Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дигараш он ки, бибин, дӯстам, ки Паёмбар (с.а.в.) чӣ тавр ва бо кадом маҳорати баланди маъонӣ ва иборавӣ инро мегӯяд? – “... зери сояи шамшер”, на “... зери теғи шамшер”, ки аслан хунолуд аст, гуфта истодааст. Ин мазмунҳои мутазод аст, яъне, зидди якдигар ва фарқ байни ину он хеле зиёд аст.

Акнун, дӯстам, тасаввур бикун, чунки ин мазмун дар тасаввурот беҳтар зоҳир мегардад: шамшер, агар дар ҳолати буриш бошад, зери шуои офтоб, сояи он дида намешавад ва ё хеле сояи борик дар хок дида мешавад, вале агар онро ба ба кунҷи 900 гардонӣ, он соядиҳанда мешавад ва аз “олоти хатарноки ҷангӣ” ба “олоти ороми сояафкан” мубаддал мегардад.

Албатта, мо намехоҳем, ки ягон мазмунро барои хонанда талқину тарғибу маҷбур гардонем, ки мафҳуму мутлақ бошад, вале хоҳиш мекардем, ки дар бобати ин каме худ андеша кунанд ва хулосаҳо бароранд, чунки Паёмбар (с.а.в.) ба ҳич ваҷҳ “Исломро бояд бо шамшер ҷорӣ намуд” нагуфтааст.

……….

  1. Оид ба масоили куштани мори нафс дар худ.

Мо зи “шамшер”-у маъонӣ чанд сухан
В-он қиёсҳо карда будем бо куҳан.
Гуфта будем: Ҳар замон аз ҳар ҳарф,
Ҷӯш занад бас маъниҳо аз умқи зарф.
Як сухан дорад паҳлӯ ҳафту ҳашт,
Пас, сухан гӯ бо нигоҳ бар пешу пушт.
Мар нашояд гуфтаву пас, фикр кунӣ,
Коре карда аз пасаш бас зикр кунӣ.
Ин забон лаҳм асту андар ин даҳон,
Кай тавонад дид он чӣ дар ҷаҳон?
Чун саре овард бурун ин муши тез,
Кай тавонад з-он пишак ёбад гурез?
Ӯ ки з-он сӯ худ надорад бас хабар,
Бетакаллуф, бозӣ дорад бо хатар.
Ин сухан охир надорад, ай адаш,
Гар Худо хост, гашта оям бар сараш.
Мутмаинам, ту зи Мавло хондаӣ?
Рӯй ба ҳарфу маъниҳош овардаӣ?
Қиссаест дар дафтараш оид ба нафс,
Нисбати “модар” ба мисли “мори ғафс”
“Аждаҳо” ӯ “нафс”-ро илқоб кард,
Ақли моро аз шареъ пуроб кард.
Ҳар кӣ фаҳмид мазмунашро шуд раҳо, З-он пасе шуд дар пайи васл бо Худо.

пешина
аз 175
навбатӣ