Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Эрозия чист?

Хок баъзан аз сабаби эрозия (бодлесӣ) вайрон мешавад. Бодлесии хок, маъмулан, дар натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни табиат аз қабили боду борон, шӯразанӣ, беобӣ ва фаъолияти ноогоҳонаи инсон сар мезанад. Инчунин нобуд кардан ва сӯзондани рустаниҳо ба беҳосил гардидану шӯра задани хок оварда мерасонад.

0

Таркиби хок аз чӣ иборат аст?

Хок аз ду шакли материя — органикӣ (зинда) ва ғайриорганикӣ (ғайризинда) иборат аст. Материяи ғайризинда аз рег, шағал, шаклҳои дигари ҷинсҳои кӯҳӣ, об ва намакҳои минералӣ иборат аст. Материяи зинда аз боқимондаи рустанӣ ва ҳайвонот, ки ба воситаи бактерия ва занбӯруғҳо пӯсидаанд, ба вуҷуд омадааст. Материяи дар ҳолати пӯсиш гумус ном дорад. Дар асл ҳар ду намуди материя барои инкишофи ҳаёт дар рӯи замин заруранд.

0

Хок чист?

Хок қабати рӯи Замин аст, ки инсон ва мавҷудоти дигар дар он умр ба сар мебаранд. Он яке аз қисмҳои фаъоли ҳаётгузаронӣ мебошад, ки дар натиҷаи таъсири боришоту шамол ва гузаронидани корҳои кишоварзӣ сохту таркиби худро тағйир медиҳад. Хок қабати на он қадар ғафси Заминро ташкил мекунад.

0

Пуштаи яхин чист?

Пуштаҳои яхин қитъаҳои азими яхинанд, ки ғафсии қисми марказии онҳо то ба 300 м мерасад. Онҳо дар наздикии доираҳои қутбии арктикӣ ва антарктикӣ ҷойгир шудаанд. Ду пуштакӯҳи яхини бузург – Гренландия ва Антарктида вуҷуд доранд. Гренландия дар майдони 1 миллион 700 ҳазор км² вусъат ёфтааст ва дар ҳамвории яхӣ танҳо чандин соҳили кӯҳӣ дамида ба пеш баромадаанд. Майдони Антарктида 13 миллион километри мураббаъ буда, ғафсии ях қариб 4 000 метрро ташкил медиҳад.

0

Сталактитҳо ва сталагмитҳо чӣ тавр пайдо мешаванд?

Сталактитҳо ва сталагмитҳо ҷинсҳои дар шакли санг пайдошудае мебошанд, ки шабеҳи мармар буда, ба шакли махрут (конус) ва сутунчаҳои нӯгтез дар ғорҳо вомехӯранд. Онҳо баъди ба болои шӯшаҳои оҳақӣ шоридани оби борон пайдо мегарданд. Об, ки аз дуоксиди карбон ғанӣ аст, қисме аз ин сангҳоро об мекунад. Вақте ки об аз боло ба даруни ғор заҳида мегузарад, вай кам-кам чакида, ҷинсҳои маҳлулшуда аз сақф овезон мешавад, ки он сталактит аст. Агар қатраҳои об якҷоя бо таҳшинҳо ба фарши ғор афтанд, он гоҳ онҳо сталагмитҳоро ба вуҷуд меоранд. Вақте ки сталактитҳо ва сталагмитҳо бо ҳам пайваст мешаванд, сутунҳои гуногуншакл ба вуҷуд меоянд. Эдмунд Персивал Хиллари Ӯ соли 1919 дар Зенландияи Нав ба дунё омада, баъдтар чун яке аз кӯҳнавардони маъруф шуҳратёр гаштааст. Ӯ аввалин шуда, соли 1953 (29 май) Эверестро фатҳ намудааст. Ҳамчунин солҳои зиёд ба омӯзиши кӯҳҳои Ҳимолой ва Антарктида машғул буд. Ба ӯ муяссар шудааст, ки 4 январи соли 1958 ба Қутби Ҷанубӣ бирасад.

0

Ғор чист?

Ғор чуқурии табиӣ ва ё сунъӣ дар кӯҳҳо аст. Баъзе ғорҳо яклухт мебошанд. Аммо баъзеи онҳо аз ковокию чуқуриҳои зиёд ва дарёву кӯлҳои зеризаминӣ иборатанд, ки даҳҳо километрро ташкил мекунанд. То ҳанӯз асрори пайдоиши ғорҳо мавриди омӯзиш қарор дорад. Шахсони машғули омӯзиши ғорҳоро ғоршинос (спелеолог) меноманд.

0

Обҳои зеризаминӣ аз куҷо пайдо мешаванд?

Як қисми оби боришот дар баҳру уқёнус боқӣ монда, қисми дигараш бухор мешавад. Боқимондаи обро сатҳи хок меҷабад ва он ба қаъри Замин рафта, дар ҷирмҳои обногузар бозмеистад ва ҷамъ шуда, обҳои зеризаминиро ташкил мекунад. Ин сатҳи Заминро қабати обногузар меноманд. Ин обро ба воситаи кофтани чоҳҳо ва насб намудани насосҳо ба рӯи Замин кашида, истифода мебаранд.

0

Дарозтарин дарёи ҷаҳон кадом аст?

Дарёи дарозтарини ҷаҳон Нил аст, ки дар қитъаи Африқо ҷой дорад. Дарозиаш 6670 км мебошад. Нил аз кишвари Бурунди оғоз мегардад ва маҷрои он тамоми ҳудуди Мисрро гузашта, қисми зиёди биёбонро низ убур мекунад. Мисриёни қадим онро чун Худованди худ пос медоштанд, зеро пас аз обхезиҳои ҳарсолаи дарёи Нил дар қитъаҳои зиёди замин лойқаҳои ҳосилхез боқӣ мемонд, ки аз он ҳосили бемисли ғалла мегирифтанд. Бинобар ин Нил манбаи ғановати фиръавнҳо ба ҳисоб мерафт. Дарёи муқаддаси Замин Дарёи Ганг дарёи муқаддаси мардуми ҳинд мебошад. Вай аз нимҷазираи Ҳиндустон мегузарад ва дар соҳилҳояш шаҳрҳои Калкутта ва Банорас воқеъ гардидаанд. Оби Ганг хеле ифлос аст, вале шаҳрвандони ин кишвар дар он оббозӣ карда, чунин мепиндоранд, ки ба ҳамин васила рӯҳан тоза шуда, ғизои маънавӣ мегиранд. Тамоми сол сокинони гӯшаю канори Ҳиндустон дар ин дарё ғусл карда, ба воситаи об худро поку бегуноҳ мегардонанд.

0

Дарёи пуробтарини ҷаҳон кадом аст?

Дарёи Амазонка, ки дар ҳудуди Амрикои Ҷанубӣ ҷорист, яке аз дарёҳои бузургтарини ҷаҳон аст. Ҳавзаи он дар марказ ва дохили Амазония минтақаи сарсабзро ташкил мекунад, ки масоҳати он 7 050 000 км²-ро дар бар мегирад ва барои ҳаёти одамон ниҳоят муҳим аст. Дарёи Амазонка аз ҳудуди Бразилия ва як қисми Венесуэла, Колумбия, Эквадор, Перу ва Боливия мегузарад. Дар резишгоҳаш ҳаҷми об дар як сония ба 150 000 метри мукааб мерасад. Дар поёноб паҳнии Амазонка ба 350 км баробар буда, аз шохобҳои зиёд иборат аст.

0

Резишгоҳ чӣ тавр пайдо мешавад?

Ҳамаи дарёҳои тезоб бо худ рег ва резаҳои ҷинсҳои кӯҳиро аз сатҳи замине, ки аз он мегузаранд, шуста мебаранд. Вақте ки онҳо ба наздикии баҳр мерасанд, якбора суръати ҷараёнашон суст мешавад ва чизҳои шуста овардаашонро дар соҳил ё дар қаъри дарё мегузоранд. Миқдори ин обшустаҳо оҳиста-оҳиста афзуда, ғафстар шудан мегирад ва таҳшини калони заминро ба вуҷуд меорад, ки онро резишгоҳ ё даҳана меноманд.

0

Шаршараҳои машҳури дарёҳо кадомҳоянд?

Ҳангоме ки дарё дар ҷараёни ҷоришавии худ аз обраҳои баланд ба чуқуриҳои сатҳи Замин мерезад ва сипас ҷараёнаш идома меёбад, онро шаршара меноманд. Агар баландии шаршараҳо он қадар зиёд набошад, онро шалола ё обшор низ меноманд. Шаршараи баландтарини дунё Анҳел аст, ки дар дарёи Чуруни Венесуэла воқеъ буда, баландиаш 978 метр мебошад. Шаршараи зебо ва машҳури Ниагара дар байни давлатҳои Канада ва ИМА ҷойгир шудааст, ки баландиаш 59 метр аст.

0

Дарёҳо чӣ тавр пайдо шудаанд?

Дарёҳо маҷрои муайяни обҳои ҷоришавандае мебошанд, ки дар сатҳи Замин ба ин ё он баҳр ва ё дарёи дигар мерезанд. Онҳо бо ду роҳ пайдо мешаванд. Аввал аз оби чашмаҳо, ки аз ҳисоби оби борон ва ҷӯю рӯдҳои дигар пур шуда, ба дарёи азим табдил меёбанд ва ба баҳру дарёҳои калони дигар мерезанд. Сипас аз барфу пиряхҳои кӯҳҳо, ки солҳои зиёд хобанд ва ҳамроҳи оби ҷӯйҳо ва дарёчаҳои хурд афзуда, ба баҳру дарёҳои дигар мепайванд.

0

Кӯл чист?

Кӯлҳо обанборҳои табий дар рӯи Замин мебошанд. Онҳо дар натиҷаи боришоти зиёд ва ба ҳам рехтани оби як ё якчанд дарё ба вуҷуд омадаанд. Баъзан онҳо обро аз зери Замин низ мегиранд. Оби аксари кӯлҳо ширин аст, вале кӯлҳое низ ҳастанд, ки обашон шӯр мебошад.

0

Оё кӯлҳои шӯр ҳам ҳастанд?

Баҳрҳои Хазар, Майит ва Арал аз ҷумлаи кӯлҳои бузурги рӯи Замин буда, обашон шӯр аст. Баҳри Хазар дар байни қитъаҳои Аврупо ва Осиё ҷойгир шудааст ва обро аз дарёҳои Волга ва Урал гирифта, ба ягон баҳри дигар роҳи баромад надорад. Баҳри Майит дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст ва оби он нисбатан шӯртар мебошад. Агар касе дар он оббозӣ кунад, бинобар зичии таркиби об, бемалол рост истода метавонад ва ғарқ намешавад. Намак дар баҳри Арали Осиёи Марказӣ низ зиёд аст, ки ҳоло онро аз сабаби камобӣ хатари нобуд шудан таҳдид мекунад. Кӯлҳои бузурги дунё Каспий – 424 300 км²; Виктория – 68 800 км²; Арал – 65 500 км²; Гурон – 59 500 км²; Мичиган – 58 016 км²; Танганика – 32 893 км²; Байкал – 31 500 км². Жак Кусто Жак Ив Кусто (1910–1997) уқёнусшинос ва ҳуҷҷатнигори кинои фаронсавӣ аст. Вай дастгоҳеро ихтироъ намуд, ки дар қаъри оби баҳру уқёнусҳо гаштанро осон кард. Ғайр аз ин ӯ дастгоҳи аксбардориеро ихтироъ намуд, ки ба воситаи он дар зери об сурат ва наворгирӣ мумкин аст. Жак Кусто дар бораи ҳаёти мавҷудоти қаъри баҳру уқёнусҳо филмҳои зиёде ба навор гирифтааст ва дар ин хусус асарҳои зиёде низ таълиф кардааст.

0

Уқёнусҳо чӣ тавр пайдо шудаанд?

Эҳтимол меравад, ки об дар Замин ҳамон вақт пайдо шудааст, ки сайёраи мо пас аз таркиши бузург сард шуда, ба ҷисми сахт табдил ёфтааст. Аммо оби дар қаъри Замин монда, баъдтар дар натиҷаи фаввораи вулқонҳо ва гейзерҳо миқдори бузурги буғи обиро ба атмосфера мепартоянд. Ин буғҳо ба ҳавои хунуки атмосфера расида, ба об табдил ёфтанд ва дар шакли борон ба Замин рехтанд. Боронҳои пайдарпай, ки асрҳои зиёд идома ёфтанд, чуқуриҳои Заминро пур карда, аввалин уқёнусҳоро ба вуҷуд оварданд. Соҳили уқёнусҳо камоб буда, онро тунукобаҳои қитъаҳо меноманд. Поёнтар аз тунукобаҳо нишебӣ меояд, ки он то ба қаъри уқёнус мерасад ва дар он ҷо рӯшноӣ ва ҳаёт вуҷуд надорад. Дар қаъри уқёнус танҳо қисми ками моҳӣ ва рустаниҳое дучор меоянд, ки ба чунин шароит мутобиқ гардидаанд. Ин минтақаҳоро минтақаҳои пуроб ё абиссалӣ меноманд.

0

Уқёнус чист?

Уқёнусҳо миқдор ва ҳаҷми бузурги обҳои шӯре мебошанд, ки аз чор се ҳиссаи сатҳи Заминро ишғол намудаанд. Онҳо қитъаҳои Заминро иҳота ва аз ҳамдигар ҷудо кардаанд. Уқёнусҳои рӯи Замин Атлантика, Ором, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ мебошанд. Уқёнуси калонтарин уқёнуси Ором аст, ки ҳам аз шимол то ҷануб ва ҳам аз шарқ ба ғарб масофаи 15 000 километрро дар бар мегирад. Баҳрҳо нисбат ба уқёнусҳо хурдтар буда, он қадар амиқ нестанд.

0

Оё заминҷунбиро пешгӯӣ кардан мумкин аст?

Пешгӯӣ кардани заминҷунбӣ хеле душвор аст. Олимон баъзе нишонаҳои он, аз қабили пайдо шудани чашмаҳо ва ё нест шудани чашмаҳои кӯҳнаро кашф намудаанд. Аммо дар айни ҳол ин аломатҳо ҳанӯз дақиқ нестанд. Ҳарчанд заминҷунбиро дақиқ пешгӯӣ кардан мумкин нест, ба он омода шудан имкон дорад. Барои ин хонаҳои ба заминҷунбӣ тобовар бино кардан лозим аст, яъне ба таҳкурсии бино маводдеро илова кардан зарур аст, ки ҳангоми заминҷунбӣ хароб нашаванд.

0

Дар кадом минтақаҳои Замин бештар заминҷунбӣ рух медиҳад?

Тақрибан 80 дарсади заминҷунбиҳо дар соҳилҳои уқёнуси Ором, 15 дарсади дигари заминҷунбиҳо дар қисми шарқии баҳри Миёназамин ва ҷануби Осиё, боқимонда дар минтақаҳои дигари сайёра ба вуҷуд меоянд. Аксари заминҷунбиҳо дар мавзеъҳои вулкандор рӯй медиҳанд ва худи ҳамин ҳодиса исботи он аст, ки яке аз сабабҳои хурӯҷи вулкан ва заминҷунбӣ, ғайр аз омилҳои дигар, ҳаракати гармидии дохили Замин мебошад.

0

Маркази заминчунбӣ дар куҷост?

Нуқта ва ё минтақаеро, ки ҷунбиши пуршиддат ба вуҷуд омадааст, маркази заминчунбӣ меноманд. Вай маъмулан дар сатҳи гипоцентр – нуқтаи зеризаминӣ, ки дар он ҷо таркиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал меояд, ҷойгир шудааст. Эпицентр (маркази заминчунбӣ) метавонад дар қабати сахти Замин ва ё дар қаъри баҳру уқёнусҳо ҷой дошта бошад. Дар ҳолати такроршавии ларзиши Замин мавҷҳои бузурги уқёнус боло хеста, заминчунбии зериобиро ба вуҷуд меоранд. Дастгоҳеро, ки заминчунбиро ба қайд мегирад, сейсмограф меноманд.

0

Заминчунбӣ (Заминларза) чист?

Заминчунбӣ ҳаракат ё ҷунбиши Замин аст. Вақте ки гармии зиёд аз таҳти Замин боло рафта, ба ҷисмҳои сарди кӯҳӣ бармехӯрад, бо фишори баланд таркишро ба вуҷуд меорад. Ин таркиш ба воситаи қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ба сатҳи Замин расида, ларзишро ба вуҷуд меорад. Ин ҳодиса ба назари мо чун ҳаракат ва ё ҷунбиши Замин менамояд. Ҳамин теладиҳӣ ва ё ҷунбиши сатҳи Замин заминларза аст. Заминчунбиро инчунин такони сейсмикӣ низ меноманд. Ҳаракатҳои сейсмикӣ ба Замин имкон медиҳанд, ки худро аз гармии дохилӣ озод намояд.

0