Кори таҷрибавӣ-эксперименталӣ оид ба методҳои самараноки таълими қисми «Физикаи ядрои атом»
Кори таҷрибавӣ-эксперименталӣ оид ба методҳои самараноки таълими қисми «Физикаи ядрои атом»
Тошматов А.Д., Меҳрубони С.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
Дар доираи таҳқиқоти рисолаи магистрии «Истифода бурдани методҳои самараноки таълими қисми «Физикаи ядрои атом»-и курси физикаи мактабӣ» масъалаҳои методикаҳо кор карда баромада шуда истодаанд, ки ба ташаккул додани чунин маҳоратҳо равона карда шудаанд [5, с. 134]:
- ҳал кардани масъалаҳои ҳисобӣ ва сифатии амалӣ-тамоюлӣ;
- кор кардан бо матнҳо, мантиқан баҳо додани маълумотҳо аз манбаъҳои гуногун;
- забонҳои шифоҳӣ ва графикӣ-рамзиро истифода бурда, табдил додани маълумотҳо аз як намуд ба намуди дигар;
- дарк кардани муваффақиятҳои физика дар муҳити атроф, доираҳои технологӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии фаъолияти инсон.
Маҳоратҳои мазкур барои ташаккул додани муносибатҳои дурусти хонандагон нисбат ба масъалаҳои нурбарории физикаи ядрои атом мусоидат мекунанд. Инчунин дар доираи таҳқиқоти рисолаи магистрӣ элементҳои мундариҷавӣ кор карда баромада мешаванд ва онҳо имконият медиҳанд, ки маҳоратҳои дар боло нишондодашуда ташаккул ва мустаҳкам карда шаванд.
Маҷмӯи элементҳои мундариҷавӣ ва системаҳои методиро дар намуди курси факултативӣ ё ин ки элективӣ пешниҳод кардан мумкин аст; илова бар ин, элементҳои алоҳидаи мундариҷавиро дар курси физикаи синфҳои 10–11 ҳангоми гузаштани мавзӯи «Физикаи атом ва ядрои атом» дохил кардан мумкин аст.
Дар марҳилаи ҷустуҷӯии таҳқиқоти рисолаи магистрӣ кори таҷрибавӣ-эксперименталӣ аз рӯйи ташаккул додани тасаввуроти хонандагон оид ба таъсирҳои нурбарориҳои радиоактивӣ ба объектҳои зинда гузаронида шуд.
Баъзе хусусиятҳои методикаи коркардабаромадашударо қайд мекунем [2, с. 34]:
- Баёни мавод — дар мантиқи таърихи кашфиётҳо. Дар доираи мавзӯи интихобкардашуда чунин муносибат мувофиқи мақсад мебошад, чунки ба хонандагон имконият медиҳад, ки роҳи кашфиёти илмӣ ва таҳқиқи ҳодиса намоиш дода шавад.
- Ба таври васеъ истифода бурдани супоришҳои амалӣ-тамоюлӣ, тартиб додани худи супоришҳо — дар намуди мантиқан басташудаи занҷирчаҳо.
Навъҳои супоришҳое, ки дар маводи коркардабаромадашуда истифода бурда мешаванд [7, с. 104]:
- кор бо матнҳо;
- масъалаҳои вазъиятӣ;
- масъалаҳои сифатнок, ки ба кор бо расмҳо асос карда шудаанд;
- масъалаҳои ҳисобӣ, ки ба кор бо графикаҳо, ҷадвалҳо ва диаграммаҳо асос карда шудаанд.
Кор карда баромадани элементҳои мундариҷавӣ ва усулҳои методиро дар мисоли дарси «Таърихи кашфиёти ҳодисаи радиоактивӣ» тасвир мекунем [1, с. 11–24]:
- Дар оғози дарс (~15 дақиқа) — ҳикоя-суҳбат бо истифода бурдани мошинаҳои электронии ҳисоббарорӣ (МЭҲ);
- Дар оянда ба хонандагон матн тақсим карда мешавад (ҳаҷмаш — 6 саҳифа), барои хониши пешакӣ вақт дода мешавад (~10 дақиқа);
- Баъди хониш хонандагон супоришро барои ба вуҷуд овардани маълумотҳо ва таҳлил аз рӯйи матн иҷро мекунанд: гузоштани калимаи партофташуда дар занҷирчаи истилоҳҳое, ки дар матн истифода бурда мешаванд, ёфтани ҷавоб ба савол дар асоси маълумотҳо аз матн, интихоб кардани калимаҳои дуруст аз вариантҳои пешниҳодкардашуда (~15 дақиқа).
Барои хона хонандагон ҳам супориш аз рӯйи матн ва ҳам супорише, ки бо матн алоқаманд мебошад, мегиранд.
Кори таҷрибавӣ-эксперименталӣ дар ду марҳила гузаронида шуд: солҳои хониши 2019/2020 ва 2020/2021. Дар рафти корҳои мазкур хонандагон ба 2 гурӯҳ тақсим карда шуданд [6, с. 33]:
- гурӯҳи 1-ум — омӯзиши мустақилонаи мавзӯи алоҳида дар намуди иҷро кардани вазифаи хонагӣ барои хонандагони синфҳои 10 ва 11, гузаштани саволҳои мувофиқ дар курси базавии физика;
- гурӯҳи 2-юм — омӯзиши аудитории мавод аз тарафи хонандагони синфи 11 дар доираи курси асосии физика бо якҷоя кардани элементҳои иловагии мундариҷа (гурӯҳи химбиолог — 2 соат физика дар як ҳафта, гурӯҳи физмат — 5 соат физика дар як ҳафта), бо вуҷуди ин 4 машғулият дар гурӯҳи химбиологҳо ва 5 машғулият дар гурӯҳи физматҳо гузаронида шуда буд.
Ба ғайр аз ин, бо хонандагон дар доираи омӯзиши аудитории мавод дар ҳар ду зергурӯҳ кори лабораторӣ аз рӯйи чен кардани савияи фони радиатсионии табиӣ дар манзил гузаронида шуда буд. Бо вуҷуди он ки дар матни корҳои лабораторӣ барои ҳисобкуниҳои зарурӣ роҳнамоиҳои мустақим дода шуда буданд, ин ҳангоми иҷро кардани супоришҳо мушкилотҳои зиёдро ба вуҷуд овард, ки дар рафти он ҳисоб кардани миқдори ҷуфти ионҳо гузаронидан лозим буд.
Таҳлили натиҷаҳои гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-эксперименталӣ чунин натиҷаҳоро нишон дод [4, с. 45]:
- Ҳангоми мустақилона омӯхтан ва иҷро кардани супоришҳо ибораҳои маъногӣ фақат дар сохти матн дода мешаванд, лекин вақти иҷроиш маҳдуд карда нашудааст; ба ғайр аз ин, имконияти истифода бурдани манбаъҳои иловагии маълумотҳо мавҷуд аст, ки хонандагон аз рӯйи матн супоришро нағз иҷро мекунанд, лекин баъзе ғояҳои калидиро, ки дар он ҷойгиранд, қайд намекунанд.
- Ҳангоми омӯзиши аудиторӣ дар доираи суҳбатҳо муаллим таваҷҷуҳи хонандагонро ба маълумотҳои калидӣ (бо оҳанг, саволдиҳӣ ва ғ.) ҷалб мекунад, лекин вақти иҷроиш маҳдуд карда мешавад. Хонандагон нисбат ба маълумотҳои пешниҳодкардашуда шавқу рағбат зоҳир мекунанд, саволҳои калидиро мебинанд, ғояҳои асосиро аз худ мекунанд.
- Фоизи баландтарини иҷроиш дар супоришҳо аз рӯйи кор бо матнҳо мебошад ва фоизи хурдтарини иҷроиш дар супоришҳоест, ки ҷалб кардани донишҳои иловагиро талаб мекунанд (супориш аз рӯйи матн).
- Аз ҳама бештар мушкилиро саволҳои сифатӣ нисбат ба расмҳо ба вуҷуд оварданд.
- Ҳангоми кор бо ҳар ду зергурӯҳ беэътиноӣ нисбат ба ҷузъҳои матн ба қайд гирифта шудааст.
- Зарурияти ҷудо кардани вақти иловагӣ ба таҳлил ва иҷро кардани супоришҳо аз рӯйи матн дар рафти дарсҳои курс, таваҷҷуҳ додан ба кор бо воҳидҳои бузургиҳо ва инчунин ба саволҳои хусусӣ, масалан, таркиб ва хосияти нурбарории радиоактивӣ ошкор карда шуд.
- Ҳангоми кор карда баромадани корҳои ҷамъбастӣ дар доираи курси факултативӣ ё ин ки элективӣ зарур аст, ки ба кор қисми тестии супориш ва кор бо матнро дохил намоем.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҷамъбасти гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-эксперименталӣ чунин тавсияҳо ҷудо карда шуданд, ки дар корҳои оянда ба назар гирифтан муҳим аст [3, с. 109–111]:
- Ҳангоми омода намудани мавод барои корҳои мустақилона — истифода бурдани воситаҳои аёнии иловагии ҷудокунанда (ҷудо кардани калима, ибора дар матн, қайд кардан ва ғ.).
- Тақсим кардани матн ба лаҳзаҳои хеле кӯтоҳ имконпазир аст.
- Таваҷҷуҳи зиёд ба воҳидҳои бузургиҳои физикӣ ва робитаи байни онҳо дода шавад.
- Ихтисоси гурӯҳҳо ва сатҳи омодагии физикӣ ва математикии онҳо ба эътибор гирифта шавад.
Адабиёт:
- Альтшуллер Г.С., Верткин И.М. Как стать гением: жизненная стратегия творческой личности [Текст]. – Минск: Беларусь, 1994. – 479 с.
- Владимирова Е.В., Янин Л.А. Краткая информация об атомных ядрах [Электронный ресурс] // Ядерный практикум для школьников ЛОСП НИИЯФ МГУ. – Режим доступа: http://prac-gw.sinp.msu.ru/teacher/leaflet.pdf (дата обращения: 20.03.2018).
- Гуревич А.Е. Введение в естественно-научные предметы. Естествознание. Физика. Химия. 5–6 кл. [Текст]: учеб. / А.Е. Гуревич, Д.А. Исаев, Л.С. Понтак. – 7-е изд., стереотип. – М.: Дрофа, 2018. – 191 с.
- Зверева И.М. Межпредметные связи физики с другими школьными курсами как одно из средств формирования радиационной грамотности обучающихся [Текст] // Вестник Московского государственного областного университета. Сер. Педагогика. – 2017. – № 2. – С. 109–116.
- Зверева И.М. Задачник по ОБЖ [Электронный ресурс] // ЛОСП НИИЯФ МГУ. – Режим доступа: http://prac-gw.sinp.msu.ru/festival/zadachnikOBJ.htm (дата обращения: 11.02.2018).
- Карта атомных ядер [Электронный ресурс] / В.В. Варламов, Б.С. Ишханов, С.Ю. Комаров. – М., 2015. – Режим доступа: http://cdfe.sinp.msu.ru/services/ground/NuclChart_release.html (дата обращения: 11.02.2018).
- Парадоксальные результаты международных исследований оценки качества образования [Текст] // Вопросы образования, Круглый стол, 13 февраля 2008 г. – 2008. – № 1. – С. 160–189.
Аннотатсия. Дар вақти ҳозира барои рушди технологияҳои компютерӣ барномаҳои ниҳоят кам ба таҳқиқоти физикаи ядро бахшида шудаанд. Натиҷаи корҳои мо эҷод кардани қисмати барнома оид ба физикаи ядро барои мактабҳои асосӣ ва касбӣ бо маводи амалӣ ва назариявии хушобуранг кардашуда ба ҳисоб меравад. Ташкилдиҳандаҳои ин захираҳо қисман дар таҷрибаи педагогии мо дар дарсҳои физика барои синфи 7 ҳамчун омодагӣ нисбат ба мафҳумҳои ниҳоят мураккаб, монанди молекула, атом, таъсири мутақобилаи заррачаҳои модда, диффузия, ҳаракати броунӣ истифода бурда шуда буданд. Мавзӯи коркардабаромадашуда метавонад роҳро ба манбаъҳои ғайристандартии иттилоотӣ кушояд, самаранокии корҳои мустақилонаро афзун намояд, имкониятҳои навро барои эҷод кардан, пайдо ва мустаҳкам намудани маҳоратҳои гуногун фароҳам оварад ва ба муаллим имконияти бошуурона пешниҳод кардани шаклҳои навтарин ва тарзҳои таълимро диҳад.
Калидвожаҳо: ҳодисаҳои физикӣ, таҷрибаҳо ва далелҳои бунёдӣ, физикаи ядрои атом, захираҳои маърифатӣ, қобилияти зеҳнӣ ва эҷодӣ, захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити атроф.




