Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Исфанҷ чист?
Исфанҷҳо организми бисёр сода доранд. Онҳо ба сангҳо часпида дар об зиндагӣ мекунанд. Одамони қадим гумон доштанд, ки исфанҷҳо ҷузъи сангҳоянд. Баъдан мушоҳидагарони табиатдӯст дақиқ намуданд, ки онҳо низ монанди ҳайвонот ҷуфт шуда, афзоиш меёбанд. Бадани исфанҷ монанди элак аз сӯрохҳои хурди зиёде иборат мебошад, ки масома ном дорад. Тавассути ин сӯрохҳо об вориди исфанҷ мешаваду ин ҷонвар аз таркиби об оксигену моддаҳои органикии ошомиданиро мемакад. Одамон онҳоро хушк карда, монанди дастмол дар шустушӯ истифода мекунанд. Ғайр аз ин дар таркиби ҷисми исфанҷ моддае мавҷуд аст, ки онро дар тиб ба кор мебаранд. Барои ҳосил кардани 3–4 миллиграми ин дору бояд зиёда аз 2 тонна исфанҷро нобуд сохт.
Ҳайвонот ва хусусияти онҳо?
Бешубҳа, ҳар кас медонад, ки саг, гурба, шер, паланг ба олами ҳайвонот мансубанд. Аммо ҳангоме ки сухан дар бораи организмҳои ниҳоят сода меравад, бароямон душвор аст, ки онҳоро ба ҳайвонот мансуб донем ё рустанӣ шуморем. Аз ин ҷиҳат олимон панҷ аломати фарқкунандаи ҳайвонотро аз мавҷудоти дигар муайян намуданд: • Ҳайвонот – организмҳои бисёрҳуҷайраанд. • Тарзи ғизогирии онҳо гетеротрофӣ (гуногуншакл) меноманд, яъне онҳо мавҷудоти зиндаи дигар, аз ҷумла рустаниву ҳайвонотро истеъмол мекунанд. • Онҳо қобилияти ҳаракат карданро доранд. • Онҳо узвҳои ҳис доранд, гармиву рӯшноӣ ва садову рӯйдодҳои муҳитро эҳсос мекунанд. • Афзоиши онҳо асосан, ба воситаи алоқаи ду ҷинс – наринаву модина ба амал меояд. Аммо баъзе намуди ҳайвонҳо хусусияти ҳар ду ҷинсро доранд ва мустақилона афзоиш меёбанд.
Нилуфар чӣ гуна рустанӣ аст?
Нилуфари обӣ яке аз рустаниҳои зебоест, ки дар обанбору кӯл ва ҳавзҳо мерӯяд. Нилуфар дар тамоми қитъаҳои рӯи Замин мушоҳида мешавад, вале бештар дар минтақаи Амрикои Ҷанубӣ месабзад. Гули нилуфар тоқа ва хеле калону хушрӯ мебошад. Пояи он ниҳоят дароз буда, ба қаъри об меравад ва решаҳои пурқувват дорад. Аммо баргу гулҳои нилуфар дар рӯи обанд. Азбаски дар баргу пояи нилуфар ҳубобчаҳои зиёди ҳаво мавҷуданд, ин ҳубобчаҳо имкон медиҳанд, ки гулу барги нилуфар ғарқ нашаванд.
Таркиби гул аз чӣ иборат аст?
Гул асосан аз косача, ҳолача (гулҷанбари хурд), узви модина ва гардбарг таркиб ёфтааст. Косача аз баргҳои сабзи хурд иборат аст, ки гулҷанбарро иҳота намуда, онро муҳофизат мекунанд. Гулҷанбарҳо аз гулбаргҳои тунук иборат буда, ранги баланд доранд ва маҳз онҳо гулро зебову дилкаш мекунанд. Узвҳои асосии гулҳо узвҳои модина ва гардбаргҳо мебошанд. Дар гардбаргҳо ҳуҷайраҳои мардона мавҷуданд ва онҳо ба узви модинаи гул таъсир расонда, онро бордор мекунанд. Пас аз ин ҳодиса тухм пайдо мешавад ва гул ба мева табдил меёбад.
Рустаниҳо чаро гул мекунанд?
Рустаниҳои гулдор дар рӯи Замин назар ба навъҳои дигари рустанӣ хеле дертар пайдо шудаанд ва аз ҷумлаи рустаниҳои инкишофёфта мебошанд. Онҳо тақрибан 100 миллион сол қабл пайдо шудаанд ва имрӯз дар илм қариб 250 000 намуди рустаниҳои гулдор маълуманд. Рустаниҳои гулдор, асосан, дар рӯи Замин мерӯянд, вале баъзе намудҳои онҳо дар об низ дучор мешаванд. Миллионҳо сол пеш рустаниҳо танҳо дар об зиндагӣ мекарданд. Баробари дар рӯи Замин муҳайё шудани шароити ҳаёт ба сатҳи Замин кӯчиданд. Дар онҳо узви афзоиш – гул пайдо шуд. Яъне аз гулҳои рустанӣ тухм ҳосил мешавад ва ба воситаи он рустаниҳо афзоиш меёбанд.
Кадом рустаниҳо дар домани кӯҳҳо мерӯянд?
Дар минтақаҳои гармиклиму рутубатнок, ки баландияшон на камтар аз 900 м мебошад, доманкӯҳҳо бо бешазори анбӯҳ пӯшонида шудаанд. Дар кӯҳдоманҳо нахл, лиана (изғич) ва фарн мерӯянд. Дар мавзеъҳои хушку сардтар дар чунин баландиҳо ҷангали дарахтони сӯзанбарг ҷойгиранд. Миёни ин ҷангалҳо марғзор низ ба чашм мерасад, ҷо-ҷо ҳатто дарахтон коҳиш ёфта, шабеҳи нимбиёбонҳо менамоянд. Дар бешазори кӯҳӣ дарахтон чунон ғафс мерӯянд, ки барои алафу буттазорҳо ҷой намемонад. Хосе Мутис Хосе Мутис (1732–1808) файласуф ва ботаники испанӣ мебошад. Соли 1760 вай ба Амрикои Ҷанубӣ сафар кард, то ки дар он ҷо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул шавад. Дар оғоз вай расадхона сохт. Баъд экспедисияи илмиеро, ки бояд ҳудуди Колумбияи имрӯзаро меомӯхт, созмон дод. Натиҷаи ин экспедисия гирдоварӣ, шарҳу тафсир ва расмҳои рангаи зиёда аз 7000 намуди рустанӣ буд. Мутаассифона, корҳои илмии Хосе Мутис танҳо соли 1954 ба нашр расиданд. Гулсанг – рустаниҳое мебошанд, ки ҳуҷайраҳои обсабзу занбӯруғро бо ҳам муттаҳид намудаанд. Саҳлаб – рустании тропикие, ки гулҳои рӯшану зебои ғайримуқаррарӣ дорад. Муғҷа – ғунчае, ки дар шохаву танаи рустаниҳо мерӯяду аз онҳо баргҳо месабзанд. Муғҷа – оғози рушду нумӯи рустаниҳост, ки дар найҳояшон пигменти сабзе бо номи хлорофилл доранд. Фотосинтез – ҳангоми фотосинтез энергияи рӯшноии офтоб ба энергия ё неруи кимиёвӣ табдил меёбад. Бо ёрии ин энергияи кимиёвӣ рустаниҳо аз намакҳои минералӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд, ки барои пайдоиш ва ғизои ҳуҷайраҳо унсури асосист. Дар натиҷаи фотосинтез ба атмосфера оксиген хориҷ мешавад, ки барои нафасгирии тамоми мавҷудоти зинда зарур аст.
Умри дарахтро чӣ гуна муайян мекунанд?
Дилаи нозуки дарахт, ки дар маркази поя ҷойгир аст, бо пардаи зич иҳота шудааст. Ҳар сол дар фасли баҳор дар рӯи ин парда қабати нав пайдо мешавад. Ин қабатҳо мисли ҳалқа зиёд мешаванд. Агар дарахтро аз пояаш бурем, он гоҳ чунин ҳалқаҳоро мушоҳида мекунем. Шумораи ин ҳалқаҳоро ҳисоб карда, чандсола будани дарахтро муайян карда метавонем. Секвойяҳои бузург Дар иёлати Калифорнияи Амрико бешазорест, ки дар он дарахти аз ҳама бузургу баланди дунё бо ном секвойя (сӯзанбарги ёбоии амрикоӣ) мерӯяд. Онҳо на танҳо аз ҳамаи дарахтон баланданд, балки бисёр дарозумранд. Умри бисёре аз онҳо 2000–3000 сол буда, зиёда аз 100 м баландӣ доранд. Қутр (даври миён)-и онҳо 6–9 метрро ташкил медиҳад. Секвойяро дарахти мамонтӣ низ меноманд.
Пӯстлохи дарахтон барои чӣ зарур аст?
Появу шохаҳои дарахтон бо қабати ғафс – пӯстлох печонида шудаанд. Пӯстлох барои рустаниҳо ҳамчун пӯсти инсону ҳайвонот аст. Пӯстлохи дарахт барои ғизогирӣ, инчунин дар гармӣ нигоҳ доштани намӣ ва пурра бухор нашудани об хизмат мекунад. Он дарахтро аз хунукии сахт ва хушкшавию офатҳои дигар муҳофизат мекунад. Агар пӯстлох набошад, дарахт хушк мешавад.
Чаро дар тирамоҳ баргҳои дарахтон мерезанд?
Дар фасли тирамоҳ баргҳои дарахтон зард мешаванд ва баъд аз шохҳо канда шуда, ба замин мерезанд ва онро бо «кӯрпаи тилоӣ» мепӯшонанд. Хазоншавии баргҳо барои он рух медиҳад, ки дар фасли тирамоҳ ҳаво хунук шуда, хок низ оҳиста-оҳиста сард мегардад ва барои решаҳо ҷабидани об душвор мешавад. Дар фасли зимистон бошад, онҳо аз хок гирифтани обу ғизоро қатъ мекунанд ва агар баргҳо дар дарахт боқӣ монанд, тамоми оби поя ва шоху навдаҳоро бухор мекунанд. Дар натиҷа дарахт хушк мегардад. Ана барои ҳамин дарахтон баргҳояшонро дар тирамоҳ меафкананд. Вақте ки фасли баҳор фаро мерасад ва ҳаво гарм мешавад, решаҳо ба ғизогирӣ оғоз мекунанд ва дар шохҳои дарахт баргҳои нав месабзанд.
Кадом дарахтонро сӯзанбарг меноманд?
Дарахтони сӯзанбарг баргҳои махсус доранд: борику дароз, дурушт ва сӯзаншакл. Онҳо ҳеҷ гоҳ намеафтанд ва зимистону тобистон сабз мемонанд. Чунин баргҳоро «сӯзан» меноманд ва номи ин дарахтон ҳам аз ҳамин баргҳои сӯзаншакл гирифта шудааст. Ин навъ дарахтон тухми махсус дошта, на дар ҷои нозук ё мулоими мева, балки дар чалғӯзаашон ҷой гирифтааст. Ба гурӯҳи дарахтони сӯзанбарг санавбар, арча, чалғӯза ва амсоли инҳо дохил мешаванд. Тухмҳои чалғӯза ё донаки чалғӯза на танҳо барои парандаҳою ҳайвонот, балки барои одамон низ муфиданд.
Барои рустаниҳо решаву поя ва баргҳо чӣ лозиманд?
Реша он қисми рустанист, ки дар зери хок ҷойгир аст. Он се вазифаи муҳим дорад: аввалан рустанӣ ба воситаи реша дар замин мустаҳкам мешавад, сипас аз замин ғизо, об ва маводди минералӣ мегирад, ниҳоят рустанӣ дар решаҳо ғизои заруриро низ захира мекунад. Поя қисми болоии рустанӣ аст. Вай баръакси реша, ки дар зери хок ба ҳар сӯ давида, аз он об ва ғизо меҷабад, ба боло қад кашида, рӯшноӣ мегирад. Поя шоху навда медавонад, барг сабз мекунад ва мева медиҳад. Ғайр аз ин ба воситаи поя ба шоху баргҳо об ва моддаҳои минералӣ мерасанд, дар поя шираҳои барои ҳаёт зарурӣ гардиш мекунанд, инчунин маводди ғизоӣ низ захира мешавад. Баргҳо низ аз ҷумлаи узвҳои ҳаётан муҳими рустанӣ мебошанд. Онҳо дар муғҷаҳои хурди шохаҳои рустанӣ ва баъзан дар худи поя сабз мешаванд. Маъмулан, баргҳо ранги сабз доранд, зеро дар таркибашон моддаи хлорофилл мавҷуд аст. Инчунин, баргҳо энергияи рӯшноии офтобро фурӯ мебаранд. Аз минералҳо маводди ғизоӣ тайёр мекунанд, гази карбонро фурӯ бурда, оксиген ҳосил мекунанд, намиро ҷабида, буғ ҳосил менамоянд.
Аввалин ҷангалҳои рӯи замин чӣ шакл доштанд?
Миллионҳо сол пеш сатҳи Замин бо ҷангал пӯшида шуда буд. Дар ҷангалҳо бештар аз 9 ҳазор навъи папоротник (фарн)-ҳои гуногунро вохӯрдан мумкин буд. Онҳо то 30 м баландӣ доштанд. Зеро дар он вақт ғайр аз папоротникҳо навъҳои дигари дарахтон намерӯиданд. Пас аз он ки обу ҳаво тағйир ёфта, дар баъзе минтақаҳо хушкӣ ба вуҷуд омад ва дар баъзе ҷойҳои дигар намнокӣ зиёд шуд, папоротникҳо дар минтақаҳои хушк нест шуданд. Ҳоло ин навъи дарахтон танҳо дар мамлакатҳои тропикӣ мерӯянду халос. Чилбуғум Чилбуғумҳо низ яке аз қадимтарин дарахтон ба шумор мераванд, ки 350 млн сол қабл вуҷуд доштанд ва қадашон то ба 15 м мерасид. Чилбуғумҳои имрӯза чандон баланд набошанд ҳам, намуди худро дигар накардаанд. Дар бофтаҳои дарахти чилбуғум дуоксиди силитсий — моддае, ки барои тайёр намудани маводи шустушӯй истифода мешавад, мавҷуд аст. Ғайр аз ин чилбуғум дорои заҳри таъсирнокест, ки ба ҳаёти ҳайвоноти ширхӯр хатар дорад.
Кадом занбӯруғҳо фоидараванд?
На танҳо занбӯруғҳои ғизоӣ, балки навъҳои дигари онҳо мисли мағорҳо ва пӯпанакҳо низ фоидараванд, ки ниҳоят хурд буда, онҳоро танҳо бо микроскоп дидан мумкин аст. Масалан, яке аз ин гуна занбӯруғҳо – хамиртуруш аст. Онро ба хамир барои расидан илова мекунанд. Хамиртурушро барои ҳосил кардани нӯшокиҳои спиртӣ низ истифода мебаранд. Мағорҳои махсус барои аз шир тайёр намудани ҷурғот, йогурт ва мост ниҳоят муҳиманд. Яке аз мағорҳои фоиданок, тавре ки гуфтем, пенициллин мебошад, ки аз он доруворӣ тайёр мекунанд.
Оё занбӯруғҳо фоида доранд?
Дар мамлакатҳои гуногун аз занбӯруғҳои сафед хӯрокҳои болаззат тайёр мекунанд. Зеро онҳо сергизо буда, дар таркибашон миқдори зиёди протеин ва намакҳои минералии барои организми инсон зарур мавҷуданд. Занбӯруғҳоро асосан дар саноати хӯрокворӣ ва тиб, инчунин дар хамирмояи шаробу пивопазӣ истифода мекунанд. Баъзе намуди занбӯруғҳо, масалан, шампинёнҳоро сунъӣ парвариш мекунанд. Бештари занбӯруғҳо дар ҷангал ва марғзорҳо мерӯянд. Занбӯруғҳо асосан дар баҳору тирамоҳи серборон, дар назди решаҳои дарахтон мушоҳида мешаванд ва ғизоро аз маводди пӯсидаи баргҳои рехта мегиранд. Бояд дар вақти ҷамъоварии занбӯруғ эҳтиёткор буд, зеро занбӯруғҳои заҳрдор низ вомехӯранд, ки ба саломатӣ зарар доранд. Онҳоро аз занбӯруғҳои безаҳр фарқ кардан қариб имкон надорад. Занбӯруғҳои заҳрдор Баъзе занбӯруғҳо чунон заҳрноканд, ки пас аз истеъмоли онҳо мурдани одам имкон дорад. Яке аз ин занбӯруғҳои хатарнок рангпаридаи заҳрнок ном дорад. Баъди 8 соати истеъмоли ин занбӯруғ заҳр таъсири худро мерасонад. Ташнагӣ, дарди шикам, исҳол нишонаҳои таъсири ин занбӯруғи заҳрнок аст. Дар сурати сари вақт ба духтур муроҷиат накардан, заҳр ҷигарро аз кор мононда, ба марг мерасонад. Занбӯруғи дигари заҳрнок ин магаскуш (мухомор) ном дорад. Заҳри вай баъди 2 соат таъсир мерасонад. Магаскуш боиси дарди шикаму вайроншавии меъда мегардад, вале он қадар марговар нест. Александр Флеминг Яке аз олимонест, ки барои инсоният манфиати зиёд овардааст. Ӯ соли 1881 дар Шотландия таваллуд шуда, профессори соҳаи тибби Донишгоҳи Лондон буд. Вай бо кашфи доруи пенициллин шӯҳратёр гашт. Флеминг тасодуфан мушоҳида намуд, ки мағор гурӯҳи калони бактерияҳо – барангезандаҳои бемории сироятӣ, ки ӯ мавриди таҳқиқ қарор дода буд, нобуд кардааст. Вай ба андешае расид, ки агар мағор бактерияҳоро нобуд карда бошад, пас онро барои табобати бемориҳое истифода бурдан мумкин аст, ки омилашон ҳамин бактерияҳоранд. Ӯ дар ин самт таҷрибаҳо гузаронида, аз бактерияҳои мағор дорувории судбахш тайёр кард. Азбаски мағори номбурда бо забони лотинӣ пенициллин ном дошт, ба дору низ ҳамин номро гузошт. Вай барои ин кашфиёт соли 1945 дар соҳаи тиб сазовори Ҷоизаи байналхалқии Нобелӣ гашт ва соли 1955 аз олам даргузашт. Инсоният барои чунин кашфиёт ба Александр Флеминг арҷгузор аст, зеро то имрӯз ҳазорон одамон ба воситаи пенициллин аз марг наҷот ёфтаанд.
Занбӯруғ (қорч) чист?
Занбӯруғҳо организмҳои зиндаи ба рустанимонанд мебошанд. Чандин намуди занбӯруғ мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон қариб ду ҳазор намуди занбӯруғҳо паҳн шудаанд, ки дар байни онҳо 20 намудашон (дили бара, қорч, чатрак ва ғайра) чун маводди ғизоӣ истифода мешаванд. Занбӯруғҳо асосан дар ҷангалзор мерӯянд, баъзеи онҳоро ба таври сунъӣ ҳам парвариш мекунанд. Маъмулан, пояи он дароз буда, бо пояаш ба замин мечаспад. Қисми болоӣ, ё худ кулоҳи он зич ва сергӯшт буда, воқеан ба кулоҳ монанд аст. Ранги занбӯруғ гуногун – сафед, сурх, қаҳваранг ва доғдор мешавад. Қабати поёнии кулоҳи занбӯруғ ба лаб монанд аст. Баъзеашон аз лавҳаҳои хурду тунук иборат мебошанд. Занбӯруғҳо дар таркиби худ хлорофилл надоранд ва аз худ моддаҳои ғизоӣ ҳосил намекунанд, аз ин рӯ рустанӣ шумурда намешаванд. Аммо ба ҳайвонот ҳам монанд нестанд, бинобар ин олимон онҳоро як гурӯҳи махсуси мавҷудоти зинда меҳисобанд, ки ба гурӯҳи рустаниҳо ва ба олами ҳайвонот дохил намешаванд. Ба ин гурӯҳ мағор ва пӯпанакро низ дохил мекунанд, ки ҷисман хеле хурд буда (онҳоро занбӯруғҳои микроскопӣ меноманд), баъзеашон боиси беморӣ низ мешаванд. Бактерия – организми зиндаи якҳуҷайрагӣ; баъзе бактерияҳо ба беморӣ мубтало мекунанд, дигарашон, баръакс, барои организми мо муфиданд. Пигментҳо (моддаи рангдиҳандаи организми ҳайвон ё рустанӣ) Пигмент моддаи органикиест дар дохили ҳуҷайраҳо, ки ба бофтаҳои организми зинда рангҳои гуногун мебахшад.
Обсабзҳо чӣ манфиат доранд?
Обсабзҳо хӯроки ҳайвоноти гуногуни баҳрӣ мебошанд, онҳо инчунин аз худ оксиген хориҷ мекунанд. Онҳо ғизоро аз минералҳое мегиранд, ки дар об вуҷуд доранд. Бо ёрии бехчасп (навда)-ҳои решамонанди худ ба қаъри баҳр ва ё сангҳои зериобӣ мечаспанд. Мисли рустаниҳои дигар обсабзҳо дорои хлорофилл буда, қобилияти фотосинтез кардан доранд. Азбаски обсабзҳо маводди зиёди органикӣ ва намакҳои минералӣ доранд, аз онҳо нуриҳои минералӣ тайёр карда, дар киштукор истифода мебаранд. Баъзе обсабзҳо хусусияти шифоӣ низ доранд. Аз ин рӯ онҳо барои тайёр намудани маводди ороиши рӯй, доруворию маҳсулоти ғизоӣ манбаи муҳимманд. Обсабзҳоро ҳатто ҳангоми парвоз ба кайҳон истифода мекунанд, зеро дар таркибашон оксиген вуҷуд дорад, ки барои нафасгирии кайҳоннавардон ниҳоят муфид аст. Инчунин онро ҳамчун ғизо истифода мебаранд.
Планктон чист?
Планктон мавҷуди ниҳоят хурди олами наботот ва ҳайвонот аст, ки дар баҳру кӯлу рӯдҳо вуҷуд дорад. Агар планктон танҳо аз рустаниҳо иборат бошад, онро фитопланктон, агар аз организми ҷонварон иборат бошад – зоопланктон меноманд. Фитопланктон барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин бисёр муҳим аст, зеро қисмати зиёди фотосинтез аз ҷониби ин мавҷуди назарногир сурат мегирад. Дар натиҷаи фотосинтез оксигени зиёде ихроҷ мешавад, ки аз он ҳамаи мавҷудоти зинда нафас мекашанд. Ғайр аз ин фитопланктон дар таркибаш моддаҳои ғизоии зиёде дорад, ки бисёр мавҷудоти баҳрӣ, аз ҷумла моҳиҳо ва китҳо, онро ҳамчун ғизо истифода мебаранд.
Рустаниҳои нахустин кай пайдо шуданд?
Аввалин организмҳои зинда рустаниҳо набуданд, онҳо пӯст ва селлюлоза надоштанд. Чун маводи ғизоӣ намерасид, баъзеи онҳо аз энергияи офтоб ғизо гирифтанро омӯхтанд. Онҳо нахустин мавҷудоти зинда буданд, ки дар натиҷаи фотосинтез ба рустанӣ табдил ёфтанд. Олимон гумон мекунанд, ки ин ҳодиса баъди 300 миллион соли пайдоиши аввалин мавҷудоти зинда ба вуқӯъ пайвастааст.
Хлорофилл чист?
Хлорофилл моддаест, ки дар таркиби баргу пояҳои рустаниҳо вуҷуд дорад ва ба онҳо ранги сабз медиҳад. Хлорофилл хусусияти муҳим дорад: вай энергияи рӯшноии офтобро фурӯ бурда, онро бо ёрии об ва моддаҳои минералӣ ба маводи ғизоӣ табдил медиҳад. Бо ин роҳ рустаниҳо инкишоф меёбанд, ки ин равандро фотосинтез меноманд. Хлорофиллро дар соҳаи тиб барои тайёр намудани дорувориҳои дармонбахш ва чун маводи атриёт истифода мекунанд.
Аввалин рустаниҳо дар куҷо пайдо шуданд?
Дар Замин нахустин рустаниҳо дар об пайдо шудаанд, зеро он вақт сатҳи хушкӣ ва қабатҳои атмосфера барои ҳаёт ҳанӯз мутобиқ набуданд. Инҳо организмҳои якҳуҷайрагӣ ва ҷисман хеле хурд буданд. Вақте ки дар атмосфераи Замин озон ба вуҷуд омад, шароити рушду нумӯ беҳтар шуд ва аз рустаниҳои якҳуҷайра организмҳои бисёрҳуҷайра пайдо шуданд. Онҳо оҳиста-оҳиста аз об берун шуданд ва инкишоф ёфта, барои дар хушкӣ сабзидан мувофиқ гардиданд. Ин ҳодиса тақрибан 750 миллион сол пеш рух додааст.




