Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

ИНШОАЛЛОҲ, МАН ОМАДАМ!

Рӯзе марди деҳқоне ба завҷааш гуфт:

— Агар пагоҳ борон борад, ман ба ҷангал меравам ва агар ҳаво соф шавад, заминро ҷуфт мекунам.

Завҷааш дид, ки ӯ лафзи «иншоаллоҳ»-ро ба забон наёвард, пас таъкид намуд:

— «Иншоаллоҳ» бигӯ, эй ҷаноб! Бигӯ, ки «Агар Худо хоста бошад!»

Марди деҳқон ба гуфтаи завҷааш эътибор надод ва бар замми ин эътироз намуд, ки магар дар ҳама кору пайкор «иншоаллоҳ»-у «мошоаллоҳ» гуфтан шарт аст?!

Пагоҳӣ ҳаво боронӣ шуд ва мард роҳи ҷангалро пеш гирифт. Дар роҳ марди ношиносеро вохӯрд, ки аз ӯ номи деҳаеро пурсида, гуфт:

— Чӣ гуна ба он ҷо биравам?

Деҳқон бо ишораи сар «намедонам» гӯён, хост ба роҳаш идома диҳад. Вале марди ношинос дасти ӯро дошта, қамчинашро бароварду гуфт:

— Пеш даро! То маро ба он ҷо набарӣ, ба ҳеҷ куҷо намеравӣ!

Марди деҳқон ноилоҷ монд ва бо он марди ношинос ба роҳ афтод. Онҳо пас аз тай кардани роҳи дуру дарозе ниҳоят он деҳаро пайдо карданд ва марди деҳқон бевақтӣ ба хонааш баргашт. Ӯ он қадар хаставу озурдаҳол буд, ки худро базӯр ба дари хонааш расонд. Чун дари хонаро кӯфт, завҷааш аз дохили ҳавлӣ пурсид:

— Кист?
Марди деҳқон посух дод:
— Хонум, дарро кушо, иншоаллоҳ, ман омадам!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.