
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
ХУДОЯТРО БА МО ШИНОС НАМО!
Мушрикон аз Расули Худо (с) талаб карданд, ки Худои худро ба онҳо муаррифӣ кунад. Он гоҳ сураи «Ихлос» нозил шуд, ки бад-ин мазмун аст: «Бигӯ: «Ӯ Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зодашуда аст. Ва ҳеҷ кас Ӯро ҳамто нест».
НОМҲОИ ХУДОВАНД
Боре Расули Худо (с) номҳои зебои Худовандро зикр намуда, фармуд: — Аллоҳ Таъоло 99 ном дорад. Ҳар касе, ки онҳоро ҳифз кунад, вориди ҷаннат мешавад. Ҳар касе ҳам ин номҳоро номбар кунад, ба биҳишт ворид мешавад. Худованд яккаву ягона аст ва яккаву ягонагиро дӯст медорад. Ҳар касе бо «Исми Аъзам» дуо кунад, Худованд дуои ӯро иҷобат мекунад ва он касе, ки бо зикри он чизе талаб кунад, Худованд ниёзашро бароварда мегардонад.
БО ТАВАККУЛ ЗОНУИ ШУТУР БУБАНД
Рӯзе шутури савории ҳазрати расули Худо (с.в.с.) гум шуд. Пас аз заҳмати бисёр онро ёфтанд ва оварданд. Ҳазрат ба ғулом фармуд: – Магар дар вақти хобонидани шутур зонуҳои ӯро набастӣ? Арз кард: – Набастам ва таваккул ба Худо кардам. Ҳазрат фармуд: – “Иъқал ва таваккул”, яъне аввал зонуи шутурро бубанд ва баъд таваккал кун. Гуфт пайғамбар ба овози баланд: Бо таваккул зонуи уштур бубанд!
ҲИКМАТИ ПИРАЗАН
Гӯянд, ки як подшоҳ дар мамлакате зиндагӣ мекард, ки номи ҳукумати ӯ ба одилӣ шуҳрат дошт. Бо вуҷуди ин, худаш бисёр вақт аз вазиронаш шикоят мекард: – Ман чӣ тавр донам, ки кӣ хирадманд асту кӣ не? Чӣ тавр фаҳмам, ки ба кӣ масъулияти калон бовар кунам? Як рӯз ба ӯ гуфтанд: – Дар деҳаи канорӣ пиразане зиндагӣ мекунад, ки мардум ӯро бисёр хирадманд мегӯянд. Ҳар кас мушкиле дошт, назди ӯ мерафт ва ҷавоби дуруст мегирифт. Подшоҳ ҳавас кард ва пинҳонӣ роҳ падохт, то пиразанро бубинад. Вақте ба хонаи одии ӯ расид, дида шуд, ки пиразан дар остона нишаста асту ба роҳ нигоҳ мекунад. Подшоҳ ба ҳайрат гуфт: – Чӣ тавр фаҳмидӣ, ки ман меоям? Пиразан хандид: – Ман намедонистам, ки ту меоӣ, аммо ҳар рӯз остонаро пок мекунам, то ҳар меҳмоне ки биёяд, бо дили пок қабул шавад. Подшоҳ гуфт: – Ман аз ту як чизро фаҳмидан мехоҳам: хирад дар чист? Пиразан гуфт: – Хирад дар он нест, ки ту ҳама чизро бидонӣ. Хирад дар он аст, ки ба ҳар чиз бо покӣ, ростӣ ва оромӣ нигарӣ. Касе ки дилаш пок аст, ба роҳи дуруст қуръае наздиктар аст аз касе ки саршор аз дониш аст, вале дилаш пур аз кибру ғурур. Баъд пиразан як мушт хок гирифта гуфт: – Ин хокро бинӣ — нарм асту ҳама ҷо ҷой мешавад. Хиради инсон ҳам бояд чунин бошад: нарм, фурӯтан, омодаи фаҳмидани ҳар чиз. Вақте хирад сахт шуд, ба санг табдил меёбад ва на фоида дорад, на роҳ нишон медиҳад. Подшоҳ аз суханони пиразан сахт мафтун шуд. Гуфт: – Аз имрӯз фаҳмидам, ки қудрат бо хирад нест, балки хирад қудратро роҳбаладӣ мекунад. Ва баргашт ба қасраш, то кишварро бо дили нармтару хиради бештар идора кунад. МЕҲРУБОН БОШЕМ!
Тоҷир ва ғулом
Тоҷири сарватманде бо ғуломи худ аз Қуния ба сафари Шом рафтанд, то бор харанд ва ба шаҳри худ баргарданд. Марди сарватманд барои ғуломи худ дар роҳ каме пул медод, то хӯрок бихарад ва худ ба корвонсарой рафта, беҳтарин таомҳоро мехӯрд. Ғулом ҷуз нон ва панир чизе наметавонист бихарад. Чун ба шаҳри Шом расиданд, бор ҳозир набуд, пас тоҷир ва ғуломаш ба корвонсарой рафтанд, то истироҳат кунанд. Ғулом фурсате ёфт, ки дар корвонсарой коре кунад ва даҳ сиккаи тилло музд ба даст оварад. Бори тоҷир фароҳам шуд. Онҳо борро бастанд ва ба Қуния раҳсипор шуданд. Дар миёни роҳ, роҳзанон бори тоҷирро ба ғорат бурданд ва ҳар чӣ дар ҷайби тоҷир буд, аз ӯ гирифтанд, аммо гумон накарданд, ки ғулом сиккае дошта бошад, пас ӯро тафтиш накарданд ва сиккаҳо дар дасти ғулом боқӣ монд. Баъд аз илтиҷои зиёд роҳзанан ба раҳм омаданду уштуреро раҳо карданд, то тоҷир ва ғулом дар биёбон аз гуруснагӣ намиранд. Як ҳафта дар роҳ буданд, то ба корвонсарой расиданд. Ғулом барои соҳибаш хӯроки гарм харид ва худаш нон ва панир хӯрд. Тоҷир пурсид: «Ту чаро хӯроки гарм намехӯрӣ?» Ғулом гуфт: «Ман ғулом ҳастам ва ба хӯрдани пораи нон бо панир одат дорам ва шиками ман аз ман мепазирад, аммо ту тоҷирӣ ва одат надорӣ, шиками ту нофармон аст ва намепазирад.» Тоҷир ба ёди бадиҳои худ ва меҳрубонии ғулом афтод ва гуфт: «Хӯроки гармро бигир, ба ман аз "афв ва маърифат ва қаноат ва бахшандагии худат ҳадя деҳ", ки беҳтарин ҳадяи ту ба ман аст.» Ман акнун фаҳмидам, ки: «Саховат ба миқдори сарвату пул вобаста нест,» моли бузург намехоҳад, балки дили бузург мехоҳад. «Онон, ки ғанӣ ҳастанд, намебахшанд; онон, ки дар худ эҳсоси ғанӣ будан мекунанд, мебахшанд.» «Ман ғанӣ будам, вале дар худ эҳсоси ғанӣ будан намекардам ва ту фақирӣ, вале эҳсоси ғанӣ будан мекунӣ.
Падар
Подшоҳе фармон дод, ки пиронсолонро бикушанд. Ҷавоне падари худро дӯст медошт. Ҳангоме ки ҷавон хабар ёфт, падари худро дар зеризамини хонааш пинҳон кард. Вақте ки маъмурон барои тафтиш омаданд, касеро наёфтанд. Рӯзҳо гузашт ва подшоҳ тавассути ҷосусон ва хоинон огоҳ шуд, ки ҷавон падари худро пинҳон намудааст. Подшоҳ қарор дод, ки қабл аз ҳабс кардани ҷавон ва қатли падари ӯ, ӯро бисанҷад. Маъмуреро ба дунболи ӯ фиристод. Маъмур назди ҷавон рафта гуфт: "Подшоҳ туро фаро хондааст, ки субҳгоҳон савор ва ҳамзамон пиёда ба ҳузураш биоӣ." Ҷавон ҳайрон шуд ва дар ҳолати сардаргумӣ ба назди падари худ рафт ва воқеаро нақл намуд. Мард табассуме кард ва ба фарзандаш гуфт: "Асои бузурге биёр ва рӯи он савор шав ва пиёда назди подшоҳ ҳозир шав!" Ҷавон дар маҷлиси подшоҳ ҳозир шуд. Подшоҳ аз заковати ӯ дар тааҷҷуб монд ва ба ҷавон гуфт: "Бирав ва пагоҳ дар ҳолати пӯшида ва урён баргард!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар ба фарзандаш гуфт: "Кафши худро ба ман бидеҳ." Қисми поён ва пошнаи кафшро бурид ва гуфт: "Инро бипӯш ва назди подшоҳ бирав!" Подшоҳ аз зеркии ӯ дар ҳайрат монд ва ба ӯ гуфт: "Бирав ва фардо бо дӯсту душмани худ биё!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар табассуме кард ва гуфт: "Ҳамсарат ва сагатро бо худ бубар ва назди подшоҳ биёр! Ва ҳар дуяшонро бизан!" Ҷавон гуфт: "Чӣ гуна мумкин аст?" Падар гуфт: "Ту иҷро кун, зуд хоҳӣ фаҳмид." Субҳ ҷавон назди подшоҳ ҳозир шуд ва дар назди подшоҳ ҳамсарашро зад. Ҳамсараш фарёд баровард ва ба шавҳараш гуфт: "Ба зудӣ пушаймон хоҳӣ шуд!" Ва ба подшоҳ хабар дод, ки шавҳарам падари худро пинҳон кардааст. Баъд сагашро зад. Саг давид. Подшоҳ тааҷҷуб кард! Ва гуфт: "Дӯсти вафодор ва душман чӣ гуна аст?" Ҷавон ба саг ишора кард. Саг ба сӯяш шитофт ва гирду атрофаш бо шодӣ давид! Ҷавон гуфт: "Ин ҳамон дӯст ва душман аст." Подшоҳ дар ҳайрат монд ва гуфт: "Субҳ бо падарат биё!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Субҳ чун назди шоҳ ҳозир шуданд, подшоҳ падари ҷавонро ҳамчун мушовири худ баргузид. Ниҳоят ҷавон ва падараш ба лутфу фазли Илоҳӣ наҷот ёфтанд. Падар ҳар гоҳ ба синни боло мерасад, чу ганҷинаест, ки қадру қимати онро намефаҳмем, магар баъди аз даст додани чунин фурсатҳои тиллоӣ. Падар мактаби комил ва дорои дарояти воқеист. Ӯро чун мушовир ва маҳрами асрори худ қарор деҳ — ҳамеша бо ӯ роҳи ҳал хоҳӣ ёфт! Худованд ба волидони вафоткардаи мо раҳмат кунад ва ба зиндагонамон умри пурбаракат ато намояд. Фироқи падар сахт аст, ва бенавоӣ ва талхии онро касе намедонад, ҷуз он ки чашида бошад.
ҚИССАИ ИБРАТБАХШИ ПИСАР БО ПАДАР
Писаре падарашро барои шом ба тарабхонае бурд. Падар, ки хеле пиру заъиф шуда буд, ғизояшро дурус наметавонист бихурад ва бар рӯи либосҳояш мерехт. Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон бо ҳақорат ба сӯи марди пир менигаристанд, ва писар ҳам хомӯш буду дар иваз ғизоро ба даҳони падар мегузошт. Пас аз ин ки ғизояшон тамом шуд, писар ба ороми падарро ба дастшӯи бурд, либосашро тамиз кард, мӯйҳояшро шона кард ва айнакҳояшро танзим карду берун овард. Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон мутаваҷҷеҳи ҳардуи инҳо буданд ва бо ҳақорат ба сӯи ҳарду менигаристанд Писар пули ғизоро пардохт ва бо падар аз онҷо рафт. Дар ин ҳангом пирамарди дигаре аз ҷамъи ҳозирин баланд шуду садо кард Писар.... Оё фикр намекуни чизеро фаромӯш кардаи? Писар посух дод: Чизе боқи нагузоштаам. Он марди пир гуфт: Бале писарам боқи гузоштаи... Дарсе барои тамоми писарон... Ва умеде ҳам барои ҳамаи падарон...!!! Хомӯшии мутлақ бар тамоми рестурон ҳоким шуд! Кош шеъре ба номи "падар" буд ки ингуна оғоз мешуд. Қасам бар панҷаи дастонат ки бӯи нон медиҳад. Ва қасам бар чашмони ҳамеша нигаронат.... Қасам бар буғзи фурӯхӯрдаат ки шонаи кӯҳро ларзонд. Ва қасам бар ғурбатат... Вақте ҳеҷ биҳиште зери поят нест!!! (Зинда бод ҳамаи падарони дар қайди ҳаёт ва шод бод рӯҳи тамоми падарони азиз ки сафар кардаанд).
Муомилаи одилона — решаи эътимод ва баракат аст
Ривоят дар бораи муомилаи одилонаи ҳазрати Умар (р) Рӯзе як мард аз Шом бо ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мулоқот кард. Ӯ гуфт: – Эй амири мӯъминон, ман мехоҳам бо тиҷорат машғул шавам, аммо ҳар касе ки бо ман муомила мекунад, маро фиреб медиҳад. Ба ман гӯ, ки чӣ гуна инсон метавонад дар тиҷорат росткору одил боқӣ монад? Ҳазрати Умар (р) гуфт: – Тиҷорат на бо мол, балки бо виҷдон ва адолат давом мекунад. Ман ба ту як ҳодисаро нақл мекунам: Рӯзе як фақир назди бозори шаҳр омада, як миқдор хурмо овард ва гуфт, ки фурӯхта, барояш нон мехарад. Савдогаре омад ва дид, ки хурмоҳо нав нестанд. Ӯ ба фақир гуфт: – Ман инро ба нархи арзон мегирам. Ҳамин лаҳза Умар (р) аз он ҷо мегузашт ва савдоро шунид. Ӯ назди савдогар рафт ва гуфт: – Агар ту дар ҷойи ин фақир мебудӣ, чӣ мехостӣ? Ростӣ ё фиреб? Савдогар хиҷолат кашид ва хурмоҳоро ба нархи одилона харида, фақирро бо эҳтиром гусел кард. Умар (р) гуфт: – Адолат ин нест, ки ту дар ҷойи қавӣ истода, аз заъфи дигарон истифода барӣ. Адолат ин аст, ки бо ҳар кас мисли бо худат муомила кунӣ. Хулоса: Муомилаи одилона — решаи эътимод ва баракат аст. Ҳар касе, ки бо одамон бо адолат, ростқавлӣ ва виҷдон муомила мекунад, дӯстдор ва муваффақ мешавад.
РИВОЯТИ "ЯК ЛУҚМА НОН"
Рӯзе як марди бой аз хона баромада, як гадои гуруснаро дид, ки дар кунҷ нишаста буд. Гадо гуфт: – Мефаҳмед, ман ду рӯз аст, ки чизе нахӯрдаам... Мард гуфт: – Ман ба ту пул намедиҳам, зеро намедонам ту бо он чӣ мекунӣ? Ва роҳашро идома дод. Аммо як духтари хурде, ки ин саҳнаро дид, аз ҷайбаш як луқма нон баровард ва ба гадо дод. Гадо бо ашки шодӣ гуфт: – Ту дили бузург дорӣ, духтарам! Мард ин саҳнаро дид ва шарм кард. Ба назди духтар омад ва гуфт: – Ту ба ман дарси инсонпарварӣ додӣ. Ҳикмат: Инсонпарвар будан маънои доштани қалби меҳрубон аст. Кӯмак ҳатман бузург набошад, балки ихлосу муҳаббат муҳим аст.
ҚАЛБИ ПОКИ ПИРАЗАН
Рӯзе паҳлавоне, ки бо қуввату шуҷоаташ дар деҳа машҳур буд, аз назди хонаи пиразане мегузашт. Пиразан дар беруни хона бо зарфи шикастае об мекашид ва сахт мушкил медид. Паҳлавон бо тааҷҷуб гуфт: — Эй модар, чаро бо ин зарфи шикаста об мекашӣ? Ман метавонам барои ту зарфи нав ё каме об биёрам. Пиразан табассум карда гуфт: — Писарам, ин зарфро бо қасд истифода мебарам. Ҳар бор, ки об мекашам, қатраҳои об аз шикастагии он ба замин мерезанд ва растаниҳои канори роҳро об медиҳанд. Бинӣ, чӣ қадар гулҳо дар ин роҳ шукуфтаанд? Паҳлавон ба гулҳои сабзшуда нигарист ва ором шуд. Он гоҳ пиразан илова кард: — Некӣ ҳам ҳамин гуна аст. Баъзан инсон гумон мекунад, ки некиаш арзиш надорад ё пинҳон мемонад. Аммо ҳатто қатрае об, агар бо ният ва муҳаббат бошад, метавонад зиндагиро шукуфон кунад. Хулоса: Некӣ ҳатто агар хурд ҳам бошад, дар дили дигарон реша медавонад. Меҳрубонӣ ва ғамхорӣ гоҳе бе гуфтан ҳам асар мекунад. МЕҲРУБОН БОШЕМ!
ХАЙРУ САХОВАТ
Замоне як пирамарди камбизоат ҳар рӯз ба бозор мерафт ва бо даромади ночизи худ ба хона нон мебурд. Як рӯз зимистон шуд, барфу сармо сахт гардид. Пирамард мисли одатӣ ба бозор рафт. Дар роҳ як писарбачаи лоғар ва лату кӯбшудаеро дид, ки пойлуч дар кунҷи роҳ нишаста, аз сармо меларзид. Пирамард ба назди писар рафт ва пурсид: – Бачам, чаро ту дар ин ҷо нишастаӣ? Писарбача бо овози хаста ҷавоб дод: – Падар надорам, модарам бемор аст. Баромада будам, ки нон ёбам... Пирамард лаҳзае ба ӯ нигарист, сипас палтои ягонаи худро аз тан бароварда ба ӯ пӯшонд ва пуле, ки барои харидани нон ҷамъ карда буд, ба писар дод. Писарбача ашкрезон гуфт: – Шумо кӣ ҳастед? Чаро ба ман ёрӣ кардед? Пирамард табассум намуда гуфт: – Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки инсон бошам... Хулоса Инсонпарварӣ маънои меҳрубонӣ, эҳсоси ҳамдардӣ ва ёрӣ ба дигаронро дорад. Амале, ки аз дили пок мебарояд, ҳатман таъсири нек мегузорад. Чӣ гуна шахс будани моро сарвати молӣ не, балки меҳру шафқат ба дигарон муайян мекунад. МЕҲРУБОН БОШЕМ!
БАҲОИ ДИЛИ МОДАР
Рӯзе ҷавоне назди як донишманд омад ва гуфт: — Устод, ман модарамро дӯст медорам, вале намефаҳмам, ки меҳри модар то куҷо бузург аст? Устод гуфт: — Ба саволи ту фардо ҷавоб медиҳам. Лекин шабона кори душворе ба дӯш мегузорам. Рав, ва гӯшти дили модаратро биёр… Ҷавон ба хона баргашт… Шабе сахт ва пурталотум. Ниҳоят, дар дил аз ҳама чиз гузашта, кори устодро иҷро кард… Субҳ, бо дили модараш ба назди устод омад. Дар роҳ, дар замин лағжид ва афтод. Дил аз дасташ рафт. Аз он сина порчае берун шуд… Ногоҳ шунид, ки он порча ба гӯё забон кушод: — Писарам! Оё ранҷ надидӣ? Пойатро захмӣ накардӣ? Ҷавон гиря кард. Донишманд назди ӯ омад ва гуфт: — Меҳри модар беинтиҳост, ҳатто агар ту дилашро бишканӣ ҳам, дили ӯ бо ту хоҳад монд. Хулоса: Модар танҳо инсон нест — намоди муҳаббати пок, бахшоиш ва садоқат аст. Ҳеҷ дӯстӣ бо меҳри модар баробар намешавад. Қадри модарро то зинда аст, бидон ва эҳтиромашро ба ҷо биёр
Аз вожаи «чаро» ва ё аз вожаи «чӣ гуна»?
Шумо ҳангоми ба худ савол додан, аз чӣ вожае бештар истифода мекунед: Аз вожаи «чаро» ва ё аз вожаи «чӣ гуна»? Оё мегӯед: «Чаро шароит ин гуна аст? Ва ё инки мепурсед: «Чӣ гуна метавонам шароити мавҷударо зеботар ва олитар кунам?» Шумо медонед, ки фосилаи ин ду навъ пурсиш, фосилаи ҷаҳаннам то биҳишти Худост. Фосилаи байни бадбахтӣ ва хушбахтии Инсонҳо аст. Фосилаи фақр ва сарват аст. Фосилаи афсурдагӣ ва нишот аст. Фосилаи яъс ва умед аст. Оре, кайфияти зиндагии шуморо навъи саволҳое таъйин мекунад, ки шумо аз худ мекунед.
Будан дар дунё вобастагӣ нест.
Рӯзе талбандае ба дидори як сӯфии дарвеш рафт ва дид, ки ӯ бар рӯи тахти махмалин дар миёни хаймаи зебое нишастааст, ки ресмонҳояш ба мехҳои тиллоӣ баста шудаанд. Гадо чун инҳоро дид, бо овози баланд гуфт: «Ин чӣ ҳол аст, эй дарвеши муҳтарам! Ман бисёр шунида будам, ки шумо аз зуҳду бепарвоӣ ба дунё ном баровардаед, вале акнун бо дидани ин ҳама зебу зинат дар атрофи шумо, комилан ноумед шудам». Дарвеш табассуме кард ва гуфт: «Ман омодаам, ки ҳамаи инҳоро тарк кунам ва бо ту ҳамроҳ шавам». Бо гуфтани ин сухан, дарвеш аз ҷо бархост ва ба пайи гадо роҳ афтод. Ӯ ҳатто интизор нашуд, ки попушиҳояшро ба по кунад. Баъд аз муддати кӯтоҳ, гадо нороҳат шуд ва гуфт: «Ман косаи гадоиямро дар хаймаи ту гузоштаам. Ман бе косаи гадоӣ чӣ кунам? Лутфан каме сабр кун, то ман баргардам ва онро биёрам». Сӯфӣ боз хандид ва гуфт: «Дӯсти ман, мехҳои тилоии хаймаи ман ба замин фурӯ рафтаанд, на ба дили ман. Аммо косаи гадоии ту то ҳол туро таъқиб мекунад». Будан дар дунё вобастагӣ нест. Вобастагӣ он аст, ки дунё дар зеҳн ҷой бигирад. Ва ҳар гоҳ ки дунё аз зеҳн нопадид шавад, онро варстагӣ меноманд.
Бераҳмӣ ҳамеша сояе дорад ва он ҷаҳолат аст.
Инсон ҳар қадар зеҳни боз дошта бошад, ҳамон қадар камтар бераҳм мешавад. Инсони воқеан таҳсилдида наметавонад бераҳм бошад, зеро ин номумкин аст. Ӯ танҳо метавонад муҳаббат ва раҳму шафқат дошта бошад. Инсони аҳмақ маҷбур аст бераҳм бошад, зеро танҳо бо ҳамин роҳ ӯ фикр мекунад, ки метавонад пирӯз шавад. Инсони оқил хоҳише барои пирӯз шудан надорад, Инсони оқил аллакай дар зеҳни худ пирӯз аст. Ӯ аллакай дар фаҳмиши худ аз бисёр чизҳо боло аст ва ба рақобат ниёз надорад. Инсони аҳмақ ҳамеша бояд дар рақобат бошад. Ва чун аҳмақ аст, наметавонад ба зеҳни худ такя кунад, зеро маҷбур аст ба чизи дигар такя кунад. Аз ин рӯ бераҳм мешавад, маккор мешавад, фиребгар мешавад, дуруя мешавад. Ба назари ман, «аҳмақӣ» ягона гуноҳ аст ва ҳар чизи дигар танҳо паёмади он аст. Ва «зоқилӣ» ягона фазилат аст ва ҳар чизе ки мо онро фазилат медонем, мисли соя аз он пайравӣ мекунад.
Баъзе дидорҳо, охиринанд на аз рӯи хоҳиш, балки аз рӯи тақдир...
Вақте ду дӯст, ки умре ҳамдард, ҳамроз ва ҳампаноҳ буданд, бо ашки ниҳоӣ ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд, дунё як лаҳза сукут мекунад. Калимаҳо дигар садо надоранд. Фақат ду чашми пур аз ёд ва ду дасте, ки намехоҳанд аз ҳамдигар раҳо шаванд... Яке мегӯяд: «Дуо кун, шояд ин охирин дидори мост...» Ва дигаре, ашк мерезад... Мо фикр мекунем вақт зиёд аст. Ки метавонем ҳар рӯз гӯем: "Бубахш", "Дӯстат медорам", "Ташаккур", "Ҳамеша дар ёдам ҳастӣ"... Аммо вақт ҳаргиз ба интизории мо намеистад. Мо намедонем, ки кадом дидор охирин аст. Кадом "хайр" видои абадист. Кадом "фардо" дигар нахоҳад расид... Пас чаро ҳамдигарро меранҷонем? Чаро гапи дағал ба ҳам мегӯем? Чаро муҳаббатро пинҳон медорем, вақте ки метавон онро бигӯем? Ин зиндагӣ барои муҳаббат кардан аст. Барои нигоҳҳои гарм, дастҳои фишурда, дили бахшанда. Мо шояд дигар фурсате барои хабаргирии ҳамдигар, фурсати муносиб, занг задан ё табассум кардан надорем... Пас, то зиндаем ба қадри якдигар бирасем. Нагузорем муҳаббат пас аз рафтан гуфта шавад... Нагузорем бахшиш дер шавад... Зеро баъзе ашкҳо, дигар дида намешаванд... Ва баъзе оғӯшҳо, танҳо дар ёдҳо боқӣ мемонанд.
БОЛАЗЗАТТАРИН ТАОМ
Рӯзе писари Луқмони Ҳаким ба падараш савол дод: Падарҷон, шумо аз ҳама ҳакимтаред, мехоҳам бифаҳмам, ки кадом таом дар дунё болаззаттарин аст? Луқмони Ҳаким чунин ҷавоб дод: Иштиҳо. Писараш: Ман ба ин бовар намекунам. Охир иштиҳои кас ба гуфти мардум ба хӯрок вобаста аст. Чӣ қадаре ки хӯрок болаззат бошад, иштиҳо ҳам ҳамон қадар фаровонтар мегардад. Луқмон: Бале, писарам, - ҷавоб гардонида, дигар доир ба он савол ҳарфе назад. Вале пас аз чанд вақт Луқмони Ҳаким писарашро ҳамроҳи худ гирифта ба шикор мебарояд. Бегоҳӣ пеш аз сафар Луқмон ба ҳамсараш фармуд, ки ҳамчун тӯша барои онҳо зағораи (нони) арзанӣ тайёр намояд. Субҳидам оилааш нони зағораро ба халтаи шикорӣ андохта, падару писарро ба шикори сайд равон кард. То бегоҳ падару писар дар марғзор машғули шикор шуданд, ягон бор таом нахӯрданд. Бегоҳӣ ҳар ду назди чашмае нишаста дам гирифтанд. Падар зағораро аз халта бароварда, ба болои локиш гузошт ва ҳар ду ба хӯрдан шурӯъ карданд. Писари гуруснааш зағораро бо иштиҳои хеле баланд мехӯрд. Пас аз хӯрдани таом ӯ ба падараш савол кард: Ин қадар хӯроки аҷоиб, кас дар дунё аз ин хӯроки болаззатро то имрӯз надидааст. Луқмон худро ба сукунат андохта, чизе ба писараш нагуфт. Чанд рӯз пас ҳамсари Луқмон ба болои дастархон зиёфат ва неъматҳои зиёдеро гузошта, падару писарро ба хӯроки нимрӯзӣ даъват кард. Онҳо бо иштиҳои том таомҳои якуму дуюмро истеъмол карданд. Баъдтар модараш ба болои дастархон зағораи арзаниро гузошт ва ба аҳли оилааш гуфт: Марҳамат, агар маъкул шавад, ба шумо ҳатман аз ин зағора метавонам, андозае бозпасин бидиҳам. Писари Луқмони Ҳаким он зағораро ба даҳон гирифт ва табъаш якбора хира шуда қариб буд, ки хӯроки хӯрдаашро бипартояд. Вале бо як ҳоле худро аз партофтан раҳо дод: Луқмон ин аҳволро дида пурсид: Чӣ шуд, зағораи болаззати таърифиатро намехӯрӣ? Писараш: Акнун ман иқрор шудам, ки аз иштиҳо болаззаттар дигар чизе нест... 1. Саволи писар ва посухи Луқмони Ҳаким. 2. Ба ҷавоби падар розӣ нашудани писар. 3. Ба сафар баромадани падару писар. 4. Зағораи арзаниро таъриф кардани писар. 5. Хирагии табъи писари Луқмони Ҳаким баъди бори дуюм хӯрдани он зағора. 6. Ба ғалати хеш иқрор шудани писар. Луғат: Локиш – маконе, ки як ҷониб девора дорад ва ҷониби дигар надорад. Бозпасин – охирин.
Муҳайë шудам
Аз олиме пурсиданд: Зиндагии худро бар чӣ бино кардаӣ? Гуфт: Бар чаҳор асл. 1. Донистам, ки ризқи маро дигаре намехӯрад, пас ором шудам. 2. Донистам, ки Худо маро мебинад, пас ҳаë кардам. 3. Донистам, ки кори маро дигаре анҷом намедиҳад, пас талош кардам. 4. Донистам, ки поëни корам марг аст, пас муҳайë шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор