
Оё медонед
Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.
Замин чӣ хел ҳаракат мекунад?
Замин дар гирди хатти хаёлии худ, ки аз Қутбҳои шимолӣ ва ҷанубӣ мегузарад ва онро меҳвар меноманд, давр мезанад. Муҳлати даврзании Замин дар гирди меҳвари худ, дар давоми як шабонарӯз 24 соат аст. Ғайр аз ин, Замин боз дар гирди Офтоб давр мезанад, ки муҳлати он 365 рӯзу 6 соату 9 дақиқаву 9,5 сонияро ташкил мекунад ва он баробари як сол аст. Замин дар гирди Офтоб аз рӯи хатти муайяни тасаввуршаванда, ки мадори Замин ном дорад, дар шакли эллипс давр мезанад. Ин хатро эклиптика низ меноманд. Барои он, ки оғозу анҷоми соли офтобӣ (шамсӣ) ба оғозу анҷоми шабонарӯзӣ пурра мутобиқ афтад, 1 солро 365 рӯз ҳисоб мекунанд. Агар рақами мазкурро бо рақамҳои қаблан овардашуда муқоиса намоем, он гоҳ соли тақвимии милодӣ аз соли шамсӣ 6 соату 9 дақиқаву 9,5 сония кам мебошад. Барои ҳамин дар ҳар 4 соли тақвимӣ як рӯз дар моҳи феврал илова мекунанд ва он дар соли чорум на 28 рӯзи муқаррарӣ, балки 29 рӯз мешавад. Ин солро соли кабиса меноманд.
Шакли Замин чӣ гуна аст?
Замин яке аз сайёраҳои бешумори Кайҳон аст. Дар Кайҳон ҳазорон сайёраҳое мавҷуданд, ки аз Замин бузургтаранд, вале тавре, ки мо имрӯз медонем, ҳаёт танҳо дар сайёраи мо вуҷуд дораду халос. Замин курашакл буда, ба тӯб монанд аст. Албатта, он кураи асил набуда, балки тухмшакл, яъне дар самтҳои Қутбҳои шимолӣ ва ҷанубӣ каме дарозрӯя аст. Ин чунин маъно дорад, ки агар мо дар хатти хаёлии Экватор (хатти Истиво) Заминро давр занем, масофаи он дар самти меридиан – хатти тӯл аз масофаи Қутбҳои шимолӣ ва ҷанубӣ бештар аст.
Замин дар Кайҳони беохир сайёраи хурд аст.
Албатта, Замин бо вуҷуди хурд буданаш барои мо сайёраи азиз аст, зеро мо дар он зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ, нисбат ба сайёраҳои дигари Манзумаи Офтоб мо дар бораи Замин маълумоти бештар дорем ва диққати моро маҳз Замин ба худ ҷалб менамояд. Оё то маркази Замин расидан мумкин аст? Заминларзаро пешгӯӣ кардан имкон дорад? Вулканҳо чӣ тавр ба вуҷуд меоянд? Оё оби баҳрҳоро ба ях табдил додан мумкин аст? Барои он ки сайёраамонро ҳарчи бештар омӯзем, ба саволҳои зиёд посух ёфтан зарур аст.
Ҷисм (объект)-и парвозкунандаи шинохтанашуда (НЛО) чист?
Баъзан дар осмон ҷирмҳои номаълуме парвоз мекунанд, ки ситора нестанд, балки ба ҷисмҳои аҷоиби ҳаракаткунанда монанданд. Инҳо шояд метеорит, кураҳои кайҳонӣ ва ё радифҳои маснӯи Замин бошанд, ки нури Офтоб ба онҳо равшанӣ мебахшад ва дақиқ шинохта нашудаанд. Дар баъзе ҳолатҳо шаҳодати одамон ва мушоҳидаи мутахассисон дар бораи муъҷизоти объектҳои шинохтанашуда шарҳу тафсири илмӣ мехоҳад, зеро муайян намудан ва исбот кардани воқеияти онҳо мушкил аст. Ба забони русӣ чунин ҷисмҳои мушоҳидашударо НЛО (Неопознанный летающий объект) ва ба англисӣ UFO ифода мекунанд.
Дар сайёраҳои дигар ҳаёт вуҷуд дорад?
Олимон кайҳо пешгӯӣ карда буданд, ки дар Моҳ ҳаёт нест. Соли 1969, вақте кайҳоннавардони амрикоӣ ба Моҳ расиданд, ин ақида собит гардид. Таҳқиқотҳои ситорашиносон аз он далолат мекунад, ки дар ягон сайёраи Манзумаи Офтоб шароит барои зиндагӣ, ҳамон тавре, ки дар Замин вуҷуд дорад, мушоҳида намешавад. Бо вуҷуди ин олимони соҳа бар он ақидаанд, ки шояд дар ягон ситора ва ё сайёраи берун аз Манзумаи Офтоб, дар Кайҳони беҳадду канор ҳаёт ва шароит барои зиндагӣ вуҷуд дошта бошад.
Инсон ба моҳ кай қадам ниҳод
Бори аввал 21 июли соли 1969 киштии кайҳонии «Апполон–11» ду кайҳоннаварди амрикоӣ – Эдвин Олдрин ва Нил Армстронгро ба сатҳи Моҳ расонд. Умуман ба Моҳ 5 экспедитсияи кайҳонӣ равона шуда, аз он ҷинсҳои геологӣ ва сангпораҳоро барои таҳқиқоти илмӣ ба Замин овардаанд. Дастгоҳҳои кайҳонӣ ва ҳамсафарҳои сунъӣ расми сайёраҳо, радифҳову астероидҳоро аксбардорӣ намуда, барои омӯзиш ба Замин мефиристанд. Илова бар ин ҳамсафарҳои сунъии бо дасти одамон сохташуда, дар атрофи Замин чарх зада, аз вазъи боду ҳаво, мушоҳидаи ситораҳо, инчунин дигар маълумотҳоро ба марказҳои илмӣ мефиристанд.
Ситораи парронро шинохтан душвор аст?
Вақте ки ба осмон менигарем, бахусус шабҳои тобистон, ба чашм баръало мерасад, ки хатти равшане фалакро дар як лаҳза бурида гузашта, аз худ пайи дурахшон мегузорад ва зуд хомӯш мегардад. Ин ҷисми дурахшон, ки ба ситора монандӣ дорад, ситораи паррон номида мешавад. Ситораҳои парронро аз рӯи ҳаракати босуръаташон, ки дурахшидаву хомӯш мегарданд ва ба оташпораи сунъӣ шабоҳат доранд, мешиносанд. Дар асл вай на ситора, балки «шикастпора»-и ҷисми сахт мебошад, ки онро метеор низ мегӯянд. Онҳо дар кайҳон парвоз карда, ҳангоми бо суръати баланд атмосфераро бурида гузаштан дар ҳаво соиш хӯрда, месӯзанд ва нопадид мегарданд. Ҷисмҳои ҷилодор Ҷисме, ки нур меафканад ё равшаниро акс мекунад. Мадор Хатти сайр дар шакли доира ё эллипс (давраи дароз-рӯя, тухмшакл), ки аз рӯи он ҷирмҳои осмонӣ дар атрофи маркази ҷозиба давр мезананд. Ҳамин тавр, радифи сайёра гирдогирди мадораш хат кашида, давр мезанад.
Танӯра дар Аризона
Дар иёлати Аризонаи ИМА танӯраи бузурге мавҷуд аст, ки дар натиҷаи ба замин афтидани метеорит ба вуҷуд омадааст. Қутри он 1260 м ва умқаш 180 м аст. Ба ақидаи олимон ин умқ тақрибан 20 000 сол қабл дар натиҷаи ба Замин бархӯрдани метеорити бузург пайдо шудааст.
Кометаи Галлей чист?
Номи ин зузанаби машҳурро ба шарафи кашшофи он – ситорашиноси англис Эдмунд Галлей (1658–1742) гузоштаанд. Кометаи мазкур дар сардиаш ҳамагӣ 2,5 километр дарозӣ дорад. Вақте он аз шафати Замин мегузарад, қутри туманнокии қисми асосии он то 400 000 километр мерасад ва вазни он тақрибан чандин маротиба аз сайёраи Муштарӣ афзунтар мегардад. Галлей ба муқобили Замин ҳаракат мекунад. Он аз шафати Замин дар муддати 76 сол як маротиба мегузарад, ки бори охир ин ҳолат соли 1996 рӯй дода буд. Одамоне, ки аз ҳодисаҳои кайҳонӣ кам огоҳанд, бар он ақидаанд, ки ин комета метавонад, ба Замин бархӯрда, боиси фалокат гардад, аммо ин ақида аз ҳақиқат дур аст. Кометаи Галлей ҳангоми наздик шудан ба Замин бо зебоии ҳайратангези худ одамонро мафтун кардааст.
Оё ҳамаи метеорит (шиҳоб)-ҳо ба Замин меафтанд?
Шиҳобҳо сангҳои бузурги осмонианд, ки ба Замин аз Кайҳон ва ё сайёраҳои дигар меафтанд. Қисми зиёди ин сангпораҳо ҳангоми ҳаракат маҳлул шуда, ба буғ табдил меёбанд, бинобар ин ба Замин нарасида, чун чангу ғубор дар фазо боқӣ мемонанд. Аммо баъзе метеоритҳои бузургтар ба Замин меафтанд ва дар сатҳи он чуқуриҳои калонро ба вуҷуд меоранд. Таркиби онҳо аз сангпора, баъзе филиззот ва чангу ғубори газмонанд иборат аст.
Комета чист?
Комета (зузанаб, ситораи думдор) ҷирми хурди кайҳонист, ки тавассути хатти эллиптии мадор дар гирди Офтоб давр мезанад. Кометаҳо ҳангоми дур будан аз Офтоб ба ҷисми сахте табдил меёбанд, ки ядро (ҳаста)-и сахташон аз чангу газҳои яхбаста иборат аст. Баъзан кометаҳо чунон дароз мешаванд, ки як хатти рости ғубормонандро ташкил мекунанд. Комета аз зарраҳои ғубор ва газҳои хунуки таркибашон омӯхтанашуда иборат аст. Бо мурури наздикшавӣ ба Офтоб сатҳи кометаҳо гарм, яхи рӯи онҳо бухор шуда, ба газ мубаддал мегардад ва якҷоя бо чанг, ғубори рахшонеро ташкил мекунад, ки мо онро ситораи думдор меномем. Кометаҳо, яъне ситораҳои думдор, аз қадим диққати одамонро ба худ ҷалб кардаанд. Бинобар ин ситорашиносону эътиқодмандон пайдо шудани кометаро ба рӯй додани ягон ҳодисаи таърихӣ ё динӣ нисбат медиҳанд.
Мушоҳидаҳои осмон
Маъмулан ситораҳоро шабона мушоҳида мекунанд. Барои мушоҳида ба саҳро баромадан ва агар дар шаҳр зиндагӣ кунед, аз полкона, яъне балкон, муоина намудан мумкин аст. Метавон бо чашми одӣ мушоҳида кард, лекин чашмон бояд ба торикӣ одат кунанд, ки ин дар давоми ним соат муяссар мешавад. Агар ту дурбин дошта бошӣ, бо ёрии он ситораҳои гуногунро дидан мумкин аст: баъзеашон медурахшанд, дигарҳо қариб нур надоранд, ҳаҷман калону хурд. Моҳи мунир ва дигар ҷирмҳоро мебинӣ. Агар ту дастгоҳи аксбардорӣ дошта бошӣ, метавонӣ ба таври дилхоҳ сурати ситораҳо ва Моҳро гирӣ.
Астероид чист?
Дар системаи Офтоб ба ғайр аз сайёраву радифҳои онҳо, боз ҷирмҳои кайҳонии хурду бузурге мавҷуданд, ки онҳоро астероид меноманд. То кунун зиёда аз 2000 астероид кашф шудааст, ки бештари онҳо мисли харсангҳои азим мебошанд. Дар асрҳои гузашта олимон гумон доштанд, ки астероидҳо боқимондаи сайёраи нестшудаи байни Мирриху Муштарӣ буда, таркиби онҳо аз ҷинсҳои таркиби сайёраҳо фарқ мекунад. Астероидҳо ҷирмҳое мебошанд, ки қутрашон аз 100 то 1000 километр буда, дар муқоиса бо сайёраҳо ва радифҳои онҳо ниҳоят хурданд. Астероидҳо дар миёни сайёраҳо мушоҳида мешаванд ва дар мадори худ ҳаракат мекунанд. Аввалин астероидро соли 1801 ситорашиноси итолиёӣ Ҷузеппе Пятси кашф кардааст.
Ҷирмҳои хурдтарини системаи Офтоб кадомҳоянд?
Ба ғайр аз сайёраҳо ва радифҳо дар фазои кайҳон боз дигар ҷисмҳои хурду бузург вуҷуд доранд, ки барои ба сайёраи алоҳида табдил ёфтани онҳо моддаҳои кофӣ нарасидаанд. Ҷисмҳои осмоние, ки ба гурӯҳи сайёра дохил нашудаанд, астероидҳо, кометаҳо (зубанабҳо, ситораҳои думдор) ва метеоритҳо (шиҳобҳо) мебошанд.
Дар бораи сайёраи Плутон чӣ медонем?
Плутон аз Офтоб дар масофаи 4,4 миллиард км ҷойгир шуда, яке аз сайёраҳои хурдтарини системаи Офтоб ба шумор меравад. Онро олимон соли 1930 кашф намудаанд. Муҳлати даврзаниаш дар гирди Офтоб 247,7 сол аст. Плутон 5 радифи табиӣ дорад, ки ситорашиносон радифи нахустинаш – Каронтеро барвақттар кашф кардаанд. Харон соли 1978, Никта ва Ҳидра соли 2005 ва радифи охирини беном соли 2011 кашф гардид. Радифи мазкур ниҳоят хурд буда, аз Плутон дар масофаи 20 000 км ҷойгир шудааст.
Сайёраҳои Уран ва Нептун аз чиҳо иборатанд?
Уран дорои 15 радиф ва 5 ҳалқа мебошад ва ҳарчанд аз Муштарӣ хурд бошад ҳам, қутраш аз қутри Замин 4 баробар зиёд аст. Гардиши мадориаш дар гирди Офтоб 84 солро ташкил медиҳад, аммо дар гирди меҳвари худ дар чанд муддат давр заданаш муайян нагардидааст. Бузургтарин радифи табиии Уран – Титания буда, қутри он ба 1576,8 км мерасад. Нептун соли 1846 кашф карда шуд ва бинобар сабзрангиаш, мутобиқи асотирҳои юнонӣ ба вай номи худои баҳрро доданд. Муҳлати даврзании он дар гирди Офтоб 164,8 сол аст. Вазни Нептун аз вазни Замин тақрибан 17 маротиба зиёд аст. Вай ду радиф – Тритон ва Нереида дорад.
Сайёраҳои хунуктарин кадомҳоянд?
Сайёраҳо рӯшноию гармиро аз Офтоб мегиранд. Аммо онҳо ҳар қадар аз Офтоб дар масофаи дуртар ҷойгир бошанд, сатҳашон ҳамон қадар хунуктар аст. Бинобар ин сайёраҳои Уран, Нептун ва Плутон, ки нисбатан аз Офтоб дуртаранд, сайёраҳои аз ҳама хунуктарини Манзумаи Офтоб ба шумор мераванд. Дар ин се сайёра ҳарорат аз –200 0С то –230 0С тағйир меёбад.
Кадом сайёраҳо аз ҳама бузурганд?
Сайёраҳои аз ҳама бузурги Манзумаи Офтоб Муштарӣ ва Зуҳал (Сатурн) мебошанд. Ҳаҷми Муштарӣ аз Замин 1500 маротиба ва ҳаҷми Зуҳал 1250 маротиба бузургтар аст. Ҳар ду сайёра аз газҳо иборатанд ва аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳаҷман бузург буданашон, сабуктаранд. Ҳалқаҳои Зуҳал Ситорашиносон мушоҳида намудаанд, ки дар гирди сайёраи Зуҳал тӯдаи сангу чангу ғубор доимо давр мезанад. Мушоҳидаҳои телескопӣ аён карданд, ки ин тӯда шакли ҳалқаро дорад. Се ҳалқаи он ба хубӣ мушоҳида мешаванд, вале қисми зиёди ин ҳалқаҳоро, бинобар тунук ва сабук буданашон, танҳо ба воситаи асбобҳои махсуси радиотелескопӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Чунин ҳалқаҳо дар сайёраҳои дигар низ вуҷуд доранд, вале диққати олимонро бештар ҳалқаҳои Зуҳал ба худ ҷалб намудаанд.
Кадом сайёра гарм аст?
Мегӯянд, ки иқлими сайёраҳои Уторид ва Зуҳра гарм аст, зеро онҳо нисбат ба сайёраҳои дигар ба Офтоб наздиктар ҷойгир шудаанд. Масалан, сайёраи Уторид нисбат ба Офтоб ҳамагӣ дар масофаи 58 миллион километр ҷойгир шудааст, ки барои Кайҳон масофаи ниҳоят наздик аст. Сатҳи Уторид ба Моҳ монандӣ дошта, дар ин сайёра қариб атмосфера вуҷуд надорад. Ҳарорат дар сатҳи рӯбарӯи Офтоб то ба 4300С, дар тарафи муқобил, ки доимо шаб аст, то ба –1750С мерасад. Уторид дар гирди офтоб давр мезанад ва муҳлати гардиши мадории он 88 рӯз мебошад. Дар баробари ин вай дар гирди меҳвари худ низ давр мезанад, ки он 58 рӯзу 6 соатро ташкил медиҳад. Ҳарчанд, сайёраи мазкур ба Офтоб нисбатан наздик аст, лекин сатҳи он аз сангҳои сиёҳу хира иборат мебошад, бинобар ин шуоъҳои Офтобро хуб акс намекунад. Зуҳра сайёраи беоби тафсон буда, дар сатҳи он ҳарорат ба 400–5000С мерасад. Атмосфераи Зуҳра асосан аз гази вазнини дуоксиди карбон (С02) иборат аст, ки гармии сатҳи сайёраро нигоҳ медорад. Муҳлати даврзании он дар гирди Офтоб 225 рӯз, дар гирди меҳвари худ 117 рӯзи заминиро ташкил мекунад.
Ранги Замин чӣ гуна аст?
Кайҳоннавардон мегӯянд ҳангоме ки кас аз фазои Кайҳон ба Замин назар мекунад, ранги он кабуди баланд аст. Ин ранги Замин вобаста ба хусусиятҳои атмосфера ва сатҳи Замин аст. Замин ягона сайёраест, ки дар он об дар шакли моеъ вуҷуд дорад. Атмосфераи он аз газҳои оксиген, нитроген ва қабати тунуки озон таркиб ёфтааст. Қабати озон нурҳои зараровари ултрабунафши Офтоб ва сайёраҳои дигарро ба Замин гузаштан намемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё