Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

ДАВОИ ДАРДИ ГУНАҲКОРӢ

Рӯзе Боязиди Бистомӣ аз назди байтулҷунун (беморхонаи девонагон) мегузашт ва хидматгори беморхонаро дид, ки касеро тозиёна мезанад. Пурсид:

— Чӣ кор мекунӣ?
Хидматгор гуфт:
— Ин ҷо беморхона аст. Ба дарди беморон даво мебахшам.
Боязид гуфт:
— Барои дарди мо ҳам давое доред?!
Хидматгор пурсид:
— Ба чӣ гирифторед?
Боязид гуфт:
— Ба гуноҳ. Бемориям ин аст, ки гуноҳ содир мекунам.
Хидматгор гуфт:
— Ман ин бемориро намефаҳмам ва роҳи табобаташро ҳам намедонам.

Дар ҳамин миён девонае, ки гуфтугӯи онҳоро мешунид, аз дохили беморхона садо кард:

— Биё, эй бандаи Худо! Биё, ки илоҷи кори туро ман медонам.

Боязиди Бистомӣ ба бемор наздик шуд ва хоҳиш кард, ки давои дардашро бигӯяд.

Бемор гуфт:

— Решаи тавба ва барги истиғфорро ба ҳам омехта, дар ҳовани қалб бо санги тавҳид бикӯб ва аз элаки инсоф гузаронида, бо оби дида хамир бикун ва дар оташдони муҳаббат бипаз. Субҳу шом аз он истеъмол намо ва бубин, ки асари гуноҳ дар ту боқӣ мемонад ё на?!

Боязид бо шунидани ин тадбир гуфт:

— Дареғо, ки туро ҳам девона гуфта, ба ин ҷо оварданд?!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.