Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Қитъа чист?

Континентҳо қитъаҳои бузурги сатҳи хушкии Замин мебошанд, ки соҳилҳои онҳо ба уқёнусҳо мерасанд. Дар Замин 6 континент ё худ қитъаи хушкӣ вуҷуд доранд: Осиё, Амрико, Аврупо, Африқо, Австралия ва Антарктида. Аврупову Осиёро аксарият як қитъа шуморида, онро Авруосиё меноманд. Ҳудуди қитъаи калонтарини олам – Осиё 43 млн км мураббаъ, Амрико 42 млн км мураббаъ, Африқо 30 млн км мураббаъ мебошад. Қитъаи Антарктида пурра бо ях пӯшида шудааст. Дар маҷмӯъ ҳамаи қитъаҳои номбурда 29 дарсади сатҳи хушкии Заминро ташкил мекунанд, 71 дарсади боқимондаашро оби уқёнусу баҳрҳо фаро гирифтаанд.

0

Озарахш (барқ) чист?

Тавре ки гуфтем, ҳангоми раъду барқ дар натиҷаи ба ҳам соиш хӯрдани қатраҳои борону ҳавои гарм энергияи электрии зиёд ҳосил мешавад. Агар ҷаҳиши заррачаҳои электрӣ байни абрҳову Замин ба вуҷуд ояд, онро барқ ё соиқа меноманд. Конденсатсия Ҳодисаи аз буғ ба моеъ мубаддал шудан. Эътидоли шабу рӯз Рӯзҳои сол, вақтеро ки вобаста ба ҳолати Офтоб давомнокии шаб бо рӯз якхела аст, эътидоли шабу рӯз меноманд. Он 21 март, оғози фасли баҳор ва 21 сентябр, саршавии тирамоҳ мебошад. Инқилоби Офтоб Убури Офтоб аз дуртарин ё наздиктарин нуқтаи эллиптикии хати истиво (экватор). Инқилоби тобистонӣ ба 22 июн - дарозтарин рӯзи сол рост меояд, ки баъди он кӯтоҳшавии рӯзҳо оғоз меёбад. Инқилоби зимистонӣ – 22 декабр – кӯтоҳтарин рӯзи сол буда, баъди он дарозшавии рӯзҳо сар мешавад.

0

Раъд чӣ гуна ба амал меояд?

Раъд ҳангоми тағйирёбии намӣ ва ҳарорат дар атмосфера ба вуҷуд меояд. Вақте ки ҳавои гарм босуръат боло меравад, бо ҳавои хунук бархӯрда, ба қатраҳои борон табдил меёбад ва ба Замин мерезад. Дар ин ҳолат қатраҳои борон бо ҳавои гарми аз Замин босуръат баромадаистода соиш мехӯранд ва ин соиш неруи барқро ҳосил мекунад. Ба ҳам бархӯрдани қатраҳои борону ҳавои гарм садои баландеро меангезад, ки онро раъд меноманд.

0

Чаро дар биёбон борон намеборад?

Биёбонҳо минтақаҳои хушку беҳосили Замин мебошанд, ки дар он ҷо қариб набототе намерӯяд. Дар аксари дашту биёбонҳо борон тамоман намеборад ва ё боридани он хеле кам мушоҳида мешавад. Дар баъзе биёбонҳо борон як муддати кӯтоҳ борад ҳам, бинобар гармидии зиёд тез хушк мешавад ва ҳатто сатҳи заминро тар намекунад. Азбаски дар биёбонҳо на кӯл ҳасту на дарё, обе, ки бухор шуда, абрҳоро ба вуҷуд меорад, мавҷуд нест, аз ин рӯ боришот хеле кам аст. Дар биёбон ҳарорат рӯзона хеле баланд ва шабона паст аст. Дар ҷаҳон биёбонҳои калону хурд бисёранд. Биёбонҳои Саҳрои Кабир дар Африқо, биёбонҳои Араб ва Гоби дар Осиё ва биёбони Бузург дар Австралия аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Баъзе биёбонҳо (Атакама дар Чили, Сонора дар Мексика, Аризона дар ИМА ва ғайра) аз баҳру уқёнусҳо ба воситаи қаторкӯҳҳо ҷудо шудаанд. Шамоли гарме, ки дар болои баҳрҳо ба вуҷуд меояд, ҳангоми ҳаракат ва ҷойивазкунӣ ба кӯҳҳо бармехӯрад ва хунук шуда, ба барфу борон табдил меёбад. Ҳавои хунук бошад, ба самти биёбон дар шакли хушк мевазад, бинобар ин дар ин ҷо бориш намешавад.

0

Сиклони тропикӣ чист?

Сиклони тропикӣ хосси мамлакатҳои иқлимашон тропикӣ буда, дар баҳру уқёнусҳо пайдо мешавад. Онро тундбод, тӯфон, гирдбод низ меноманд. Сиклони тропикӣ ҳангоми аз ҳад зиёд гарм шудани оби баҳру уқёнус ва бухоршавии зиёд ба вуҷуд меояд. Ҳамин буғ (ҳавои гарм) зуд ба боло мебарояд ва ба қабати хунуки атмосфера бархӯрда, боиси боришоти сахт мегардад. Он ҷое, ки буғ боло баромада буд, тамоман холӣ ва қариб беҳаво мемонад, ки онро «чашми» тӯфон меноманд. Он гоҳ ҳавои атроф бо суръати тез ин ҷои холишударо мегирад ва дар роҳи худ тамоми чизҳои мавҷударо мебарад. Ҳамин боди суръатнок тӯфон аст, ки бештар дар баҳру уқёнусҳо падид меояд.

0

Шамол чист?

Дар он минтақаҳои атмосферӣ, ки ҳаво гарм аст, фишори атмосферӣ пасттар мебошад, чунки ҳавои гарм назар ба ҳавои хунук сабуктар аст. Чунин фарқияти фишори атмосферӣ сабаби ба ҳаракат даромадани ҳаво, яъне ба вуҷуд омадани шамол (бод) мегардад. Шамоли гарм аз минтақаи фишори баланд бо ҳавои хунуктар сӯи минтақаи фишораш паст мевазад. Дар рӯи Замин каму зиёдшавии шиддати нурҳои Офтоб вобаста ба вақти шабонарӯзӣ боиси дигаргуншавии ҳарорати ҳаво мегардад. Аз ин рӯ, дар давоми рӯз самти ҳаракати шамоли рӯи Замин дигаргун мешавад. Чунин шамолро насим мегӯянд. Насим вобаста ба мавқеаш рӯизаминӣ, баҳрӣ, наздисоҳилӣ, кӯҳӣ ё даштӣ мешавад. Самти насим рӯзона ва шабона дигар мешавад.

0

Чаро борон меборад?

Ҳавое, ки мо аз он нафас мекашем, ҳеҷ гоҳ хушк нест, он дорои буғи обест, ки дар натиҷаи бухоршавии оби баҳру дарёҳо ва нафаскашии рустаниву ҳайвонот ба вуҷуд меояд. Агар ҳаво гарм бошад, буғ ба қабатҳои болоии атмосфера мебарояд ва дар он ҷо ба ҳавои хунук бармехӯрад. Дар ин ҳолат заррачаҳои буғи об якҷоя шуда, абрҳоро ба вуҷуд меоранд. Вақте ҳаво хунуктар шуд, миллионҳо заррачаҳои абр ба ҳам омехта шуда, ба қатраҳои об табдил меёбанд. Ин қатраҳо дар шакли борон ба Замин мерезанд.

0

Ранги осмон чӣ гуна аст?

Дар рӯзҳое, ки ҳаво соф аст, ранги осмон ба назари мо кабуд метобад. Дар асл осмон ранги муайян надорад. Ранги он вобаста ба рӯшноиест, ки аз қабати атмосфера мегузарад. Рӯшноии Офтоб дорои рангҳои гуногун аст, ки тирукамонро ташкил мекунад. Вақте шуоъҳои Офтоб ба атмосфера мерасанд, як қисми гарду хок ва буғи об ин рангҳоро пароканда мекунад. Азбаски ранги кабуд хеле хуб пароканда мешавад, мо ин рангро дар тамоми гӯшаву канори атмосфера мушоҳида мекунем. Аз ин рӯ осмон ба назарамон кабуд менамояд.

0

Сӯрохи озонӣ чист?

Озон газ аст, ки аз оксиген бо ёрии нурҳои ултрабунафши Офтоб ҳосил мешавад. Қисми зиёди озон дар баландии байни 20 ва 25 км ҷамъ мешавад. Хлор, ки дар натиҷаи оташфишонии вулканӣ ба вуҷуд меояд, як қисми қабати озонро вайрон мекунад. Чунин таъсирро гази аэрозол ва яхдонҳои аз хлор ва оксиди ҳидроген иборатбуда низ мерасонанд. Хлор ва оксиди ҳидроген таркиби озони стратосфераро вайрон мекунанд. Хурдшавии қабати озондор, ки ба таъсири вайроншавӣ гирифтор гаштааст, сӯрохи озонӣ ном дорад. Сӯрохи озонӣ натиҷаҳои харобиовар дорад, зеро метавонад ба Замин афканишоти зарарнокро, ки барои мавҷудоти зинда хатарноканд, паҳн кунад.

0

Оё атмосфера аз газҳои якхела иборат буд?

Дар марҳалаи якуми сардшавии Замин атмосфера аз ҳидроген ва ҳелий иборат буд. Баъдтар газҳои дар раванди фавворазании пуршиддати вулканҳо ҷудошуда дар атмосфера ҷой гирифтанд. Ин газҳо бухори сулфур, аммиак ва метан буданд. Аммо нурафкании сахт ин газҳоро вайрон карда, онҳоро ба оксиген ва ҳидроген табдил дод. Дар ин шароит намудҳои нахустини рустанӣ пайдо шуданд, ки тавассути раванди фотосинтез миқдори оксигенро меафзуданд, сипас озон ба вуҷуд омад. Ҳамин тавр дар муддати миллионҳо сол таркиби ҳозираи атмосфера ташкил ёфта, боиси инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин гардид. Зарраҳои барф Вақте ки қатраҳои калони оби баҳрҳо аз қабати хунуки атмосфера, ки ҳарораташ аз 0°С паст аст, мегузаранд, қатраҳои хурди об ба кристаллҳои ях табдил мешаванд. Агар мо ба онҳо ба воситаи заррабин (микроскоп) назар кунем, ин кристаллҳои хурди ях дорои шакли аҷоибе мебошанд, ки ба гулҳои калейдоскоп монанданд. Ҳангоми ба Замин афтидан ин кристаллҳо ба буғи об ҳамроҳ шуда, дар шакли зарраҳои барф мерезанд. Номи абрҳо Вобаста аз шаклу мавқеи ҷойгиршавиашон абрҳо дар тропосфера номҳои гуногун доранд; пармонанд, ғафсу тӯда, қабат-қабат, зич ва ғайра.

0

Таъсири гармхонагӣ (парникӣ) чист?

Офтоб ба Замин равшанӣ ва гармӣ мебахшад. Рӯстанӣ, хок, сангҳо ва дигар мавҷудоту ҷисмҳое, ки дар рӯи Замин ҳастанд, гармиро фурӯ мебаранд ва ҳангоме ки онҳо гарм мешаванд, як қисми он гармиро боз ба ҳаво бармегардонанд. Вақте ки моддаҳои нафтдори гарм месӯзанд, пасмондаҳои онҳо дар шакли газҳои гуногун, аз ҷумла гази ангидриди карбон пайдо мешаванд. Ин газ дар тропосфера қарор гирифта, гармиеро, ки аз Замин мерасад, нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба қабатҳои баландтари атмосфера равад. Ҳамин тавр ҳаво сахт метафсад ва ин тафси ҳаво бозпас ба Замин бармегардад. Ин ҳодиса таъсири парникӣ номида мешавад; атмосфера ҳангоми мавҷуд будани миқдори зиёди гази ангидриди карбон, гӯё чодире мешавад, ки гармиро мисли гунбази пластикии гармхонаҳо берун баромадан намемонад.

0

Аҳамияти тропосфера дар чист?

Тропосфера қабати аз ҳама наздиктарин ба Замин аст, ки аз газҳои барои ҳаёт зарурӣ – оксиген, нитроген ва карбон иборат мебошад. Тағйири обу ҳаво – борон, шамол, барф ва ғ. дар қабати тропосфера ба вуҷуд меояд. Ғайр аз ин, тропосфера моро аз шуълаҳои сӯзони Офтоб муҳофизат мекунад, зеро қисми ками шуълаҳоро мегузаронад ва ҳарорати муътадили обу ҳавои Заминро таъмин мекунад. Тропосфера, аз ин ҷиҳат, ҳамчун батанзимварандаи гармӣ низ хизмат мекунад. Агар тропосфера намебуд, ҳарорати ҳаво аз 80°С то ба – 140°С тағйир меёфт ва зиндагӣ дар рӯи Замин номумкин мешуд.

0

Атмосфера аз чанд қабат иборат аст?

Атмосфера ҳарорати муътадили ҳаворо нигоҳ дошта, таркибаш аз оксиген ғанӣ аст. Атмосфера барои нафаскашии инсону ҳайвонот мусоидат карда, мавҷудоти зиндаи рӯи Заминро аз таъсири нурҳои зарарноки Офтоб ҳифз мекунад. Аз рӯи ҳарорат ва таркиб атмосфераро метавон ба 5 қабат тақсим кард: Тропосфера – аз сатҳи Замин оғоз меёбад ва онро то баландии 11 км мепеҷонад. Дар ин қабат 80 дарсади ҳавои атмосфера мавҷуд аст. Дар сурати ҳар қадар баланд баромадан ҳарорати ҳаво паст мешавад ва ба -40°С мерасад. Стратосфера пас аз тропосфера оғоз гардида, то баландии 50 км мерасад. Миқдори ҳаво дар стратосфера мунтазам коҳиш меёбад ва он аз қабатҳои гуногун иборат аст. Вай қабати махсусе бо номи озоносфера дорад, ки ба шарофати он шуоъҳои зараровари Офтоб ба Замин намерасанд. Ионосфера – баландияш то 85 км идома меёбад ва аз шуоъҳои зиёд иборат мебошад. Термосфера аз баландии 90 км сар шуда, то 600 км идома меёбад. Вобаста ба баландшавӣ ҳарорати он афзуда, то 240°С мерасад. Ҳарорати баланди термосфера аз таъсири нурҳои Офтоб ва ҳаракати тези зарраҳои газ мебошад. Экзосфера қабати аз ҳама баландтарини атмосфера буда, аз 600 км болоро ишғол мекунад. Дар таркиби он оксиген ниҳоят кам аст ва ҳарораташ то дараҷаи 2000°С мерасад. Қабати мазкур ба фазои кайҳонӣ дохил мешавад ва сарҳад надорад.

0

Оё инсон ба қаъри Замин расида метавонад?

Инсон тавассути мушакҳои кайҳонӣ сайёраҳои дигарро меомӯзад, ҳатто худ ба кайҳон парвоз мекунад, вале ба қаъри Замин то ҳанӯз нарасидааст. Ҳарчанд то имрӯз кӯшишҳои расидан ба умқи дастнораси Замин буданд, аммо аз ҷониби одамон ҳамагӣ чанд сад метри Замин таҳқиқ шудаасту халос. Ҳарчанд инсон ба қаъри Замин нарасида бошад ҳам, ба воситаи таҳқиқоти мавҷҳои заминҷунбӣ тавонист дар бораи қишрҳои гуногуни Замин маълумот пайдо намояд. Жюл Верн Жюл Верн (1828 -1905) нависандаи фаронсавист, ки соли 1864 романи «Саёҳат ба маркази Замин»-ро навиштааст. Дар ин асар як олими олмонӣ ҳамроҳи ҷияни худ ва роҳбалад ба маркази Замин сафар мекунанд. Жюл Верн асарҳои зиёди хаёлӣ таълиф намудааст, ки дорои далелҳои илмӣ буданд. Ин асарҳои хаёлӣ – «Аз Замин то Моҳ», «20 000 лйе дар зери об» ва ғ. дар заминаи кашфиётҳои илмии давраҳои минбаъда қисман ба воқеият табдил шудаанд.

0

Чаро об танҳо дар Замин мавҷуд аст?

Замин ягона сайёраест, ки дар он об дар шакли моеъ вуҷуд дорад. Дар сайёраҳои дигар ҳарчанд оби кам мавҷуд бошад ҳам, он на дар шакли моеъ, балки дар шакли ях ва ё буғ аст. Ҳарорати Замин имкон медиҳад, ки дар тамоми фаслҳои сол ҳам дар сатҳ ва ҳам дохили он обро пайдо кунед. Дар сайёраҳои дигар ҳарорат ниҳоят паст аст, бинобар ин сатҳи онҳо бо ях пӯшонида шудааст.

0

Гидросфера чист?

Оби рӯи Замин тақрибан сеяки сатҳи онро ташкил мекунад ва гидросфера ном дорад. Гидросфера аз баҳру уқёнусҳо, яъне обҳои зеризаминӣ, кӯлу дарёҳо, ки обҳои минтақавӣ (континенталӣ) мебошанд, иборат аст. Оби баҳрҳо қисми зиёди гидросфераро ишғол мекунанд ва ҳаҷмашон 524 миллион километри мукааб аст. Ҳарчанд дар тасаввур ин миқдори об хеле зиёд бошад ҳам, дар асл мутаносибан қисми ками ҳаҷми сайёрамонро ташкил медиҳад.

0

Чаро газҳо аз атмосфера ба фазои Кайҳон намераванд?

Ашёе, ки атмосфераро ба вуҷуд овардаанд, мисли ҷисмҳои рӯи Замин ба қувваи ҷозибаи Замин дучор шудаанд. Бо вуҷуди он ки газҳои атмосферӣ сабуканд ва аз Замин дар фосилаи дур ҷойгиранд, қувваи ҷозибаи Замин ба онҳо то андозае таъсир мекунад, ки мувозинати онҳо дар ҳаво нигоҳ дошта мешавад. Қувваи ҷозибаи Заминро гравитатсия меноманд. Шиддатнокии зиёдтари қувваи ҷозиба дар маркази Замин аст.

0

Атмосфера чист?

Атмосфера аз қабатҳои гуногуни газҳо иборат аст, ки Заминро иҳота кардаанд. Таносуби газҳо вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Таркиби миёнаи атмосфера аз 78% азот, 21% оксиген, миқдори ками аргон, буғи об, инчунин миқдори кам ва тағйирёбандаи гази карбон иборат аст. Атмосфера. Қабати абрҳо дар болои Баҳри Шимолӣ. Атмосфера имкон медиҳад, ки мавҷудоти зинда нафас кашанд, зеро он оксиген дорад, инчунин онҳоро аз шуоъҳои зараровари офтоб ва чун изолятори гармӣ аз гармии зиёд ҳимоя мекунад.

0

Кадом қабати Замин барои инсон муҳимтар аст?

Бешубҳа, барои инсон қабати болоии Замин – қишри он муҳим мебошад, зеро ҳаёт дар ҳамин қабат инкишоф меёбад. Қишри Замин, ки аз поён то мантия ва аз боло то ба атмосфера мерасад, аз оксиген ғанӣ буда, бевосита аз шуоъҳои Офтоб баҳравар мегардад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки дар қишри болоии Замин – хок рустаниҳову мавҷудоти дигар арзи вуҷуд кунанд. Ғайр аз ин ҷинсҳое, ки дар қишри Замин вуҷуд доранд, аз қабили оҳан, натрий, калсий ба рустаниҳо ғизо мебахшанд. Сангҳое, ки дар қишри Замин ҷойгиранд, бо мурури замон реза-реза шуда, ба хоку гил табдил меёбанд. Хоку гил намиро нигоҳ медорад ва қисми ҳосилхези қишри Заминро ташкил мекунад. Барои афзун намудани ҳосилхезии Замин кишоварзон онро ба воситаи техникии мувофиқ шудгор мекунанд. Гардиш Ҳаракати ситора ва сайёраҳо ҳангоми тобхӯрӣ дар гирди меҳвари худ, яъне гирдогирди худ. Хок Қабати болои қишри Замин, ки ба шарофати он ҳаёти рустаниҳо ва сипас ҳайвонот ба вуҷуд омадааст. Даврзанӣ Ҳаракати як ситора дар гирди ситораи дигар.

0

Замин чандсола аст?

Муҳаққиқон тавонистанд, ки бо ёрии усулҳои ниҳоят мураккаб синни Заминро ҳисоб кунанд. Онҳо ҳайвонот ва набототи ниҳоят қадимиро, ки ба санг табдил ёфта буданд, таҳқиқ намуданд. Олимон ҳамчунин стратҳо, яъне қабатҳои Заминро, ки сатҳи Заминро ташкил медиҳанд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Пеш аз ҳама, онҳо давраи аз як чиз ба чизи дигар табдил ёфтани онро ҳисоб карданд. Ин усул ба ҳисобкунии афканишоти шиддатноки нур дар моддаҳои гуногун асос ёфта, усули радиоактивӣ номида мешавад. Бисёр олимон тахмин мекунанд, ки синни Замин қариб 4600 миллион солро ташкил медиҳад.

0