Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

ЁЗДАҲ ФАРЗАНД

Орифе ёздаҳ фарзанд дошт ва рӯзе ҳамаи онҳоро ба назди худ хонда, ба рӯяшон як-як назар карду гуфт:

— Худоё, ҳамду санои бепоён бар Ту бод! Фарзандон гумон карданд, ки падарашон Худоро ба хотири онҳо шукр мегӯяд. Ориф муриди заковатманде дошт, ки дар ин асно ҳозир буд ва гуфт:
— Эй Хоҷа! Ман иллати шукргузориятро медонам!

Ориф пурсид:
— Иллаташ дар чист?
Мурид гуфт:
— Дар он ки Худованд бароят фарзандони зиёд додааст, аммо муҳаббати ҳеҷ якеашон дар қалби ту ҷойи муҳаббати Худоро нагирифтааст!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.