Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Ҳазору як чистон — Чистонҳои гуногун
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 19: Чистонҳои гуногун. Чистонҳои 853–900. 853. Аҷоиб лӯъбате дидам, Ба сурат он бувад одам. Ба мардум мекунад хизмат, Надорад ҷон вале дар тан. 854. Зинда мурдаро ба саҳро бурд, Ҳила карду ба хок супурд. Мурда барҷаст, халқи зинда гирифт, Зинда мурд, мурда зинда нашуд. 855. Ҳараки ларза, Гӯшакаш қайза. 856. Аз дур дидам аранг-аранг, Ҷомакабуди муштарӣранг. 857. Чист он оташе, ки чун об аст? Назди ту шуд, ғами ту ноёб аст. Ҳар гадоро агар расад дасте, Шод гардад, агарчи ношод аст. 858. Тоқи баланд дорем, нардбонаш не, Ҳафт уштури кор дорем, корвонаш не. 859. Давак-давак по надорад, Ҷингиласарак мӯй надорад. 860. Чист он, ки даҳон ҳазор дорад, Андар даҳанаш ду мор дорад? 861. Деги сиёҳи мазанг, Аз шохиҳон ҳафтранг. 862. Мурғи сиёҳи ҷола, Як дона пар надора, Бурдам ба пеши қозӣ, Дилу ҷигар надорад. 863. Худаш дандони барра, Челаки алоча дорад, Дар болои дандонҳо Кокули заррин дорад. 864. Баданаш чӯбин, Шикамаш ресмон, Дилаш латтапора, Хӯрокаш санги хора. 865. Бобом дар бар, Саллааш дар ҷар. 866. Бузичаи зарди ҷола Дар чаҳ задай, менола. 867. Таҳ санг, рӯ санг, Миёна лӯъбати заранг¹. 868. Аҷоиб сурате дидам, Ки сар болои сар дорад. Ба сар тоҷи пӯлодӣ, Ба чангаш реза пар дорад. 869. Аз дар даромад хандалак, Пӯстине дорад мундалак, Бе ӯ набошад зиндагӣ, Ҳамеша боло бигзарад. 870. Ду даричаи ночиз Оламро кардай оҷиз. 871. Чор ҳарфи пурсафо Боиси осоиши дунё. 872. Як порчаи дастархон, Дар рӯяш замину осмон. 873. Хиргоҳи мудаввар сутун надорад. 874. Панҷ деҳқон ба як сипор ҷуфт мекунанд. 875. Шаш по дорад, менозад, Ду даст боло метозад. 876. Он чист, ки пову сар надорад, Роҳ мераваду хабар надорад? Вақте ки расанд бар вай, Паррад ба ҳавою пар надорад. 877. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дор, Ки рӯз то шаб замин кӯбад беор. 878. Аспи чобуке дидам дар биёбон, Сари гул хӯраду оби борон. 879. Ҷондор — ҷондори ёбой, Поҳош поҳои мурғобӣ. 880. Гунбази калон соя надорад. 881. Тухмест, ки ношукуфта вомегардад, Нокошта дар нашъунамо мегардад. Ҳарчанд на мағз дорад, на пӯст, Чун хӯша бигирад, осиё мегардад. 882. Он чист, ки раванда чун тираки тез, Бурранда чун шамшери ғуррон? 883. Ба шакли моҳ дидам дилситоне, Кавокиб аст ба даври ӯ қироне, Суруди ишқ мегӯяд чу Маҷнун, Кашида пӯсте бар устухоне. 884. Чист чун нардбон сурати ӯ? Равиши ӯ манзили ҳубоб бошад. Лашкараш савору пиёда сокин, Ҳама беҷангу талош бошад. 885. Он чист, ки худ ду ном дорад, Яку хоҷаву сад ғулом дорад? Зангибачаҳои ҷомагулдор Андар шикамаш азоб дорад. 886. Чист он гунбази печиладар, Ки дар ӯ хуфтааст шоҳдухтар? 887. Аҷаб саночи зардак, Дарунаш пури гардак. 888. Чист каҷқулсурат дар об, Аксар вақт шабона дар хоб? 889. Чих гӯям, чуккӣ занад, Чӯх гӯям, луккӣ занад. 890. Ғеҷи-ғеҷон меравад, Каҷмоқачак меравад. 891. Як сутун дорад, се долон. 892. Чистон чизест, ки дум дорад, Чоки дарозу хун дорад. 893. Чун даҳ марди базарда Гирад дасти даҳмарда. 894. Мурғе дидам, ки обӣ, Дар хушкӣ ҳам меёбӣ. 895. Зи пардакҳои дуродур баста, Ки дар фикраш дили доност хаста. 896. Чӣ бошад, ки дар бодия маскан дорад, Ҳар хела сутуну дувоздаҳ гардан дорад? 897. Ёре, халоиқ ҳама пӯшанд ӯро, Шоҳони ҷаҳон ҳалқабагӯшанд ӯро. Чун дида азиз аст ба пеши ҳама кас, Аҷиб он ки ба тарраъе фурӯшанд ӯро. 898. Чист он лӯъбате, ки фан дорад, Модина пушти мард маскан дорад? Вале худи ӯ қути одамӣ дорад, Дар миёни шикам даҳан дорад. 899. Он чӣ бошад мунис ба ҳар шоҳе, В-аз сӯи вафо ҳеҷ надорад роҳе? Об аст бурун омада аз оташи тез, Он гаҳ фурӯ рафта ба гармин чоҳе. 900. Уштур аф кард, Дарё кафк кард. --- ¹ Заранг — зардранг. --- Ҷавобҳо 853 — хӯса, қарашку 854 — қапқон 855 — довуча 856 — боимҷон 857 — шароб 858 — осмон ва ситораи ҳафтдодарох 859 — абр 860 — мӯй ва кокулбанди занона 861 — кулоҳ 862 — тор 863 — ҷуворӣ 864 — гулак 865 — чӯбкаду 866 — сумалак 867 — фатирмаска 868 — обҷувоз 869 — гандум 870 — чашм 871 — сулҳ 872 — харита 873 — осмон 874 — панҷа ва қалам 875 — троллейбус 876 — тир 877 — кафш 878 — оҳу 879 — пара (навъи растанӣ) парамбарг 880 — осмон 881 — шаб ва рӯз 882 — дандон ва забон 883 — дойра 884 — шоҳмот 885 — тарбуз 886 — қулф ва соҳибхона 887 — санчӣ 888 — сабати моҳигирӣ 889 — уштур 890 — мор 891 — себарга 892 — камар-кавар 893 — тайғи чӯпон 894 — мурғобӣ 895 — чистон 896 — хиргоҳи чӯпон 897 — пул 898 — осиёб 899 — корд 900 — собун
Ҳазору як чистон — Техника ва намудҳои он
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 18: Техника ва намудҳои он. Чистонҳои 816–852. 816. Уштури куланги бедум На ҷав хӯрад, на гандум. Ҳамеша рӯи дарё Кор кунад ба мардум. 817. Тахтасанги каҳрабо Не дар замин, не дар ҳаво. 818. Як хар дорам ҳангӣ, Ду гӯшакош ҳафтрангӣ, На ҷав хӯрад, на гандум, Бор кашад ба мардум. 819. Сандуқча пичиррӣ кард, Оҳанча пичиррӣ кард. 820. Равған намехӯрад, равшанӣ медиҳад, Дуд надорад, гармӣ медиҳад. 821. Ба зардӣ — зарди зардолу, Ба сурхӣ — сурхи шафтолу, Вале валлоҳ, на зардолу, Вале биллоҳ, на шафтолу. 822. Як порча фатир, Болош хати мир, Ҳамсуҳбати косибон, Ҳамсуҳбати мир. 823. Шуттум шуталое, Эй вой, чӣ балое, Афтоду ҷарангӣ кард, Вах, ин чӣ балое буд! 824. Бед кашам, овози бед кашам, Ба зону занам, овози хуршед кашам. 825. Каҷ шавад, рост шавад, Сулфа кунад, халос шавад. 826. Хар ҳанг зад, Чорбоғ ранг зад. 827. Кӯлкулак ду сар дорад, Овози кабки нар дорад, Душман аз он ҳазар дорад. 828. Даҳон ба поён дорад, Даҳон болои сар дорад, Тамом аз оҳану пӯлод, Садои синнадар дорад. 829. Аспам дар гала, Аспи сиёҳам дар гала, Агар лаҷомаш канад, Дар ҳаво хез мезанад. 830. Аз даруни ғор ситора мепарад. 831. Аспе дорам дар гала, Ёлу думаш мундала, Даст ба сарриаш барам, Назара ба осмон барад. 832. Он чист, ки ду сар дорад, Овози кабки нар дорад, Дӯст аз вай ҳазар дорад, Душман ба вай назар дорад? 833. Зинда не-ву мегардад, Рӯзу шабро мефаҳмад. 834. Овоз дораду забон надорад, Роҳ мераваду по надорад. 835. Чист он беҷон, ки дорад гуфтугӯ, Зери ҳайрат ҳаст пинҳон карда рӯ? Сурате дорад ба мисли бадри пур, Доимо роҳ меравад он бо ғурур. 836. Бе забон гап мезанад, Бе гӯш мешунавад, Бе қаламу коғаз Фармона мерасонад. 837. Не дил дорад, не гурда, Мехона бачамурда. 838. Афтакаш афти табақ, Дорад думи оҳанин, Мехонад байти ширин. 839. Ақл дорад, ҷон надорад, Муждаро зуд мерасонад. 840. Худаш оҳанпо, Кор мекунад ба одам. 841. Ҳаст як паҳлавони ҳайбатнок, Оҳанинҷисму оҳанинпӯшок, Асп не-ю ба тохтан чаққон, Шутур не-ю лекин боркашон, Гов не-ю замин меронад, Номи ин чизро кӣ медонад? 842. Аз ин ҷо то Ҳисор Меравад қатор-қатор. 843. Ҷон надорад, роҳ меравад, Даҳан надорад, дод мезанад. 844. Шутури қатори гулдур, Баландовози мағрур, Не ҷав хӯрад, не гандум, Кашонад моли мардум. 845. Шутури масти беша На ҷав хӯрад, на реша, Оташ хӯрад ҳамеша. 846. Бе дасту по кор мекунад. 847. Об мехӯрад, дарранда нест, Лаҷом дорад, даванда нест, Бор мекашад мисоли фил, Тез меравад, парранда нест. 848. Шаққат мана кушт, Шум-шаққат мана кушт, Бадани қоқат мана кушт. 849. Аспе дорам ҷафокаш, Равғану об хӯрокаш, Ҷаву алаф нахӯрад, Набошад ҳеҷ озораш. 850. Аспе дорам беозор, Хушсурату хушрафтор, Монда намешавад ҳеҷ, Доим ба гаштан тайёр, Хӯрокаш обу бензин, Поҳош бошад аз резин. 851. Дидам мурғи оҳанин, Ҷон надорад, мепарад, Панҷаҳояш аз резин, Мехӯрад обу бензин. 852. Паҳлавони тездандон, Чормех истод дар майдон, Замин кобад, таъаҷҷуб он, Бор бардорад он чунон, Мардум бимонад ҳайрон. --- Ҷавобҳо 816 — киштӣ 817 — киштӣ, заврақ 818 — поезд, киштӣ 819 — инкубатор ва ҷӯҷаҳо 820 — нури барқ, лампочка 821 — мошин 822 — тангаи подшоҳии Бухоро 823 — танга ва садои он 824 — тутак, най 825 — камон 826 — тир ва камон 827 — камон 828 — камон 829 — камон 830 — камон 831 — камон 832 — камон 833 — соат 834 — соат 835 — радио, соат 836 — телефон 837 — радио 838 — радио 839 — телеграф 840 — экскаватор 841 — трактор 842 — поезд 843 — паровоз 844 — поезд 845 — поезд 846 — мошин 847 — поезд 848 — поезд, киштӣ 849 — мошин 850 — мошин 851 — самолёт 852 — экскаватор
Ҳазору як чистон — Асбобҳои мусиқӣ
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 17: Асбобҳои мусиқӣ. Чистонҳои 803–815. 803. Камонаки панҷтора, Назанӣ, садо надора. 804. Аз кӯча гузашт як ҷавони сармаст, Нола мекунад: «Эй вой, дастам бишкаст». 805. Лухтаки нари бозингар, На дил дорад, на ҷигар. 806. Бузи зарди бозингар, На дил дорад, на ҷигар. 807. Сари панҷу чор гирам, Сари зулфи ёр гирам, Ёра дар канор гирам, То ки ман қарор гирам. 808. Ба шакли моҳ дидам дилситоне, Кавокибро ба даври ӯ қироне, Суруди ишқ мегӯяд зи Маҷнун, Кашида пӯсте бар устухоне. 809. Дарвозаи Шерозӣ, Ту — нағмаю ман — бозӣ. 810. Дарзи ман бо дарзи ту, Лабдарзи ман бо тарзи ту, Бо ҳар задан меларзӣ ту. 811. Чист он чатри мудаввар, Ҳам нағмаю ҳам касар? 812. Чил тори дароз дорад, Ҳар тор ба ноз дорад. 813. Аз дур дидам масташ, Шохаки гул ба дасташ, Нола кунад ҳамеша Нолаи дилшикасташ. 814. Пӯмбачӯби¹ лашкарӣ, Такя кунам, мешиканӣ, Такяи мо шод шавад, Ҷумла ҷаҳон обод шавад. 815. Баланд шуда амал кунад, Ҷумла ҷаҳон хабар кунад. --- ¹ Пӯмбачӯб — пакорачӯб. --- Ҷавобҳо 803 — тор 804 — дутор 805 — дутор 806 — дутор 807 — дутор, танбӯр 808 — дойра 809 — дойра 810 — дойра 811 — дойра 812 — чанг 813 — ғижжак, нағора 814 — нағора, карнай 815 — карнай
Ҳазору як чистон — Илм ва маориф
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 16: Илм ва маориф. Чистонҳои 781–802. 781. Гуле дидам, ки он бехор бошад, На дар дашту на дар кӯҳсор бошад, На ӯро кас харад, на кас фурӯшад, Ҳамеша дар сараш бозор бошад. 782. Аҷоиб лӯъбате хушкор бошад, На онро хобу не бедор бошад, На ӯро кас харад, не кас фурӯшад, Ҳамеша дар сараш бозор бошад. 783. Чӣ чиз аст он мурғи бе болу пар, На зоида модар, на дида падар? Сараш то набуррӣ, нагӯяд сухан, Танашро надаррӣ, нарезад гуҳар. 784. Як гиёҳест дар биёбон, ки онро хар хӯрад, Гар ба дасти шоҳ афтад, мулки Искандар хӯрад, Меравад роҳи сафед, қайд мекунад хуни сиёҳ, Гар зи роҳ рафтан бимонад, бар сараш ханҷар хӯрад. 785. Ланги раванда асту гӯш не, суханёб, Гунги фасеҳ асту чашм не, ҷаҳонбин, Тезии шамшер дораду равиши мор. 786. Чист он лӯъбати шакаргуфтор, Оби ҳайвон чакида аз минқор? 787. Бе забон асту роз мегӯяд, Бе даҳон асту мекунад гуфтор? 788. Ман сафед ҳамчу барфам, Ту сиёҳӣ — ҳама ҳарфӣ. Ман ба зери ту, ту ба боло, Ту гар ҷунбӣ, ман наҷунбам. 789. Ман рафтам ба лаби дарё, Дидам наи сафеди бурё. Меравад роҳи сафед, Қайд мекунад хуни сиёҳ. 790. Ҳуту ҳамалу саврву ҷавзо, Гул дар табақу миёна дарё. 791. Оинаи ҷаҳоннамо, панҷ ҳилол дар бараш, Гурги даҳондаридаю зоғи сиёҳ раҳбараш. 792. Як парча замин доштам, Тухми сиёҳ мекоштам, Бо чашми худ бидидам, Бо ақли худ шинохтам. 793. Ҳамдаме дорам, ки беовоз суҳбат мекунад, Бе даҳону бе забон нақлу ривоят мекунад. Ҳушу ақлу завқ афзун мекунад гуфтори ӯ, Аз кадомин фан, ки хоҳӣ, ӯ ҳикоят мекунад. 794. Агар кунӣ ба ӯ назар, Шавӣ зи ҳар чӣ бохабар. 795. На даст дорад, на по, Хабар мебарад ҳар ҷо. 796. Кӯҳ асту санг надорад, Замин асту хок надорад, Ҷангал асту дарахт надорад, Баҳр асту об надорад. 797. Гунбазе дидам, ки дорад шохҳои бешумор, Андар он гунбаз бидидам чор баҳри номдор. Боз бистои дигар з-он чор бошад хурдтар, Панҷаҳои ӯ бувад аз ҳад зиёду бешумор. 798. Мисли тарбуз лунда аст, аммо нарӯяд аз замин, Бе замин асло намешуд шакли вай тарбуз барин. Гар ту ҳастӣ бохабар аз илми олам, чист он, Бе ҳамон ҳаргиз надонӣ рӯи олам инчунин? 799. Он чист, ки худаш намебинаду ба дигарон роҳ нишон медиҳад? 800. Аз бом меғалтад, Ҳеҷ чиз намешавад, Дар об меғалтад, Майда-майда мешавад. 801. Замин сафеду ҳосил сиёҳ, Коштем ба най, даравидем ба даҳан. 802. Дар дасти Сангин Халтаи ҷармин, Дар халтаи ҷармин Як ҳавзи сангин, Ин ҳавзи сангин Пур оби рангин. --- Ҷавобҳо 781 — сада, дарахтзор 782 — илм 783 — илм 784 — қалам 785 — қалам 786 — қалам ва коғаз 787 — қалам 788 — қалам ва коғаз 789 — қалам 790 — китоб 791 — китоб ва қалам 792 — китоб 793 — китоб 794 — рӯзнома, газета 795 — мактаб 796 — харита 797 — кураи арз (глобус) 798 — кураи арз 799 — қутбнамо 800 — коғаз 801 — коғаз, хат, қалам ва хондан 802 — портфель ва сиёҳидон
Ҳазору як чистон — Дарахт ва меваҷот
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 15: Дарахт ва меваҷот. Чистонҳои 739–780. 739. Чист он гунбазе, ки ӯ бедар, Андарун духтарон бувад яксар? Ҳоли он духтарон агар пурсӣ, Ҳама хуниндиланд дар чодар. 740. Танг аст, кӯзача, Танг ба танг аст, кӯзача, Кунгурадор аст, кӯзача, Даҳон надорад, кӯзача. 741. Таг сабадак, рӯ сабадак, Ақиқу марҷон сабадак. 742. Сандуқча пури мехча, На дар дорад, на дарча. 743. Сандуқчаи зарбандӣ, Дарунаш шакарбандӣ. 744. Хун дорад, ҷон надорад. 745. Дарахти шаҳнигор, Даст бубар, хун биёр. 746. Лингчаи пур аз орд, Дар дарунаш як сутун. 747. Орди орднокарда, Чӯби тешанозада. 748. Ҷомаи алоча дарз надорад. 749. Мағзак даруни чӯбак, Чӯбак даруни ордак, Ордак даруни пӯстак. 750. Се дӯкони кӯшмакӯш: Якташ бахмалфурӯш, Якташ ордфурӯш, Якташ алочафурӯш. 751. Даруни пӯстак — чӯбак, Даруни чӯбак — ордак, Даруни ордак — мағзак, Ёбед, чист ин аҷабак? 752. Гунбазе дидам, ки надорад дар, Андарун ҳуҷраҳост сар то сар, Сокинони даруни ҳар ҳуҷра Дар ҳисоб аст ба сони якдигар. 753. Дегчаяки пурҷазза, Ошакаш бамазза. 754. Таг табақ, рӯ табақ, Миёна фатири бенамак. 755. Чор чиз дар шиками модараш, Кай биёяд лӯласандуқ бар сараш, Хӯрдани ӯ чор марги модараш. 756. Гирд аст, кӯзача, Гирдогирд аст, кӯзача, Дона ҳазор аст, кӯзача, Кунгурадор аст, кӯзача. 757. Шадда ба шадда, шаддааш овезон, Чӯбаш дар пушташ, лӯндааш овезон. 758. Мағзи сангча, Ранги сабзча. 759. Таҳ санг, рӯ санг, Миёна бахмали дуранг. 760. Чист он лӯъбати писандида, Ҷомаи сабзу сурх пӯшида, Дар миёни ду хонаи чӯбин Бо ҳазор карашма хобида? 761. Чанд ба чанд, чандаҳош кашол, Тӯти баланд, синаҳош кашол. 762. Тобистон бозор, Зимистон мазор. 763. Модар паҳну парешон, Бачаҳош ғунчаю гелон. 764. Каҷи дароз падараш, Ҳама тунук модараш, Хубу латиф духтараш, Девонашанг писараш. 765. Паҳнаки бамаза Дар тирамоҳ мепаза. 766. Дупатаи бамаза Дар сариқавс мепаза. 767. Ай ӯ тут, барги тут, Косалеси чашмкабуд. 768. Аз дур дидам, зар дидам, Ба дасти заргар дидам. 769. Атар-атар чӣ бошад? Батар-батар чӣ бошад? Думчашакар чӣ бошад? Қанду асал чӣ бошад? 770. Сурхак сари тор Мезанад бӯи баҳор. 771. Лӯнда ба лӯнда, Лӯнда овезон, Чӯбак ба думаш, Кулӯла овезон. 772. Рангаш ба ранги ошиқон, Бӯяш ба бӯи гулрухон, Рӯ аз намад карда аён, Гӯё ки бемор омада. 773. Санг бастем, ранг бастем, Дар тану шохи чинор бастем. 774. Аспе дорам дар мазор, Ёлу думаш сад ҳазор. 775. Таги замин сурх қамчин. 776. Чист он, ки пӯсташ ҳалол, Пушташ ҳаром, мағзаш ҳалол? 777. Ҳар ҷо бадале дидам, Зебо бадале дидам, Шакар думаке дидам, Рангин табаке дидам. 778. Очаш дав-давакон, Бачаш чапакзанон. 779. Очааш ҳаракӣ, Бачааш саракӣ. 780. Аз дур дидам якта, Аз пеш дидам садта. --- Ҷавобҳо 739 — дастхушкунак 740 — нуқра, санҷид 741 — анор 742 — анор 743 — анор 744 — анор 745 — анор 746 — шохтут 747 — шохтут 748 — санҷид-ҷигда 749 — санҷид 750 — санҷид 751 — санҷид 752 — санҷид 753 — санҷид 754 — анор, чормағз 755 — чормағз 756 — чормағз 757 — чормағз, санҷид 758 — анор 759 — чормағз, писта 760 — чормағз, писта 761 — писта 762 — ангур 763 — ангур 764 — ток ва хӯшаи ангур 765 — ток, навда, хӯшаи ангур, май 766 — дӯлона 767 — дӯлона 768 — мавлиҷоя 769 — зардолу 770 — гелос 771 — гелос 772 — гелос 773 — биҳӣ 774 — шилми дарахт 775 — маҷнунбед 776 — решаи тут, рӯйи 777 — дона ва мағз 778 — анҷир 779 — навда ва барги сафедор 780 — шоху барги сафедор
Ҳазору як чистон — Наботот
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 14: Наботот. Чистонҳои 711–738. 711. Аз ин ҷо то Рӯшон Кокул парешон. 712. Духтарчаи дӯстрӯй Мешинад дар лаби ҷӯй. 713. Ман дар сари сабад, Ман — ҷингиламӯй, Ман — нозуки оламам, Ҷавоби мана гӯй. 714. Он чист, ки саҳаргоҳ Аз ғунча мекушояд, Ҳар кас ба даст гирад, Роҳат аз он бинад? 715. Гар даҳонаш во шавад, Бӯи хуш пайдо шавад. 716. Боғи боғҳои мо, Даври боғҳои мо, Андар табақи чинӣ Пеши бобои мо. 717. Ҷомаи сабз чун ба бар ӯро, Лаби худро ба ханда бикушояд, Пора-пора шавад ҷигар ӯро. 718. Қадаш ба алиф монанд, бораш ба санавбар, Шаш нони тунук дораду як косаи зар. 719. Рафтам саҳро, Ёфтам гиёҳ: Пӯсташ сафед, Мағзаш сиёҳ. 720. Мехи заррин дар замини бемадор, Гаҳ ба пӯстин, гаҳ ба тоқӣ, гаҳ ба дастор. 721. Дар замин як чизи бемадор, Гаҳ ба тоқӣ, гаҳ бо дастор. 722. Гӯши бобо кар будаст, Ришаш таҳи ҷар будаст. 723. Бобом ар-ар мекард, Риш таҳтан дар мекард. 724. Як чиз дидам дар саҳро, Сар дар замин, дум боло. 725. Чист он лӯъбати баҳорӯй, Қадди ӯ ба мисли гулобӣ, Решаи ӯ чу нохуни одам, Пои ӯ ба мисли пои мурғобӣ? 726. Он чист, ки андар дара маскан дорад, Сесад чаману ҳазор гардан дорад? 727. Биёяд лик-лик, Равад лик-лик, Тамошо лик-лик, Ҳамеша лик-лик. 728. Аз замин барояд каррафаш, Найза дорад чилу шаш. 729. Саночаки сурхак, Донаҳош сафедак. Иру сангу уру санг, Миёнаш лаъли дуранг. 730. Посбони рӯи девор, Аз ӯ ҳама кас безор. 731. Мурғи сафед Гирд-гирди бед. 732. То напазад, намекафад. 733. Аҷоиб лӯъбате дидам, ки дум дорад, Даҳонаш воз, астар гулгун дорад. 734. Вул-вули вул давида, Сурху сафед кафида. 735. Дарахти пастак, Бешумор бастак. 736. Аҷоиб лӯъбати думдор дидам, Сараш сабзу дилаш хунбор дидам. 737. Даруни сиёҳи лабчокак. 738. Лаъли дуранг, Кӯчаи дусанг. --- Ҷавобҳо 711 — картошка 712 — нахуд 713 — шалғам 714 — гули печак (тӯтипечак) 715 — зӯф 716 — гул 717 — гул 718 — гул 719 — гул, садбарг 720 — гули савсан 721 — лола 722 — қоку, гули қоку 723 — гули қоку 724 — чукрӣ 725 — чукрӣ 726 — чукрӣ 727 — чукрӣ 728 — торон 729 — хӯшак (навъи алафе, ки дар оши угро меандозанд) 730 — сӯзанак 731 — хуч-хулуд 732 — хори сари девор 733 — хоч-замбӯруғ 734 — кавар 735 — кавар 736 — кавар 737 — кавар 738 — кавар
Ҳазору як чистон — Зироат ва сабзавот
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 13: Зироат ва сабзавот. Чистонҳои 636–710. 636. Химчаи сарнагун, Дарунаш пури қум. 637. Халтачаи кабудак, Дарун пури нахӯдак. 638. Даранг-дурингаш бозича, Кунгурааш бозича, На дар дорад, на дарича. 639. Аз ин ҷо то Балх Ҳам сабз, ҳам талх. 640. Чист он барг, ки баъд аз сӯхтан гул мешавад, Дуди ӯ андар ҳаво печида сунбул мешавад? 641. Кулоҳи қаландар сар надорад. 642. Ҳалқачаҳак, биникачак, Ҳоло ҳам бинам, келинчак. 643. Миҷиқ кунам, тар шавад, Даст занам, хунаш барод. 644. Атала кунем, матала кунем, Ба шумо занем, хунаш барод. 645. Тар кунам, лапар кунам, Хунаш равад, ба даст монам. 646. Амакам даруни гӯр, Ришаш беруни гӯр. 647. Як асп дорум дар хота, Ёлу думуш то пота¹. 648. Бобом дар гӯр, Ришаш беруни гӯр. 649. Худаш дар дарун, Кокулаш дар берун. 650. Оимҷон як кокул дорад, Таги кокул мокул дорад, Шамол хезад, усул дорад. 651. Чист он лӯъбате дар ин даврон, Ҷомаҳо бешумор дорад он? Мӯи жӯлидае ба сар дорад, Бедаҳон, ҷисми ӯ пур аз дандон. 652. Амакам як ваҷаб, Ришаш ду ваҷаб. 653. Таҳ пахол, рӯ пахол, Сурх кун, ба ту ҳалол. 654. Мирзо Ҳасан кокул дорад, Болои кокул мокул² дорад. Бод мезанад, усул дорад, Подшоҳ бинад, қабул дорад. 655. Чист он лӯъбате, ки дорад сад синон болои сар, Безабон, бечашму гӯшу ҷон, дорад болу пар? Одамӣ ӯро ба каҷханҷар кунад зеру забар, Аз ақиби ҳар синонаш лаълу дур ояд ба дар. 656. Гирд-гирдаш найзаҳо, Дарунаш нуқраҳо. 657. Қадпастак, камоли³ бастак, Соҳибаш омад, поша шикастак. 658. Тобистон ҷамъ меоранд, Зимистон ғам надоранд. 659. Куттӣ, кулуттӣ, Ҳама куттӣ — як куттӣ. 660. Си сандуқ, сила сандуқ, Ҳама сандуқ дар як сандуқ. 661. Си қабат, сила қабат, Ҳама қабат дар як қабат. 662. Як чизи гирябиёр Дар таги атлас бешумор. 663. Сар дар поён, дум дар боло. 664. Қадаш ним ваҷаб, Ришаш ду ваҷаб. 665. Чист он лӯъбати писандида, Ҷомаи бешумор пӯшида? Ҷумларо ба рӯи худ гирёнда, Ҳеҷ ба рӯяш нахандида. 666. Чист он гирд гунбади бепӯст, Пӯст дар пӯст гирди якдигар? Ҳар ки бикушояд ин муамморо, Рухаш аз оби дида гардад тар. 667. Аз ин ҷо то Ҳисор Кокулаҳош бисёр, Мешинум чашмдиёр⁴. 668. Сандуқчаи зулбиё, Ба кордчеко бурайно, Ба ҷумчеко хӯрайно. 669. Танӯри пуркулча, На дар дорад, на дарича. 670. Гунбази калон дарича надорад. 671. Замин заранг аст, Пистокиранг аст. Ҳар кас наёбад, Каси гаранг аст. 672. Аз дур дидам — кабудзор, Қамчин задам — лолазор. 673. Гунбази лундаи сабзи камбар, Ҳуҷраҳо дораду надорад дар. 674. Он чист, ки рӯз менамояд шабгун, Садпора танаш, лек ба як пой нагун? Гар ту бизанӣ бар ӯ, аз андоза бурун Ҳамчун дили ошиқон фурӯ резад хун. 675. Момозардак бача кард, Корди тез омад, парча кард. 676. Чист он лӯъбати гирду ғалтон, Ду пои зинда дорад, лек беҷон? Харе бошад, ки ин маъно надонад, Зи буз камтар бувад он марди нодон. 677. Гунбазе дидам, он надорад дар, Андарун ҳуҷраҳост сар то сар. Сокинони даруни он ҳуҷра Дар ҳисонат⁵ ба сони якдигар. 678. Бозорба фуромадам як гӯсолафурӯш, Гӯсолаш на дум дорад, на гӯш. 679. Гӯсола дар мех, Модараш дар шикамаш. 680. Он чист, ки пову сар надорад, Гирд асту дарозу дар надорад? Андар шикамаш ситорагонанд, Ҷуз исми ду ҷонвар надорад. 681. Ширину бомаза, Бе алов мепазад. 682. Момои зардак бача кард, Корди тез омад, парча кард. 683. Аммаи зардак, Кӯчагардак, Корди тез овард, Пора кардак. 684. Аз оча бача мешавад, Аз бача оча мешавад. 685. Ман дар аҷабам, Аҷаби ман дар аҷаб аст: Гӯсола дар меху Бачааш дар шикам аст. 686. Модарашро зинда дидам, Тифлро андар шикам. Тифлро зинда гирифтам, Модараш дар хок рафт. 687. Сандуқчаи зарбандӣ, Аз теппа камарбандӣ, Дарунаш шакарбандӣ, Ҳай-ҳай, дилам меравад, Мирзои Самарқандӣ. Устухонам нуқраю андар дилам дорам тило, Ҳар кас ин маънӣ бидонад, бегумон ӯ номвар аст. 688. Чанда ба чанда овезон, Чӯбакаш аз миёнаш овезон. 689. Чист он, ки чор хона дорад, Андар сари хеш шона дорад? Барф аст миёни хонаҳо пур, Ин турфа, ки барф дона дорад. 690. Чист он гул, ки нуқра меорад, Шавад обод ҳар кӣ з-он корад? 691. Колхозчӣ замин меронд, Дар ҷӯякаш об монд. Барзиёду босифат Аз ниҳолаш нур боронд. 692. Чор кунҷу чор бурҷу чор ашраф, чор дар, Чори дигар мисли барфу дар миёна ҷилвагар. Каллаи ӯ сарнагуну одамонаш дар қабат, Ҳар кӣ ин маънӣ биёбад, оқилонро сарвар аст. 693. Он чист, ки панҷ хона дорад, Дар нармии худ нишона дорад? Ҳар хонаи ӯ пур аст аз барф, Чӣ турфа, ки барф дона дорад! 694. Чист он лӯъбате, ки чун лола Дарунаш пур зи барфу ҳам жола? Мӯниси ҷони кампирон бошад, Хуш аз он вақти аммаю хола. 695. Амаки сабзак омад аз таги девор, Корди алмос ва як-як садпора кард. 696. Тагаш мехча, Болош садача. 697. Мехи заррин таги замин. 698. Он чист, ки ӯ аз барг паноҳе дорад, Дар сар кулоҳу ҷома сиёҳе дорад? Сар бибурам, ки ду синааш чок кунам, Ман дар аҷабам, вай чӣ гуноҳе дорад? 699. Сараш сиёҳ асту мӯй надорад, Шинам гӯяд, шишта наметавонад, Хезам гӯяд, хеста наметавонад. 700. На зардаки зардолу, На сурхаки шафтолу, Дар боғи амирон аст, Хӯроки вазирон аст. 701. Пак-пакана қад дорад, Ҷома ҳафт қабат дорад. 702. Ҳафтод қабат пӯстин, Ҳамааш беостин. 703. Он чист, ки бар сараш чодар дорад? 704. Аз дур дидам аранг-аранг, Ҷомакабуди сабзранг. 705. Саракаш зардак, Сармиччаякаш зардак, Домоди алолунҷак Мезанад ба ҳар ду лунҷак. 706. Намакчашак мечашӣ, Аз гӯшакаш мекашӣ. 707. Аз дур дидам моҳе, Ба дил кашидам оҳе. Ҳар гаҳе пешаш равам, Як табақи сиёҳе. 708. Ҷоҳу ҷалолаш бин, Шохаҳояш бар замин, Кулулаҳоша ту бин. 709. Дунгичачак, биникачак. 710. Тагаш суфача, Болош садача. --- ¹ То пота — то пойҳоят. ² Мокул — сук. ³ Камол — рустӣ. ⁴ Чашмдиёр — интизор. ⁵ Ҳисонат — сурат, ҳусн. --- Ҷавобҳо 636 — кӯкнор 637 — кӯкнор 638 — кӯкнор 639 — пос, тамоку 640 — тамоку 641 — каламфур 642 — каламфур 643 — хино 644 — хино 645 — хино 646 — ҷуворӣ 647 — ҷуворӣ 648 — ҷуворӣ 649 — ҷуворӣ 650 — ҷуворӣ 651 — ҷуворӣ 652 — ҷуворимакка 653 — ҷуворӣ 654 — гандум-ғалла 655 — гандум 656 — гандум 657 — мушунг 658 — ғалла 659 — пиёз 660 — пиёз 661 — пиёз 662 — пиёз 663 — пиёз 664 — пиёз, шалғам 665 — пиёз 666 — пиёз 667 — қаду 668 — тарбуз 669 — тарбуз 670 — тарбуз 671 — тарбуз 673 — тарбуз 674 — тарбуз 675 — харбуза 676 — харбуза 677 — тарбуз 678 — харбуза 679 — харбуза 680 — харбуза 681 — харбуза 682 — харбуза 683 — харбуза 684 — харбуза, тарбуз 685 — харбуза 686 — харбуза 687 — харбуза 688 — харбуза 689 — харбуза 690 — пахта 691 — пахта 692 — ғӯза-пахта 693 — ғӯза 694 — ғӯза 695 — пахта 696 — пахта 697 — пахта 698 — сабзӣ 699 — сабзӣ 700 — сабзӣ 701 — боимҷон 702 — боимҷон 704 — карам 705 — карам 706 — карам 707 — бодаринг 708 — офтобпараст 709 — мушунг 710 — офтобпараст
Ҳазору як чистон — Ҳашарот ва хазандагон
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 12: Ҳашарот ва хазандагон. Чистонҳои 610–635. 610. Амакам ҷомаи абрешим дорад, Дар кӯчаҳо ҳавлии мунаққаш дорад, Касобо кати доду гирифт дорад. 611. Ғунг-ғунг мекунад, Қуръон мехонад, Парчам метанад. 612. Як оча, бешумор бача. 613. Чил хонаву чил токча, Чил ҳуҷраву равоқча. 614. Ай дур омад халохушт, Дастош паси пушт, Нозош маро кушт. 615. Як саволе аз ту дорам, эй рафиқи пурҳунар: Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар, Мӯрпою морчашм, лайлакпару андаршикам, Уштурзону филгардан, шерсина, аспсар. 616. Як саволе дорам аз ту, эй рафиқи пурҳунар, К-андар ин саҳро бидидам як аҷоиб ҷонвар: Шерсина, мордум, каргассару каждумшикам, Нокапою филчашму хукгардан, аспсар. 617. Аз кӯҳ ояд хушт-хушт, Кокулҳояш паси пушт. 618. Рафтам раҳак, дидам бузак, Ширам надод шохчакаҷак. Як-ду раҳак вархурдамаш, Ай сари шиғ паррондамаш. 619. Дар миёни ғалла дидам бадгуҳар, Афти он чун ҳокимони пурзарар. 620. Худат нимҷон, ғингасат чӣ? Якта занам, мурӣ чӣ? 621. Аз ин дарак ба он дарак, Меҳмонаки ғазандарак. 622. Бузи ҳинги бедила, Дасташ накун, ки мемура. 623. Таг-таги долон меравад, Рӯдакашолон медавад. 624. Меравад мирзо, Мепарад мирзо, Ғалбербофак мирзо. 625. Ток-таки токак меравад, Почакашолак медавад. 626. Он чист, ки барги тут хӯрад, Аз баҳри худ ҷувол созад? 627. Он чист, ки барги сабз хӯрад, Аз баҳри худаш ҷувол дӯзад? Устон тананда гашта якчанд, Монад даруни он ҷувол банд. 628. Он чист, ки нест дар зимистон, Зебову латифу роҳати ҷон, Он зиннати тахти подшоҳон, Худро бикушад даруни зиндон? 629. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дор, Кафан мебофт он бе пуду бе тор. Кафан пӯшид ӯ чун мурда чанде, Ба шакли дигаре ӯ шуд намудор. 630. Чор чиз нест дар зимистон, Кимхобу атлас бар тану ҷон, Тахте бизанад дар биёбон, Худро бикушад дар банди зиндон. 631. Аспи сиёҳи бозингар, На дил дорад, на ҷигар. 632. Аспам дар гала, Аспи сиёҳам дар гала, Даст ба ёлаш мебарам, Ҷуфту алосак мезана. 633. Аҷоиб ҷонваре дидам, ки ришаш найро газид, Чил мулло афсун карду афсун набурид. 634. Дар пушташ найза, Хӯрокаш сабза. 635. Гӯшони харум — найза, Хӯроки харум — сабза. --- Ҷавобҳо 610 — ору, занбӯр 611 — занбӯри асл 612 — ору, занбӯр 613 — хонаи занбӯр 614 — малах 615 — малах 616 — малах 617 — малах 618 — шер (аз ҷинси малах) 619 — малах 620 — пашша 621 — занбӯри ало, бунгак 622 — тортанак 623 — кирмаки пилла 624 — тортанак 625 — тортанак, кирмак 626 — кирмаки пилла 627 — кирмак 628 — кирмак 629 — кирмак 630 — кирмак 631 — кайк 632 — кайк 633 — ҳавоборонак (тукушулук) 634 — ҳавоборонак 635 — ҳавоборонак
Ҳазору як чистон — Паррандаҳо
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 11: Паррандаҳо. Чистонҳои 589–609. 589. Ағбачаҳак, лоларухак. 590. Аз кӯҳ баромад шакли бум, Ду линг дораду калтадум. 591. Аз кӯҳ баромад Акарангу такаранг, Бо ҷомаи ҳафтранг, Мӯзаҳои сурхранг. 592. Чистон-чистон, Меравад Ҳиндустон, Бо кафши кабуд, Мӯзаҳои кемухтон¹. 593. Чист он лӯъбати писандида, Атласи бешумор пӯшида? 594. Пастак занакак, Пасту баландак занакак, Кӯчадавак занакак, Хокарилмак занакак. 595. Ин чист, ар-ар мекунад, Шаб монда, саҳар мекунад, Дар охурчаи хар мекунад? 596. Худаш дар кӯҳ, овозаш дар деҳ. 597. Модар бизояд духтаре, На пой дорад, на саре. Духтар бизояд модаре, Ҳам пой дорад, ҳам саре. 598. Нохуни шеру паланг дар пояш, Дастори сари подшоҳон дар сараш. 599. Аз кӯҳ баромад алохуштак, Хуштак задаку худакша куштак. 600. Зу-зу мекунад, Алҳам мехонад, Замбар мебофад. 601. Аловиддин қайчидор Ба одам дӯст асту ёр. 602. Як ҷонваре бидидам, Аҷаб хуш месарояд, Сари ғунча нишаста, Шабро саҳар намояд. 603. Меравад тир барин, Мешинад мир барин. 604. Аз дур меояд тир барин, Сафедии синааш шир барин, Мешинад мир барин, Меравад саги пир барин. 605. Дум — дукӯ², Забон — туркӣ, Пушт — алкос³, Шикамаш — карбос. 606. Аз дур менамояд аранг-аранг, Ҷомакабуди пистаранг. 607. Ҷондор-ҷондори ёбой, Пойҳояш пойҳои мурғобӣ. 608. Ай дур омад хашу хуш, Тоҷи тилло дар саруш. 609. Аз кӯҳ баромад мири фаш-фаш, Дар сар кулоҳ, ҷома мунаққаш. --- ¹ Кемухт — як навъи чарм. ² Дукӯ — дук барин. ³ Алкос — сабз. --- Ҷавобҳо 589 — қабк 590 — қабк 591 — қабк 592 — товус 593 — товус 594 — мурғ 595 — мурғ 596 — хурӯс 597 — мурғ ва тухм 598 — хурӯс 599 — мурғи даштӣ, бедона 600 — достак, фароштуруқ 601 — фароштуруқ 602 — булбул 603 — гулба, алошақшак 604 — акка 605 — акка 606 — кур-куровак, кар-карӣ кӯрок 607 — кӯршапарак 608 — муллохудхуд 609 — муллохудхуд
Ҳазору як чистон — Ҳайвонот
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 10: Ҳайвонот. Чистонҳои 535–588. 535. Ҳаст болаш, намекунад парвоз, По надорад, вале равон дартоз. 536. Печу печон, аҷабо, Печу печон, аҷабо, Ҷо дар шиками модар, Бача ба ҷон аст, аҷабо. 537. Аз модари беҷон Фарзанди ҷондор мерӯяд. 538. Даҳон дораду забон надорад, Сад чӯб занӣ, фиғон надорад. 539. Қанот дорад, намепарад, Ба рӯи замин намегардад. 540. Кӯҳаки ларзон, Дарахти хазон. 541. Сандуқ даруни чаҳ, Миёнаш чор лӯлибача. 542. Дар таги суфаи калон Мебинӣ чаҳор посбон. Даст нарасон, вагарна Сафед кунад дастатон. 543. Таги кӯпрук — чор суғута. 544. Чор додарон дар биёбон, На барф мерасад, на борон. 545. Ҳавзе, ки дар он мӯй нағунҷад ба миён, Нӯшанд аз он об ҳама ҷонварон, Он ҷонварон не, ки паранд ба ҳаво, Аспу шутуру гову хару одамиён. 546. Таги кӯпрук — чор девор. 547. Чор вош-воши вош, Чор замин латкун, Ду ситорабин, Як пашшаҳайкун. 548. Ду дурбин, ду осмонбин, Чор заминкӯб, як заминрӯб. 549. Дуто дорад осмонкӯб, Якто дорад заминрӯб, Чорто дорад рӯғанӣ, Чорто дорад заминкӯб. 550. Як ваҷаби мухтасар, Серпашми кафидасар. 551. Аз як ваҷаб кӯтоҳтарак, Аз чор ангушт дарозтарак, Серпашмаки боқувваттарак Дар даруни ду кафшакак. 552. Як порча санги каҳрабо На дар замин, на дар ҳаво. 553. Бӯғчаи дилрабо Не дар замин, не дар ҳаво. 554. Тобистон ҷайлов меравад, Зимистон ба чӯл мехамбад. 555. Чих гуфтам, хоб рафт. 556. Ай дур омад хумбу-хумб, Почадарози калтадумб. 557. Ҳавзи кулум-кулум, Почадароз калтадум. 558. Дарози лаванд, Зӯри гаранг. 559. Аз дур омад сербуғум, Почадарози калтадум. 560. Аз дур омад ҳиндучашми гулдурмонӣ, Хонаи таҳзаминӣ дорад, Роҳи надаромаданӣ. 561. Дарахтбаро — одам нест, Боғдузд — парранда нест. 562. Хезад — чорпо сандалича, Хоб рафт — бепо сабадча. 563. Мерад, мерад, ғалбер барин Ҷоя гирифта хоб мерад. 564. Шикам карбос, Дум дукӣ, Даҳон палос. 565. Паҳлавонест, ки ба ӯ ҳамроҳ даркор нест, Таёқ гирад, даҳ мард даркор нест. Хуштак кашад мисли чӯпон, Чормағз шапад мисли боғбон. 566. Тап-тапи по шуд, Беваи малул¹ куҷо шуд? 567. Чор чилик, Чормон чилик, Осмон харош, Тасмачилик. 568. Аз кӯҳ баромад мири ганда, Сар то қадамаш ҷомаи чанда. 569. Аз кӯҳ баромад мири фаш-фаш, Кулоҳ ба сараш, ҷома мунаққаш. 570. Аз дур меояд ҳаш-ҳаш, Гурда бинии манкаш, Дигар намешам садкаш. 571. Аз дур омад ҳаш-ҳаш, Найзаҳояш шасту шаш. 572. Ҳаш-ҳаши хушт омад, Найза ба пушт омад. 573. Рӯзи наврӯз омаду ман сайри саҳро меравам, Гули харбузаву тарбузро тамошо меравам. Рафтанам нангу наво, хӯрданам бехи гиёҳ, Хонааш зери замину худ фақири камнамо. 574. Ҷонваре дидам, ки бар сар тоҷи шашпар дорад, Пойҳои калта-калта, нақши Умар дорад, Нақша-нақши умарӣ, қути ӯ бехи гиёҳ, Хонааш зери замину худ фақири камнамо. 575. Қамчини ҷондор, Зарб занад, заҳрдор. 576. Арғамчини ало Дар сар-сари дара. 577. Санг асту на санг, Тавасанг асту на санг, Чор по дорад, на гов, Синакул аст, на шутур. 578. Таг — санг, рӯ — санг, Миёна ҳаккови тезчанг. 579. Аҷоиб лӯъбате дидам мудаввар, Дорад байзаву надорад пар, Мурдаро зинда мекунад ба назар. 580. Таҳ санг, санг нест, Рӯ санг, санг нест, Морсар аст, мор нест, Чор по дорад, гов нест. 581. Талап-талапи по шуд, Намедонам куҷо шуд. 582. Охурчаи пастак, Хутукчаи мастак. 583. Сар мундала, пой мундала, Аз ҳама боло мегузарад. 584. Аз ин ҷо то Бухоро хона дорад, Дусад нуқлу мавизу дона дорад. 585. Чистон-чистон, Зорӣ бикунад пистон Дар чиллаи зимистон, Дар гармии тобистон. 586. Санги чоргӯшаи нақшин, Ғалтӣ, дар об шин, Баро дар суфа биншин, Дегу косама бубин. 587. Дар об дарояд якта, Аз об барояд садта. 588. Аҷоиб лӯъбате дидам беқарор, Чаҳор моҳу ситора бисту чаҳор. --- ¹ Малул — гурбаи саҳроӣ. --- Ҷавобҳо 535 — моҳӣ 536 — дарё ва моҳӣ 537 — дарё ва моҳӣ 538 — моҳӣ 539 — моҳӣ 540 — шохи гови док 541 — пистони гов 542 — пистони гов 543 — пистони гов 544 — пистони гов 545 — пистон 546 — пистон 547 — пистон, пой, чашм ва думи гов 548 — чашм, пой, шох ва думи гов 549 — чашм, шох, пой, пистони гов 550 — почаи гӯсфанд 551 — почаи гӯсфанд 552 — думбаи гӯсфанд 553 — думбаи гӯсфанд 554 — рама 555 — уштур 556 — уштур 557 — уштур 558 — уштур 559 — уштур 560 — суғур 561 — маймун 562 — саг 563 — саг 564 — гург 565 — хирс 566 — пишак, гурба 567 — гурба 568 — шер 569 — шер 570 — шер, чайра 571 — чайра 572 — чайра 573 — чайра 574 — чайра 575 — мор 576 — сангпушт 577 — сангпушт 578 — сангпушт 579 — сангпушт 580 — сангпушт 581 — муш 582 — муш 583 — муш, гурба 584 — муш 585 — қурбоқа, ғук 586 — оҳу 587 — думи асп 588 — наъли асп ва мехчаҳояш
Ҳазору як чистон — Сол ва фаслҳои он
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 9: Сол ва фаслҳои он. Чистонҳои 524–534. 524. Коштам, коштам як палак, Андохт дувоздаҳ ҳандалак. 525. Осмони гулдур-гулдур, Дувоздаҳ гулу ду булбул. 526. Дорад духтари нағзакак Дувоздаҳ кокули хушбӯяк. Духтар худаш кист? Кокули хушбӯяш чист? 527. Чист он лӯъбате, ки дорад чор шох дар сараш, Дар сари ҳар шохи ӯ се духтари симинбараш? Ҳар яке аз духтарон оғӯш карда си писар, Ҳар писар андар назар як рӯ сиёҳ, як рӯ қамар. 528. Аҷоиб як дарахте ҳаст дар ин боғ, Ки як тан дораду дувоздаҳ шох, Ки ҳар як шохи ӯ си барг дорад, Яке рӯи сафеду сиёҳ рӯи дигар дорад. 529. Аждаре дидам: чор шох андар сараш, Бар сари ҳар шохи ӯ се духтари афсунгараш. Бар сари ҳар духтаре пайваста дидам си писар, Си писар, ҷонон писар, ширин писар, хандон писар. 530. Як дарахти пур аз гул, Чор баргу сесаду шаст гул. 531. Дувоздаҳ мурғ, 52 кабк ва 365 ҷӯҷа Ҳамеша аз як тухм мебарояд. 532. Дар омаданаш ҳама шуд лолаву гулзор, Дар рафтанаш ҳама пур аз читу газвор. 533. Зоғе дидам сиёҳ монанди мидод¹, Аз вай мурғи сафед чун барф бизод. Ин турфа, ки дар он дам мурғи сафед Парвоз намуду байзаи заррин дод. 534. Офтобаки сари равзан, Гоҳ торику гоҳ равшан. --- ¹ Мидод — қалами сиёҳ. --- Ҷавобҳо 524 — сол ва дувоздаҳ моҳ 525 — офтоб, моҳтоб ва фаслҳои сол 526 — моҳтоб ва дувоздаҳ моҳ 527 — фаслҳои сол, рӯзҳои моҳ ва шабу рӯз 528 — сол, моҳ, рӯзҳои моҳ, шаб ва рӯз 529 — сол, моҳ ва рӯзҳои моҳ 530 — сол, фасл ва рӯзҳои сол 531 — фасли сол ва рӯзҳои он 532 — баҳор ва тирамоҳ 533 — шаб, рӯз ва офтоб 534 — моҳ
Ҳазору як чистон — Табиат ва ҳодисаҳои он
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 8: Табиат ва ҳодисаҳои он. Чистонҳои 445–523. 445. Аз кӯҳ баланд, Аз ҷорӯб паст. 446. Аз алаф паст, Аз кӯҳ баланд. 447. Арғамчини дароз, На бурӣ, на тоб кунӣ. 448. Саллаи дарози бобим¹ Бе тобу печ аст доим. 449. Ман давам, ӯ медавад, Ман истам, ӯ менусад. 450. Об занам, нам нагирад, Шамшер занам, қалам нагирад. 451. Ба об дарояд, тар нашавад, Ба лой дарояд, нам нашавад. 452. Дарё равад, тар намешавад, Ба ҷар афтад, ҷар намешавад. Ба ҳама чиз шарик бувад, Ба об афтад, тар намешавад. 453. Аҷоиб ҳолате дидам дар ин дашт, Ки ҷондор ҳамроҳи беҷон мегашт. 454. Сараш яку пояш ду, Меравад пеш-пеши ту. 455. Аз бом намеафтад, Дар оташ намесӯзад. 456. Болои бом «шилапазон»². 457. Худаш дар осмон, Пояш дар замин. 458. Уштури гарданбаланд Сӯи ҳаво меравад. Бағалаш танга-тилло, Гушна чаро меравад? 459. Аз ин дара овоз омад, Аз он дара овоз омад, Рӯбоҳи думдароз омад, Бо сад фиғон дартоз омад. 460. Аз дур омад хаш-хаш, Чаккаҳояш таги каш. 461. Ай дур омад хаш-хаш, Чучикош³ дар таги каш. 462. Аз ин ҷо то Мадина Тинг-тинги дона-дона. 463. Шир-шири ширак, Дандонҳои тирак. 464. Меравад-меравад, Ба ақибаш нигоҳ намекунад. 465. Ар-ари дароз соя надорад. 466. Як мардаки хушсафар Меравад ба ҳар хатар. 467. Банди дарози дилрабо Меравад гирди дунё. 468. Ҳама вақт дар сафар аст, Фикри қафо надорад. 469. Сафедор ар-ар, На реша дорад, на барг, На соя дорад, на самар. 470. Сандуқчаи зулбиё, Худбандаку худкушо. 471. Пирамарди боҳунар Бе арраю бе табар Месозад кӯпрук. 472. Сандуқчаи зарбандӣ, Худкушою худбандӣ. 473. Сандуқчаи зар бастамам, Дарунаш шакар бастамам. Ҳай-ҳай, дилакам мерад, Мирзои Самарқандӣ. 474. Ҳасан имрӯз сафар кард, Сад қишлоқа хабар кард. 475. Алнакбар сафар кард, Сад дараро хабар кард. 476. Аспи сиёҳи кашқарӣ, Такя кунам, мешиканӣ. Такяи мо амал дорад, Ҷумла ҷаҳон хабар кунад. 477. Шиғак-шиғак лашкарӣ, Такя кунам, мешиканӣ. Такяи мо амал дорад, Аз ҳама ҷо хабар дорад. 478. Аҷоиб гунбазе дидам, Бувад он гунбази бедар, Вале девори он бошад Зи пӯсти тухм нозуктар. 479. Пешам омад мурдаранг, Аз дур дидам пирпаланг. 480. Чор чилик, чормон чилик, Осмон ғуррид, замин дарид. 481. Хари Ҳасан ҳанг зад, Нӯҳ олама хабар кард. 482. Бе даст тақар-туқур мекунад, Бе алов дармегирад. 483. Чист он лӯъбате, ки ҷонаш нест, Хандаҳо мекунад, лабонаш нест? Гиряҳо мекунад, надорад чашм, Нолаҳо мекунад, даҳонаш нест. 484. Мепараду параш не, Мешинаду пояш не. 485. Аз осмон афтад, намешиканад, Аз дарахт афтад, мешиканад. 486. Дар сари санги сафед Яку бобои мӯйсафед, Дар дасташ асои бед. 487. Аз хеш-хешат бинам, Дуру дарвешат бинам, Аз об бобои мӯйсафед, Аз ҳама пешат бинам. 488. Дар тори бед Тухми сафед. 489. Лайлак ба ҳаво парид, Афтоду танаш дарид. 490. Аз дур омад хаш-хаш, Шохи дарахта бишкаст. 491. Мегардаду медавад, Ба ҳеҷ ҷой намеистад. 492. Дасту по надорад, Ҳамаро меҷунбонад. 493. Тапу тап менамояд, Марди бад менамояд, Бе ман дар мекушояд. 494. Тап-тапи тап менамояд, Одами бад менамояд. Таги дар ҷорӯб мондам, Канӣ, чӣ тавр мекушояд? 495. Гилеми заррин, Бораш вазнин. 496. Гунбазе дидам, ки дорад шохҳои бешумор, Андар он гунбаз бидидам се баҳои беканор. Боз бистои дигар аз он, сета хурдтар аст, Панҷаҳои бешумори ӯ зи ҳад афзунтар аст. 497. Зар гилем, заррин гилем, Аз ҳар чӣ вазнинтар гилем. 498. Табақча пури анор, Мард бошӣ, бубардор. 499. Чист он лӯъбате, ки бебок аст, Рафтани ӯ ба сӯи афлок аст? Хӯрдани ӯ гиёҳу ҳар киро ҳазар аст, Суфтани ӯ зи аҳмари пок аст. 500. Қади бобом як ваҷаб, Ришашон сад ваҷаб. 501. Бобом дар таҳхона, Ришаш дар болохона. 502. Очааш як газ, Бачааш чил газ. 503. Гови сурх шиками гови сиёҳа мелеса. 504. Оташак мезад андар шар-шара, Токнаш пӯлоду думаш қар-қара. 505. Сурхи сурхон қиёмат, Даҳансиёҳ баромад, Тар рафту хушк омад. 506. Сари кӯҳу миёни осмон Об мепошад як паҳлавон. 507. Аз дур дидам чӣ масте, Шохчаи гул ба дасте, Роҳ гирифт ба осмон, Миёнакаш шикасте. 508. Лаб-лаби пориса⁴ лаб мелеса. 509. Як порча абри сиёҳ Равон шавад ба ҳаво. 510. Уштури гардандароз Меравад дуру дароз. 511. Даҳон надорад, тап мезанад, Пой надорад, роҳ мегардад. 512. Заминшинак кун надорад, Роҳгардак по надорад, Харҷопарак пар надорад, Ҷингиласарак мӯ надорад. 513. Сафедиаш шир барин, Кабудиаш нил барин, Нишастанаш мир барин, Роҳ меравад тир барин. 514. Мепараду бол надорад, Мегардаду по надорад, Ҷингиласарак мӯ надорад. 515. Бобом ба комаш чоҳ меканад. 516. Корд кунд намешавад, Табақ пур намешавад. 517. Сандуқи Сулаймонӣ Дар дашту биёбонӣ. 518. Ҳуҷраи торик дар надорад. 519. Сандуқчаи хил-хилӣ, На дар дорад, на калид. 520. Чист гунбази амонӣ Дар дашту биёбонӣ? 521. Модараш каҷу килеб, Падараш йӯргакуюн, Духтараш бознигарон, Писараш қуръонхон. 522. Ширинии рӯи дунё чӣ? Талхии рӯи дунё чӣ? Кабудии рӯи дунё чӣ? Паррандаи рӯи дунё чӣ? 523. Он чист, ки сар то сари ӯ ҷумла забон аст? Он чист, ки шаб то ба саҳар ҷумла фиғон аст? Он чист, ки бе дасту сару пой равон аст? Он чист, ки андар шикамаш халқ ниҳон аст? --- ¹ Бобим — бобом. ² Шила — шавла. ³ Чучик — ҳезум, хасу хошок. ⁴ Лаб-лаби пориса — лаб-лаби бом. --- Ҷавобҳо 445 — роҳ 446 — роҳ 447 — роҳ 448 — роҳ 449 — сой 450 — сой 451 — сой 452 — сой 453 — сой 454 — сой 455 — сой 456 — борон 457 — тиру камон 458 — тиру камон 459 — сел 460 — сел 461 — сой 462 — жола 463 — жола 464 — дарё 465 — дарё-роҳ 466 — дарё 467 — роҳ 468 — дарё 469 — роҳ, дарё 470 — ях 471 — ях 472 — ях 473 — ях 474 — зилзила 475 — зилзила 476 — зилзила 477 — зилзила 478 — ҳубоб 479 — туман 480 — раъду барқ 481 — раъду барқ 482 — тундару чароғак 483 — раъду барқ 484 — абр-барф 485 — барф 486 — барф 487 — барф 488 — барф 489 — барф 490 — шамол, барф 491 — шамол 492 — шамол 493 — шамол 494 — шамол 495 — замин 496 — курраи замин 497 — замин 498 — лахчаи оташ 499 — оташу дуд 500 — оташу дуд 501 — оташу дуд 502 — оташу дуд 503 — оташу дуд 504 — раъду барқ 505 — оташ 506 — абр 507 — абр, оташу дуд 508 — шамол 509 — дуд 510 — абр, дуд 511 — абр ва раъду барқ 512 — абр, дуд 513 — абр 514 — абр, барф 515 — чакак 516 — гӯристон 517 — гӯристон 518 — қабр 519 — қабр 520 — қабр 521 — дарё, мавҷи об, моҳӣ ва ғук 522 — ҳаёт, марг, фарзанд, ғам ва шодӣ 523 — обу оташ ва хоку бод
Ҳазору як чистон — Ҷисмҳои осмонӣ
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 7: Ҷисмҳои осмонӣ. Чистонҳои 406–444. 406. Шаҳе дидам, ки ҳафт кишвар дорад, Сесад ҳараму ду моҳи анвар дорад. 407. Як чодари зангорӣ, Шабҳо пуру рӯз холӣ. 408. Гилеми ранга-ранга, Дарунаш пури танга. 409. Гилеми калон дорем, Шипонда наметонем, Пули бисёре дорем, Шумурда наметонем. 410. Латти кабудак, Пури нахӯдак. 411. Чодари кабуд Пур аз нахӯд. 412. Аз ин ҷо то Ҳисор Як чодари лолазор. 413. Намади додома Бардошта наметонем, Пулҳои додома Шумурда наметонем. 414. Саҳрои васеъ дорем, Тай карда наметонем. Гӯсфанди бисёр дорем, Шумурда наметонем. 415. Дарахти калони чанбул, Сад барг дорад, ду гул. 416. Як дарахти лолагун, Сад шох дорад, дуто гул. 417. Чияки чиякон, аковнишон, Зоғи сиёҳ, кафтари дав-давон. 418. Рӯймоли кабуд, Дарунаш пури қурут. 419. Аспро бастанд дар мазор, Ёлу думаш сад ҳазор. 420. Як бом арзан, Саҳар хестам — ҳеҷ чиз не. 421. Як замини хою хуй, Якта баргу садта гул. 422. Дар баландӣ — баланд, Дар сахтӣ — сахт, Дар давандӣ — даванд, Дар кабудӣ — кабуд. 423. Таг тағора, боло нағора, Сад гули чечак, як гули лола. 424. Аз ин ҷо то Ҳисор Ҷуфту тоқ лолазор. 425. Шаб пур бошаду нур резад, Рӯз, ки шуд, боз бигрезад. 426. Аз дур дидам йилик-йилик, Пешаш рафтам — қулфу калид. 427. Таги тағора, сутун манора, Як гули ҳолмон, сад гули лола. 428. Дар шаби тор нисфи фатир, Атрофаш арзанистон. 429. Ҳар рӯз мезояд, Боз ҳамон духтар. 430. Зар малаҳ, зарпо малаҳ, Аз кӯҳ парад, кунду караҳ. 431. Аз ҳама чиз равшан, Бе ӯ набувад гулшан. 432. Бузи зарди зарнигор Паси кӯҳи кулладор. 433. Шабраву рӯзбиё. 434. Аз кӯҳ баромад амири хаш-хаш, Сар то қадамаш ҷомаи мунаққаш. 435. Якта фатир, ҳама олам сер. 436. Рангзарди рӯи ҷаҳон, Гармияш бахти ҷаҳон. 437. Худаш калону соя надорад. 438. Чист он, ки ду асту се намешавад? 439. Аз кӯҳ мебароянд ду подшоҳ, Зилзилаи аксашон ҷаҳоноро. Доранд писарони далеру дилбар, Аз чеҳраашон ҷаҳон мунаввар. 440. Як падару як модар, Боқӣ ҳама бародар. 441. Якта нон лаби бом. 442. Он чист дар шаби тор Бар чашми мо намояд, Аз фазои беғубор Ба олам нур физояд? 443. Чист он подшоҳи ҳафт иқлим, Бо ҳазорон савор мегардад? Ногаҳон як савор пайдо шуд, Омада фавҷи шоҳ барҳам зад. 444. Офтобаки рӯи равзан, Гоҳ торику гоҳ равшан. --- Ҷавобҳо 406 — офтоб, сол ва рӯзҳои сол 407 — осмон ва ситораҳо 408 — осмон ва ситораҳо 409 — осмон ва ситораҳо 410 — осмон ва ситораҳо 411 — осмон ва ситораҳо 412 — осмон ва ситораҳо 413 — осмон ва ситораҳо 414 — осмон ва ситораҳо 415 — сол ва фаслҳои он 416 — офтоб, моҳ ва ситораҳо 417 — шаб, рӯз ва ситораҳо 418 — осмон ва ситораҳо 419 — осмон ва ситораҳо 420 — офтоб ва ситораҳо 421 — офтоб ва ситораҳо 422 — осмон, замин ва офтоб 423 — осмон, офтоб ва ситораҳо 424 — осмон ва ситораҳо 425 — осмон ва ситораҳо 426 — осмон ва ситораҳо 427 — осмон ва шуълаи моҳ 428 — моҳи нопурра ва ситораҳо 429 — моҳ 430 — тӯлуи офтоб 431 — офтоб 432 — офтоб 433 — офтоб 434 — офтоб ва шуълаи он 435 — офтоб 436 — офтоб 437 — офтоб 438 — офтоб ва моҳ 439 — офтоб, моҳ ва ситораҳо 440 — офтоб, моҳ ва ситораҳо 441 — офтоб 442 — моҳтоб 443 — моҳтоб, ситораҳо ва офтоб 444 — моҳи пурра ва нопурра
Ҳазору як чистон — Манзилгоҳ ва биноҳои ҷамъият
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 6: Манзилгоҳ ва биноҳои ҷамъият. Чистонҳои 361–405. 361. Тахт болои тахт, Нимтахт болои тахт. 362. Аҷоиб ҷонваре дидам, Ба пеши сина пар дорад. Ба пояш наъли пӯлодӣ, Даҳон болои сар дорад. 363. Сарпо омаду пӯстин ба сар кард, Чун ҳар-ҳанг заду гӯшҳоро кар кард. 364. Ноф дар ноф, Мех дар шикоф, Барф меборад Дар ҳавои соф. 365. Аз як дара об мерезад, Аз як дара барф мерезад. 366. Аз боло гир-гир омад, Ба монанди тир омад, Шашдандона бирақсад, Яке паҳлавон гардон шуд, Мардум ҳама хандон шуд. 367. Аспи сиёҳи мардум, На ёл дорад, на дум. Дар хонаи одамон На ҷав мондай, на гандум. 368. Сурхак мехӯрад, Сафедак мебарорад. 369. Об наомад, орд омад, Аспе, ки ба ҷанг омад, Овози куланг омад. 370. Хум-хуми рубоб омад, Аз сарҳад ба дав омад, Алмастӣ бизад акса, Қурбарзангӣ мерақсад. 371. Уқоби тезчанги мо На нӯл дорад, на дум. Об хӯрад зи дарё, Хӯроки ӯ зи гандум. 372. Шаб хоб наравад булбулак, Рӯз хоб наравад булбулак, Ором надорад булбулак. 373. Аҷоиб лӯъбате дидам, Даҳан болои сар дорад. Ба зери панҷааш пӯлод, Миёнаш шашта пар дорад. 374. Мурғи куланги бедум Ҳам об хӯрад, ҳам гандум. 375. Обаш додам фаровон, Сар додамаш ба майдон, Шодӣ карду бозӣ кард, Ҳама касро розӣ кард. 376. Фир-фир мекунад, Сафедак медиҳад. 377. Уштури куланги бедум На ҷав хӯрад, на гандум, Об хӯрад зи дарё, Нафъ диҳад ба мардум. 378. Мехӯрад дон ба умед, Мепошад барфи сафед. 379. Аждаҳое, ки хорпушт бувад, Ҳарфҳояш басе дурушт бувад, Мехӯрад рӯзии ҳама мардум, Даҳонаш дар миёни пушт бувад. 380. Чиғ-чиғи дар, Чиғмоли дар, Ҳавзи зулол, Бодоми тар. 381. Ғиж-ғиж дар, Ғижмоли дар, Ҳавзи кабуд, Мокуи тар. 382. Хар дар бор, бор дар хар, Сих дар дум, тоҷ дар сар. 383. Чиғи дар, чиғмоли дар, Ҳавзи калон, маскаи тар. 384. Пир-пирак боло меравад, Аз оқибаш шӯрбо меравад. 385. Чист он лӯъбате, ки ӯ нохуфта Шабу рӯз бувад машғули гуфта? Қатра-қатра об зи ӯ падид ояд, Ҳар киро давои ишкам бояд. 386. Чист он чисти молҳо чист? Сесад сутуну гардан сари кифт. 387. Он чист, ки дар биёбон маскан дорад, Сесад суруку¹ даҳ гардан дорад? 388. Хонаи торик, Ҷавони борик. 389. Яктааш «сарам» мегӯяд, Яктааш «дилам» мегӯяд. 390. Алиқалта Алидароза ҳуҷ мекунад, Алидароз Резурова ҳуҷ мекунад, Резуров хасу хошок ҳуҷ мекунад. 391. Чилта муллобача дар як тагсарӣ сар мемонанд. 392. Хар дар дарун, Гӯшакош дар берун. 393. Ҳамеша бо меҳмон Сад дуздбача, ҳафт дузди калон. 394. Ду тагсарии сахти маҳкам, Ба рӯи он чил сар ҳам. 395. Дар як тагсарӣ чил сар, Дар болои чил сар бори сад хар. 396. Сад сатилу сад шона, Сад сандалию паймона, Ин қадар ғалоғулӣ, Мисли каси девона. 397. Боло нам, поён нам, Миёна мардуми олам. 398. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дашт, Сараш дар об, думболаш дар оташ, Ба як дам мекашад сад одамиро, Барояд ҳар яке з-он хубу зебо. 399. Сатил-сатил об равон Аз болои одамон, Овози ғалоғула, Ҷаранг-ҷурунг фаровон. 400. Деги чоргӯша Дар ҳама ҷо меҷӯша. 401. Оспун-респун, Абдуллои беустухон. 402. Не дар замин, не дар осмон, Болошда мебарой, гаҳворачунбон. 403. Аҷоиб лӯъбате хушкор бошад, На дар хобу на дар бедор бошад, На ӯро кас харад, на кас фурӯшад, Ҳамеша дар сараш бозор бошад. 404. Субҳ дамид, боғ ки пурмева шуд, Шайх мурду чор занаш бева шуд. 405. Ях болишти баланд, Гирдаш нуқрабанд, Ҳай-ҳай, Мирзоҷон, Тоқии Самарқанд. --- ¹ Сурук — рамаи калон. --- Ҷавобҳо 361 — панҷаи даст 362 — осиёб 363 — ҷувоз 364 — осиёб 365 — осиёб 366 — осиёб 367 — осиёб 368 — осиёб, ғалла ва орд 369 — дастгоҳ, осиёби дастӣ 370 — осиёб 371 — осиёб 372 — осиёб 373 — осиёб 374 — осиёб 375 — осиёб 376 — осиёб 377 — осиёб 378 — осиёб 379 — осиёб 380 — ҷувоз 381 — ҷувоз 382 — ҷувоз 383 — ҷувоз 384 — ҷувоз 385 — ҷувоз 386 — хиргоҳи чӯпон 387 — хиргоҳи чӯпон 388 — сутун ва оғил 389 — рав ва сутун 390 — сутун, рав ва вассаҳо 391 — рав ва дастакҳо 392 — бом ва чигас 393 — васса ва болор 394 — болор ва вассаҳо 395 — рав, болор ва вассаҳо, хоки бом 396 — ҳаммом 397 — ҳаммом 398 — ҳаммом 399 — ҳаммом 400 — мактаб ва толибилмҳо 401 — кӯпруки ларзон, таҳворачупон 402 — кӯпруки сангин 403 — илм 404 — масҷид 405 — мадраса
Ҳазору як чистон — Одам ва узвҳои бадан
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 5: Одам ва узвҳои бадан. Чистонҳои 297–360. 297. Дег дар думба, думба дар дег, Дег об мешавад, думба не. 298. Пагоҳӣ чорпо, Пешинӣ дупо, Бегоҳӣ сепо. 299. На тоқати гармӣ, На тоқати сардӣ. 300. Саҳар хӯрдам якта нон, Нимрӯзӣ хӯрдам дута нон, Бегоҳӣ хӯрдам сета нон. 301. Ин тараф арра, он тараф арра, Дар миёна гӯшти барра. 302. Токча пури мехча. 303. Хурмача, пури садафча. 304. Чист он осиё, ки гардиши ӯ На зи об асту на зи гардиши бод? Санги зерини ӯ ҳамегардад, Кас чунин осиё надорад ёд. 305. Тобистон ях мекунад, Зимистон об мешавад. 306. Поин мебиёд, кор дорад, Боло меруд, бор дорад. 307. Сад бор мемолад, Аз бех мезанад. 308. Химчаи тарак Лаб-лаби ҷарак. 309. Аз дур дидам, ба нур дидам, Як гунбази пурнур дидам. 310. Ҳама чизро мебинад, Ҳамдигарро намебинад. 311. Ду бародар ҳамдигарро намешиносанд. 312. Як ҷуфт кабӯтари алоянд, Ҷуфтанд, аз ҳамдигар ҷудоянд. Парвоз кунанд рӯи дунё, Аз хонаашон бурун наоянд. 313. Чилбури алобуло Мерасад ба ҳама ҷо. 314. Чист он хонаи равон ба дар, Ба даруни нишаста як духтар? Чун дароянд ба назди ӯ, пой наниҳад, Мебароянд ҳар яке аз як дар. 315. Токчаҳои рӯфтагӣ, Бибичаҳои шиштагӣ. 316. Ин тараф девор, Он тараф девор, Миёнаш пахтазор. 317. Сандуқчаи зарбандӣ, Худкушою худбандӣ. 318. Кушоӣ — кушода, Пӯшӣ — пӯшида. 319. Аз офтоба об рехт, Гӯё ки дар нов рехт. 320. Чист он гунбази мудаввар, Равзане дораду надорад дар? Андарунаш хазинаи лаъл аст, Ҳар яке лаъли ӯ ҳазор гуҳар. 321. Сандуқча — пури мехча. 322. Токча — пури ҷавҳарча. 323. Як ӯғурча — пури садафча. 324. Дар ҳуҷраи деҳқонон Сию ду тан паҳлавон. Металабӣ аз панҷ деҳқон, Мекунад пора-пора ангуштон. 325. Таг санг, боло санг, Боло себи Самарқанд, Боло оинаи равшан, Боло тахти Сулаймон, Боло бозори гӯсфанд. 326. Арра ба арра мехӯрад, Теша ба теша мехӯрад. Болои ӯ рӯғангарон, Болои ӯ дарёи Ғунд. 327. Таг санг, боло санг, Боло себи Самарқанд, Боло анори Тошканд, Боло ду оинаи равшан, Боло тахти равон аст, Боло бозори гӯсфанд. 328. Ҳаппая ба ҳаппа мон, Он тараф рӯғангарон, Он тараф рӯшангарон, Он тараф тиру камон, Он тараф тахти равон. 329. Хоб равам, хоб меравад, Аз ман ҷудо намешавад. 330. Ба ҳама чиз мечаспад. 331. Дар серӣ лоғар, Дар гуруснагӣ кофар. 332. Даруни косаи чинӣ Дарёи Аму бинӣ. 333. То аз дасташ нагирӣ, намеравад. 334. Моҳӣ даруни парда Гардан дароз мекард. Бе обу бе таҳорат Чандин намоз мекард. 335. Як кавза хасак Дар тори катак. 336. Дар нӯги кашак Як қабза намад. 337. Мемолӣ — ҳаст, мебинӣ — нест. 338. Нӯҳ моҳ дар зиндон, Ду сол дар банд, Хӯрокаш рӯзе лахчак. 339. Тофтем, тофтем, Паси кӯҳ партофтем. 340. Нимча гӯшти мазор, Рагу пай дорад ҳазор. Ҳама хӯрда аз ҳамон, Нӯлакаш лум-луми лум. 341. Як шуф дорам, дуто номаш, Ишкам ба мақом дорад. Чил ҷӯрӣ, чил ғулом дорад. 342. Ду бародари доимо Равона дар ҳар куҷо, Яке аз пеш, яке аз қафо, Ҳамроҳ мегарданд баҷо. 343. Чист он, ки мил надорад, Вале чун соат тик-тик мекунад? 344. Яхак лаби ҷар. 345. Аз кӯҳ баромад ду ғалча, Мезанам парча-парча. 346. Аз дур сел омад, Панҷ ҷавонмард аз пеш омад. 347. Яхманак¹ лаб-лаби ҷар. 348. Аз боло омад ду кас, Гирифта партофт панҷ кас. 349. Ин тараф тангкӯча, Он тараф тангкӯча, Миёнаш гурбача. 350. Аз ду дара сел омад, Панҷ мор аз пеш омад. 351. Аз ду дара сел омад, Панҷ муллобача пеш омад. 352. Ҳуҷра ба зар харидем, Даста ба дил газидем, Ҳарчанд ҷафо кашидем, Ҳаргиз вафо надидем. 353. Дар болои ду теппа як теппа, Дар болои як теппа панҷ теппа. 354. Аҷоиб ҷонваре дидам дар ин дашт, Ба ҷон дую ба тан сею ба по ҳашт. 355. Аҷоиб аждаре дидам дар ин дашт, Танаш панҷу сараш панҷу нафас чор. Ба ҳашт по меравад, даҳ даст дорад, Ду пои дигаре болои сар бор. 356. Чилдир мекунад писта, Шилдир мекунад писта, Дар маҷлиси ошиқон Гулдур мекунад писта. 357. Даҳ ангушт ба саломи чор ангушт меравад. 358. Як суфача, панҷ бибича. 359. Таҳум суфача, Торум суфача, Дар тораки суфача Шиштай панҷ бибича. 360. Чист он, ки панҷ сар дорад, Сараш мурдаю танаш зинда бувад? Панҷ сар чун фурӯ раванд ба шикам, Ҳамчу гурзи гарон бармолад². --- ¹ Яхманак — як намуди меваи худрӯи кӯҳӣ. ² Бармолидан — зер кардан, пахш намудан. --- Ҷавобҳо 297 — одам 298 — одам 299 — одам 300 — одам 301 — дандонҳо ва забон 302 — дандонҳо 303 — дандонҳо ва забон 304 — осиёби дастӣ, дастсоз 305 — ҳавлаи даҳон 306 — мижа ва милки чашм 307 — чашм 308 — мижгон 309 — чашм 310 — чашм 311 — чашм 312 — чашм 313 — чашм 314 — чашму абрӯ 315 — лабу дандонҳо 316 — даҳон 317 — даҳон 318 — даҳон 319 — даҳон 320 — даҳон 321 — даҳон ва дандон 322 — даҳон ва дандон 323 — даҳон ва дандон 324 — даҳон ва дандон 325 — дандон, лабу абрӯ, мӯй 326 — даҳон, бинӣ, дандон 327 — сар, даҳон, бинӣ, дандон 328 — мағзи сар 329 — соя 330 — ном 331 — ишкам 332 — мағзи сар 333 — тифл 334 — оби бинӣ 335 — риш 336 — риш 337 — бинӣ 338 — кӯдак 339 — кокул 340 — пистони модар 341 — кокул 342 — пой 343 — дил 344 — оби бинӣ 345 — оби бинӣ 346 — бинӣ 347 — бинӣ 348 — бинӣ ва панҷа 349 — бинӣ ва даст 350 — бинӣ ва даст 351 — оби бинӣ 352 — даст ва хино 353 — ду пой, тан, чашму абрӯ, дасту сар 354 — одам ва ҷуфти гов 355 — мурда, тобут ва одамон 356 — чак-чаки кампирон 357 — даст ва панҷаҳо 358 — даст ва панҷаҳо 359 — даст ва панҷаҳо 360 — дасту панҷаҳо
Ҳазору як чистон — Пӯшокворӣ
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 4: Пӯшокворӣ. Чистонҳои 268–296. 268. Чоҳ то зону. 269. Аҷоиб лӯъбате дидам, Ба қадаш ҷома буридам, Ба сумаш наъли пӯлодӣ, Даҳан аз фарқи сар дидам. 270. Рӯз пӯшидагӣ, Шаб кушодагӣ. 271. То зону ду чоҳ, Мегарданд ҳамроҳ. 272. Рӯз пур, шаб холӣ. 273. Аз ду лабаш гирифтам, Ба миёнаш задам. 274. То накашӣ аз ду гӯшаш, Ду лабаш намедарояд. 275. Аз ин ҷо то Дарвоз Даҳонаш воз. 276. Меравад рӯ-рӯи ях, Мекунад шарах-парах. 277. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дор, Зи рӯз то бегоҳ лой мекӯбад сад бор. 278. Се по дорад, Рӯ ба боло дорад. 279. Рӯз ҳалак-ҳалак, Шаб даҳан ялак. 280. Як хонаи чапида, Ӯро ҳама харида. 281. То аз гӯшаш накашӣ, намебарорад. 282. Рӯз мегардад, мегардад, Шаб даҳанвоз хоб меравад. 283. Чистон аз лабуш бигир, бифурӯш он. 284. Рӯз мегардад, шаб қарор ай. 285. Ба кӯча мебарояд он, Агарчи лой ё борон, Вале хушкӣ агар бошад, Ҳамеша хонашин аст он. 286. Аз одам баланд, аз мурғ паст. 287. Ҳама вақт дар боло, Ду шиштан, ду хестан. 288. Худаш якта, сараш дута. 289. Он чӣ чиз аст, ки ду даҳон дорад, Лек гап зада наметавонад? 290. Шилтик-шилтик, Кунҷак ҷо-ҷо¹. 291. Хурӯсаки пешпаҳн, Ҷӯҷаики ҳафтранг. 292. Худаш якта, думаш дута. 293. Сараш як, худаш ду, Даромад дар тани ту. 294. Шаб ҷӯрӣ, рӯз бибӣ. 295. Рӯз болою шаб поин. 296. Аз дур дидам моҳе, Ба дил кашидам оҳе. Пештар рафта бубинам, Як парчаи сиёҳе. --- ¹ Ҷо-ҷо — пинҳон. --- Ҷавобҳо 268 — мӯза 269 — мӯза 270 — мӯза 271 — мӯза 272 — мӯза ва махсӣ 273 — мӯза ва махсӣ 274 — мӯза ва махсӣ 275 — кафш 276 — кафши чӯбин 277 — кафши чӯбин 278 — кафши чӯбин 279 — кафши чӯбин 280 — пилла 281 — чорук 282 — пойафзол 283 — мукӣ 284 — калӯш 285 — тоқӣ 286 — лӯлаболишт 287 — лӯлаболишт 288 — адрас 289 — дастмол 290 — фарангӣ 291 — зор 292 — зор 293 — кӯрпа 294 — кӯрпа 295 — чашмбанд 296 — мӯза ва пой
Ҳазору як чистон — Хӯрокворӣ
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 3: Хӯрокворӣ. Чистонҳои 213–267. 213. Тар мезанӣ, Хушк меканӣ. 214. Сафедак медарояд, Сурхак мебарояд. 215. Яктагию яктагӣ, Ба худаш часпидагӣ. 216. Буз дар камар, Гург дар қабу¹. 217. Даҳонаш сиёҳ аломат, Дарунаш сурх қиёмат, Тар задам, хушк баромад, Хандон кӯдак омад. 218. Чули чулон, нул овезон. 219. Марди кука дар ҷар кашолай. 220. Таг — санг, рӯ — санг, Миёна — ҳакови² тезчанг. 221. Таг ландӣ, боло ландӣ, Пур қошуқ, табақ қандӣ. 222. Ларзида медароҳ, Чакида мебароҳ. 223. Зар варақ, зевар варақ, Рӯ-рӯи об вар-вар варақ. 224. Аз ҷӯй парид, Пӯсташ дарид. 225. Шаш сихи оҳанинӣ, Миёнаш равғанинӣ. 226. Гӯши боборо тофтам, Миёни ҳавз партофтам. 227. Гӯшакашро тоб деҳ, Ба даруни об неҳ. 228. Сандуқчаи заррин, Бо лаззату ширин. Ҳам дилкашу ҳам гармак, Гӯшҳое дорад нармак. 229. Тапо-тапо, тапӣ, Гӯшташ гирифта хулпӣ. Онро рӯи табақ неҳ, Лаби ҳавз бар сар деҳ. 230. Дарахти ҳаллак кардагӣ, Суфра ба сар кашидагӣ. 231. Таг табақу рӯй табақ, Миёна фатири бенамак. 232. Таҳ-таҳи ов буз мекаша, Рӯ-рӯи ов ғаша-ғаша³. 233. Чодари андумандам, Ба кордҳо бурандам, Ба найзаҳо хӯрандам. 234. Рӯи ҳавз як банд пахол. 235. Даруни дайро Як порча бӯйро. 236. Гилеми ғаша-ғаша Рӯ-рӯи об буз мекаша. 237. Духтари кокулдароз Меравад дуру дароз. 238. Дукур-дукур дурайно, Чумча катӣ — хӯрайно. 239. Ҳай кардем, ҳай кардем, Ба калтак ҳам кардем. 240. Токчаи рӯфта, Моҳи хорафта. 241. Чизӣ дар чизмоли дар, Ҳавзи калон, маскаи тар. 242. Кабуд меандозем, Зард мекашем. 243. Аз кӯҳ баромад ғалча, Ба як ғалча чил чумча, Ба чил чумча чил нахӯд, Чил нахӯдро як кас хӯрд. 244. Бибии сафеди болаззат, Чорта надодӣ аз ҷаззат, Муште занам ба хирманат, Фардо, ки хирманат пазад. 245. Зараш зардолу, Сафедаш шафтолу, Валлоҳ, ки на зардолу, Биллоҳ, ки на шафтолу. 246. Дар як шиша ду ранг об. 247. Қаландаргулоб чӣ бошад? Самандаргулоб чӣ бошад? Оташ расад, ях кунад, Ӯро ҷавоб чӣ бошад? 248. Дар алов монӣ, ях мекунад, Дар соя монӣ, об мешавад. 249. Зард асту зардолу нест, Сафед асту шафтолу нест. 250. Чоряк гӯшту чоряк намак, Шӯрбош шӯру гӯшташ бенамак. 251. Як хумча ду хел равған дорад. 252. Косаи чинӣ, обаш дурангӣ. 253. Моеъ асту об нест, Сафед асту барф нест. 254. Об дар об чӣ бошад? Ҳавзи гулоб чӣ бошад? Оташ расад, ях кунад, Ҷавоби он чӣ бошад? 255. Аҷоиб як шиша, ки дорад ду хел об, Надорад вай ба гармию хунук тоб, Кунад ях ҳам зи сармои зимистон, Ҳам аз гармии оташҳои сӯзон. 256. Он чист, ки ҳар касе писандад, Ҳар лоларухе, ки дид ӯро, Лабро бикушояду бихандад? Оташ чу расид, ях бубандад. 257. Офтоби зарри зарнигор Дар паси кӯҳи парвардигор. 258. Зар малаҳ, зарпо малаҳ, Аз кӯҳ парид, кунда карах. 259. Сандуқчаи зарбандӣ, Болошба шакарбандӣ, Ҳай-ҳай, дилам месӯзад, Мирзои Самарқандӣ. 260. Зар малаҳ, зардоб малаҳ, Рӯ-рӯи об чарах-парах. 261. Зар варақ, заррин варақ, Дар рӯи ях варақ-варақ. 262. Санги сафед лӯнда аст, Гар ба об молиш диҳӣ, Шири сафед медодаст. 263. Сурхак медарояд, Сафедак мебарояд. 264. Тез-тез бар, хушк мешавад. 265. Сурхи ман дар сӯрох. 266. Зард аст, на зардолу, Сурх аст, на шафтолу, Чорбоғи ҳалимон аст, Хӯрдани ҳакимон аст. 267. Шиғи тар, Шиғмоли тар, Ҳавзи гулоб, Арзони зар. --- ¹ Қабу кардан — пойида истодан. ² Ҳаков — уқоб. ³ Ғаша — дарида. --- Ҷавобҳо 213 — химча ва сабат 214 — нон 215 — нон 216 — нон 217 — нон, танӯр ва кайбону 218 — танӯр ва нон 219 — танӯр ва кулча 220 — фатир 221 — фатирмаска 222 — фатирмаска 223 — чалпак 224 — думбаи гӯсфанд 225 — сих-кабоб 226 — тушбера 227 — тушбера 228 — тушбера 229 — тушбера 230 — тушбера 231 — сумалак 232 — оши угро-бурида 233 — оши туппа 234 — оши бурида 235 — оши угро 236 — оши туппа 237 — оши туппа 238 — оши угро 239 — кочӣ-атола 240 — ҷурғот 241 — равғанҷӯшӣ 242 — чойи кабуд 243 — палав 244 — равғани думба ва палав 245 — тухм 246 — тухм 247 — тухм 248 — тухм 249 — тухм 250 — тухм 251 — тухм 252 — тухм 253 — тухм 254 — тухм 255 — тухм 256 — оина 257 — равғани зард 258 — равғани зард 259 — набот 260 — қурутоб 261 — қурутоб 262 — қурут 263 — гандум ва орд 264 — ҳанбаи орд ва даст 265 — ҷаза 266 — заъфар 267 — ширу ҷурғот, маскаю дуғ
Ҳазору як чистон — Асбоб ва анҷоми рӯзгор
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 2: Асбоб ва анҷоми рӯзгор. Чистонҳои 67–212. 67. Аҷоиб сурате дидам, Миёни пушт дум дорад. Аҷоибтар аз он бошад, Ки шаш пою ду сум дорад. 68. Шаш по дорад, ду сумб, Дар миёни пушташ думб. 69. Алӣ пеш-пеш, Валӣ аз дум, Шашто пою як дум. 70. Шаш по дорад, ду шикам. 71. Шаш пой дорад, ду сум, Болои сараш дум. 72. Аҷоиб лӯъбате дидам, Ки шаш пою ду сум дорад, Ду кифт болои сар дидам, Миёни пушт дум дорад. 73. Шашта пояш, Якта танаш, Дуто шикамаш. 74. Рӯз интизор, Шабҳо холӣ, Хунобахӯр, Меҳмоннавоз. 75. Бобоҳаки ришсафед Меравад бар-бари бед, Мемонад пайи сафед. 76. Ду шиштан, ду хестан. 77. Танаш чӯб, шикамаш рӯда, Сараш латта, хӯрокаш санг. 78. Пушташ чӯб, шикамаш рӯда, Нофаш латта, хӯрокаш санг. 79. Долони дарози мулло Боқир, Ғур-ғур мекунад то таги охир. 80. Чизе бувад, ду ном дорад, Ҳам хору ҳам ғулом дорад, Заргарбачаи ҷомагулгун Дар пешакаш мақом дорад. 81. Чист он лӯъбате, ки чун гардад, Ҳаст доманкашаш зи ҳад афзун? Кокуле чанд дар миён дорад, Бошад ӯро аҷаб асо ба дарун. Ӯст қоил ба кокулу ба асо, Ҳар касе ёфт, зи аҳли фунун. 82. Поин таҳхуна, Миёна меҳмонхуна. 83. Хонача, пури ходача. 84. Лик-ликон, Обаш чаккон. 85. Чист алғунҷаку малғунҷак, Мепартонш дар ҳар кунҷак? 86. Он чист, ки худаш намебинад, Ба дигарон роҳ нишон медиҳад? 87. Бе забону бинӣ, бе чашму гӯш Меравад якҷоя дар ҳар ҷой — чист? 88. Меравад-меравад, Танга барин ҷойро мегирад. 89. Қоматаш дар ростӣ монанди сарв, Нақши пои вай зиёд аз танга нест. Он чист, ки рӯз мегардад, мегардад, Шаб танга барин ҷойро гирифта хоб меравад? 90. Бузи ҳинг¹, Дарва² тринг³. 91. Чашмҳояш чу гардиши айнак, Чист минқори ӯ чу лаклак? Баъди хӯрдан ҳамекунад ҳақ-ҳақ, Ноф дорад зи пешу пас бешак. 92. Чист он, ки дар даҳонаш Ҳарчӣ афтад, реза-реза кунад? Ба ду чашмаш агар ниҳӣ ангушт, Корҳо аз сари ситеза кунад. 93. Чист минқори ӯст чун лаклак, Ҳар ду пояш бувад чу айнак. Нофи ӯ аз пас аст, ҳам аз пеш, Вақти хӯрдан ҳамекунад чақ-чақ. 94. Як ноз кунад, чист? Ду ноз кунад, чист? Лелак ба ишкоф барӣ, Лаб во кунад, чист? 95. Ду нӯг дорад, Дута ғилдирак, Дар миёнаш мех. 96. Ду нӯг, ду ҳалқача, Дар миёнаш тукмача. 97. Аз токча парид, Ҷомааш дарид. 98. Як ноз кунад курнӣ⁴, Ду ноз кунад курнӣ, Ангушт ба сӯрох барӣ, Лаб воз кунад курнӣ. 99. Як коз, ду коз, Ангушти ман дар думби коз, Даҳони коз шуд воз. 100. Ҳавои соф меборад. 101. Бобои шергир, Бағалаш пури фатир. 102. Чор пой дорад, рӯда надорад, Ҷасад дорад, ишкам надорад. 103. Вай чӣ хел мор, ки ду сар дорад, Аз ду сӯрохӣ сар бадар орад? 104. Дастам оҳан аст, Банди дастам оҳанӣ. 105. Хандон-хандон медарояд, Гирён-гирён мебарояд. 106. Ларзон-ларзон медарояд, Чаккон-чаккон мебарояд. 107. Оғили тангу торик, Ҷавони сабзу борик. 108. Худаш якта, Қабурғааш садта. 109. Амаки фарбеҳ Пӯсти гавс дораду бемӯ. 110. Як падару як модар, Боқимонда бародар. 111. Ин тараф тангкӯча, Он тараф тангкӯча, Миёнаш пури бача. 112. Як оча, чил бача, Аз боло то поча. 113. Мардаки кука⁵ ҷуфт мекунад. 114. Ғуломи миёнбаста лой мекӯбад. 115. Як шуф гуфтам дар номат, Лулу кардам дар қомат. 116. Шикамсери бесоя. 117. Оҳангарак, сӯзангарак, Дар рӯи ӯ бозингарак. 118. Тақар-туқур каҳрабо, Дар дарунаш маҳрабо. 119. Иру дара, уру дара, Дар миёна овози бара. 120. Хонаи якболора, На дар дорад, на тиреза. Ҳама хона бом дорад, Ин хона бом надорад. 121. Сафедоре, ки як пуд бор дорад, Худаш беҷону бораш ҷон дорад. 122. Дасти дарози ту сарсанг, Дамча шикофи таҳ маҳкам. Дарун ҷондор ва-ва, Пистон кашон ма-ма. 123. Чист он лӯъбате, ки бе сару дум, Чорпоест, лек ӯ бе сум? Оташеро кашад дар оғӯшаш, Чун бипӯшад ҷомаи бекум⁶? 124. Ғишт болои ғишт, Сиёҳпӯш омаду шишт, Думдароз омаду бурд. 125. Як куланг омаду рафт, Ду куланг омаду рафт, Сиёҳпӯш омаду шишт, Думдароз омаду лишт⁷. 126. Гови зард шиками гови сиёҳро мелесад. 127. Қизил-қизил қиёмат, Даҳансиёҳ баромад, Тар рафту хушк омад. 128. Дар миёнаи ҷар як бута кавар. 129. Чил ток, Чил ман ток, Чил ҳуҷра, Чил пешток. 130. Рафтаму аз дур дидам, Гунбази пурнур дидам, Сесаду шаст хол дидам, Дар дасти ҳар ёр дидам. 131. Чист он, ки як даҳон дорад, Ҷой дар дасти маҳвашон дорад? Тани ӯ ҳамчу хонаи занбӯр, Захмҳои синон ба ҷон дорад. 132. Он чист, ки як даҳан дорад, Баданаш ҳамчу хонаи занбӯр? Ӯ барои маҳвашон доим Мекунад хизмати аз ҳад зӯр. 133. Худаш якта, гӯшаш чорта. 134. Сиёҳпӯш аз асп фуромад, Бачагонаш пеш омад. 135. Дарун аҷаб қиёмат, Берун сиҳат-саломат. Тар занему хушк гирем, Аз он кунем мо роҳат. 136. Пагоҳӣ шап-шап, Нимрӯзӣ шап-шап, Бегоҳӣ як бор шап. 137. Рӯз шап-шап, Ай ними шаб як шап. 138. Гирдогирди чаҳ Чор намадча. 139. Ду по дорад, ду даст дорад, Тахтапушти деви маст дорад. 140. Як хонача, пури ходача. 141. Чорпоя хонача, Дарунаш пури гулғунча. 142. Болош бом, мулло имом. 143. Ҳама хоб, ини бедор. 144. Бобом на шаб мижа мезанад, на рӯз. 145. Ҷасад дорад, по надорад, Шикам дорад, рӯда надорад. 146. Чизе ёфтам зи дарё, Рангаш сурхи зарднамо. Гап занӣ, акс мекунад, Намедонам чӣ бошад. 147. Лӯъбате чист нағзу хокмизоҷ, Ки ба обест дар ҷаҳон хурсанд? Даст бар сар ниҳода пиндорӣ, Бар сари хеш мехӯрад савганд. 148. Ирӯ равам мезанӣ, Урӯ равам мезанӣ, Чиба мана мезанӣ? Гардакама мехӯрӣ? 149. То назанӣ, намедиҳад. 150. Ин сӯй равам, мезананд, Он сӯй равам, мезананд. Азобро ман мекашам, Тиккаро дигарон хӯранд. 151. Токӣ такам мезанед, Уштоки такам мезанед. Нони гирдро шумо хӯред, Мани асирро чӣ мезанед? 152. Аз осмони пастак Барфи зиёд меборад. 153. Бузак давида меравад, Шираш парида меравад. 154. Ин рӯ девор, он рӯ девор, Миёнаш кампири бемор. 155. Аз ин дарак ба он дарак, Меҳмонаки ғазандарак. 156. Оҳу ҷаста меравад, Шираш рехта меравад. 157. Худаш якта, чашмаш садта. 158. Латифи лучак, Поҳош дар кунҷак. 159. Ду пула харид кардам, Хонаро равшан кардам. 160. Дар як дара як мор, Дар сари мор нигор. 161. Шаб оиму рӯз ҷӯрӣ. 162. Вақ-вақи воқ-воқ аст, Сиёҳдарун лабчок аст. 163. Як мудаввар⁸ ҳавз дидам, оби равшан дар миён, Мурғи симинҳукка⁹ карда мори заррин дар даҳон. Мурғ бошад қути¹⁰ мору мор бошад қути мурғ, Мор агар беоб афтад, мурғ монад дар зиён. 164. Ҳавзи сангин, Оби рангин, Мори печон, Гули хандон. 165. Чист он доно ҳаким андар миёни новадон, Мори симинҳукка бошад, мурғи заррин дар даҳон? Об бошад қути мору мор бошад қути мурғ, Мор чун беоб монад, мурғ дармонад ба ҷон. 166. Аҷоиб сурате дар шом дидам, Агар гӯям, касе бовар надорад. Дарахте бар сарам як лава пуртоб, Дар он море, ки заррин ҳалқа дорад. 167. Даруни ҳавз обак, Даруни обак морак, Сари морак аловак. 168. Беваи зол тоҷи тилло дорад. 169. Тоҷ дар сар, Бор дар хар, Гул дар бар, Сиёҳ дар дум. 170. Гови зард дар сари девор мегардад. 171. Ар-ари дароз дар сараш гул дорад. 172. Зоғак зебо — зоғак, Чуҷамурғак алогурғак. 173. Як дарё, болош пури бӯрё. 174. Ғуломаки сиёҳаки мо, Хонабонаки мо. 175. Намечаккад, наметалаз, Ба земи намемонад. 176. Як порча сиёҳак, Ҳамеша дар пояк. 177. Устонорбой боло баромад, Тарошид, харошид, фуромад. 178. Чист он лӯъбате, ки арзон аст, Як сар асту ҳазор пай дорад? Ҳар кӣ меҳмон шавад дар хонаи ӯ, Хоки пояш ба дида бардорад. 179. Чист он ходими камарбаста, Як тан асту ҳазор сар дорад? Ҳар кӣ ӯро барад ба хонаи хеш, Хоки пояш ба дида бардорад. 180. Миёнаш бастагӣ, Берун хоб мекунад. 181. Ғуломаки миёнбаста Рӯ-рӯи ҳавлӣ ҷаста. 182. Соли дароз Миёнаш бастагӣ. 183. Пушти дар Химчаи тар. 184. Сартилтаки¹¹ миёнбаста. 185. Замин заранг аст, Зардолуранг аст. Ҳар кас наёбад, Шахси гаранг аст. 186. Аз думчааш мегирем, Пасту боло мебарем. 187. То аз думбуш¹² нагирӣ, Ба токча роҳ намеравад. 188. Чилдир мекунад писта, Шилдир мекунад писта. Роҳ рафтани ошиқон Тақлид мекунад писта. 189. Осмони ҳафтум Дар кафи дастум. 190. Аз дур дидам моҳро, Ба дил кашидам оҳро. Он турки сеҳрангезро, Зебо баландпарвозро. 191. Дасту по надорад, расм мекашад. 192. Он чист, ки ҷилваҳо карду шукуфт, Чун ханда задӣ, зи шарм рухро бинуҳуфт? Бе он ки ба умри хештан дам бизанад, Ҳар чиз, ки аз ту дид, филҳол бигуфт. 193. Тапутап менамояд, Марди бад менамояд, Бе ман чӣ тавр мекушояд? 194. Хонаи торик, Дудаки борик. 195. Боло — шикоф, Поён — шикоф, Миёна — обу алов. 196. Аз дур дидам, банур дидам, Як гунбази пурнур дидам. 197. Бобом ба комаш шох мехамбонад. 198. Мехи оҳанин, қапчуқи чӯпон. 199. Як ғулом дорум, Ҳезумкаши бекому даҳон дорум. 200. Аҷоиб лӯъбате дидам, Пой дораду панҷа не, Даҳан дораду сар не, Дандон дораду забон не. 201. Лабаш сиёҳ, дарунаш сурх, Тар мекунад, сурх мешавад. 202. Аз ин ҷо то Машҳад Риғи замина мекашад. 203. Рафтанаш сӯи ҳаво, Хӯрданаш боду ҳаво, Риштаас дар гарданаш, Нӯгаш ба дасти дилбаро. 204. Шер меканад, Рӯбоҳ мегузарад. 205. Алокунак, балокунак, Сиёҳкунак, думдарозкунак. 206. Аз асп баланд, Аз саг паст. 207. Задамаш зада шуд, Кашидамаш кашида шуд. Дутоаш кишол, Яктааш кайҳо¹³ шуд. 208. Як задаму ду кишол. 209. Якта задам, Дута кишол шуд. 210. Зани қоқӣ ба қоқӣ мекунад арғ, Чандто будани сухану якто будани фарқ. 211. Ин бар бед, он бар бед, Дар миёнаш тухми сафед. 212. Шалдар-шулдуронем, Зиннати гулрухонем. --- ¹ Ҳинг — хокистарранг. ² Дарва — ба пеши дар. ³ Тринг — хушёр, тайёр, ҳозир. ⁴ Курнӣ — зоғ. ⁵ Кука — ҷутур; марди кука — марди ҷутур. ⁶ Бекум — беостин. ⁷ Лишт — давидан. ⁸ Мудаввар — давра. ⁹ Симинҳукка — нуқрадаҳон. ¹⁰ Қут — хӯрок. ¹¹ Тилт — ҷулида, парешон. ¹² Думбуш — думаш. ¹³ Кайҳо — рост. --- Ҷавобҳо 67 — тарозу 68 — тарозу 69 — тарозу 70 — тарозу 71 — тарозу 72 — тарозу 73 — тарозу 74 — қапқон 75 — чӯткаи хонасафедкунӣ 76 — ғулак 77 — ғулак 78 — ғулак 79 — чилим ва тамоку 80 — чилик 81 — гӯгирд 82 — гӯгирд 83 — гӯгирд 84 — лиф 85 — лиф 86 — асо 87 — асо 88 — таёқ 89 — асо 90 — занҷир 91 — қайчӣ 92 — қайчӣ 93 — микроз 94 — микроз 95 — қайчӣ 96 — қайчӣ 97 — қайчӣ 98 — қайчӣ 99 — қайчӣ 100 — халтаи дӯр 101 — ноидон 102 — сандуқ 103 — зӯрбанд 104 — сатил 105 — сатил ва чоҳ 106 — сатил ва чоҳ 107 — гилоф 108 — сабат 109 — ҳум 110 — нардбон 111 — нардбон 112 — нардбон 113 — муҳпар-поипар 114 — муҳпар 115 — офтоба 116 — офтоба 117 — тағора 118 — болға 119 — гаҳвора ва кӯдак 120 — гаҳвора 121 — гаҳвора 122 — гаҳвора 123 — сандалӣ 124 — оташдон, дег ва кафлез 125 — оташдон, дег ва кафлез 126 — дегу алов 127 — оташ, дег ва оташдон 128 — гӯшвор-гӯшвора 129 — ангуштпона 130 — ангуштпона 131 — ангуштпона 132 — ангуштпона 133 — дег 134 — дег ва косаҳо 135 — дег ва косаҳо 136 — дари хона 137 — дари хона 138 — сандалӣ 139 — сандалӣ 140 — гӯгирд 141 — сандалӣ ва алов 142 — мурӣ 143 — мурӣ-равзан 144 — мурӣ-равзан 145 — кӯза 146 — кӯза 147 — кӯза 148 — элак 149 — элак 150 — элак 151 — элак 152 — элак 153 — элак ва орд 154 — элак ва орд 155 — элак ва орд 156 — элак ва орд 157 — ғалбер 158 — оташгирак 159 — шамъ 160 — шамъ 161 — чароғ 162 — чароғи лабчок 163 — чароғ, пилта ва равған 164 — чароғ, пилта ва равған 165 — чароғ 166 — чароғ 167 — чароғ 168 — чароғ 169 — чароғ 170 — чароғ 171 — чароғ 172 — чароғ 173 — деги об ва угро 174 — қулф 175 — қулф 176 — қулф 177 — теғ 178 — ҷорӯб 179 — ҷорӯб 180 — ҷорӯб 181 — ҷорӯб 182 — ҷорӯб 183 — ҷорӯб 184 — ҷорӯб 185 — ҷорӯб 186 — қошуқ 187 — ташноз 189 — оина 190 — оина 191 — оина 192 — оина 193 — калит 194 — самовор 195 — самовор 196 — самовор 197 — поку 198 — теғ 199 — теғ 200 — анбур 201 — танӯр 202 — зилзила, телефон 203 — бодбарак 204 — дарафш ва сӯзан 205 — ялогу, тоба 206 — зин 207 — зин ва язангу 208 — зин ва язангу 209 — зин ва язангу 210 — ангуштарин 211 — дук ва калоба 212 — оинахалта ва ҳамён
Ҳазору як чистон — Олот ва воситаи меҳнат
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 1: Олот ва воситаи меҳнат. Чистонҳои 1–66. 1. Осмон барояд — ялаққӣ, Замин фарояд — тараққӣ. 2. Аз дур дидам — ялақ-юлуқ, Пешаш рафтам — тарақ-туруқ. 3. Аз осмон меафтад, Заминро мегазад. 4. Чайрахаки аргуштӣ, Подакош чорангуштӣ. 5. Бед кашид, бед кашид, Аз реша сурху сафед кашид. 6. Бобом ба ғор даромад, Ғор ба фарёд омад. 7. Чор по дораду як сум, Дар тори саракаш — дум. 8. Қаландари чор дандон, Чарх мезанад дар майдон. 9. Бузи зарди бозингар, На дил дорад, на ҷигар. 10. Чор пой дорад, як дум, Дар байни думаш сутун. 11. Шоҳтолиби сармаст, Камари худ барбаст, Даромад дар ғор, Ҳарчӣ овард ба даст, Дод ба саркор. 12. Шататурӣ, фататурӣ, Сарӯш чӯрӣ, тағаш ғурӣ. 13. Бобоям дар Булғор, Меравад дар ғор, Мекунад ғул-ғул, Меорад файзи бисёр. 14. Чор чилик, чормон чилик, Осмон ғурад, тасмачилик. 15. Рангаш ранги осмон, Побандаш ресмон. 16. Ҷавони пастак Ҳама шиға бастак. 17. Рангаш ба ранги осмон, Рӯдаш аз пас овезон. 18. Обаша деҳ, тобаша деҳ, Ба сараш мон, тела бидеҳ. 19. Ин ҷавони қадпастак, Ишқи ҳамаро бастак. 20. Бузи ҳинги рӯдакашол. 21. Сар-сари ёла, Рӯдаш кашола. 22. Чист он лӯъбате, ки арзон аст, Аксари вақт лек урён аст? Хӯрда ангушти зулм дар паси худ, Рӯдааш аз пасаш намоён аст? 23. Ду мори сиёҳ олама тай мезанад, Барф мехӯрад, ҷоларо қай мекунад. 24. Сари кӯҳи белола, Як сӯ барф, як сӯ жола. 25. Дар як дара ду море, Ҳар ду қар-қар мекунад. Хирмани барф бихӯрда, Ҷоларо қай мекунад. 26. Ин чӣ кӯҳе дар майдон, Як сӯяш хирмани барф, Як сӯ ҷолаю борон. 27. Аҷоиб кӯҳе дидам дар майдон, Як тараф хирмани барфу Як тараф ҷолаборон. 28. Дар сардара ду мор қар-қар мекард, Барфро мехӯрд, ҷоларо қай мекард. 29. Сари кӯҳи бузғола, Ай як сӯ барф меборад, Ай як сӯи дигар ҷола. 30. Меруд, меруд ду лингаша Боло карда хоб меруд. 31. Меравад-меравад, линги худро Боло карда хоб меравад. 32. Пушт бар замин, пой дар ҳаво хоб меравад. 33. Очаш ба бачааш расида наметавонад. 34. Хурӯси маст фиғон дорад, Таноб гирди миён дорад. 35. Мегардад гирд-гирди бед, Мекунад тухми сафед. 36. Аспи сиёҳи бозингар, На дил дорад, на ҷигар. 37. Гирд-гирди бед Медавад мори сафед. 38. Қучқори масти бозингар, Не дил дорад, не ҷигар. 39. Чист он лӯъбате, ки ҷонаш не, Хандаҳо мекунад, даҳонаш не. Гӯши худро гирифта менолад, Шикамашро ба хок мемолад? 40. Чун осиёб гардиданаш, Чун аждаҳо ғурриданаш, Оҳанхӯру оташфишон, Мори сиёҳ бар гарданаш. 41. Ҳашт пою ду дум пеш-пеш, Ду пои дигар аз пушт, Дар мобайни зери реша Бузи кабуд мегардад. 42. Ҳашт по дорад, ду дум, Каҷчӯбак¹ пеш-пеш, Нонхӯрак аз дум. 43. Се моҳи тобистону се моҳи тирамоҳ Мехӯрад, сер намешавад. 44. Бузи ҳинги реша, Чизе мехӯра геша²? 45. Корд кунд намешавад, Танӯр пур намешавад. 46. Ай думш мекапӣ, пота дар гулӯш мемонӣ. 47. Дум дорад, гӯш надорад. 48. Дум дораду гӯш надорад, Ҳамаро мекафонад. 49. Ғакар-ғакар ду сар дорад, Овози кабки нар дорад. Ҳар кас чистонамро нагуфт, Албатта, дарди сар дорад. 50. Як чизест, ки дандон дорад, Лек чиз хӯрда наметавонад. 51. Чист он лӯъбати даридашикам, Ҳар чӣ ӯ мехӯрад дар ин олам? Аз сафар соате наосояд, Ҳама зи нафъи ӯ бурун ояд. 52. Гилдир мекунад писта, Чилдир мекунад писта, Раҳ рафтани ошиқон Шилдир мекунад писта. 53. Беҷон аз қафои ҷондор меравад. 54. Бузи кабуд таҳ-таҳи реша. 55. Маҳ таги каҳ. 56. Меравад зери замин, Пур мекунад рӯи замин. 57. Он чист, ки сурати пайкон бошад, Андар ҳаракат ба хок пинҳон бошад. Бе ӯ набувад низоми олам ҳаргиз, Сармояи халқ лек аз он бошад. 58. Он чист, ки сурати пайкон бошад, Дар рафтани худ ба хок пинҳон бошад. Бе ӯ набувад низоми олам ҳаргиз, Сармояи умри одам аз он бошад. 59. Таг-таги замин як маҳ мегардад. 60. Аз ин ҷо то Ҳисор Тоқа ҷуфти лолазор. 61. Осмони гулдур-гулдур, Чор найзаву ду айғур, Болораву хӯникаш, Таваки тилло таги каш. 62. Аз дур омад хаш-хаш, Найзаҳош пешу пас. 63. Аз девор мехамбад хаш-хаш, Таваки тилло таги каш. 64. Чист он лӯъбатаки шикамкӯҳна, Сари худ бар замин ҳамемолад? Гар ду пояш гирифта бардорӣ, Гӯши худро гирифта менолад. 65. Рӯзона кор мекунад, кор мекунад, Шабона лингаша гирифта хоб меруд. 66. Алахушту малахушт, Кокулҳош паси пушт, Овозҳояш маро кушт. --- ¹ Каҷчӯбак — тири савор. ² Геша — алаф. --- Ҷавобҳо 1 — қаланд 2 — қаланд 3 — қаланд 4 — чархчӯб 5 — чархчӯб, гуппӣ 6 — чархчӯб 7 — чархчӯб 8 — чархчӯб 9 — чархчӯб 10 — чархчӯб 11 — чархчӯб 12 — чархчӯб 13 — чарху чархчӯб 14 — чархчӯб 15 — сӯзан 16 — сӯзан 17 — сӯзан 18 — сӯзан 19 — сӯзан 20 — сӯзан ва ришта 21 — сӯзан ва ришта 22 — сӯзан ва ришта 23 — ҳаллоҷӣ 24 — ҳаллоҷӣ 25 — ҳаллоҷӣ 26 — ҳаллоҷӣ 27 — ҳаллоҷӣ 28 — ҳаллоҷӣ 29 — ҳаллоҷӣ 30 — аробаи дучарха 31 — палдиракҳои аробаи чорчарха 32 — замбар 33 — аробаи чорчарха 34 — чархи кордтезкунӣ 35 — чарх ва калоба 36 — чархи абрешимресӣ 37 — чархи ресмонресӣ 38 — погаю чарх 40 — чархи кордтезкунӣ 41 — ҷуфти гов, оҳани ҷуфт 42 — одам ва ҷуфти гов 43 — оҳани ҷуфт 44 — оҳани ҷуфт 45 — бел ва гӯристон 46 — бел 47 — табар 48 — табар 49 — арра 50 — арра 51 — моку 52 — моку 53 — оҳани ҷуфт, тир ва ҷуфти гов 54 — оҳани ҷуфт 55 — оҳани ҷуфт 56 — оҳани ҷуфт 57 — оҳани ҷуфт 58 — оҳани ҷуфт 59 — оҳани ҷуфт 60 — чиғина 61 — чиғина 62 — чиғина 63 — чиғина 64 — микроз 65 — замбарғалтак 66 — замбарғалтак
Ҳазору як чистон — Чистон: сайқали фикр
Асадулло Сӯфиев. «Ҳазору як чистон». Душанбе, «Маориф», 1994. Сарсухан. Чистон маҳсули ақлу заковат, ҷаҳонбинӣ, донишу фазилат ва завқу салиқаи халқ аст. Ин жанри қадимӣ ва машҳури фолклор аз нутқи маҷозӣ ва мафҳуми иҷтимоӣ то ба як намуди дилкаш ва шавқангези санъати сухан роҳи дуру дарози тараққиётро тай кардааст. Чунончи, шахси хушзавқе фармудааст: Таҳ санг, рӯ санг, Миёна уқоби тезчанг. Ва ё: Об дар об чӣ бошад? Ҳавзи гулоб чӣ бошад? Оташ расад, ях кунад, Ӯро ҷавоб чӣ бошад? Ин чистонҳо зоҳиран содда ва осон намоянд ҳам, кашфи асрори ниҳони онҳо донишу маҳорат ва зеҳну таҷрибаро тақозо менамоянд. Ҳар касе ки ин предметҳои ҷондор ва беҷонро дида, сифат ва хосияти онҳоро санҷида ва равшан мушоҳида карда бошад, ҷавоби мафҳумоти сарпечро амиқ муайян менамояд. Ташбеҳоти мувофиқ ва муносиб сифату хосиятҳои сангпушт ва тухмро равшану диққатангез сохтаанд. Шунаванда ба фикр фурӯ меравад, аломат ва сифатҳои гуногуни сангпушт ва тухмро бо ҳам муқоиса мекунад, дониш ва мушоҳидаи худро ба кор мебарад ва шабоҳати байни узвҳои сангпушт ва уқобро ба хотир меорад. Дар акси ҳол муайян сохтани ҳусни матлаб маҳол аст. Дар ҳақиқат сифатҳои сангпушт ва тухм дар чистонҳои мазкур дуруст ва дилкаш тасвир шудаанд ва ҷавоби онҳо шубҳаеро ба миён намеорад. Чистонҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо аломат ва сифатҳои предмету ҳодисаҳо нопурра ва номукаммал ифода ёфтаанд. Албатта, чунин чистонҳо маҳсули афкори шахсони камтаҷриба, ҷавон, тақлидкор ва камистеъдоданд. Илова бар ин, аломат ва сифатҳои як қатор ашёҳо ва ҳодисаҳо бо ҳам монанд ва ҳамранганд. Аз ин рӯ, баъзе тавсифот ва ташбеҳоти як предмет бо предмети дигар омезиш меёбад, ки ин ҳолат сабаби такрори ҷавоби чистонҳои ҷудогона ва ё предмети истиорашаванда мегардад. Барои мисол чистонҳои «ҷувоз», «обҷувоз», «осиёб» ва «киштӣ»-ро зикр кардан кифоя аст. Ба об вобаста ва алоқаманд будани осиёб ва киштӣ монандӣ ва шабоҳати истиорашавандаҳоро ба миён овардааст, ки ин набояд боиси иштибоҳ гардад. Шалғам, сабзӣ, пиёз ва карам барин намуди сабзавот аломат, хосият ва сифатҳои монанд ва муштарак доранд. Дар натиҷа образ ва истиорашавандаи як чистон дар ҷавоби чистони дигар такрор мешавад. Нусхаҳои комил ва нокис, мукаммал ва номукаммал, такрор, калимаву ибораҳои тақлидӣ, вазну қофия, саҷъ, хушоҳангӣ ва зуҳуроти камӣ ва костӣ дар онҳо қисман ба ҳамин монандӣ алоқаманд мебошад. Чистонҳои манзум аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, вазн, қофия, истиора, ташбеҳ, тавсиф, ташхис, киноя, муболиға, забону сабки рангини баён ҷолиб ва шавқангезанд. Онҳо дар шаҳрҳо ва деҳаҳои гуногуни кишварамон эҷод шуда, тамоми соҳаи ҳаёт ва фаъолияти мардуми тоҷикро фаро гирифтаанд. Олот ва воситаҳои мухталифи меҳнат, ҳодиса ва воқеаҳои табиат, асбобу анҷоми рӯзгор, зироат, манзилгоҳ, ҳайвонот, ҳашарот, илму техника ва ҳама чизҳое ки дар зиндагии халқи меҳнаткаш мавқеи муҳим доранд, образ ва мундариҷаи чистонҳои манзуманд. Чистон аз савол ва ҷавоб иборат аст. Дар қисмати савол сурати маҷозии предмету ҳодисаҳо тасвир шуда, дар қисмати ҷавоб номи аслии предметҳо ифода ёфтаанд: Оҳангарак, сӯзангарак, Дар рӯи он бозингарак. Дар ин чистон қофия ва ҳамоҳангии гуфтор ва таровати забони гӯянда равшан зоҳир шудааст. Баъзан мегӯянд, ки забону сабки баёни чистонҳои халқӣ ва вазну қофияи онҳоро дуруст намудан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин маврид сабки гуфтор, ҳусни забон ва шаклҳои рангоранги калимасозию ибораороии халқ аз байн мераванд. Чистонҳо монанди дигар жанрҳои фолклор бо ин ё он шеваи халқ эҷод шудаанд ва дар онҳо ҳусну таровати забони гӯяндагон таҷассум гардидааст. Ин ҳолат моро водор месозад, ки дар кори хайр ба сохтакорӣ роҳ надиҳем ва аз таҳрири ҷиддӣ ва ҳартарафаи осори бадеии шифоҳии халқ худдорӣ намоем. Чунончи, дар як ҷой «бобояк» гӯянд, дар ҷои дигар «бобоҷак» мегӯянд, дар ҷое «яктояк» гӯянд, дар макони дигар «яктаҳак» талаффуз менамоянд. Агар ин сабки гуфтори мардумро бо як тарз таҳрир намоем, ҷавҳари забони гӯянда ва зуҳуроти хушоҳангии чистонҳо аз байн меравад. Чистон маҳсули фикру салиқаи коллектив аст, зеро дар чистонгӯӣ ва чистонёбӣ бояд ҳатман ду нафар иштирок намоянд. Яке савол диҳад, дигаре онро муайян созад. Ин анъана мисли дигар шуғли халқ аз талаботи зиндагӣ ба вуҷуд омада, дар ҳаёти гузаштаи мардуми мо мавқеи калон дошт. Деҳқонон ва косибон дар мавриди кор ва истироҳат чистонгӯӣ карда, меҳнати худро сабук менамуданд, зиракӣ, хушзеҳнӣ, ҳозирҷавобӣ ва сурату сифати асбобу ашёи зиндагиро то чӣ дараҷа донистани якдигарро месанҷиданд ва доираи фикру ҷаҳонбинӣ ва завқи бадеии худро васеъ мекарданд: Гуле дидам, ки он бехор бошад, На дар дашту на дар кӯҳсор бошад. На ӯро кас харад, на кас фурӯшад, Ҳамеша бар сараш бозор бошад. Чистони «илм» аз ҷиҳати таносуб ва оҳангнокӣ, истиораву санъати радду бадал ва тавсифу муболиға дилкашу гуворо ифода ёфтааст. Вазни он ҳам, ки баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф аст, мутобиқи мизони мафоӣлун, мафоӣлун, фаӯлун сурат пазируфтааст ва аз ин лиҳоз завқу шавқи шунавандаро ривоҷ медиҳад. Чистонҳо имкон медиҳанд бифаҳмем, ки деҳқонон, ҳунармандон, косибон ва толибилмон ба ин ё он олоту асбоби меҳнат, ҳодисаҳои мухталифи табиат, рӯзгор, зироат, меваҷот, растанӣ, наботот ва ҳайвонот чӣ гуна муносибат доштанд ва рангу сифати ҳар яке аз онҳоро то чӣ андоза моҳирона тавсиф намудаанд: Меравад зери замин, Пур мекунад рӯи замин. (Оҳани ҷуфт) Дар сардара ду мор кар-кар мекард, Барфро мехӯрд, чоларо қай мекард. (Ҳаллоҷӣ) Воқеан, аз рӯи ин чистонҳо дар бораи рангу шакл ва намудҳои асбобу олоти меҳнат, вазифа ва мақоми онҳо дар ҳаёти деҳқонон ва ҳунармандон тасаввуроти равшан ҳосил менамоем. Халқ дар давоми асрҳо дар ҷараёни кору зиндагӣ асбобу олотҳои гуногунро кор фармуда омадааст. Вай аз шаклҳои оддии деҳқонӣ ба шаклҳои мураккаби он, аз олоту асбобҳои оддии меҳнат (каланд, омоч, чиғина, ҳаллоҷӣ, чарха ва ғайра) то дастгоҳҳои мураккаб (тракторҳо ва мошинаҳои пуриқтидори ҳозиразамон) роҳи дури тараққиётро тай намудааст. Тамоми ин процессҳои мураккаби тараққиёт пайваста бо фаъолияти меҳнатии халқ дар чистонҳо акс ёфтаанд: Осмон барояд, ялаққӣ, Замин фарояд, тараққӣ. (Каланд) Аҷоиб ҷонваре дидам, Миёни сина пар дорад. Ба пояш кафши пӯлодӣ, Даҳон болои сар дорад. (Трактор) Чистон мисли дигар жанрҳои фолклор дар натиҷаи тараққиёт ва дигаргуншавии ҳаёти моддӣ, иқтисодӣ ва мадании мардуми тоҷик тараққӣ мекунад ва дигаргун мешавад. Дар процесси ин тараққиёт ва дигаргуншавӣ ҷавоби баъзе чистонҳо кӯҳна шуда, тадриҷан аз байн меравад, ҷои онро предмету ашёҳои нав ишғол менамоянд. Халқ оид ба предмету ашёҳои нав чистонҳо офарида, дар онҳо хусусият, мавқеъ ва вазифаи ашёҳоро таъкид ва тавсиф мекунад: Аз ин ҷо то Ҳисор, Метозад қатор-қатор. (Мӯрча — поезд) На дил дораду на гурда, Мехонад бачамурда. (Дутор — радио) Чистонҳои китобӣ аз рӯи мураккаб будани шаклу мазмун, риоя намудани хусусиятҳои забони адабӣ, кор фармудани санъатҳои бадеӣ, вазн ва роҳу усулҳои эҷод карда шуданашон аз чистонҳои оддӣ ва маъмули эҷодиёти даҳанакӣ фарқ мекунанд. Чистонҳои китобӣ ба тамоми талаботи шеърӣ ҷавоби пурра дода, бо ду роҳ инкишоф ёфтаанд. Яке ба тариқи рубоӣ, қитъа ва мухаммас эҷод шуда, аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун ва шакл ба чистонҳои халқӣ ҳамранг мебошанд. Дигаре ба тариқи маснавӣ ва ғазал эҷод карда шуда, дар онҳо илова ба шаклу мазмуни мураккаб санъати суханбозӣ, ташбеҳ ва тавсифҳои мутлақу душворфаҳм васеъ истифода шудаанд. Зеро онҳоро адибони нуктасанҷу соҳибтабъ барои муҳокима, санҷидани завқу истеъдоди бадеӣ ва ақлу заковати якдигар иншо намудаанд. Чистонҳои халқӣ бо ду шакл эҷод мешаванд. Яке ба шакли мисраъ, байт ва дигаре ба шакли рубоӣ ва қитъа эҷод шудаанд. Дар чистонҳои халқие, ки ба шакли рубоӣ ва қитъа офарида шудаанд, таъсири адабиёти китобиро равшан мушоҳида кардан метавон. Дар байни халқ паҳн шудан ва дар айни замон асосан хусусиятҳои забони адабиро нигоҳ доштани чистонҳо исбот менамояд, ки эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик ба адабиёти бадеии китобӣ ва забони адабӣ алоқаи мустаҳкам доштааст. Аз рӯи қоидаи шеърият дар истиора ва ташбеҳ бояд унсурҳои истиорашаванда ва ташбеҳшаванда ва истиоракунандаву ташбеҳкунандаҳо муштарак зикр ёбанд, вале дар чистонҳои халқӣ акси ин ҳолатро мушоҳида мекунем, яъне дар чистонҳои халқӣ танҳо истиоракунанда ва ташбеҳкунандаҳо таъкидан зикр меёбанд: Аспи сафеди мардум, На ёл дорад, на дум. Як қатор олоту асбобҳои меҳнат ва хоҷагии қишлоқ аз истифодаи мардум баромадаанд, вале шаклу намуд, вазифа ва мавқеи онҳо ҳанӯз ҳам дар чистонҳои халқӣ ҳифз шудаанд: Осмони гулдур-гулдур, Чор найзаву ду айғур, Болораву хӯникаш, Таваки тилло таги каш. (Чиғина) Ҳар як намуди олоту асбоби кор дар ҳаёти мардум мавқеи хос дорад, ин ё он вазифаро адо менамояд ва мувофиқи эҳтиёҷи зиндагӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Масалан, чистонҳои «лак» ва «қулф»-ро гирем: Аз ин дарак ба он дарак, Меҳмони қаландарак. Ғуломаки сиёҳаки мо, Хонанигоҳдораки мо. Таому хӯрокворӣ — ошпазӣ, ҳалвогарӣ, нонвойӣ ва ғайра ҳамчун касбу ҳунар дар ҳаёти мадании тоҷикон шӯҳрати қадимӣ доранд, шаклу намуд ва сифатҳои рангоранги онҳо дар чистонҳо акс ёфтаанд: Шаш сихи оҳанӣ, Миёнаш равғанӣ. (Сихкабоб) Дар бораи як предмету ҳодисаи зиндагӣ офарида шудани чандин чистон ва ё баръакс, як чистонро ба чандин предмету ҳодисаи зиндагӣ нисбат додани мардум, аз як тараф, ба табъу фаҳми гуногуни одамон вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба якхела набудани шароит ва муҳити зиндагии халқ алоқаманд аст. Зеро чистонҳо маҳсули ин ё он муҳиту шароитанд ва онҳо мафҳуми ашёҳои дар ҳамон муҳит вуҷуддоштаро акс менамоянд, ки ин ашёҳо дар муҳити дигар ё вуҷуд надоранд ва ё ба тарзи дигару бо номҳои дигар ифода карда мешаванд. Чунончи, ин чистон дар се канори Тоҷикистон се хел ҷавоб дорад: Були зарди башиғар, На дил дорад, на ҷигар. Ҷавоби чистони мазкур дар Кӯлоб «дутор» бошад, дар Дарвоз «қайқ» ва дар Панҷакент «дойра» мебошад. Дар анбори одамон На ҷав мондааст, на гандум. (Осиёб) Таҳ табақ, рӯи табақ, Миёна фатири бенамак. (Чормағз) Ташбеҳ намудҳои гуногун дорад, вале дар чистонҳои халқӣ, асосан, ду намуди он мушоҳида карда мешавад: яке ташбеҳи равшан ё ташбеҳе, ки ба воситаи адоти ташбеҳ (мисли барин, монанд, чун ва ғайра) зоҳир мегардад ва дигаре ташбеҳи пӯшида, ки аслан бе адоти ташбеҳ ифода меёбад, яъне дар он як предмет бо предмети дигар таъкидан монанд карда мешавад, ки инро аз мисолҳои боло низ пай бурдан мумкин аст. Ҳар ду намуди ташбеҳ дар чистонҳои халқӣ хусусияти истиориро доранд, зеро ки дар онҳо ташбеҳшавандаҳо аёнан ба назар намерасанд. «Арӯз», ки дар он ба ҷуз миқдори ҳиҷоҳо дарозӣ ва кӯтоҳии онҳо низ ба назар гирифта мешавад, дар чистонҳои халқӣ зуҳуроти хос дорад. Дар чистонҳои халқӣ навъҳои мухталифи баҳри «ҳазаҷ» нисбат ба баҳрҳои дигари «арӯз» бештар ба назар мерасанд. Баъзан дар чистонҳое, ки аз ҷиҳати сохт ва шакли шеърӣ ба байт ва рубоӣ шабоҳат доранд, ҳар як мисраъ дорои баҳр ва мизони ҷудогона мебошад, ки ин хусусиятро дар дигар жанрҳои манзуми фолклор мушоҳида намекунем: Аз дур дидам, вар дидам, Ба дасти заргар дидам. Забони чистонҳо равон, содда ва рангоранг буда, барои тадқиқ ва омӯхтани таърихи тараққиёти истилоҳоти халқӣ аҳамияти муҳим дорад. Процесси тағйирот ва дигаргуншавии таркиби луғавии забон назар ба дигар жанрҳои фолклори тоҷик дар чистонҳо равшану ҳартарафа акс ёфтааст. Дар чистонҳои халқӣ номҳои шахсони таърихӣ, мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва калимаву ибораҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик васеъ акс ёфтаанд. Дар маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» маводи хазинаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, хазинаи фолклори Дорулфунуни давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, чистонҳои дар матбуоти даврӣ ва ба шакли маҷмӯаҳои гуногун нашршуда, инчунин маводе, ки муаллифи ин сатрҳо ҳангоми сафарҳои илмӣ гирд овардааст, истифода шудаанд. Ин китоб танҳо як қисми чистонҳои манзумро дар бар мегирад ва дар он хелҳои дигари чистонҳои халқӣ дохил нашудаанд. Маҷмӯа чистонҳои гуногуни халқиро дар бар мегирад ва нусхаҳои онҳо бо ҳарфҳои «а», «б», «в» ва ғайра ишора шудаанд. Маводи маҷмӯа то андозае таҳрир шудааст, то ки он барои мардуми ҳамаи мавзеъҳои тоҷикнишин фаҳмо ва дастрас бошад. Чистонҳои халқӣ, мисли дигар жанрҳои манзуми эҷодиёти даҳанакӣ, асосан ба ду вазни маъмул — «ҳиҷо» ва «арӯз» эҷод шудаанд. Баробар омадани ҳиҷоҳои як мисраъ ба мисраи дигар қонуни асосии вазни «ҳиҷо» шуморида шавад ҳам, он дар чистонҳои халқӣ ҳама вақт риоя карда намешавад ва ин боиси ба вуҷуд омадани ҳиҷоҳои мухталиф гардидааст. Дар чистонҳое, ки ба вазни «арӯз» гуфта шудаанд, оҳанги гуфтор, мувозанати байту мисраъҳо ва гуногунии (дарозу кӯтоҳ омадани) миқдори ҳиҷоҳои ҳар як мисраъ низ мавқеи калон дорад: Мехӯрад дон бо умед — 7 Мепӯшад барфи сафед — 7 (Осиёб) На даст дораду на по — 7 Хабар барад ба ҳар ҷо — 7 (Мактуб) Дар чистонҳо, чунон ки ишора шуд, унсурҳои забони гуфтугӯии халқ ва шеваҳои гуногуни он равшан ифода ёфтаанд. Як қатор чистонҳои носуфта ва аз лиҳози вазну қофия нокис ҳам ба назар мерасанд, ки онҳо маҳсули ҷаҳонбинӣ ва завқу салиқаи мухталифанд. Азбаски маҷмӯа барои доираи васеи хонандагон аст, омӯзгорон дар ҷараёни таълим мушкилии шогирдонро осон месозанд. Онҳо дар ҷараёни дарс сабаби дар ин ё он шеваи забон ба тарзи гуногун ифода ёфтани мафҳумҳоро моҳирона шарҳу эзоҳ медиҳанд, ҷавононро ба хушзеҳнӣ, кунҷковӣ ва ҳозирҷавобӣ ҳидоят месозанд. Ҷавоби як қатор чистонҳоро ба хонандагон ҳавола намудем, то ки онҳо фикр кунанд ва ҷавоби муаммоҳоро бо асарҳои тозаи шифоҳӣ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дарҷ намоянд ва баҳсу мунозираи хушзеҳниро ҳарҷониба ривоҷ диҳанд. Рақамҳо шумораи чистонҳоро нишон медиҳанд. Дар маҷмӯа як силсила чистонҳои халқишудаи адибони гузашта ва имрӯзаи тоҷик низ дохил шудаанд. Китоби «Ҳазору як чистон» аз рӯи мавзӯъ ба 20 фасл тақсим мешавад ва феҳристи ҷавоби чистонҳо дар фасли охир дода шудааст. Чунон ки ишора шуд, маҷмӯа аз камбудӣ ва нуқсонҳо комилан холӣ нест. Умед аст, ки дӯстдорони фолклор ва ашхоси хушсалиқа барои беҳтар гардидани маҷмӯа қайду эродҳои худро баён менамоянд. Асадулло Сӯфиев




