Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Динозаврҳо чаро нобуд шудаанд?

Динозаврҳо ҳайвоноти хазандае мебошанд, ки аз давраҳои хеле қадим дар рӯи Замин зиста, тақрибан 65 миллион сол қабл ба куллӣ нобуд шудаанд. Дар он давра ҳанӯз инсон зиндагӣ намекард ва касе сабаби нобуд шудани онҳоро намедонад. Осори онҳо дар қабатҳои сангу хоки замин боқӣ мондаасту халос. Бо вуҷуди ин олимон тахмин мекунанд, ки шояд сабаби нобуд гардидани ин хазандаҳои даҳшатнок тағйирёбии обу ҳаво, хунукиҳои сахту яхбандиҳои тӯлонӣ, офатҳои гуногуни табиӣ ва ё ягон ҳодисаи мудҳиши дигаре бошад. Тақрибан 65 миллион сол қабл динозаврҳо тамоман аз байн рафта бошанд ҳам, нишонаҳои зиёдеро аз худ боқӣ мондаанд. Олимон якчанд сабабҳои нобудшавии динозаврҳоро таҳқиқ намуданд, ки яке аз онҳо дигаргуншавии иқлим ва яхбандиҳои тӯлонӣ аст. Сабаби дигарашро аз фалокати азим — ба Замин бархӯрдани шиҳобпораи бузург медонанд. Ҳамчунин, ба қавли олимон, боз имкон дорад, ки ҳайвоноти дигари зӯртар аз динозаврҳо пайдо шуда, онҳоро аз маконҳои зисташон танг карда, ба нобудшавӣ расондаанд.

0

Қурбоққаҳо чӣ мехӯранд?

Кафлесак то қурбоққа шудан рустаниҳои обиро истеъмол менамояд. Қурбоққа ҳайвони гӯштхӯр буда, ҷонварҳоеро ба монанди хомӯшак, кӯрпа (пашша), кирм, шапарак, ҳавоборонак истеъмол мекунад. Қурбоққа дандонҳои тез ва забони дарози часпак дорад. Забони қурбоққа бо моеи ширешдор пӯшонида шудааст ва он метавонад аз даҳонаш ба якчанд сантиметр ёзад. Бо ҳамин восита вай ҳашаротро дарёфт карда, туъмаи худ мегардонад. Вақте ки қурбоққа ҳашаротро мебинад, забонашро сӯи вай «мепаронад». Ҳашарот дар забони ӯ часпида, ба туъмааш табдил меёбад. Обҳокиҳо ва деҳот Аксари обҳокиҳо — ғукҳо, қурбоққаҳо, калтакалосҳо ҷонварҳои беозоранд. Фақат қурбоққаи сурх, ки дар ҷангалҳои намноку тропикӣ зиндагӣ мекунад, бинобар он ки аз пӯсташ заҳр ҷудо мекунад, барои инсон хатарнок аст. Аз ин рӯ, ба тани он расидан мумкин нест. Обҳокиҳо ҳашароти зараррасонро нобуд карда, ба деҳот фоидаи калон меоранд.

0

Фарқи ғук аз қурбоққа дар чист?

Зоҳиран ғук ва қурбоққа ба ҳам хеле монанданд, аммо дар асл онҳо ҳам аз ҷиҳати шакли организм ва ҳам тарзи зиндагӣ фарқ доранд. Ғукҳо пӯсти серожанг ва озахдор дошта, рангашон хокӣ аст. Ғайр аз ин пойҳои ақибашон нисбатан кӯтоҳ мебошанд. Онҳо дандон надоранд ва нисбат ба қурбоққа бузургҷуссаву пурқувватанд. Қурбоққаҳо, баръакс, пӯсти ҳамвору сабзранг ва дандон доранд, қисми зиёди ҳаёташонро дар об мегузаронанд. Ғукҳо низ дар об зиндагӣ карда метавонанд, аммо агар обу ҳаво салқин бошанд, дар хушкӣ буданро авло медонанд. Қурбоққаҳо асосан ҷонварони гӯштхӯранд, пашшаву хомӯшак ва кирмҳои гуногунро шикор мекунанд.

0

Метаморфози обҳокиҳо чӣ гуна сурат мегирад?

Вақте ки кирмакҳои обҳокиҳо аз тухмчаҳо мебароянд, тамоман ба падару модарашон монанд нестанд ва пеш аз бузург шуданашон метаморфоз (таносух)-ро аз сар мегузаронанд. Масалан, кафлесакҳои навтаваллудшудаи ғуку қурбоққаҳо бештар ба моҳӣ монанданд. Онҳо бо ёрии сари гирду думи дароз хуб шино мекунанд ва ғалсамаҳо имконият медиҳанд, ки дар зери об ҳам зиндагӣ кунанд. Баробари инкишоф ёфтан шаклу сохти организми кафлесак ҳам тағйир меёбад. Дум тадриҷан нобуд мешавад, вале намеафтад, ҳамзамон панҷаҳо инкишоф меёбанд. Ғалсамаҳо нест шуда, ба ҷои онҳо шуш пайдо мешавад, ки имкон медиҳад ҳавои атмосфераро нафас гиранд. Ранги пӯст ҳам дигар шуда, ҳамин тавр ба ғук ё қурбоққа табдил меёбанд.

0

Обҳокиҳо кадомҳоянд?

Организми обҳокиҳо чунин таркиб ёфтааст, ки онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об зиндагӣ карда метавонанд. Обҳокиҳоро – амфибия (дубаҳра) низ меноманд, ки калимаи юнонӣ буда, маънояш «ҳаёти дугона» аст. Ба ин гурӯҳи ҳайвонот ғуқҳо, қурбоққаҳо ва калтакалосҳо дохил мешаванд. Онҳо дар лаби ҷӯю кӯлҳо зиндагӣ мекунанд. Обҳокиҳои калонсол дар хушкӣ бисёр зиста наметавонанд, зеро пӯсти онҳо бояд доиман намнок бошад. Онҳо дар об афзоиш меёбанд ва худро аз хатар муҳофизат мекунанд.

0

Оё моҳиҳо ҳис карда метавонанд?

Моҳиҳо монанди дигар ҳайвонот муҳити атрофро тавассути узвҳои ҳис дарк мекунанд. Бешак, дар моҳиҳо эҳсоси таъму ломиса рушд ёфтааст. Биниши моҳиҳо ҳам бо шароити зисташон мутобиқ шудааст. Чашмони моҳиҳое, ки дар обҳои амиқ зиндагӣ мекунанд, хеле бузурганд. Чашмони калон имкон фароҳам меоранд, ки онҳо ҳарчи бештар равшании аз моҳиҳои дигар ихроҷ шударо қабул намоянд. Моҳиҳое, ки дар қаъри уқёнусҳо бидуни рӯшноӣ зиндагӣ мекунанд, аз чашм маҳрум шуда, мавҷҳоро тавассути шунавоӣ дарк мекунанд.

0

Оё моҳиҳо дар торикӣ мебинанд?

Қаъри баҳру уқёнусҳо хеле торик аст, зеро нурҳои офтоб ба умқи об беш аз 90-100 метр намегузарад. Аммо моҳиҳо дар умқҳои зиёдтар аз ин низ зиндагӣ мекунанд. Гап сари он аст, ки моҳиҳо аз худ нурҳои махсус хориҷ мекунанд ва ба ин восита роҳи ҳаракаташонро равшан менамоянд. Ин хусусияти моҳиҳоро люминессенсияи биологӣ (шуоъдиҳӣ) меноманд. Чашмони моҳиҳое, ки дар қаъри баҳру уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд, нисбатан калонанд. Ғайр аз ин узвҳои ҳис, шунавоӣ ва шоммаи моҳиҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Онҳо барои пайдо намудани ғизо, ҳис кардани хатар ва ғайра зарур мебошанд.

0

Аспакмоҳӣ чӣ гуна моҳӣ аст?

Аспакмоҳӣ моҳии ғайриодӣ ва ғалатӣ аст. Бо сабаби ба асп монанд буданаш, онро аспакмоҳӣ мегӯянд. Аспакмоҳӣ барои аз моҳиҳои даранда эмин мондан, асосан дар миёни обсабзҳо зиндагонӣ мекунад. Тарзи афзоиши ин моҳӣ ҳам аз дигар навъи моҳиҳо фарқ дорад. Наринаи аспакмоҳӣ тухмчаҳояшро то ба моҳичаҳо бадал шудан дар халтачаи махсуси дар поёни баданаш ҷойдошта нигоҳ медорад.

0

Оё моҳиҳо дар хушкӣ нафас мегиранд?

Қисми зиёди моҳиҳо дар хушкӣ нафас гирифта наметавонанд, зеро ғалсамаашон оксигени холиро фурӯ бурда наметавонад. Онҳо ҳаворо танҳо аз таркиби об мегиранд. Бинобар ин моҳӣ дар хушкӣ мемирад. Аммо то ҳол се навъи моҳиён боқӣ мондаанд, ки ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд ва онҳоро моҳиҳои дубаҳра меноманд. Онҳо асосан, дар Австралия, Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо зиндагӣ мекунанд. Бузургтарин моҳӣ Моҳии калонтарини дунё наҳанги китмонанд ба ҳисоб меравад. Дарозии баданаш 18 метр буда, вазнаш то 15 тонна мерасад. Ин ҷонвари бузургҷуссаи обӣ нисбат ба навъҳои дигари наҳангҳо безарар аст. Он асосан обсабзҳои баҳрӣ ва ҷонварони гуногуни обиро истеъмол мекунад. Наҳанги китмонанд ба одамон чандон хатар надорад ва ба онҳо ҳуҷум намекунад. Дарвин Чарлз Дарвин (1809–1882) табиатшиноси англис аст. Ҳарчанд, дар хурдсолӣ он қадар босавод набуд ва дар бахши тиббии донишкада низ таҳсили хуб надошт, вале ба мавҷудоти зинда завқу ҳаваси хеле зиёд пайдо кард. Дар синни 21-солагӣ дар ҳайати экспедисияи таҳқиқотӣ ба саёҳати Амрикои Ҷанубӣ баромад. Ин саёҳат 5 сол идома ёфт ва Дарвин ба омӯхтани рустаниву ҳайвонот машғул шуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти худро ба воситаи мактуб ба профессори донишгоҳи тиббии таҳсилкардааш мефиристод. Профессор онҳоро нашр мекард. Пас аз баргаштан ба ватан, ӯ олими ҳақиқӣ шуд ва соли 1859 асареро бо номи «Пайдоиши навъҳо» чоп кард, ки дар он назарияи эволютсионии ҳаёт дар Замин баён шудааст.

0

Чаро моҳиҳо дар об зиндагӣ мекунанд?

Моҳиҳо низ мисли ҳайвоноти дигар оксигенро нафас мекашанд, аммо онҳо оксигенро на аз ҳаво, балки аз об мегиранд. Барои ин дар сари моҳиҳо узви махсуси нафаскашӣ – ғалсама мавҷуд аст. Ба воситаи даҳон об ба ғалсама меравад ва дар он ҷо оксиген ҷудо шуда, оби боқимонда ба воситаи сӯрохи ғалсама хориҷ мешавад. Ғалсама пулакчаҳои сахтест, ки дар дохилаш рагҳои сершумори хунгузар мавҷуданд. Дар ҷонварҳои дигар вазифаи нафаскаширо шуш иҷро мекунад.

0

Ҳашарот чӣ гуна табдил меёбанд?

Ҳамаи ҳашарот аз тухм мебароянд. Баъзеи онҳо баъди ба дунё омадан шакли бадан ё ҷисмашонро тағйир медиҳанд, ки ин ҷараёнро метаморфоза (таносух) меноманд. Бархе аз ҳашарот метаморфозаи содаро аз сар мегузаронанд: кирмаки аз тухм баромада ба падару модараш монанд аст, вале пари парвоз надорад. Чунин кирмакро зоча мегӯянд. Вай низ монанди ҳашароти бузург хӯрок мехӯрад ва баъди муддате пар мебарорад. Ба ин гурӯҳ нонхӯрак, малах ва чирчиракҳо мисол шуда метавонанд. Вале аксари ҳашарот метаморфозаи пурраро аз сар мегузаронанд. Аз тухм кирмак мебарояду баъди муддате худро дар ғилофак – пилла пинҳон мекунад. Дар ин давраи метаморфоза кирмак ё кирмаки ғилофакдорро зочаи кирмак меноманд. Дар дохил зочаи кирмак ё кирм пурра ба ҳашара табдил ёфта, аз ғилофак берун мебарояд. Ин тарзи инкишоф хосси шапаракҳо, гамбусакҳо, занбӯрҳо, пашшаҳо, мӯрчаҳо ва боз чанд намуди ҳашарот мебошанд.

0

Абрешимро чӣ тавр кашф карданд?

Бори аввал абрешимро чиниҳо чандин аср пеш кашф карданд. Нахҳои абрешимро аз пиллаи кирмакҳои тутхӯр мегиранд, ки дар Чин ин гуна шапаракҳоро махсус парвариш мекарданд. Модакирмак якбора 400 дона тухм мегузорад. Ин тухмчаҳо ба кирмак табдил шуда, дар давоми шаш ҳафта бо барги тут парвариш меёбанд. Баъд аз даҳонашон ғоз бароварда, худро бо он мепечонанд ва пилла ҳосил мешавад. Ҳамин ғозҳои пилла нахи абрешим мебошанд. Барои як килограмм абрешим 5500 пилладона лозим аст. Аввал пиллаҳоро дар об ҷӯшонида, кирмакро нобуд мекунанд ва нӯки ғози пилларо ба ғалтакҳои махсуси пилларесӣ баста, мепечонанд. Баъд нахҳои пилларо ресида, аз он матои абрешимӣ мебофанд. Аз як шакл ба шакли дигар табдил шудани ҳашаротро (аз кирмак ба шапарак) метаморфоза (таносух) меноманд. Кундуз, кирми пилла, занбӯри асал, пашша, мӯрчаҳо ва ғайра ҳамин тавр инкишоф меёбанд.

0

Заҳри каждум дар кадом узваш аст?

Каждумҳо мисли тортанакҳо ҳашт пой доранд. Дар қисми пеши сари онҳо мисли ҳарчанг чангакҳо мавҷуданд, ба воситаи онҳо туъмаи худро дошта мехӯранд. Дар тафовут аз тортанакҳо шикамчаи каждум ба ду қисм ҷудо мешавад. Дар қисми пеш пойҳои каждум ҷойгир шудаанд. Қисми ақиби каждум борику дароз буда, ба сегмент (буғумчаҳо) ҷудо мешавад. Ин қисмати ҷисми каждум мисли дум ба боло бардошта шудааст ва неши заҳрдори вай низ дар ҳамин думаш аст. Каждумҳо аслан дар минтақаҳои хушку гарм зиндагӣ мекунанд. Онҳо рӯзона дар биёбон ва нимбиёбонҳо зери сангу пӯстлохи дарахтон хобида, шабона ба шикор мебароянд ва хӯрокашон, асосан, тортанаку ҳашароти гуногун мебошад. Кирмак – марҳалаи рушди ҳашарот, ки баробари аз тухм баромадан оғоз мешавад. Метаморфоз (таносух) – дигаргунӣ ва тағйири шакли дар давоми ҳаёти баъзе ҳашаротҳо рӯдиҳанда. Масалан, ба зоча табдил ёфтани кирмак. Буғумҳо – қисми бадани бандпойҳо, ки аз буғумҳо иборат буда, бо қабати махсус пӯшонида шудааст.

0

Оё тортанакҳо зарар доранд?

Бисёриҳо аз тортанак ҳазар мекунанд. Аммо дар асл қисми зиёди онҳо барои инсон хатар надоранд ва зиён намерасонанд. Хӯроки онҳо ҳашароти гуногун буда, ба воситаи торҳои часпаки танидаашон онҳоро дошта мехӯранд. Аммо чанд намуди тортанакҳо ҳастанд, ки заҳрдоранд. Бий (ротил) ва модатортанаки сиёҳ аз ин ҷумлаанд. Бий (тарантул) тортанаки калонҷуссаи қаҳваранг аст. Дар шикам ва панҷаҳояш доғҳои сурх дорад. Асосан дар ғорҳо зиндагӣ мекунад ва сайдашро газида заҳролуд менамояд, аммо заҳри он нисбат ба заҳри занбӯр камтаъсиртар аст. Модатортанаки сиёҳ ҳам заҳрдор аст. Хусусан заҳри модатортанаки сиёҳи калонсол марговар аст, вале заҳри тортанаки нарина ва модатортанаки ҷавон он қадар хатарнок нест.

0

Занбӯрҳои асал чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

Занбӯрҳои асал ба тарзи оилавӣ зиндагӣ мекунанд. Як оилаи занбӯр аз чанд гурӯҳ иборат аст, ки ҳар кадоме вазифаи муайянро иҷро мекунад. Занбӯрҳои корӣ (заҳматкаш) аз гулҳо шаҳд ҷамъ мекунанд ва онро ба канду (занбӯрхона)-ҳо рехта, ба асал табдил медиҳанд. Занбӯрҳои сарбоз занбӯрхонаро муҳофизат мекунанд. Нарзанбӯрҳо маликазанбӯрро бордор менамоянд ва ӯ тухм мегузорад. Дар фасли зимистон нарзанбӯрҳо мемиранд, аммо занбӯрҳои корӣ аз асали тайёркардаашон ғизо мегиранд ва зинда мемонанд. Вақте ки ба занбӯр душман таҳдид мекунад, аз паси шикамчааш неши тези заҳролудро бароварда, ӯро мегазад. Аммо ин тарзи муҳофизат ба ивази ҷони худи занбӯр муяссар мегардад, зеро пас аз халондан аз неш маҳрум мешавад ва мемирад. Канду (занбӯрхона) Хонаи занбӯри асал шашкунҷа буда, дар он занбӯр асалу гарди гул ва зоҷаҳояро то калон шудан нигоҳдорӣ мекунад. Агар занбӯрхона аз ҳад зиёд бузург шавад, маликаи нав пайдо гардида, бо қисме аз занбӯрҳо ҷудо шуда, оила ва занбӯрхонаи нав бунёд мекунад.

0

Термитҳо чӣ истеъмол мекунанд?

Термитҳо (арзамурак) монанди мӯрчаҳоянд, вале андозаашон бузургтар аст. Онҳоро мӯрчаҳои сафед низ меноманд. Онҳо дар иқлими гарм зиста, селлюлоза, яъне рустаниҳои хушку тарро истеъмол мекунанд. Баъзе термитҳо дар замин зиста, баргҳои рустаниҳову дарахтонро мехӯранд. Термитҳое ҳастанд, ки хӯрокашон чӯб мебошад, аз ин рӯ ба одамон зиёни ҷиддӣ меоранд. Онҳо дар сутуни хонаҳо ё мебелҳо манзил гузошта, ба харобкорӣ машғул мешаванд. Агар дар хонаи чӯбин термитҳо пайдо шаванд, онҳо метавонанд хонаро вайрон кунанд.

0

Чаро мӯрчаҳо меҳнатдӯстанд?

Агар мо тарзи зиндагии мӯрчаҳоро мушоҳида кунем, мебинем, ки онҳо ҳамеша дар такопӯ ва машғули коранд. Барои зиндагӣ мӯрчаҳо хона месозанд, роҳ мекобанд ва тамоми фасли тобистон аз пайи захира намудани ғизо мешаванд. Дар ин амал онҳо ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Мӯрчаҳо мисли занбӯри асал ҳашароти муташаккил мебошанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд, ки ҳар як гурӯҳ нақшу вазифаи махсуси худро доранд: яке ғизо ҷамъоварӣ мекунад, дигаре ба зоҷаҳо нигоҳубин менамояд, севвумӣ мӯрчахонаро муҳофизат мекунад ва ғайра. Дар мӯрчахона ҳамагӣ як модармӯрча – малика зиндагӣ мекунад, ки вазифааш танҳо тухм гузоштан аст. Дар оянда аз тухмҳои гузоштаи вай мӯрчаҳои нав пайдо мешаванд.

0

Ҷонварони буғумпой кадомҳоянд?

Буғумпойҳо яке аз гурӯҳҳои сершумори ҳайвоноти рӯи Замин мебошанд. Онҳо дар тамоми қитъаҳо вуҷуд дошта, дар об, ҳаво ва хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Сабаби буғумпой ном гирифтани ин қабил ҳайвонот он аст, ки пойҳо ва шохҳояшон аз чандин буғум иборатанд, яъне ҳар як қисми пой ва шохҳояшон ба воситаи буғумҳои зиёд пайваст шудаанд. Ба гурӯҳи буғумпойҳо пашша, шабпарак, кундуз, чилпо ва ҳазорпо, тортанак, харчанг ва ғайра дохил мешаванд. Бадан (ҷисм)-и буғумпойҳо ба чанд қисм ҷудо мешавад, вале барои муҳофизат аз гармӣ ва ҳуҷуми ҳайвоноти дигар онҳо бо пардаи ғафс ва сахт пӯшида шудаанд. Бо вуҷуди ин пардаи ғафс ба ҳаракати онҳо халал намерасонад. Дар рӯи Замин тақрибан миллион намуди буғумпойҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳақиқатан, аввалин ҳайвоноти рӯи Замин ҳамин буғумпойҳо будаанд, ки худро барои зиндагӣ дар хушкӣ мутобиқ намудаанд. Онҳоро ҳашарот низ меноманд.

0

Исфанҷ чист?

Исфанҷҳо организми бисёр сода доранд. Онҳо ба сангҳо часпида дар об зиндагӣ мекунанд. Одамони қадим гумон доштанд, ки исфанҷҳо ҷузъи сангҳоянд. Баъдан мушоҳидагарони табиатдӯст дақиқ намуданд, ки онҳо низ монанди ҳайвонот ҷуфт шуда, афзоиш меёбанд. Бадани исфанҷ монанди элак аз сӯрохҳои хурди зиёде иборат мебошад, ки масома ном дорад. Тавассути ин сӯрохҳо об вориди исфанҷ мешаваду ин ҷонвар аз таркиби об оксигену моддаҳои органикии ошомиданиро мемакад. Одамон онҳоро хушк карда, монанди дастмол дар шустушӯ истифода мекунанд. Ғайр аз ин дар таркиби ҷисми исфанҷ моддае мавҷуд аст, ки онро дар тиб ба кор мебаранд. Барои ҳосил кардани 3–4 миллиграми ин дору бояд зиёда аз 2 тонна исфанҷро нобуд сохт.

0

Ҳайвонот ва хусусияти онҳо?

Бешубҳа, ҳар кас медонад, ки саг, гурба, шер, паланг ба олами ҳайвонот мансубанд. Аммо ҳангоме ки сухан дар бораи организмҳои ниҳоят сода меравад, бароямон душвор аст, ки онҳоро ба ҳайвонот мансуб донем ё рустанӣ шуморем. Аз ин ҷиҳат олимон панҷ аломати фарқкунандаи ҳайвонотро аз мавҷудоти дигар муайян намуданд: • Ҳайвонот – организмҳои бисёрҳуҷайраанд. • Тарзи ғизогирии онҳо гетеротрофӣ (гуногуншакл) меноманд, яъне онҳо мавҷудоти зиндаи дигар, аз ҷумла рустаниву ҳайвонотро истеъмол мекунанд. • Онҳо қобилияти ҳаракат карданро доранд. • Онҳо узвҳои ҳис доранд, гармиву рӯшноӣ ва садову рӯйдодҳои муҳитро эҳсос мекунанд. • Афзоиши онҳо асосан, ба воситаи алоқаи ду ҷинс – наринаву модина ба амал меояд. Аммо баъзе намуди ҳайвонҳо хусусияти ҳар ду ҷинсро доранд ва мустақилона афзоиш меёбанд.

0