Зеҳн

Нақши корҳои лабораторӣ дар ташаккули муҳандиси соҳибкасб

20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

НАҚШИ КОРҲОИ ЛАБОРАТОРӢ ДАР ТАШАККУЛИ МУҲАНДИСИ СОҲИБКАСБ

Шокирова И.А., Боқиева М.Ҷ.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров

Яке аз иқдомҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эълон намудани солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва эълон намудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ба ҳисоб меравад, ки дар татбиқи «Ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар» нақши муҳим мебозад.

Ба ин васила ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз тарафи Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тақозои замона аст.

Инчунин дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) ба масъалаҳои саноатикунонии кишвар таваҷҷуҳи зиёд доданд.

Пешвои миллат қайд карданд: «Зарур аст, ки дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шавад».

Пеш аз ҳама, саноатикунонии кишвар мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникиро талаб мекунад. Барои ин бояд базаи моддию техникии донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ мустаҳкам карда шавад ва кадрҳои ҳақиқатан ҷавобгӯи талаботи саноатикунонӣ омода карда шаванд.

Бояд қайд намуд, ки бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва кадрӣ пешрафти илмҳои техникиву табиӣ ва хусусан илмҳои таҷрибавӣ ғайриимкон аст. Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло маҳз бо ҳамин сабаб тақрибан тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ, илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои соҳаҳои гуногуни кишвар наметавонанд таҳқиқоти самаранок ва ташхиси дақиқро ба анҷом расонанд.

Машғулияти лабораторӣ компоненти ҳатмии омӯзиш дар ҳамаи курсҳои муҳандисӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин машғулиятҳои лабораторӣ донишҷӯён донишҳои назариявии худро бо корҳои амалӣ бо таҷҳизотҳои электронӣ ва микроэлектронӣ мустаҳкам мекунанд, гузаронидани корҳои лабораториро бо истифодаи дастгоҳҳои санҷишӣ-ченкунӣ меомӯзанд ва малакаҳои тадқиқотиро ба даст меоваранд. Бо алоқа бо тағйироти динамика ва рушди базаи элементии электроника, дастгоҳҳои ченкунӣ, машғулиятҳои электронии лабораторӣ бояд сари вақт таҷдид ва такмил ёбанд.

Мақсади корҳои лабораторӣ — ба донишҷӯён додани имконият бо усули таҷрибавӣ татбиқ намудани равия ва самтҳои назариявии дарсҳои лексионӣ, дар амалия омӯхтани усулҳои таҳқиқотҳои илмӣ, омӯзиши гузаронидани таҳқиқотҳо ва ченкуниҳо, гирифтани характеристикаҳои гуногуни таҷҳизотҳои электронӣ, таҳлил намудани натиҷаҳои гирифташуда ва баровардани хулосаҳо оид ба кори лаборатории иҷрошуда аст.

Имрӯзҳо дар бисёр муассисаҳои таълимии олӣ дар омода ва тайёр намудани мутахассисони техникӣ намудҳои анъанавӣ ва усулҳои гузаронидани корҳои лабораторӣ бо истифодаи таҷҳизотҳои физикии стендҳои лабораторӣ, асбобҳои ченкунӣ, макетҳо васеъ истифода бурда мешаванд. Бояд қайд кард, ки таҷҳизотҳои реалии дар стендҳои лабораторӣ овардашуда дар истифодабарӣ сода, аёниятҳо ва ишораҳои элементҳо ва асбобҳои электронӣ дар стендҳо фаҳмо ва дастрас ба ҳисоб мераванд.

Дар синфхонаҳои озмоишии факултети физикаю техникаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров» дастурамалҳои иҷроиши корҳои лабораторӣ барои ҳар як кор дар алоҳидагӣ, бо маънидоди мушаххаси гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ ва маълумотҳои зарурии назариявӣ, ки барои иҷроиши кори лабораторӣ аз фанҳои тахассусии муҳандисӣ зарур аст, ба донишҷӯён пешниҳод карда шудааст.

Расми 1 — Стенди XK-MSDZ1 барои иҷроиши корҳои лабораторӣ аз фанни «Электротехника ва электроника».

Корҳои лабораторӣ барои татбиқи донишҳои назариявии дар дарсҳои электротехника ва электроника азхудкардаашон ёрӣ мерасонанд. Дар фаъолияти амалии ин фанҳо донишҷӯён бо асбобҳои ченкунӣ, ҳимоявии автоматикӣ ва дастгоҳҳои электрикӣ, инчунин бо усулҳои гузаронидани таҷрибаҳо ва коркарди натиҷаҳои гирифташуда шинос мегарданд. Иштироки бевосита дар таҷрибаҳои лабораторӣ ба муҳассилин малакаҳои амалии иҷроиши таҷрибаҳо ва коркарди натиҷаҳои онҳоро меомӯзонад. Аз рӯи натиҷаҳои гирифташуда донишҷӯён баҳогузории хусусиятҳои занҷирҳои электрикӣ ва принсипи кори онҳоро меомӯзанд.

Мониторинг оид ба санҷиши омодагии донишҷӯён ба иҷрои корҳои лабораторӣ дар оғози ҳар як машғулият гузаронида мешавад. Омодагии хуб ба иҷроиши кор — шарти ҳатмии самаранокии гузаронидани таҷрибаҳо барои донишҷӯён аст. Пеш аз оғози кор дар лабораторияҳои озмоишӣ бояд донишҷӯ бодиққат бо асбобҳои ченкунӣ ва объекти таҳлилӣ дар стенди лабораторӣ ҷойдодашуда, ки барои ин кор муқаррар шудааст, шинос гардад.

Пеш аз оғози кор аз рӯи дастурамал барои ҳар як кор бояд асбоби зарурии ченкунӣ бо ҳудуди мувофиқи ченкунӣ барои гузаронидани таҷриба интихоб карда шавад.

Дар рафти иҷроиши корҳои лабораторӣ донишҷӯ бояд:

  • хондани схемаҳои электронии хеле васеъ паҳншударо омӯзад, ишораҳои шартии асбобҳои гуногуни электрониро фарқ карда тавонад;
  • бо тарҳрезӣ ва намуди берунии асбобҳои нимноқилӣ, микросхемаҳои интегралӣ ва воситаҳои муҳими электронӣ шинос гардад;
  • бо таври таҷрибавӣ муайянкунии характеристикаҳои асбобҳои нимноқилиро аз худ намояд, бо асбобҳои ченкунии электронӣ, остсиллографҳо, генераторҳо ва бо як қатор дигар воситаҳои электронӣ кор карда тавонад;
  • тасаввурот оид ба имкониятҳои истифодаи асбобҳои нимноқилӣ ва воситаҳои электронӣ ҳангоми ҳалли вазифаҳои муайяни амалӣ гирифта тавонад.

Иҷроиши кори лабораторӣ ва ҷамъбасти он бо сабти нишондодҳои гирифташудаи асбобҳои ченкунӣ дар ҷадвалҳо (пешакӣ омодакардашуда), сохтани характеристикаҳои графикӣ аз рӯи ҷадвали пуркардашуда, тартиб додани ҳисоботи кори лабораторӣ оид ба таҷрибаи гузаронидашуда ва ҳимояи он ба итмом мерасад [2, с. 4].

Ҳамин тариқ, машғулиятҳои лабораторӣ ба донишҷӯён имконияти мустаҳкам намудани маводи назариявӣ, гирифтани донишҳои амалӣ барои мавзӯъҳои фанҳои касбии муҳандисӣ, азхудкунии кор бо асбобҳои ченкунӣ ва усулҳои гирифтани характеристикаҳои кории воситаҳои электрониро медиҳанд ва барои баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии муҳандисии донишҷӯ мусоидат намуда, барои мутахассиси арзандаи касби интихобнамудаи ӯ шудан кумак мерасонанд.

Адабиёт:

  1. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 28-уми декабри соли 2023.
  2. Бородянко В.Н. Электроника. Лабораторные работы: Методические указания к проведению лабораторных работ. – Челябинск: Изд-во ЮУрГУ, 2009. – 64 с.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2