Зеҳн

Ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён ҳамчун воситаи беҳтар намудани сифати омӯзиши физика

20 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

ТАШКИЛИ КОРИ МУСТАҚИЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ҲАМЧУН ВОСИТАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ОМӮЗИШИ ФИЗИКА

Холов Г.Ш.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Нақш ва саҳми илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар рушду тараққиёти мамлакат ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020–2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Ин иқдом аз омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъулияти баландро талаб карда, баҳри амалӣ намудани нуктаҳои Паём аз имкониятҳои мавҷуда истифода намудан зарур аст. Дар замони муосир тамоми донишҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ васеъ татбиқ мешаванд. Дар омӯзиши ин фанҳо ташкили кори мустақилона аҳамияти калон дорад.

Кори мустақилона дар раванди таълими физикаи муосир ҳамчун шакли ташкили таълим ба шумор рафта, имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯи мустақили зарурии хонандагонро таъмин намояд. Дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ яке аз масъалаҳои муҳим ин баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб мебошад. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо аз рӯи фанҳои дар барнома мавҷудбуда дониш мегиранд, балки маҳорат ва малакаи истифода бурдани ин донишҳоро дар амалия ба даст меоранд.

Маҳз мустақилият сифати зарурии касбии шахсияти ҳар як мутахассиси оянда мегардад, пас ин ҳолат бояд дар донишгоҳҳо ба таври лозимӣ ба роҳ монда шавад.

Мустақилият ин хислати муҳими шахсият буда, дониш, қобилият ва малакаро дар амалӣ кардани супоришу қарорҳо зоҳир мегардонад.

Кори мустақилона — ин воситаи ташкил ва иҷро намудани фаъолияти муайян аз ҷониби донишҷӯён мебошад, ки мувофиқи мақсади гузошташуда амал мекунад [8, с. 113].

Маҳорату малакаҳое, ки толибилмон мавриди омӯзиши физика соҳиб мешаванд, имкон медиҳад, ки аз иҷрои ҳалли масъалаҳои душвор баромада тавонанд. Барои омода намудан ба иҷрои кори мустақилона, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ танҳо аз кӯшишу ғайрати худи толибилмон ва саъю талоши омӯзгор вобаста мебошад [5, с. 40].

Кори мустақилона фаъолияти таълимии толибилмон буда, мувофиқи супориш, бо тавсияҳои методӣ ва таҳти роҳбарии омӯзгор, бе иштироки бевоситаи ӯ ба нақша гирифта мешавад.

Ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгор яке аз самтҳои самараноки раванди таълим ба ҳисоб рафта, фаъолияти мустақилро аз ҷиҳати эҷодӣ инкишоф медиҳад ва донишро мустаҳкам мекунад [2, с. 18].

Зарурати ташкили кори мустақилона аз физика бо омилҳои зерин ба миён меояд:
– шароити иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа;
– беҳтар намудани таҳсилоти касбӣ;
– афзоиши ҳаҷми иттилооти илмӣ;
– талаботи нав барои донишҷӯён дар асоси низоми таҳсил.

Дар робитаи ташкили кори мустақилона дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён таҳия шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корҳои таълимӣ ба чунин қисматҳо ҷудо карда шудаанд: маърӯзаҳо, корҳои амалӣ, озмоишӣ, супоришҳои инфиродӣ, тайёр кардани реферат, машваратҳо, корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва ғайра. Барои аз худ намудан ва иҷроиши онҳо аз донишҷӯ кори мустақилона талаб мегардад.

С.И. Архангельский мафҳуми «кори мустақилона»-ро ҳамчун мустақилона ҷустуҷӯи маълумотҳои зарурӣ, ба даст овардани дониш, истифода бурдани ин донишҳо барои ҳалли масъалаҳои таълимӣ, илмӣ ва вазифаҳои касбӣ шарҳ медиҳад [1].

Кори мустақилона аз фанни физика дар ҷараёни машғулиятҳо барои мустаҳкамкунӣ ва санҷиши дониши донишҷӯён ташкил мегардад ва он ҳангоми ташаккули мустақилият ҳамчун хислати касбии шахсият наметавонад ба таври кофӣ самаранок бошад. Зеро дар ин ҳолат на танҳо қобилияти бе кумаки беруна кор кардан, балки қобилияти ҳалли вазифаҳои салоҳиятнокӣ, ки дорои тамоми ҷузъҳои фаъолияти инсон мебошанд, зарур аст:
– дарк ва таҳияи мушкилот ва вазифаҳо;
– муайян кардани ҳадафҳо ва таҳияи нақшаи ҳалли онҳо;
– таҳлил, пешгӯӣ ва қабули қарор, татбиқи амалии он;
– назорат ва арзёбии раванд ва натиҷаҳои фаъолият;
– ба гузоштани ҳадафҳо ва вазифаҳои нав нигаронидашуда.

Муҳокима ва баҳсҳои илмӣ яке аз усулҳои самараноки ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти мустақилона иҷро намудани амалҳо мебошад. Ҳар як донишҷӯ бояд мавқеъ ва муносибати худро ба мушкилоти ба вуҷуд омада бо далеловарӣ ва ҳимояи он асоснок муайян кунад.

Яке аз самтҳои асосӣ дар ташкили кори мустақилона инҳо мебошанд:
– ташаккул ва инкишоф додани маҳорату малакаи кори мустақилонаи донишҷӯён;
– банақшагирӣ ва ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён дар раванди таълим;
– ташкили назорати мунтазам;
– гузаронидани машваратҳо байни донишҷӯён;
– ташкил, таҳлил, ҳавасмандгардонӣ ва фаъол гардонидани кори мустақилонаи донишҷӯён.

Кори мустақилона ҳамчун падидаи педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дорои чунин хусусиятҳо мебошад:
– кори мустақилонаро аксарияти муҳаққиқон як навъи фаъолияти маърифатии донишҷӯён дар синф ва озмоишгоҳ муайян кардаанд;
– кори мустақилона ба ташаккули чунин хислатҳои муҳими шахсият, ба монанди мустақилият, фаъолияти маърифатӣ, муносибати эҷодӣ ба меҳнат ва ғайра мусоидат мекунад;
– дар кори мустақилона мақсади ҳар як супориш бояд амалӣ шавад, яъне барои ба итмом расонидани он донишҷӯён ба дониш, маҳорати фаннӣ, таҷрибаи омӯзиши ин фан, инчунин малакаи истифодаи воситаҳои таълим такя намоянд;
– кори мустақилона аз донишҷӯён малакаҳои умумии таълимиро талаб мекунад, ки ба ташкили оқилонаи он шароит фароҳам меорад.

Самаранокии кори мустақилонаи донишҷӯён аз фанни физика бештар аз мавҷудияти усулҳои фаъол ва назорат муайян карда мешавад:
– назорат ба донишу малакаи донишҷӯён дар оғози омӯзиши силсилаи фанҳо;
– назорати мунтазами сатҳи аз худ кардани мавод дар маърӯзаҳо, машғулиятҳои амалӣ ва озмоишӣ;
– назорат дар анҷоми омӯзиши фасл ё фан;
– худидоракунии донишҷӯ дар раванди омӯзиши фан ҳангоми тайёрӣ ба корҳои назоратӣ;
– назорати ниҳоии фан дар шакли санҷиши тестӣ ё имтиҳон.

Усулҳои ҳавасмандгардонии кори мустақилона инҳоянд:
– ташаккул додани шавқу рағбат байни донишҷӯён доир ба фанни омӯхташуда;
– тарбия намудани руҳияи рақобатпазирӣ байни донишҷӯён;
– алоқамандии назария бо амалия;
– баҳогузорӣ ва ҳавасмандгардонӣ.

Ба ақидаи профессор Шарифов Ҷ., дараҷаи мураккабгардонии машқҳо мавриди иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯёни мактабҳои олӣ (бо мақсади дидактикӣ) ба намудҳои зайл гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:

  1. Корҳои мустақилонаи таҷдиднамоӣ аз рӯи намуна;
  2. Кори мустақилонаи азнавсозӣ-вариантивӣ;
  3. Кори мустақилонаи эвристикӣ (қисман ҷустуҷӯӣ);
  4. Кори мустақилонаи эҷодӣ;
  5. Кори мустақилонаи таҳқиқотӣ.

Фаъолияти омӯзгор дар самтнок намудани корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва ба амалиёти эҷодкоронаи онҳо кумаки фаврӣ расонидан падид меояд. Дар назди ӯ вазифа меистад, ки роҳҳои ғайристандартии таълимро биҷӯяд, воситаеро истифода намояд, ки бо ёрии онҳо донишҷӯён маълумотҳои навро мустақилона аз бар намоянд [6, с. 77–81].

Дар солҳои охир дар баробари омӯзиши методҳои анъанавии назорат — коллоквиум, тестҳо, санҷиш ва имтиҳонҳо усулҳои нав васеъ ҷорӣ гардидааст, ки бо системаи назорати рейтингӣ амалӣ мегардад. Истифодаи системаи рейтингӣ имкон медиҳад, ки дар давоми нимсола кори мустақилонаи донишҷӯ, фаъолияти маърифатӣ тавассути ҳавасмандгардонӣ ва фаъолияти эҷодии онҳо одилона ҷамъбаст шавад. Чунин тарзи таълим ба сифати омӯзиши фанҳои дақиқ нақши калон мебозад.

Малакаи кори мустақилона оид ба инкишоф додани донишҳоро инсон аз хурдсолӣ ҳосил карда, дар тамоми умри худ ташаккул медиҳад.

Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳо донишҷӯён дорои таҷриба ва малакаҳои шахсии ташкили амалии худ соҳиб мебошанд, ки онро аз раванди таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, корҳои беруназсинфӣ ва ҳаёти ҳамарӯза ба даст овардаанд. Вале ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳо талабот ба ташкили кори мустақилона хеле зиёд мегардад, зеро онҳо бо ташаккули салоҳиятҳои мураккаби фарҳангӣ ва касбӣ алоқаманданд [3, с. 7].

Дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва баланд бардоштани сифати омӯзиш дар раванди таълими физика бо иҷрои кори мустақилона барои донишҷӯён имконияти беҳтар намудани фаъолияти эҷодӣ, сохтани асбобҳои оддӣ ва инкишоф додани қобилияти зеҳнии худ шароити хуб фароҳам меорад.

Хулоса, барои баланд бардоштани сифати омӯзишу таълим ва самаранокии кори мустақилона дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ба донишҷӯён усулҳои кори мустақилона аз фанни физика, азхудкунии дониш ва дастрасии маводи зарурии таълимию методии дуруст тартибдодашуда муҳайё гардад, ки дар онҳо шаклҳои гуногуни КМД пешниҳод карда шаванд.

Адабиёт:

  1. Архангельский С.И. Учебный процесс в высшей школе и его закономерные основы и методы / С.И. Архангельский. — Москва: «Высшая школа», 1980. — 368 с.
  2. Котова С.С., Хасанова И.И. Самостоятельная работа студентов: проектный подход [Электронный ресурс]: учебное пособие / С.С. Котова, И.И. Хасанова. — Екатеринбург: Издательство Рос. гос. проф.-пед. ун-та, 2018. — 194 с.
  3. Меренков А.В., Куньщиков С.В., Гречухина Т.И., Усачева А.В., Вороткова И.Ю. Самостоятельная работа студентов — ведущая форма организации образовательного процесса. — Екатеринбург: Издательство Уральского университета, 2016. — 80 с.
  4. Пидкасистый П.И. Самостоятельная познавательная деятельность школьников в обучении: теоретико-экспериментальное исследование / П.И. Пидкасистый. — Москва: Педагогика, 1980. — 240 с.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2