Зеҳн

Методологияи моделсозӣ дар таҳсилот

20 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Методологияи моделсозӣ дар таҳсилот

Муаллифон: Эргашов А.Қ., Ҳайдарзода М.И. (Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб)

Асоси равандҳои бозоргонӣ ва лоиҳагирии системаҳои иқтисодии иттилоотии корпоративиро моделсозии соҳаи проблемавӣ ташкил медиҳад, ки зарурати он аз бисёр ҷиҳат ба мураккабии системаи таълимӣ-ташкилию иқтисодӣ ва таълими системаҳои иттилоотии иқтисодӣ вобаста мебошад. Зери мафҳуми соҳаи проблемавӣ маҷмӯи бо ҳам алоқаманди объектҳои идорашавандаи корхона, субъектҳои идоракунӣ, функсияҳои автоматишудаи идоракунӣ ва воситаҳои барномавию техникии татбиқи онҳо фаҳмида мешавад. Барои ба даст овардани лоиҳаи системаи иқтисодию иттилоотии таълимӣ дар шакли системаи барномаҳои дақиқкор, ки ҷавобгӯи соҳаи проблемавӣ бошад, бояд модели тому муназзаме дар ихтиёр дошт, ки он ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти таълимии системаи иттилоотии ояндаро инъикос намояд. Бе моделсозии соҳаи проблемавӣ эҳтимолияти гирифтани системаи иттилоотии таълимии иқтисодии бесифат зиёд аст, ки дар он роҳ додани хатогиҳо дар масъалаҳои стратегӣ имконпазир буда, ба талафоти иқтисодӣ ва хароҷоти зиёди аз нав лоиҳагирии система боис мегардад. Дар натиҷа ҳамаи технологияҳои муосири тарҳрезии системаи иттилоотии иқтисодӣ ба таълим ва истифодаи методологияи моделсозии соҳаи проблемавӣ асос меёбанд. Моделҳо имкон медиҳанд, ки афзалият ва камбуду норасоиҳои системаи мавҷудаи иттилоотии корхона баҳо дода шуда, тарзи дурусту самарабахши системаи нави иттилоотӣ сохта шавад.

Талабот ба таълими моделҳои (амсилаҳои) соҳаҳои проблемавӣ аз инҳо иборат аст:

  • формализатсия, ки тасвири ҳамаҷонибаи сохтори соҳаи проблемавиро нишон медиҳад. Барои пешниҳоди моделҳо аз забонҳои мухталифи расмии моделсозӣ истифода мебаранд;
  • ба фармоишгарон ва тарроҳон фаҳмо будани моделҳои дар шакли графикӣ сохташаванда;
  • татбиқшавандагии модел, ки воқеан татбиқ шудани модели соҳаи проблемавиро дар таълими системаи иттилоотии иқтисодӣ дар назар дорад;
  • баҳодиҳӣ ба самаранокии татбиқи модел дар асоси усулҳои муайяну нишондиҳандаҳои ҳисоббарорӣ.

Барои татбиқи талаботи зикршуда, одатан, системаи моделҳо сохта мешавад, ки он паҳлуҳои сохторӣ ва баҳодиҳии фаъолияти соҳаи проблемавиро нишон медиҳад.

Ҷанбаи (паҳлуи) сохтории фаъолияти системаи иттилоотии иқтисодӣ сохтани ин чизҳоро дар назар дорад:

  • сохтори объектӣ, ки ҷузъҳои таркибии ба ҳам таъсиррасонандаро дар объектҳои моддӣ ва иттилоотӣ инъикос мекунад;
  • сохтори функсионалӣ, ки алоқамандии функсияҳои дигаргунсозандаи объектҳоро инъикос мекунад;
  • сохтори идоракунӣ, ки рӯйдод ва қоидаҳои пешбурди бозаргониро нишон медиҳад;
  • сохтори ташкилӣ, ки алоқамандии воҳидҳои ташкилии корхона ва кормандонро нишон медиҳад;
  • сохтори техникӣ, ки топологияи маҳал ва усулҳои иртиботу истифодабарии маҷмӯи воситаҳои техникиро нишон медиҳад.

Барои пешниҳоди ҷанбаи сохтории моделҳои соҳаҳои проблемавӣ асосан усулҳои графикиро истифода мебаранд. Ин усулҳо бояд пешниҳоди маълумотро дар бораи ҷузъҳои (компонентҳои) система кафолат диҳанд. Талаботи асосӣ ба усулҳои графикии ҳуҷҷатгузорӣ — ин содаву осонии он мебошад. Усулҳои графикӣ бояд ба шарҳу тафсили сохтори система ва мувофиқаи мушаххасоти сохтор имконият диҳанд. Бо моделсозӣ интихоби забони пешниҳоди лоиҳа бевосита алоқаманд буда, он бояд барои бештар ҷалб кардани истифодабарандагон равшан фаҳмо бошад ва аз дигар тараф ба лоиҳакашон (тарроҳон) воситаҳои аёнии муайянсозии хулосаҳои лоиҳаро дар шакли татбиқи комплекси барномавӣ пешниҳод намояд.

Тасвири графикӣ аксар вақт шакли қулайи пешниҳоди маълумот мебошад. Дар ин маврид лоиҳакашон (тарроҳон) бояд ҳаминро ба ҳисоб гиранд, ки усулҳои графикии ҳуҷҷатнигорӣ наметавонанд шарҳу тафсили ҳадафҳои лоиҳаро аз масъалагузорӣ то татбиқи барномаҳои МЭҲ пурра таъмин кунанд. Мушкилӣ танҳо ҳангоми аз марҳилаи таҳлили система ба марҳилаи лоиҳакашӣ ва бахусус барномарезӣ гузаштан пайдо мешавад. Барномаи алоҳида метавонад баъзе функсияҳои системаро мустақиман шарҳу эзоҳ надиҳад: вай метавонад маълумоти муайянро барои якчанд функсияҳои система коркард намояд.

Меъёри асосие, ки ба модели сохтории соҳаи проблемавӣ ҷавобгӯ аст, — ин пурра дар бар гирифтани функсияҳои таълимии системаи иттилоотии иқтисодии таҳияшаванда мебошад.

Ҷанбаи баҳодиҳии моделсозии соҳаи проблемавӣ бо нишондиҳандаҳои самаранокии равандҳои худкор алоқаманд аст, ки инҳоянд:

  • вақти ҳалли масъалаҳо;
  • арзиши хароҷоти коркарди маълумот;
  • боэътимодии равандҳо;
  • нишондиҳандаҳои ғайримустақими самаранокӣ, аз қабили ҳаҷми истеҳсол, ҳосилнокии меҳнат, гардишпазирии сармоя, даромаднокӣ ва ғайра.

Барои ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои самаранокии системаҳои иттилоотии иқтисодӣ маъмулан усулҳои омории таҳлили функсионалию арзишӣ ва усулҳои динамикии моделсозии имитатсионӣ истифода бурда мешаванд.

Асоси методологияҳои гуногуни таълими моделсозии соҳаҳои проблемавии системаҳои иттилоотии иқтисодиро принсипҳои шарҳу тафсили пайдарҳами категорияҳои абстрактӣ ташкил медиҳанд. Моделҳо маъмулан дар се сатҳ сохта мешаванд: сатҳи берунӣ (муайян кардани талабот), сатҳи консептуалӣ (тафсилоти талабот) ва сатҳи дохилӣ (татбиқи талабот). Ҳамин тариқ, дар сатҳи берунии моделсозӣ модел ба саволи «Система бояд чӣ кор кунад?» ҷавоб медиҳад, яъне таркиби компонентҳои асосии система муайян карда мешавад. Дар сатҳи консептуалӣ модел ба саволи «Система бояд чӣ гуна фаъолият кунад?» ҷавоб медиҳад. Ба ибораи дигар, хусусияти алоқамандии компонентҳои якхела ва гуногуни система муайян карда мешавад. Дар сатҳи дохилӣ модел ба саволи «Бо ёрии кадом воситаҳои барномавию техникӣ талаботи система амалӣ мегардад?» ҷавоб медиҳад. Аз нуқтаи назари давраи фаъолияти (ҳаётии) системаҳои иттилоотии иқтисодӣ се сатҳи моделсозие, ки дар боло зикр шуд, мутобиқан дар марҳилаи таҳлил, тарҳрезии техникӣ ва корӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ягона имконияти гузаронидани ҷараёни илмию техникии назорати лоиҳаи САИ — ин коргузорӣ барои кормандони системаи ахборотӣ дар асоси баробаркунии ҳаҷму вақти саҳифаҳои лоиҳа ва таҳлили натиҷаҳо мебошад.

Барои ҳамин ҳам таҳлилҳои конфигуратсияи системавӣ хурдтаркунии таркиб ва ҳаҷми ахборот, фиристодани функсияҳои асосӣ ба коркарди ахбор ва муайянкунии талаботи ҳаҷму вақти саҳифаҳоро дар бар мегиранд. Ихтисосноккунии талаботи система ба сифатнокии баҳои саҳифаҳое, ки бояд ба система мувофиқат кунанд, хизмат мерасонад.

Маҷмӯи дуюми протседураи назорати лоиҳа ҳисоботи ҳаҷму вақти коркарди система мебошад. Дар ин марҳила методикаи дигари ҷараёни назорати лоиҳа — ивазшавии назорати натиҷаи лоиҳаҳо ва адабиёти махсус бо номи «метод структурных просмотров» (усули баррасиҳои сохторӣ) истифода бурда мешавад. Мақсади ин гуна назорат аз он иборат аст, ки хатогиҳо дар ҳалли лоиҳа зудтар нишон дода шуда, роҳҳои ислоҳи онҳо муайян карда шаванд. Идоракунандаи лоиҳа ин қоидаро дар маҳалли худ қабул намуда, ҷараёни назоратро идома медиҳад.

Нуқтаи назоратиро бояд бо тамкинона нақшакашӣ кард. Одатан вай мувофиқат намуда, дараҷаи системаи лоиҳасозиро ба нуқтаи охирин меорад. Ҳамарӯза бо хоҳиши худ ҷараёни ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро назорат бурда, зуд ба корҳо хотима мебахшем. Тартиби гурӯҳҳои идоракунандагони лоиҳаро муайян карда, вобаста ба намуди таҳлили ҳуҷҷатгузорӣ ва дараҷаи коркард ба роҳ монда мешавад.

Ихтисосмандони гурӯҳ бояд пештар бо ҷузъиёт ва маводи лозима шинос шуда, назорати онҳоро ба роҳ монанд. Ин тезтар гузаронидани сохторро нишон медиҳад. Агар онро рад намоянд, то нақшакашӣ онро такроран дида мебароем.

Қисми муҳими системаҳои идоракунии лоиҳаҳо методҳое мебошанд, ки воситаҳои барномавиро барои дастгирӣ ва баландбардории самаранокии ҷараёни банақшагирӣ ва идоракунии лоиҳаҳо инъикос мекунанд. Интихоби намуди таъминоти барномавӣ барои идоракунии лоиҳаҳо дар ташкилотҳо пай дар пайи зайл амалӣ гардонида мешавад: таҳлили талаботи истифодабарандагон, таҳлили бозор, интихоби таъминоти барномавӣ.

Дар системаи идоракунӣ 3 дараҷаи идоракунии лоиҳаҳоро аз ҳамдигар фарқ кардан мумкин аст, ки ба истифодабарандагони категорияҳои муайян тааллуқ доранд ва функсияҳои ба худ хос доранд:

  • Дараҷаи идоракунии олӣ, ки дар он мақсаду вазифаҳои муассиса муайян карда шуда, масъалаҳои муҳими маблағгузории лоиҳа баҳо дода ва қабул карда мешаванд.
  • Дараҷаи оморӣ (статистика), ки аз мутахассисони соҳаи идоракунии лоиҳаҳо ташкил ёфтааст. Онҳо ба тартибдиҳӣ ва назорати лоиҳаҳои корпоративӣ машғуланд. Чун қоида, ин дараҷа аз тарафи гурӯҳи хурди одамон пешкаш карда мешавад, ки вазифаи асосии онҳо идоракунии лоиҳаҳо буда, дар рафти он ба таъминоти барномавии идоракунии лоиҳаҳо такя мекунанд. Нақши ин гуна мутахассисон асосӣ буда, дар ташкилот ҳамчун гурӯҳи дастгирикунандаи идоракунии лоиҳаҳо ба ҳисоб меравад.
  • Дараҷаи амалиёт, ки масъалаи кор бо таъминоти барномавӣ ва идоракунии лоиҳаи дуюмдараҷа аст. Ин ҷавобгарони лоиҳа дар ҷойҳо, менеҷерони лоиҳаҳо ва идоракунандагони гурӯҳҳо мебошанд. Дар дараҷаи амалиёт таҷҳизоти идоракунӣ ва назорати лоиҳа барои вақтҳои кӯтоҳ лозим аст.

Хулоса

Ҳамин тариқ, моделсозӣ ҳам натиҷаи таълиму тарбия ва ҳам воситае ба ҳисоб меравад, ки дар фаъолияти касбии педагогӣ барои инкишофи фаъолияти эҷодии хонандагон самаранок истифода мешавад. Барои дар таълим истифода бурдани моделсозӣ таснифи воситаҳои моделсозиро баррасӣ кардан лозим аст, ки дар онҳо модел ва таҷриба нақши асосиро мебозад. Истифодаи моделҳо имкон медиҳад, ки таҷриба дуруст сохта шавад ва он дар навбати худ моделро такмил дода, бо ёрии моделҳо азхудкунии донишҳои навро таъмин мекунад. Таҷрибаҳо метавонанд рӯҳӣ ва моддӣ бошанд. Моделҳо низ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: воқеӣ ва идеалӣ. Моделҳои идеалӣ метавонанд ақлӣ ва иттилоотӣ бошанд. Модели воқеӣ нусхаи хурд ё калоншудаи объекти омӯхташаванда мебошад, ки он аксар вақт дар таҷрибаи моддӣ истифода мешавад. Моделҳои моддӣ аз ҷониби омӯзгорон дар таълим ҳамчун асбобҳои аёнӣ ва симуляторҳо истифода мешаванд. Агар маълумот дар ягон воситаи ахбори омма сабт шуда бошад ва барои омӯзиш дастрас бошад, пас ин модели иттилоотӣ мебошад. Агар маълумот дар зеҳни шахс пешниҳод карда шавад, он модели равонӣ аст. Истифодаи моделҳои равонӣ ҳамчун усули дониши илмӣ имкон медиҳад, ки тафаккури илмӣ-назариявӣ, ки дар илми муосир зарур аст, хусусияти намунавӣ ва фаъолияти эҷодӣ дошта бошад.

Адабиёт

  1. Раҳимов З.А., Мирзоев Н.Х., Мирзоев А.М. ва диг. Технологияи коркарди ахбори иқтисодӣ. — Душанбе: Сино, 2004.
  2. Семенов М.И., Трубилин И.Т., Лойко В.И., Барановская Т.П. Автоматизированные информационные технологии в экономике. — М.: Финансы и статистика, 2001.
  3. Титоренко Г.А. Автоматизированные информационные технологии в банковской деятельности. — М.: Финстатинформ, 2003.
  4. Рожнова В.С. (под ред.). Автоматизированные системы обработки экономической информации. — М.: Финансы и статистика, 2001.

Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур гуфта шудааст, ки методологияи технологияи информатсионӣ — ин системаи донишҳо дар бораи назарияҳои асосии технологияи информатсионӣ, дар бораи принсипҳои муносибат кардан ба воқеаҳои технологияи информатсионӣ (дар бораи мақоми идеявии илм ва мантиқии тараққиёти он ва методҳои тадқиқоти он, инчунин роҳҳои татбиқи донишҳои бадастоварда дар амалияи тарбия, таълим ва маълумот) мебошад.

Калидвожаҳо: мушкилот, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, моделсозӣ.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2