БОҒЧА АЛЛАКАЙ ДЕР АСТ
Шояд ҳар яки мо аз солҳои мактабхонӣ дар ёд дорад, ки дар синф як талабаи қобилиятноке буд, ки бе ягон кӯшиши дидашаванда сарварии синфро ба уҳда мегирифт, ҳамзамон талабаи дигар бо тамоми кӯшиш қафомонда боқӣ мемонд.
Дар солҳои таҳсили ман муаллимон моро чунин ҳавасманд мекарданд: «Боақлӣ ё беақлӣ меросӣ нест. Ҳамааш аз кӯшишҳои худат вобаста мебошад». Ва аздусар таҷрибаи шахсӣ нишон дод, ки аълохон ҳамеша аълохон ва духон ҳамеша духон аст. Гӯё, ки ақл аз ҳамон аввал насиби одам мешавад. Бо ин номувофиқатӣ чӣ кор кардан мумкин буд?
Ба хулоса омадам, ки қобилиятҳо ва хулқу хӯи инсон аз рӯзи таваллуд маълум нестанд ва дар аксари маврид дар давраи муайяни ҳаёти ӯ ташаккул меёбанд. Баҳсҳои зиёд то ҳол идома доранд: инсонро ирсият ташаккул медиҳад ё таълиму тарбияе, ки мегирад. Аммо то имрӯз ягон назарияи каму беш қобили қабул ба ин баҳсҳо нуқтаи охирро нагузоштааст.
Ниҳоят, таҳқиқи физиологияи мағзи сар аз як тараф ва психологияи кӯдак аз тарафи дигар, нишон доданд, ки калиди рушди қобилиятҳои ақлонии кӯдак таҷрибаи шахсии дарёфтҳои ӯ дар се соли аввали ҳаёт, яъне дар давраи рушди ҳуҷайраҳои мағзи сар мебошад. Ягон тифл нобиға ва ягон тифл девона таваллуд намешавад. Ҳамааш аз ҳавасмандгардонӣ ва дараҷаи рушди мағзи сар дар солҳои ҳалкунандаи ҳаёти тифл вобаста аст. Ин давраи аз таваллуд то синни сесолагӣ мебошад. Тарбия кардан дар боғча корест, ки аллакай дер шудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё