
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
ГИРЯИ БАЧА ВА ДУОИ МОДАР
Рӯзе як модари солхӯрда бо писараш ба бозор мерафт. Ҳарду дар роҳ мерафтанд, ки як кӯдаки хурдсол, ки дар канори роҳ менишаст, ба гиря даромад. Модар ба назди он кӯдак рафт, бо меҳрубонӣ сарашро сила кард ва пурсид: — Писарам, чаро гиря мекунӣ? Кӯдак бо ашк дар чашм гуфт: — Модарам маро фаромӯш кард ва рафт. Ман метарсам, ки дигар намеёяд... Модар ӯро тасаллӣ дод ва гуфт: — Натарс, модар ҳеҷ гоҳ фарзандашро фаромӯш намекунад. Ӯ ҳатман бармегардад. Писари модар, ки ин саҳнаро медид, бо тааҷҷуб пурсид: — Очаҷон, магар мумкин аст модар фарзандашро фаромӯш кунад? Модар бо табассум ва нигоҳе пурмаъно гуфт: — Нафаре, ки дар ҳаққи модараш беэҳтиромӣ мекунад, рӯзе ҳатман пушаймон мешавад. Зеро дилсӯзии модар, ҳатто барои фарзанди ношукр ҳам, поён надорад... Он кӯдак баъд аз чанд лаҳза бо модараш пайваст шуд ва бо хурсандӣ рафтанд. Аммо он ҷавон то охири рӯз дар фикри суханони модараш буд... Паём: Модар ва падар дар хурдсолиамон моро бо меҳру муҳаббат тарбия мекунанд. Вақте мо ба воя мерасем, набояд меҳру заҳматашонро фаромӯш кунем. Ҳар фарзанд бояд қадри бачагӣ ва дуои модарро бидонад. МЕҲРУБОН БОШЕМ
БОҒЧА АЛЛАКАЙ ДЕР АСТ
Шояд ҳар яки мо аз солҳои мактабхонӣ дар ёд дорад, ки дар синф як талабаи қобилиятноке буд, ки бе ягон кӯшиши дидашаванда сарварии синфро ба уҳда мегирифт, ҳамзамон талабаи дигар бо тамоми кӯшиш қафомонда боқӣ мемонд. Дар солҳои таҳсили ман муаллимон моро чунин ҳавасманд мекарданд: «Боақлӣ ё беақлӣ меросӣ нест. Ҳамааш аз кӯшишҳои худат вобаста мебошад». Ва аздусар таҷрибаи шахсӣ нишон дод, ки аълохон ҳамеша аълохон ва духон ҳамеша духон аст. Гӯё, ки ақл аз ҳамон аввал насиби одам мешавад. Бо ин номувофиқатӣ чӣ кор кардан мумкин буд? Ба хулоса омадам, ки қобилиятҳо ва хулқу хӯи инсон аз рӯзи таваллуд маълум нестанд ва дар аксари маврид дар давраи муайяни ҳаёти ӯ ташаккул меёбанд. Баҳсҳои зиёд то ҳол идома доранд: инсонро ирсият ташаккул медиҳад ё таълиму тарбияе, ки мегирад. Аммо то имрӯз ягон назарияи каму беш қобили қабул ба ин баҳсҳо нуқтаи охирро нагузоштааст. Ниҳоят, таҳқиқи физиологияи мағзи сар аз як тараф ва психологияи кӯдак аз тарафи дигар, нишон доданд, ки калиди рушди қобилиятҳои ақлонии кӯдак таҷрибаи шахсии дарёфтҳои ӯ дар се соли аввали ҳаёт, яъне дар давраи рушди ҳуҷайраҳои мағзи сар мебошад. Ягон тифл нобиға ва ягон тифл девона таваллуд намешавад. Ҳамааш аз ҳавасмандгардонӣ ва дараҷаи рушди мағзи сар дар солҳои ҳалкунандаи ҳаёти тифл вобаста аст. Ин давраи аз таваллуд то синни сесолагӣ мебошад. Тарбия кардан дар боғча корест, ки аллакай дер шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор