд:

— Наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигораш замонест, ки ӯ дар саҷда қарор дорад. Пас, дар ин ҳолат бисёр дуо кунед. Вақте инсон оятҳои саҷдаро бихонад ё ин ки бо шунидани ин оятҳо саҷда кунад, шайтон гирякунон мегурезад ва мегӯяд: «Вой бар ҳоли ман! Фарзанди Одам ба саҷда маъмур шуду саҷда кард ва бар ивази он биҳиштро ба даст овард. Ман низ ба саҷда маъмур шуда будам, аммо бо сабаби кибру ғурур эътироз намудам. Бар ивази ин маро оташи дӯзах интизор аст».

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.